ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КУХИСТОНИ БАДАХШОН БАХШИДА БА ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАВИ НАВРӮЗӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР КАРДА ШУД.

ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КУХИСТОНИ БАДАХШОН БАХШИДА БА ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАВИ НАВРӮЗӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР КАРДА ШУД.

ВАКИЛОНИ НАВИНТИХОБИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВМКБ МУАРРИФИ ГАРДИДАНД.

Иҷлосияи якуми даъвати шашуми Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон бо баррасии 8 масъалаи асосӣ ба кори худ шурўъ кард. Дар кори иҷлосия вакилони навинтихоби Маҷлиси вакилони халқи вилоят ширкат варзиданд.
Иҷлосияи якуми даъвати шашуми Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ бо садо додани суруди миллӣ ба кори худ оғоз кард. Дар кори иҷлосия раиси ВМКБ Ёдгор Файзов оид ба рўзномаи кори иҷлосия маълумот дода, қайд карданд, ки интихоботи моҳи марти соли 2020-ум дар асоси Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи Маҷлиси намоянддагон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ доир гардида, дар 66 ҳавзаи интихоботии ВМКБ оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ, риояи тартиби талаботи конунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии байналмилали, ки Ҷумхуриии Тоҷикистон ин санадҳоро эътироф намудааст маъркаи муҳими сиёсии интихобот баргузор гардид. Раиси комиссияи вилояти оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ Мамадкарим Назиров баромад намуда, қайд дошт, ки дар 66 ҳавзаи интихоботи 127 нафар номзда ба вакили пешбари гардида, 64 вакил аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ба курсии вакили соҳиб гардиданд, ки 22 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии вакилон 4 нафарашон атобаи қирғиз мебошанд. Танҳо дар ҳавзаи интихоботии Кулев №31 ва Шидз № 14 интихоботи такрори баргузор хоҳад шуд.
Баъди тасдиқи ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ Раиси комиссияи вилояти оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ Мамадкарим Назиров шаҳодатномаи вакили ва нишони сарисинагӣ ба вакили мардумӣ раиси ВМКБ Ёдгор Файзов тақдим намуд.
Вобаста ба масъали дигари рўзномаи иҷлосия Анвар Акрамов вакил аз ҳавзаи интихоботии Хичордев №39 пешниҳод намуд, ки Файзов Ёдгор Доёрович вакил аз ҳавзаии интихоботии Ранкул № 66-и ноҳияи Мурғоб раиси Маҷлис вакилони халқи ВМКБ интихоб карда шавад. Ин пешниход аз тарафи вакилони мардумӣ якдилона ҷонибдори пайдо намуда, ваколати Ёдгор Файзов ба унвони раиси Маҷлиси вакимлони халқи ВМКБ тасдиқ гардида, қарори иҷлосия қабул карда шуд.
Мудири шуъбаи ташкилии дастгохи раиси ВМКБ Азорабек Мирзобеков дар бораи таъсиси комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ –ро ба баррасӣ гирифта, қайд дошт, ки бо пешниҳоди раиси Маҷлиси вакилони халки ВМКБ комиссияҳои доимии маҷлиси вакилони халки вилоят оид ба қонунгузорӣ, тартиботи чамъияти ва ҳуқуқии инсон, раиси комиссия мазкур бо овоздиҳии вакилони мардумӣ қарорҳои дахлдор дар бораи таъсиси комиссияхои доимии Мачлиси вакилони халки ВМКБ кабул гардид.
Бо максади ташкил ва фаъолияти комиссияхои доимии Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ дар асоси Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати низомнома дар бораи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва дастури Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ, ки баррасии дархости вакилон шунидани ҳисоботи онҳо, тартиби овоздихи ва дигар масъалахои ташкилиро муайян менамояд бо карори Маҷлиси вакилони халқи вилоят тасдик карда шуд.
Дар иҷлосияи якуми даъвати шашуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят ҳисоботи раиси ВМКБ Ёдгор Файзов «Дар бораи иҷрои нақша ва барномаҳои таракиёти иҷтимои, иктисодӣ, ҳолати хочагидорӣ, истифода ва идораи иншооти моликияти комуналии вилоят дар соли 2019-ум ва вазифаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои соли 2020-ум ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардиданд, раиси ВМКБ маърузаи пурмуҳтаво ироа намуд.
Раиси ВМКБ зимни баррасии масъалаи мазкур соли 2019-умро дар ҳаёти сиёсиву иктисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ВМКБ ҳамчун соли бобарор ном бурда, кайд дошт, ки маҳз таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъияти, тинҷиву оромӣ ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ -Пешвои миллат, Прездинти Ҷумхурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон боис шуд, ки ВМКБ низ бар маҳхилаи нави рушду инкишофи минтака ғомҳои устувор бардошта корҳои ободониву созандагӣ ҷалби сармоя ва иқтисоди кишвар беш аз пеш сурат гирифта, кисми даромади бучет 106 фоиз таъмин гардид. Дар соли гузашта аз ҳисоби фаъолияти соҳибори дар вилоят беш аз 6 миллион сомонӣ маблағ ба буҷет ворид шудааст.
Саноатикунонии босуръати кишварро аз ҳадафҳои дигари Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон ном бурда, барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии воридотивазкунанда ва ба содиротнигаронидашуда, таъмини 61 деҳа ба шумули беш аз 2 ҳазор нафар аҳолии ба нерӯи барқ, анҷоми сохтмони 506 иншоот босяармояи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар соли 2019 ва таъмини техникаи нави роҳсозиро аз дастгириҳо ва таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат ном бурд.
Рушди соҳаи кишоварзӣ, бунёди боғхои нав ва барқароркунии боғоти куҳна, зиёд намудани саршумори чорво, баланд бардоштани фарҳанги истифодаи замин, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, рушди соҳаи чорвопарвариро аз вазифаҳои дигари ҳаллаталби рӯз ном бурда шуданд.
Ҳамчунин раиси ВМКБ Ёдгор Файзов дар бораи фаъолияти муассисаҳои таълими ва томактабї маълумот дода, қайд дошт, ки хушбахтона ҷалби наврасон ба муассисаҳои томактаби дар муқоиса ба дигар минтақахои кишвар дар ВМКБ чораҳои муассир рӯи даст гирифта шуда, ҳамасола муассисаҳои томактаби дар шаҳру навои вилоят таъсис дода мешаванд. Ҳамчунин бо мақсади баланд бардоштани марифатнокии ҷомеа, ҷалби ҳарч и бештари мардум ба китобхони, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, ташакулли тарзи ҳаёти солим дар байни мардум, расондани кӯмакҳои иҷтимоӣ ба аҳолии, таъмини нафакахурон бо нафакапулӣ ва дигар масъалаҳои муҳими руз ба баррасӣ гирифта шуданд. Қайд гардид, ки танҳо дар як моҳ маблағи беш аз 11 миллион сомонӣ барои пардохти нафакапули масраф мегардад. Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилоят фаъолияти худро дар чаҳорчуби қонунҳои амаликунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Паёмҳои ҳарсолаи Пешвои миллат, ба Маҷлиси Олии мамлакат ҷиҳати таъмини шароити шоиста барои сокинони кишвар сармашки фаъолияти кори худ қарор додааст.