Табрикоти муовини раиси Маҷлиси милли Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов ба муносибати иди сайиди Фитр

Инак, моҳи шарифи Рамазон бо тамоми фазоили пурбаракоташ ба поён расид ва мо чун ҳарсола онро бо шукӯҳу шаҳомате, ки Худованди мутаол хосаи он гардондааст, таҷлил мекунем. Иди Фитр яке аз ҷашнҳои муқаддаси исломӣ ва суннатыои писандидаи мардуми мусулмон ба ыисоб меравад ва сифатыои олии ахлоқиву маънавӣ, суннатҳои таърихӣ ва урфу одатҳои мардуми пайрави дини мубини исломро таҷассум менамояд.
Ман аз самими қалб шумоёнро ба муносибати ин рӯзи муборак аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ табрику таҳният мегӯям ва бароятон тамоми хушиҳои зиндагӣ ва дар ҳифзи хоку марзи муқаддаси Ватани азизамон комёбиҳо мехоҳам.
Бояд гуфт, ки имсол тамоми дунё, аз ҷумла мардуми тоҷик моҳи шарифи Рамазонро дар шароити паҳншавии босуръати бемории сироятии коронавирус паси сар карданд. Мутобиқи маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ин беморӣ қариб 200 давлати ҷаҳонро фаро гирифта, беш аз 4 миллион нафар сокинони сайёра ба он гирифтор шуданд ва ҳазорон нафар одамон ба ҳалокат расиданд.
Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз оғози пайдоиши коронавирус ҷиҳати пешгирӣ кардани воридшавии он ба кишвар тамоми чораҳои зарурӣ ва имконпазирро амалӣ гардонид. Дар вилоят Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирии сирояти коронавирус таъсис дода шуд, ки вазифаи он ташкил ва танзиму ҳамоҳанг сохтани фаъолияти тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ доир ба пешгирӣ кардани паҳншавии ин беморӣ мебошад. Вале мутаассифона, бо вуҷуди ҳамаи тадбирҳои андешидашуда ин беморӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистни Бадахшон низ ба қайд гирифта шуд.
Дар остонаи иди саиди Фитр ба ҳамаи онҳое, ки наздикону азизони худро аз даст доданд, ҳамдардии амиқ баён мекунам ва ба онҳо аз даргоҳи Офаридгор сабри ҷамил мехоҳам.
Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вақтҳои охир дар чандин суханронии худ ба мардуми Тоҷикистон такрор ба такрор муроҷиат намуданд, ки аз тарафи ҳар як сокини кишвар ба хотири ҳифзи саломатии худ ва дигарон дар хона, ҷойи кор ва ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои беҳдоштӣ ва низоми рафтори аз ҷониби мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тавсияшуда ба таври қатъӣ риоя карда шаванд.
Дар хотир бояд дошт, ки риояи тозагиву покизагӣ, яъне қоидаҳои беҳдошти шахсӣ на танҳо шарти муҳимми ҳифзи саломатист, балки тибқи таълимоти исломӣ яке аз фазилатҳои муҳимтарини ахлоқии ҳар як шахси мусулмон низ мебошад.
Арзишҳои динӣ дар баробари арзишҳои олии инсонӣ дар даврони истиқлолият мақому манзалати баланд касб намуданд ва онҳо имрӯз ҳаёти ҷомеаро аз бисёр ҷиҳат танзим мекунанд. Ин арзишҳо ҳамчун сарчашмаи мусаффои ахлоқи ҳамида ва василаи таъсирбахши тарбияи инсони комил дар дарки худшиносии миллӣ ва дарки ҳуввияти инсонӣ хизмат мекунанд. Дар таърихи тамаддуни башарӣ дин ҳамчун муҳимтарин манбаи ахлоқ ва маънавиёт ба мардум хизмат кардааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид борҳо Исломро пуштибонӣ карда, гаравишҳои нохуб, аз қабили терроризму экстремизм ва аъмоли зишту разиларо берун аз уммати ислом муаррифӣ мекунад. Аз ҷумла, Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳояш чунин щайд кардааст: «Фарҳанги саховатманди исломӣ дар тарбияи ахлоқи ҷомеа, ташаккул ва такомули худшиносиву худогоҳии халқу миллатҳои гуногуни дунё, аз ҷумла мардуми сарзамини мо нақши босазое дорад».
Дар робита ба ин суханон бояд гуфт, ки мардуми мо дар тӯли даҳсолаҳо дар маҳрумиятзои суннатӣ ва мазҳабӣ қарор дошта, имрӯз бо қабул шудани як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар баробари дигар озодиҳо соҳиби озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ низ мебошад.
Қобили зикр аст, ки ислом на дини хушунату тафриқаандоз, таассубу ифротгаро, балки аслан дини мубини сулҳу салоҳ, дӯстию бародарӣ, хайру саховат, порсоиву парҳезгорӣ, ваҳдату ягонагӣ, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва ғайра ҳаст. Ҳамаи ин фазоили олӣ, бахусус дар шарифияти моҳи пурбаракати Рамазон таҷассум ёфтааст. Моҳи Рамазон фазилатҳои зиёде дорад ва якеи он ин аст, ки шахси рӯзадор чун як муддат аз хӯрдани обу ғизо боз меистад, азобу ранҷи гуруснагиро эҳсос мекунад ва ҳолати онҳоеро, ки доим гурусна ҳастанд, пай мебарад ва водор ба хайру эҳсон ва садақа ба ниёзмандон мешавад. Худованд дар Каломи шариф фармудааст, ки: Рӯза доред, то парҳезгор шавед. Яъне ҳадафи асосии рӯза ин такмили ахлоқ ва тарбия тавассути лаҷом задани нафс мебошад, зеро нафс боис ва сабабгори тамоми бадиҳост.
Иди саиди Фитрро ҷашн гирифта, бояд ба инобат гирифт, ки он иди эҳсон ва хайру саховат аст. Дар ин рӯзи бузург дасти ёрӣ дароз кардан ба ниёзмандон, раҳму шафқат ба дармондагон, ба ҷо овардани поси хотири гузаштагон, обод намудани кишвару диёр савоби зиёдтаре дорад. Боиси хушҳолист, ки солҳои охир бисёр шаҳрвандони соҳибҳимати мо тибқи суннатҳои инсонпарваронаи халқамон ба оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон ва хонаҳои кўдакону пиронсолон кумак мерасонанд ва дар ҷабҳаи ободониву созандагии шаҳру деҳоти кишварамаон низ саҳми арзанда мегузоранд. Чун сарфаю сариштакорӣ ғояи ислом ва баракати зиндагист, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бояд дастури ҳар як сокини вилоят бошад.
Ҳозирини гиромӣ! Ҳар яки мову шумо хуб дар ёд дорем, ки рӯзҳои сахту мушкили солҳои навадуми асри гузаштаро чӣ тавр аз сар гузарондем. Боварии комил дорам, ки мушкилоти имрӯзаро низ дар якҷоягӣ ва муттаҳидӣ бо истифода аз ақли солим ва мафкураи тоза, бо ғайрату заҳмати созанда ва нангу номуси миллӣ паси сар мекунем ва барои фарзандону набераҳоямон як мулки ободу зебо ба мерос мегузорем.
Дар охир бори дигар якояки шумоёнро ба ифтихори фарорасии иди сайиди Фитр аз самими қалб табрику таҳният гуфта, дар ин рузҳои мушкил сиҳативу саломати бар ҳар хонадони Шумо орзу дорам ва бахту саодат, иқболи нек, рӯзгори осуда, файзу баракат, сиҳатию саломатӣ насиби ҳар яки Шумо бошад. Баракат, раҳмат ва мағфирати ин Идро бароятон таманно дорам!

МУРОҶИАТНОМАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ДОНИШҶУЁН, ХОНАНДАГОН, ПАДАРУ МОДАРОН ВА АҲЛИ МАОРИФ

Хонандагону донишҷӯёни азиз, устодону омӯзгорони муҳтарам, падару модарони меҳрубон, аҳли маориф ва илми мамлакат!
Тавре ки огаҳӣ дорем, мутаассифона, бемории сироятии КОВИД – 19, ки аксари мамлакатҳои оламро фаро гирифтааст, ҳоло вориди мамлакати мо гардидааст.
Ин бемории сироятӣ чандин омӯзгору олим ва кормандони соҳаи маориф ва илмро аз байни мо бурд. Вазорат бо андӯҳи гарон ба аҳли хонадону пайвандони фавтидагон изҳори таслият намуда, ба онҳо сабру бурдборӣ хоҳон аст.
Бемории мазкур имрӯз тамоми инсониятро дар ҳолати ногувор қарор дода, боиси коста гардидани раванди рушди сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ дар тамоми олам гардидааст. Тамоми олимону муҳаққиқон, табибону ҷомеашиносон ва коршиносону сиёсатмадорони дунё талош бар он доранд, ки ин мусибатро аз сари аҳли башар дур бисозанд.
Ба андешаи Саъдии Шерозӣ:
Банӣ одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд,
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун як узви ҷомеаи ҷаҳонӣ тамоми неруи худро ба он равона кардааст, ки шаҳрвандонашро аз ин беморӣ ҳифз намояд ва барои ташхису табобати онҳо шароити мусоиде фароҳам созад. Доир ба ин мушкилот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш зимни мулоқот бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ назару андеша ва таъкидҳои хешро бори дигар баён карда, аз ҳар сокини мамлакат ҷиддан даъват карданд, ки оромии рӯҳию равонии худро ҳифз намуда, ба таҳлукаю воҳима наафтанд.
Сарвари мамлакат зимни суханронӣ бо қаноатмандӣ аз мардуми Тоҷикистон ҷиҳати дастгирию риояи дастуру ҳидоятҳои Ҳукумати мамлакат чунин ибрози назар карданд: «Дар ҳоле ки мо карантин эълон накардаем, шаҳрвандони мо бо риояи талаботи беҳдоштӣ ва тартибу низом ба пастшавии шиддати беморӣ кумак карда истодаанд. Таҳлилҳо ҳам нишон медиҳанд, ки вазъият рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст. Ҳар як сокини мамлакатро зарур аст, ки ба хотири ҳарчи зудтар бартараф гардидани ин беморӣ риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштиро идома диҳад. Бори дигар таъкид мекунам, ки саломатии ҳар шахс, пеш аз ҳама, дар дасти худи ӯст ва табобати беморӣ низ дар сурати ҳамкории мардум бо табибон натиҷаи нек медиҳад».
Дар заминаи ҳамин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ба ҳамаи хонандагону донишҷӯён муроҷиат карда, хоҳиш менамоем, ки дар рӯзҳои таҷлили иди Рамазон ва рӯзҳои дигари таътил ба вазъи саломатии худ ва атрофиёнашон таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, тартибу низоми вазъи кунунии кишварро ба таври ҳатмӣ риоя намоянд. Дар рӯзҳои ид барои идгардак ба хонаи якдигар нараванд, ҳамсинфону ҳамкурсони худро ба зиёфатҳои идона даъват нанамоянд ва шиори Вазорати маориф ва илмро, ки «Мо худ ва дигаронро аз беморӣ ҳифз менамоем» аст, ба таври қатъӣ риоя кунанд.
Устодону омӯзгорони тамоми зинаҳои таҳсилот даъват ва вазифадор мешаванд, ки дар рӯзҳои ид рафтору муносибати хонандагону донишҷӯёни маҳалли зисти худро зери назорат қарор дода, бетарафӣ зоҳир накунанд.
Падару модарони азиз, бо арзи адаб ба шумо муроҷиат карда, бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоем, ки вазъи имрӯзаи эпидемикии давлат ва оламро дуруст дарк намоед, ба заҳмату талошҳои духтурон, ҳамшираҳои шафқат, кормандони дорухонаҳо ва санитарию эпидемикии деҳа, ноҳия ва шаҳри худ эҳтиром гузоред ва ба онҳо муносибату муоширати хуб карда, дар ин лаҳзаҳои душвор кумаку дастгириҳои хешро ба хонадони онҳо дареғ надоред, зеро онҳо ҳастии худро барои ҳифзи саломатии мардум равона кардаанд.
Падару модарони меҳрубон, бо назардошти эҳтирому арҷгузорӣ ба ҳамаи анъанаву суннатҳои миллӣ оид ба таҷлили идҳои динӣ аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки дар рӯзҳои ид садди роҳи идгардаки кӯдакон шуда, аз оростани дастурхонҳои пурдабдабаи идона, омода кардани хӯроку хӯришҳои гуногун, даъвати хешу табору наздикон худдорӣ карда, маблағҳои худро барои ҳифзи саломатии хонадону пайвандон, харидории китобу лавозимоти таълимӣ ва вазъи беҳдоштии фарзандони худ равона сохта, ба шахсони ятим, беморону дармондагони маҳалли зисти худ дасти ёрию навозиш дароз намоед.
Дар баробари ин, хоҳиш менамоем, ки ҷиҳати самаранок гузаронидани таътили тобистонаи фарзандон, ҳифзи саломатии онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, рафтору муносибат ва фазои иттилоотии онҳоро дар ин рӯзҳои ниҳоят душвори паҳншавии бемории оламро фарогир – КОВИД-19 зери назорати ҷиддӣ қарор диҳед. Нагузоред, ки гурӯҳҳои мухолифу манфиатҷӯ аз ин вазъият истифода карда, фарзандони мову шуморо гирифтори доми фиребу найранги худ созанд.
Волидайни муҳтарам, вақтро барои фарогирии дониши фарзандони худ самаранок истифода баред, рафтори ҳамарӯзаи онҳоро назорат карда, кӯшиш намоед, ки фарзандони шумо бештари вақти худро ба хондани китобҳои дарсӣ, бадеӣ, тамошои филмҳои дорои мазмуни тарбиявию ахлоқӣ ва барномаҳои телевизионии таълимӣ сарф кунанд. Дар муҳити хона нигаҳ доштани фарзандон сабаби ҳифзи саломатии онҳо, хонавода ва аҳли ҷомеа мегардад.
Муҳтарам роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, дар чунин рӯзҳои ҳассос бо дарки масъулият бо тамоми сохторҳои давлатӣ, соҳибкорон ва аҳли пешоҳанги ҷомеа ҳамкорӣ карда, дар паст гардидани шиддати паҳншавӣ, аз байн бурдани бемории коронавирусу дигар маризиҳои сироятӣ саҳм гузоред ва дар самти иҷрои ҳамаи дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ва Вазорати маориф ва илм доир ба раванди таълиму тарбия ва ҳифзи саломатии мардум тадбирҳои зарурӣ андешед.
Мо худ ва дигаронро аз беморӣ ҳифз менамоем ва дар муттаҳидию ҳамдигарфаҳмӣ ба рӯзҳои неку пурсаодати миллату меҳан хоҳем расид.

МУРОҶИАТНОМАИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ВМКБ

Мо- аъзоёни Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба тамоми бошандагони вилоят муроҷиат карда истода, қабл аз ҳама, ин нуктаҳоро таъкид кардан мехоҳем:
Мардумони Бадахшон аз замонҳои хеле пеш дар ҳамин хок, ки имрӯз ба як гӯшаи зебою ободи Тоҷикистони азизамон табдил ёфтааст, новобаста аз шароити сангину тоқатфарсо бо ҳам аҳлона зиндагӣ мекардаанд. Фишорҳо, таҳдидҳо, ҳама гуна хатарҳои дохилию берунаро ба мисли тамоми мардуми азиятдидаи тоҷики минтақаҳои дигари Тоҷикистони кунунӣ, ки рӯзгори онҳо низ дар гузаштаҳои дур ҳамранги ҳаёти мардуми кӯҳистон миёншикан буд,тадриҷан паси сар менамуданд.
Ҳамватанони азиз! Падарону модарони меҳрубон. Ҷавонони шарафманд. Ин рӯзгори биҳиштӣ барои мардуми тоҷик ба мисли як ҳадяи муқаддасе аст. Он, албатта, ба ивази чандин ҷонҳои падарону бародарону хоҳарон ба даст омадааст. Пас, биёед, бо маслиҳат, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтирому умедворӣ ба ҳам оем, ки чунин таҷрибаро аҷдодони мо доиман дар зиндагиашон истифода мекарданд ва мо ҳам бо ҳамин роҳ зиндагиро боз ва боз аз пештар беҳтару зеботар созем.
Ҳамдиёрони азиз! Маълум аст, ки аз охири соли 2019 дар ҷаҳон бемории дунёфарогири Каронавируси нави СOVID-19 паҳн гардид ва имрӯз мардуми Сайёраи замин аз ин беморӣ азият мекашанд. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки мардумони қитъаҳои мухталифи ҷаҳонро аввалҳо таҳлука ва тарсу ҳарос печонида буд ва ин бошад бемориро бамаротиб афзун намуд. Табибони тамоми ҷаҳон барои мубориза бурдан ба ин вабои мудҳиши асри ХХ1 камари ҳиммат бастанд ва тавонистанд, ки дар баъзе кишварҳо роҳи ин бемориро гиранд ва ҳанӯз мубризаҳо идома доранд.
Ба Тоҷикистони мо ҳам ин беморӣ ворид гашт ва инак, мубталошудагон ба ин беморӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ба қайд гирифта шудаанд.
Имрӯз дар расонаҳо, шабакаҳои интернетӣ баъзеҳо маълумотҳои воҳиманок, бардурӯғ ва навмедонаро паҳн мекунанд, ки асосе надоранд. Баръакс, бо ин роҳ дар дили ҳамватанон ноумедӣ, заифӣ, тарсу ҳарос, нобовариро бештар хоҳем кард, ки фардо моро касе намебахшад.
Ҳамдиёрони гиромӣ! Аз мушоҳидаҳои ҳаррӯза маълум аст, ки табибон ба ҳамаи мушкилӣ, вазниниҳо, мондашавӣ нигоҳ накарда, дар беморхонаҳо шабу рӯз барои барқарор кардани саломатии маризон хизмат мекунанд. Мо ба табибон ва ҳамаи онҳое, ки имрӯзҳо мунсифона ва ҳалол хизмат менамоянд, изҳори сипос мекунем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии ба наздикӣ кардааш бо кормандони соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Душанбе ба ин тарафи масъала таваҷҷӯҳи ҳозиринро ҷалб намуда, таъкид кард, ки ба чунин овозаҳои бардурӯғ ва воҳимаасос бовар накунанд. Ба масъулони кор ва мутахассисон мушаххасан супориш дод, ки ба масъалаи тақсим карда додани маводи озуқа, доруворӣ барои маризони ин вирус ва табибон назорати қатъӣ бурда, ба шахсоне, ки дар хона табобат мегиранд, ҳамеша кӯмаки амалии худро расонанд.
Ҳамдиёрони иззатманд! Биёед дар ин лаҳзаҳои барои ҳамаи мо ҳассос бо ҳам муттаҳид шуда, бародарвор, хоҳарвор, падарвору модарвор бар зидди ин бемории сироятӣ беамон мубориза барем, дар ин моҳи шарифи Рамазон ба якдигар дасти кӯмаку саховат дароз намоем. Чун дар паҳлуи ҳамдигар қарор мегирем, боварӣ ба зиндагии имрӯзу фардо бештар мегардад ва бо қудрати муттаҳидӣ, дӯстию бародарӣ метавонем хушҳолона зиндагиамонро ба маҷрои аввала баргардонем.
Дар Ватани ором ҳамеша хушбахт ва дур аз ҳама гуна беморӣ бошед.

ТАБРИКОТИ муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Ҷавонони азиз!
Қаблан, ҳамаи Шуморо ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон 23-май , самимона табрику муборакбод менамоям.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҷомеаи имрӯза кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон басо муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳим пешбаранда буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонанд, ба хубӣ таъмин созанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллат арзёбӣ намудаанд.
Дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид таъкид гардид, ки ҷавонон бояд аз ҳама қишриҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, мукаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдкорона ширкат варзанд, амният давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби чаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро сутуни асосии миллату давлат шуморида, онҳоро дар соҳаи хизмати пайваста дастгирӣ намуда, ба мансабҳои роҳбарони вазорату идораҳо таъин намуда истодаанд, ки ин нишон аз боварӣ ва эътимоди Сарвари давлат ба Шумо ҷавонон аст.
Дар навбати ин ҷавонон низ дарк бояд кунанд, ки ба хотири мустаҳкам намудани андешаи миллӣ ва устувории ғояҳои ватанпарварона самимона ва сидқан дўст доштани меҳани худ, арҷ гузоштан ба арзишҳои неки миллӣ ва барои густариши онҳо ҷаҳду талош намудан лозим аст. Ин қишри созандаи ҷомеа чун идомадиҳандагони ормонҳои дерини аҷдодӣ, парчамбардорони миллат ва пайравони кору пайкори Пешвои миллат, бо тамоми ҳастии хеш эҳсос менамоянд, ки дўст доштани ватан, баланд бардоштани обрую нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ, ифтихор кардан аз он ва барои ҳифзу ҳимояи хоки муқаддаси диёри маҳбуб омода будан, арзишҳое мебошанд, ки танҳо ба воситаи он мо метавонем кишвари ободу пешрафта ва пуриқтидор бунёд намоем. Воқеан ҳам талошҳои пайвастаи ҷавонони имрӯзаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумӯи Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон моро бовар мекунонад, ки ҷавонон бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутарқӣ сафарбар менамоянд ва алабатта фаъолона ва худихтиёрии сафарбар шудани ҷавонони вилоят ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон далели ин гуфтаҳо мебошад.
Дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон бояд сармашқи асосии кору пайкор ва фаъолияти ҳамарӯзаи онҳо дар давраи чаҳонишавии муносибатҳо гардида, афкору андешаҳои тозаи ҷавонони мо намегузоранд, ки гурӯҳҳои тундраву ифротгаро фазои софу Ватани азизро ғуборолуд созанд. Тадбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлоли дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.
Имрузҳо дар тамоми соҳаҳои иктисоди миллии мамлакат, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд ва дар рушди кишвар ҳиссаи назаррас мегузоранд.
Дар баробари ин ҷавонони мо дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф тахсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаан, ки барои вилоятамон зарур мебошанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташабуссу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад.
Дар ин ҷода ба ҳамаи Шумо ҷавонони азиз комёбиву бурдборӣ ва пирўзиҳои навро орзумандам.
Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак!

Пешвои миллат-Ғамхори миллат!

Имруз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамроҳии раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Савазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода як зумра биноҳои навро мавриди истифодаи табибон ва беморони мубталои Каронавирус қарор доданд.
Беморхонаҳо аз қабили беморхонаи муваққати воқеъ дар бинои нави коллеҷи тибби шаҳри Душанбе,беморхонаи муваққати воқеъ дар бинои нави хобгоҳи Донишгоҳи милли Тоҷикистон ва беморхонаи муваққати дар заминаи Гимназияи ҳарбии ба номи “Ворисони Куруши Кабир ” Қушунҳои сарҳадии КДАМ.

МУРОҶИАТНОМАИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КЎҲИСТОНИ БАДАХШОН БА АЪЗОИ ҲИЗБ, ХАЙРХОҲОНИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ВА КУЛЛИ МАРДУМИ ШАРИФИ ВМКБ

Ҳамватанони азиз! Мардуми шарифи маскуни кишвар рўзҳои мушкилро аз сар гузаронида истодааст. Ҳар рўзи шаб, хулоса як нафас мардуми шарифи Тоҷикистон аз мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон канор намондааст.Тамоми чораю талош ба он равона гардидааст, ки шаҳрвандони мамалакат аз ин вируси пайдошуда наҷоту амон ёбанд.
Мусаллам аст, ки наҷоти ҳар кас дар дасти ўст, агар мо қонуну қоидаи санитария дар оила, ҷои кор ва умуман ҳама ҷо риоя кунем, то як андоза аз ин беморӣ наҷот хоҳем ёфт. То ба ин вақт доруву дармон муайян шуд, сафи табобатёфтагон ҳар рўз афзуда истодааст.
Он дурўғу овозаҳои беасос, воҳимаангезе, ки аз ҷониби «дўстони дар нохунак» аз хориҷи кишвар ва шабакаҳои иҷтимоӣ пахшу нашр мешаванд, асоси воќеӣ надоранд. Ба ҳар касу ҳар шахс гўш додан шарт нест, мақоли хубе аст: Гўш куну дам мазан… Инҳо он нафаронанд, ки барояшон амнияти миллату халқ, оромии кишвар арзише надорад. Онҳо танҳо манфиати хоҷагони худро иҷро карда, пули бедарду миёнро ба даст меоранд.
Ҳамватанони азиз, моро як имтиҳони ҷиддии зиндагӣ домангир аст. Дар ин имтиҳон дўсту душман аз ҳам кам фарқ мешаванд. Нозукбину оқилтар ва зираку ҳушёр будани мо ниҳоят зарур. Ба доми мухолифон наафтем, ҳамдигарро дастёру мададгор бошем.
Ин вирус ё баъзан «вабо» ҳам мегўянд, як бемории муқаррарист. Одамон ҳар рўз шифо ёфта истодаанд. Баъзан бемор як ҳаб ва ё як сўзандору нагирифта, шифо меёбад. Бо ҳамин андоза ин бемориро воҳима мекунанд, ки дурўғ аст.
Ба фикрам, инҳо он нафароне ҳастанд, ки пешрафту тараққиёт ва мутаҳиддии халқро дар гирди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намехоҳанд, онҳо ба ҷои як тавсия аз таҷрибаи бою ғании ҷаҳонӣ баррасӣ кунанд, баръакс ақидаҳои нопоки худро аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба самъи мардум мерасонанд.
Каломи раббонӣ таҳлукаандозро бародари шайтони лаъин мегўянд.
Ба ақидаи банда бузургтарин аслиҳа дар ин марҳилаи ассос танҳо ва танҳо имони пок ва эътиқоди қавӣ аст. Таҳлуқаю воҳима ҳар ду моли шайтонанд.
Аз ин хотир, аз моли ҳароми шайтон худро дар канор гирему пайваста дар гирди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун силсилаи фўлодин қарор гирем. Ин аст, роҳи наҷоти миллат.
Фурсатњои каме мондааст, аз ин варта халосӣ хоҳем ёфт, ҳамватанони азиз.
ҲЯизби Халќқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқ буд ва ҳамеша бо халқ мемонад. «Дар халқ будан, зи халқ берун ғалат аст».
Муроҷиатнома дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ВМКБ аз 18.05 2020 қабул гардид.

ДАСТГИРИИ ТАБИБОН ВА БЕМОРОН

Кӯмаки озуқаворӣ, ки аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии табибон ва беморони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон равона шуда буд имрӯз тавассути кормандони масъули дастгоҳи раиси вилоят ба роҳбарони муассисаҳои тиббии шаҳри Хоруғ супорида шуд. Маводи озуқаворӣ аз қабили карам, сабзӣ, пиёз, бодиринг иборат буда барои нигоҳ доштани сиҳатии беморон ва баланд бардоштани имунитети маризон ба манфиат хоҳад буд. Табибон ва беморон аз кӯмаки ғамхоронаи Роҳбарияти Олии мамлакат бархурдор гардида миннатдории худро ба Пешвои муаззами миллат барои дастгири намудан дар ин рӯзҳои мушкил баён намуданд.

КӮМАКИ МОЛЯВӢ

Бо мақсади саҳм гузоштан дар пешгирӣ ва мубориза бо касалии сирояти коронавируси нави covid -19 шахсони саховатпеша, сокинони касбу кори гуногун аз шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ба суратҳисоби бонкӣ, ки бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят кушода шудаст, маблағҳои муайян ирсол намуда истодаанд. Ин навбат аз ҷониби кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ 20 ҳазору 877 сомонӣ ва кормандони Сарраёсати молияи вилоят 6 ҳазору 468 сомонӣ ба суратҳисоби мазкур гузаронида шуд. Ҳамчунин, Директори Маркази чумҷуриявии омўзишии «Логос» Ҷумъа Булбулов маблағи 1000 сомонӣ, Ташкилоти ҷамъиятии «Сано» 1000 сомонӣ ва сокини маҳаллаи Сайфулло Абдуллоеви шаҳри Хоруғ шаҳрванд Саидаҳмад маблағи 300 сомониро ба суратҳисоби бонкии пешгирӣ ва мубориза бо касалии сирояти коронавирус ирсол намуданд.
Воридшавии маблағ ба суратҳисоби мазкур идома дошта, шаҳодат аз он медиҳад, ки сокинони вилоят дар самти мубориза бо ин беморӣ, ки саросари ҷаҳонро фаро гирифтааст, бетараф нестанд. Ёдрас мешавем, ки сарфи маблағҳои ҷамъгардида таҳти назорати бевоситаи раиси ВМКБ Ёдгор Файзов қарор дошта, маълумот пайваста тариқи васоити ахбори оммаи расмӣ ба аҳолӣ расонида мешавад.

АНДЕШАИ ОЛИМОН ЯКДИЛИ ДАР РӮЗИ ХАТАРИ ПАҲНШАВИИ «COVID 19»

Андешаҳо дар хусуси кўмаки саривақт ва хирадмандонаи Пешвои миллат ба табибони ВМКБ
Имрўз мардуми мо давраи душвореро аз сар мегузаронад, ки бо паҳншавии вируси «Короновирус» алоқамандӣ дорад. Дар давоми панҷ моҳи охир ин беморӣ қариб дар 200 давлати ҷаҳон паҳн гардид. Аз замони ба таври расмӣ эълон шудани мавҷудияти ин беморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ситодҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ таъсис дода шуданд, ки ҳамаруза ҳолати паҳншавии ин бемориро таҳти назорат карор гирифтаанд. Дар доираи чораҳои пешгирии паҳншавии ин беморӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба беморхонаҳои Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон бо 45 адад мошини боркаш маводҳои доруворӣ, хурокворӣ ва либосҳои махсуси тиббиро равон карданд, ки ин кўмаки саривақтӣ имкон фароҳам овард, ки кори табибон дар самти мубориза бо вируси «Короно» ба таври кофӣ ва аз рўи талабот ба роҳ монда шавад. Чунин дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўхтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки беморхонаҳои вилоят бо воситаҳои муайянкунии ин беморӣ ва таҳҷизоти табобатӣ муҳайё гардид.
Паҳншавии вируси «Короновирус» дар сар то сари ҷаҳон боз якбори дигар аз мо тақозо мекунад, ки дар пеши ин хатар муттаҳид бошем, зеро ин маразро дар парокандагӣ ва танҳоӣ ҳеҷ ягон давлат ғалаба карда наметавонад. Имрўз мо ин якдилиро дар тамоми ҷаҳон эҳсос мекунем. Олимон дар роҳи ихтирои дору заҳмат мекашанд, табибон дар табобати беморон, деҳқонон дар роҳи тавлиди озуқаворӣ, коргарон барои истеҳсоли маводҳои антисептикӣ, дузандаҳо дар духтани ниқоб ва либоси муҳофизати барои табибон ва ҳокимон роҳбарии умумии ин корҳоро пеш мебаранд. Таъсиси ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо бемории «Короновирус» аз он шаҳодат медиҳад, ки муносибати роҳбарияти мамлакат нисбати ин бемори хеле ҷиддӣ аст. Мо шаҳрвандони оддӣ бояд дар ин рўзҳо интизоми қавӣ дар роҳи риояи талаботҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳамкорӣ бо роҳбарони мамлакатро дар амал татбиқ намоем. Ҳамвора Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи мубориза бо ин беморӣ тамоми корҳои заруриро анҷом дода истодаанд ва мо умедвор ҳастем, ки ин ҳамкории мардум ва давлат дар ояндаи наздик ин бемориро аз мамлакати мо дур хоҳад кард.

Назархудоева Лола-номзади илмҳои фалсафа, декани факултаи Таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи Давлатии шаҳри Хоруғ

КӮМАКИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАРКАЗИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КУХИСТОНИ БАДАХШОН ШАҲРИ ХОРУҒ РАСИД.

Барои дастгири намудани табибон ва беморони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, ки бо касалии бемории сироятии короновирус ё худ covid 19 мубориза бурда истодаанд аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯмаки навбати аз қабили доруворӣ, маҳлулхои безараргардонӣ, дастпушак, либосҳои муҳофизати тибби ва маводи хӯрокворӣ вориди шаҳри Хоруғ гардид.
Табибони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон аз ин кӯмаки ғамхоронаи Пешвои миллат изҳори хурсандӣ намуда ваъда доданд, ки шабу рӯз содиқона барои халқу миллат дар ин рӯзҳои мушкил хизмат хоҳанд кард.