ДИҚҚАТ ДИҚҚАТ ДИҚҚАТ

Ба диққати сокинони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва тоҷироне, ки аз дигар минтақаҳои ҷумҳури дар шаҳри Хоруғ ба тиҷорат машғул ҳастанд расонида мешавад, ки барои хубтар ба роҳ мондани соҳибкори ва тиҷорат бозори наздисарҳади Тем барои тоҷирон дарҳои худро боз мекунад. Соҳибкорон метавонанд дар бозори наздисарҳадии Тем тиҷорати худро бо иҷорапулии нисбатан арзон ба роҳ монанд.
Хоҳишмандон метавонанд оиди ин масъала ба Раёсати рушди иқтисод ва савдои ВМКБ муроҷиат намоянд. Ё бо телефонҳои 2, 28 70, 2 49 18 93 513 81 81, 93 597 28 70 муроҷиат намоянд.

НОМАИ ТАБРИКОТӢ

Боиси ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мо аст, ки дастаи бонувони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз намуди волейбол дар ҷумҳуриӣ ҷойи якумро ишғол намуданд. Ғолибияти Шумо боиси сарбаландии мо мебошад.
Аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба Шумо барои пирӯз шудан дар мусобиқаҳои минбаъдаи ҷумҳуриявӣ ва байналмилали комёбиҳои беназирро таманно менамоям.

Бо эҳтиром раиси ВМКБ Ёдгор Файзов

Лоиҳаҳо ба нақга гирифта шудаанд

Дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон соли ҷорӣ ва солҳои минбаъда бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати
миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шарикони рушд лоиҳаҳои барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва идоракунии партовҳои сахти маишӣ дар шаҳри Хоруғ ба маблағи зиёда аз 8,0 млн доллар, сохтмони пули мошингард аз болои дарёи Ғунд мавзеи Селхостехникаи шаҳри Хоруғ ба маблағӣ 7,0 млн. доллар, сохтмони роҳи автомобилгарди Калъаихумб-Рушон-110 км ба маблағи 220,0 млн. доллари ИМА, сохтмони 18 купрук дар ноҳияҳои вилоят бо маблағи зиёда аз 18 млн доллари ИМА, таъмири роҳи мошинагарди водии Бартанги ноҳияи Рушон ба маблағи 600,0 ҳазор доллари ИМА ва дигар лоиҳаҳои аҳамияти иҷтимоидошта ба нақша гирифта шудаанд.

ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВМКБ ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2020

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон аз 109 лоиҳа бо маблағи умумии 4080,8 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Давоми солҳои 2016-2019 ва се моҳи соли 2020 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои бунёду барқарорсозии иншоотҳо 1063059,9 ҳазор сомонӣ равона шудааст, ки аз он аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 172473,7 ҳазор сомонӣ (16,2%), буҷети маҳаллӣ 3527,4 ҳазор сомонӣ (0,3%), сармояи хориҷӣ 746391,0 ҳазор сомонӣ (70,2%), маблағҳои худии соҳибкорон 140668,3 ҳазор сомони (13,2%) иҷро гардидааст, ки ин 67,0 фоизи нақшаи пешбинишудаи лоиҳаҳои солҳои 2016-2019 ва семоҳаи соли 2020 ва 26,1 фоизи маблағи умумии барномаро ташкил медиҳад. Солҳои 2016 – 2019 ва давраи ҳисоботии соли 2020, 31 банд ба маблағи 889,9 млн. сомонӣ пурра иҷро гардида, (аз онҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағи 106884,6 ҳазор сомонӣ, маблағҳои маҳаллӣ 930,0 ҳазор сомонӣ, сармояи хориҷї маблағи 646881,0 ҳазор сомонӣ, маблағҳои соҳибкорон 135195,1 ҳазор сомонӣ ва дар иҷрои 42 банд бо маблағи 173,2 млн. сомонӣ корҳо идома дошта, дар 36 банди чорабиниҳо бинобар дарёфт нагардидани маблағ корҳо оғоз нашудаанд.
(идомаи мавзуъ дар сомонаи расмии вилоят www,badakhshon.tj инъикос хоҳад шуд.)

МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА БЕҲТАР НАМУДАНИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ ДАР ВМКБ Т

Тоҷикистони бо табиати зебо ва дарёҳои мусаффояш таваҷҷӯҳи ҳазорон сайёҳи дохиливу хориҷиро ҷалб менамояд. Аз Аврупо то Осиё дар бораи ҷойҳои таърихии мо бо хушнудӣ ҳарф мезананд, ки ин ифтихори ҳар яки мо мебошад.
Ба хотири беҳтар намудани хизматрасонӣ ва равнақ додани сайёҳии дохили дар вилоят мизи мудаввар бо иштроки муовини раиси вилоят Носирзода Умедҷон ва масъулони соҳаи сайёҳи дар вилоят баргузор карда шуд.
Носирзода Умедҷон қайд доштанд, ки соҳаи туризм ҳамчун яке аз самтҳои сердаромади иқтисодиёти ҷаҳон ва феномени иқтисодии асри XXI эътироф гаштааст. Дар бештари кишварҳо туризм дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, фаъолнокии тавозуни савдои беруна, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ нақши муҳим бозида, ба инкишофи соҳаҳои мухталиф, аз қабили нақлиёт ва коммуникатсия, сохтмон, фарҳанг, санъат, истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум ва дигар бахшҳои иқтисодиёт таъсири мусбат мерасонад. Муттасифона вобаста ба паҳн гардидани бемории сирояти, ки тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст дохилшавии сайёҳони хориҷи ба вилоят кам мегардад ва моро зарур аст, ки хизматрасонии сайёҳии дохилиро хубтар ба роҳ монем.
Аз ҷониби иштирокдорон оиди масъалаи мазкур андешаҳо пешниҳод гардиданд.

НАРХИ БОЗОР ТАНЗИМ МЕШАВАД

Бо мақсади ба танзим даровардани нарху наво ва роҳ надодан ба баландшавии маҳсулоти озуқаворӣ дар бозорҳои вилоят таҳти сарварии муовини аввали раиси вилоят Алишер Мирзонаботов комиссияи махсуси Мақомти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъсис дода шудааст. Дар ҳайати он намояндагони Раёсати рушди иқтисод ва савдо, стандартизатсия ва метрология, хадамоти зидддиинҳосирӣ, андоз, мақомоти ҳифзи қонун ва тартиботи вилоят, шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят ва воситаҳои ахбор шомиланд.
Тавре муовини раисии комиссия – сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои вилоят Латиф Шозодаев иттилоъ дод, комиссияи таи беш аз ду ҳафта боз фаъолият намуда, гурӯҳи кории он қаблан бо соҳибкорони бозори марказии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят барои нигоҳ доштани нархи мӯътадили маҳсулоти хӯрокворӣ вохурӣ ташкил намуда, огоҳномаҳо пешниҳод намуд. Дар огоҳнома қайд гардидааст, ки дар сурати беасос боло бурдани нарху наво маҳсулоташон нисбати фурӯшандагон аз ҷониби мақомоти ҳифзи қонун чораҳои тахирнопазир андешида хоҳанд шуд. Барои пешгирӣ намудани болоравӣ ва танзими нарх дар муқоиса бо дигар минтақаҳои кишвар бо савдогарон ҳаррӯза ҳисобу китоб бурда мешавад.
Айни ҳол ба мақсади роҳ надодан ба баландшавии нарху навои маҳсулоти хурокворӣ дар бозори марказии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳо санҷишҳои гурӯхи кори комиссияи Макомоти иҷроияи хокимияти давлатии ВМКБ идома дорад. Маълум гардид, ки нархи хурокворӣ ва дигар махсулоти ниёзи аввал давоми чанд рӯз боло нарафтааст.
Дар ҳоле ки дар дигар минтақаҳои кишвар нархҳо боло рафта бошанд, дар бозорҳои вилоят, алалхусус шаҳри Хоруғ нархи маҳсулот аз қабили картошка барои ҳар кило 5,5 то 6 сомон, сабзӣ 2,5, пиёз 5, помидор 20, бодиринг 12, карам 3 сомонӣ ва дигар намуди махсулоти кишоварзӣ бо нархи пештара дар чаҳорчӯбаи нархномахои шуъбаи зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумуҳрии Тоҷикитсон дар ВМКБ дар фурӯш мебошанд.
Бо фурӯшандагони гӯшту шир ҷиҳати боло бурдани нархи маҳсулоташон суҳбат доир шуда, барои ба нархи пештара барои ҳар литр шир 5 ва барои ҳар кило гӯшт 44 сомони нигоҳ доштани нархашон огоҳномаҳо дода шуданд.
Дар ҳамкорӣ бо Раёсати андози вилоят барои дастгирии фурӯшандагон масъалаи паст кардани пардохти ҳаққи иҷораи ҷой дар бозор дида баромада шуда, бо соҳибони мағозаҳо суҳбатҳо гузаронида шуданд. Масъалаи ташкили «Гӯшаи деҳқон» дар бозорҳо бори дигар мавриди муҳокимаи гуруҳи корӣ қарор дода шуда, ба мақсади таъмини он бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ, аз ҷумла бо маслиҳату гуфтушунид бо кишоварзону соҳикорони минтиқаҳои дигари кишвар нақашаҳои махсус таҳия шуданд.
Барои танзими нархи орд аз ҷониби Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза ба бозорҳо миқдори муайяни орд ва бо нархи нисбати бозор арзон ба фурӯш бароварда шуда истодааст. Фаъолияти гурӯҳи корӣ барои ба танзим даровардани нарху навои махсулоти хурокворӣ дар бозорҳои вилоят идома дошта, дар сурати иҷро нагардидани талаботи нархнома ва огоҳомаи пешниҳодшуда нисбати вайронкунандагон талабот чораҷҳои зарурӣ андешида хохад шуд.

Вохӯриҳои хотирмон

Ҳафтаи гузашта раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин ба вилоят сафари корӣ анҷом дод. Мавсуф бо ҳамроҳии муовини раиси вилоят Носирзода Умедҷон дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят бо мардум вохӯриҳо гузарониданд. Мавзӯи сӯҳбатҳо бо пандемияи нав – вируси тоҷдор рабт дошт. Раиси Кумита зимни баргузории вохӯриҳо дар бораи хатари коронавирус, чораҳои пешгирии он ва тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҷилавгирӣ аз ин касалии сироятӣ ҳарф зада, мардумро ба хештандорӣ, тамкину низом даъват кард. Чунин вохӯриҳо дар водии Язгуломи ноҳияи Ванҷ низ дилнишину хотирмон сурат гирифтанд.

Сӯгвора

  Хабари даргузашти фарди равшанзамир, шоири ширинбаёни диёрамон Сардор Раҳдор ҳамаи моро сахт андӯҳгин намуд. Устод дар рушди адабиёт, эҳёи фарҳангу ҳунарҳои мардумӣ саҳми бесобиқае гузоштанд. Ҳамчунин ин шахси накӯному маърифатпарвар дар тарбияи наслҳои баъдӣ, ҳидояти шоирони ҷавон бедареғ хизмат намуданд. Ёди неки ин шоири тавоно ва инсони асил дар дилҳои мо ҳамеша зинда хоҳад монд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба аҳли хонавода, ёру дӯстони марҳум арзи тасаллияти самимӣ намуда, аз даргоҳи Худованди мутаол барояшон сабри ҷамил хоҳон аст.

Офарин, мардуми Бадахшон!

Дар майдони ба номи Исмоил Сомонии шаҳри Хоруғ ба хотири гусели даъватшудагон ба сафи Кувваҳои Мусаллаҳи мамлакат мардуми зиёде гирд омада буд. Ҷамъомадро муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ВМКБ Ёдгор Файзов бо сухани ифтитоҳи оғоз бахшид. Роҳбари вилоят таъкид дошт, ки солҳои охир Бадахшон дар сатҳи ҷумҳури аз аввалинҳо шуда, аз иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба Артиши милли ба ҳукумати ҷумҳури ҳисобот медиҳад. Ин аз болоравии эҳсоси ватандори ва ифтихории миллии ҷавонони вилоят дарак медиҳад. Имсол дар иҷрои нақшаи даъвати баҳори вилоят ба ҷои якум баромад, ки ин барои хамаи мардуми Бадахшон мояи ифтихору сарафрозист. Раиси вилоят ба даъватшудагон барои чунин иқдоми ватандўстона арзи ташаккур ва барои адои хизмат ба онхо саломатию комгори таманно намуд. Дар ин ҳамоиш падару модарон, аскарон ва навдаъватшудагон низ баромад карда, хизмат ба Модар – Ватанро қарзи фарзанди ва мояи шараф арзёби карданд ва барои наваскарон роҳи сафед хостанд.

РУШДИ ДЕҲОТ

Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 30 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сипинзи ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон муассисаи таълимии муосир мавриди истифода қарор дода шуд. Дар кушодашавии муассисаи мазкур раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов, раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъазода Ҷумъа Шофақир ва намояндагии Донишкадаи Осиёи Миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳбуба Қурбоналиева иштирок ва суханронӣ намуданд. Муассисаи таълимӣ бо маблағи 960 ҳазор сомонӣ, ки аз тарафи Донишкадаи Осиёи Миёна ҷудо гардидааст сохта шуда мавриди истифодабарӣ қарор гирифт. Муассиса бо тамоми шароитҳои муосир ва системаи гармидиҳӣ ягона таъмин буда ба ободонӣ ва рушди деҳот ҳусни тоза мебахшад.