ШАҲРИ ХОРУҒ БОЗҲАМ ЗЕБОТАР МЕГАРДАД.

Субҳи имрӯз раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов аз вазъияти як қатор иншоотҳо дар шаҳри Хоруғ дидан карданд.
Шаҳри Хоруғ маркази Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар баробари дигар шаҳрҳои мамлакатамон рӯ ба пешрафт ниҳодаст. Иншоотҳои хурду бузург, биноҳои баландошёна, идораву муассисаҳои давлатӣ дар шаҳри Хоруғ бо тарҳи муосир қомат афрохта истодаанд. Сохтмони театри вилоят барои 1000 ҷойи нишаст, бинои Бонки амонатгузории “Амонатбонк” дар вилоят, сохтмони майдончаи варзишӣ дар маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ, Сехи дӯзандагӣ, муассисаи таълими рақами 8 дар маҳаллаи Хоруғи боло, Маркази Савдо дар бозори 20 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар иншоотҳо дар ҷараёни сохтмон қарор доранд, ки ҳангоми ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мавриди истифодабарӣ қарор дода хоҳанд шуд ва инчунин гузоштани хишти аввали пули “Селхозтехника”, ки барои танбашавии нақлиёт дар маркази шаҳри Хоруғ мусоидат хоҳад кард дидан намуданд.
Раиси вилоят ба фаъолияти кории сохтмончиён баҳои баланд дода аз онҳо сифати хуби кориро талаб намуда баён дошт, ки иншоотҳо бояд ба стандартҳои сатҳи байналмилалӣ ҷавобгӯ бошанд ва тавонанд солҳои зиёд ба мардум хизмат намоянд.

СОҲАИ САЙЁҲӢ, ИМКОНИЯТҲО ВА ДАСТОВАРДҲО

Дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ дар заминаи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо мақсади омодагӣ ба мавсими сайёҳӣ бо ҷалби субъектҳои фаъолияти сайёҳӣ ҳамоиш доир гардид.
Дар кори ҳамоиш масъалаҳои таҳти назорати қатъӣ қарор додани ҳолати санитарию гигиении марказҳои хизматрасонӣ, бо мақсади пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сирояткунанда, ҷойҳои тамошои сайёҳӣ, рушди инфрасохтори деҳот, таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои минтақаҳои бартариятдошта аз нигоҳи рушди иқтисодӣ ва намудҳои сайёҳӣ, фароҳам овардани шароит барои рақобатнокӣ дар самти хизматрасонӣ баррасӣ гардиданд.

БА ДИҚҚАТИ СОКИНОНИ ВМКБ

Дар суратҳисоби махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, ки ба хотири пешгирии бемории сироятии короновирус ё худ covid 19 дар вилоят таъсис дода шудааст маблағи 405 ҳазору 405 сомонӣ ворид гардидааст.

БА МАСЪУЛИНИ РАДИОИ ОЗОДӢ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон гузориши Радиои озодиро мавриди таҳлил қарор дода маълум менамояд, ки ахборот оиди дар шаҳри Хоруғ ташкили гардидани эътирози ҷавонон дар масъалаи футбол комилан маълумоти нодуруст аст. Аксеро, ки Радиои озодӣ инъикос намудааст ин акси соли 2016 мебошад.
Дар шаҳри Хоруғ ягон эътироз аз тарафи ҷавонон ба қайд гирифта нашудааст. Варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ албатта маҳкам аст чунки варзишгоҳ айни замон аз таъмири капиталӣ гузашта истодааст.
Бинобар ин хоҳиш карда мешавад, ки чунин ахборотҳо бо масъулин соҳаи варзиши вилоят ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ дақиқ карда мешуд ва баъдан инъикос мегардид.

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки яке аз ҷашнҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолии кишварамон мебошад, самимона табрик мегӯям.

Таъмин намудани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ки аз Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии мамлакат сарчашма мегирад, барои қатъи мухолифати мусаллаҳона ва ҷангу хунрезӣ, сарҷамъии миллати тоҷик, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва таъсиси низоми ҳуқуқии адолатпеша асоси мустаҳкам гузошт.

Маҳз ба ҳамин хотир, масъалаи ваҳдати миллӣ ба яке аз арзишҳои волои ҷомеаи мо табдил ёфта, барои мардуми шарифи Тоҷикистон қадру қимати баланд дорад.

Имрӯз мо бо ифтихор иброз медорем, ки ҳар як шаҳрванди бонангу номуси мамлакат барои мустаҳкам гардидани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ҳифзи осудагии кишвар, тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ, рушду тараққиёти давлат ва ободии Ватани азизамон талош менамояд.

Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки бо гуноҳи азими роҳбарони ҳизби миллаткуш, яъне собиқ ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ва хоҷагони хориҷии онҳо, яъне хоинону душманони миллати тоҷик ва давлати тозаистиқлоли тоҷикон рух дод, боиси ба ҳалокат расидани беш аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон гардид.

Мақсади асосии онҳо дар Тоҷикистон бунёд намудани давлати исломӣ ва зӯран ба сари мардуми мо таҳмил кардани фарҳанги бегона буд.

Ин дастаи хоинони миллат ҳатто баъди имзои созишномаи сулҳ низ, ки 27-уми июни соли 1997 сурат гирифт, дар давоми чандин сол ба кирдорҳои нопоку душманонаи худ – тарконидани иншооту биноҳо, қатлу куштор ва террор идома дода, ҳатто якчанд маротиба ба табаддулоти ҳарбиву давлатӣ даст заданд.

Аз ин лиҳоз, хиёнати содиркардаи роҳбарони ин ҳизби террористиро мардуми Тоҷикистон ва таърихи халқи тоҷик ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд.

Дар ин раванд, мардуми мо, хусусан, наврасону ҷавонон бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки ваҳдати миллии тоҷикон саҳлу осон ба даст наомадааст.

Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ба мардуми Тоҷикистон дар натиҷаи саъю талоши шабонарӯзии фарзандони огоҳу бедордили миллат, музокироти бисёр мушкилу тӯлонӣ ва ҳамзамон бо ин, бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони содиқу ватандӯст муяссар гардидааст.

Дар робита ба ин, мехоҳам як нуктаи муҳимро бори дигар хотирнишон намоям.

Мо бо ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ягон созишнома имзо накардаем.

Ҳукумати мамлакат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро бо Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ба имзо расонидааст.

Яъне дар даврае, ки барои мардуми куҳанбунёди тоҷик воқеан тақдирсоз буд, ба хотири пешгирӣ намудани фоҷиаи даҳшатноки аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат зарур буд, ки саъю кӯшиши бесобиқа ба харҷ дода, наҷоти давлат ва миллатро ба ҳар қимате, ки бошад, таъмин намоянд.

Мо бо дарки амиқи масъулият дар назди сокинони мамлакат ва ояндаи кишвар тамоми чораҳои имконпазирро амалӣ гардонидем, ки ба ҷангу хунрезӣ хотима бахшида, оромӣ ва суботи сиёсиро ҳамчун тақозои ҳаётӣ ва умеду орзуи ягонаи хурду бузурги Тоҷикистон дар он айёми хатарзову фоҷиабор барқарор намоем.

Дар қадами аввал, мо фаъолияти сохтору мақомоти амалан фалаҷшудаи давлатиро барқарор кардем ва дар ин раванд, беш аз як миллион нафар ҳамватанонамонро, ки ба кишварҳои дуру наздики олам гуреза шуда буданд, ба Ватан баргардонидем.

Баъдан ислоҳоти конститутсиониро роҳандозӣ намуда, парламенти касбиро таъсис додем ва ҳамзамон бо ин, ислоҳоту дигаргуниҳои бунёдии иқтисодиву иҷтимоиро оғоз кардем.

Дар натиҷаи қабул ва амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ мо тавонистем, ки бо кумаку дастгирии самимонаи мардуми шарифи тоҷик ҷомеа ва давлатро аз буҳрони вазнини сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавӣ раҳоӣ бахшида, масири инкишофи минбаъдаи Тоҷикистонро муайян намоем.

Бинобар ин, имрӯз бори дигар бо ифтихор иброз менамоям, ки таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ хизмати бузургу таърихии халқи тоҷик аст ва қаҳрамони сулҳу ваҳдати миллӣ низ танҳо халқи Тоҷикистон мебошад.

Ҳоло Тоҷикистони азизи мо дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба сӯи фардои боз ҳам ободу осуда қадамҳои устувор мегузорад.

Нақшаву барномаҳои қабулкардаи мо доир ба рушди миллӣ, ки имрӯзу фардои миллату давлатро ба ҳам пайванд медиҳанд, бо заҳмати аҳлонаву созандаи мардуми Тоҷикистон пайгирона амалӣ шуда истодаанд.

Қобили зикри хос аст, ки сокинони кишвар, хусусан, ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон – сисолагии истиқлоли давлатӣ содиқонаву софдилона заҳмат мекашанд.

Яъне дар раванди ободонии Ватани маҳбубамон имрӯз саҳми ватандӯстонаи хурду бузурги мамлакат, соҳибкорону тоҷирон, шахсони саховатпеша ва ҳамватанони бурунмарзӣ торафт бештар мегардад.

Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи онҳо барои заҳмати софдилонаву содиқонаашон миннатдории самимӣ баён менамоям.

Мехоҳам нақши бисёр арзишманди ҷавонони ватандӯсти Тоҷикистонро дар ҳимояи дастовардҳои истиқлол, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва ободонии сарзамини аҷдодӣ махсус таъкид намоям.

Мо ифтихор мекунем, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои аҳолиаш ҷавонтарини дунё ба ҳисоб рафта, синни миёна дар он 24 солро ташкил медиҳад ва саҳми ҷавонон ҳамчун неруи созанда дар пешрафту ободии мамлакат ниҳоят арзишманд мебошад.

Ба хотири тарбияи кадрҳои замони нав аз байни наврасону ҷавонон мо рушди илму маориф, бахусус, илмҳои табиӣ ва риёзиро аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок эълон кардем.

Чунки ояндаи ободи Тоҷикистон аз рушди илмҳои зикршуда вобаста аст ва пешрафти кишвар дар дасти кадрҳои замони нав, яъне мутахассисони сатҳи баланди касбӣ мебошад.

Ҳамчунин, хотирнишон менамоям, ки ҳифзи истиқлолу озодии Ватан, густариши пайвастаи худогоҳиву худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасот ва рамзҳои давлатӣ, таърих, забон ва фарҳанги миллӣ, таблиғи аҳаммияти сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, сарҷамъии миллат, ваҳдати миллӣ, эҳтирому риояи Конститутсия ва қонунҳо, яъне таъмини волоияти қонун бояд вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди бонангу номус бошад.

Дар айни замон ин кори муҳим яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти ҳамаи шохаҳои ҳокимият, сохтору мақомоти давлатӣ, соҳаҳои илму маориф ва муассисаҳои таълимӣ, падару модарон, аҳли зиё, фаъолон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳар яки мо бояд як нуктаи бисёр муҳимро доим дар хотир дошта бошем, ки шарти муҳимтарини хушбахтии инсон – зиндагӣ дар Ватани орому осуда ва ободу зебо мебошад.

Ва агар дар мамлакат сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, сарҷамъии миллат ва ваҳдати миллӣ ҳукмфармо бошад, тамоми нияту ҳадафҳои нек ва нақшаву барномаҳо иҷро мегарданд ва ҳамаи масъалаву мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ батадриҷ бартараф карда мешаванд.

Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро, ки бо иродаи мардуми Тоҷикистон ҳамчун ҳадафи олии худ қарор додаем, устуворона идома диҳем ва барои сокинони мамлакат шароити мусоиду арзандаи зиндагиро муҳайё намоем.

Бори дигар таъкид месозам, ки сохти давлатдории Тоҷикистон, яъне моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазир мебошад, зеро он бо майлу иродаи халқи Тоҷикистон интихоб ва дар Конститутсия дарҷ гардидааст.

Мардуми мо, аз ҷумла наврасону ҷавонон, ки насли ояндасози кишвар мебошанд, ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки баъзе хоинони миллату давлати тоҷикон ва хоҷагони хориҷии онҳо ҳанӯз аз ниятҳои душманонаашон даст накашидаанд.

Терроризму экстремизм, радикализми динӣ ва хурофотпарастӣ хатарҳои асосӣ барои имрӯзу ояндаи минтақа, аз ҷумла Тоҷикистони мо мебошанд.

Тавре ки борҳо гуфтаам, хурофот ҷаҳолат аст. Ҷаҳолат, ки нишонаи сатҳи пасти саводу маърифат мебошад, ҳамеша бадбахтӣ меорад ва дар роҳи пешрафту тараққиёти давлат, беҳтар шудани шароит ва сатҳи зиндагии мардум монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад.

Бинобар ин, мо бояд доим ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, дар ғафлат намонем ва барои ҳимояи муқаддастарину бузургтарин неъмати ҳастию зиндагиамон, яъне истиқлолу озодии кишварамон омода бошем.

Ҳамватанони арҷманди мо хуб мушоҳида мекунанд, ки вақтҳои охир авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ босуръат тағйир ёфта, раванди ҷаҳонишавӣ ва мушкилоту масъалаҳои ҳаёти башарият беш аз пеш печидаву мураккаб гардида истодаанд.

Дар баробари буҳрони ҷаҳонии иқтисодиву молиявӣ ва таҳдиду хатарҳои муосири амниятӣ, бахусус, терроризм, экстремизми динӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ки бехатарии бисёр минтақаву кишварҳои оламро сахт халалдор месозанд, имрӯз мушкилоти экологӣ, яъне тағйирёбӣ ё гармшавии иқлим ва оқибатҳои вазнини он, аз ҷумла хушксолӣ, беобӣ, обхезӣ, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз қабили пандемияи КОВИД-19 ҳаёти миллионҳо нафар сокинони сайёраро таҳти хатари ҷиддӣ қарор додаанд.

Дар чунин шароит табиист, ки аҳаммият ва нақши худшиносии миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии аҳли ҷомеа ва манфиатҳои давлату миллат беш аз ҳар вақти дигар меафзояд.

Бовар дорам, ки хурду бузурги кишвар минбаъд низ таҳти парчами истиқлолу озодӣ тамоми кӯшишу талоши худро ба хотири пешрафти давлат, ободии Ватан ва осоиши ҳар як фарди мамлакат сафарбар месозанд.

Бори дигар кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, ба ҳар як сокини кишвар, пеш аз ҳама, саломатӣ, сулҳу оромӣ, иқболи баланд, файзу баракат ва ба Тоҷикистони маҳбубамон ваҳдати ҷовидона орзу менамоям.

Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

195Engagements

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН МӮҲТАРАМ ЁДГОР ФАЙЗОВ БАХШИДА БА 23 – УМИН СОГАРДИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ.

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН МӮҲТАРАМ ЁДГОР ФАЙЗОВ БАХШИДА БА 23 – УМИН СОГАРДИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ.

Бахшида ба 23 умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва тоза ва обод нигоҳ доштани гирду атроф соҳаи агросаноатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ дар майдони марказии шаҳри Хоруғ таҳти роҳбарии муовини раиси вилоят Носирзода Умедҷон ҳашар дастаҷамъона ташкил намуданд.

Бахшида ба 23 умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва тоза ва обод нигоҳ доштани гирду атроф соҳаи агросаноатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон дар майдони марказии шаҳри Хоруғ таҳти роҳбарии муовини раиси вилоят Носирзода Умедҷон ҳашар дастаҷамъона ташкил намуданд.

ТАШРИФИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА РУШДУ НУМӮИ ТАМОМИ СОҲАҲОИ ХОҶАГИИ ХАЛҚИ ВМКБ ТАКОНИ ҶИДДӢ ХОҲАД БАХШИД.

Дар робита ба омодагиҳо ҷиҳатӣ дар сатхи баланди сиёсӣ пешвоз гирифтани ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ дар қаламрави вилоят минҷумла шаҳри Хоруғ таҳти роҳбариии раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ҷаласаи ситоди вилояти баргузор гардид.
Дар рафти кори ситоди вилоятӣ 14 гурўҳи корӣ аз ҳисоби кормандони идораю муассисаҳои вилоятӣ таъсиси дода шуда, барои фаъолияти пурсамари гуруҳҳои корӣ тавсияҳои судманд дода шуданд.
Дар зарфи 29- соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикитсон дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёда аз 60 маротиба ба ВМКБ ташриф овардааст, ки ин сафарҳои кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумуъи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят равона гардидааст, иброз дошт раиси ВМКБ Ёдгор Файзов зимни ифтитоҳи ҷаласаи кори ситоди вилоятӣ. Ташрифи навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун чорабинии муҳим дар миқёси ВМКБ арзёби гардида, он ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии бошандагони ВМКБ равона шудааст. Роҳбарияти вилоят иброз дошт, ки бо такя ба таҷрибаи кории кормандони тамоми сохторхои давлатӣ ва сокинони шаҳри Хоруғ мо бояд ин ташрифи роҳбарияти олии мамлакатро чун ҳарвақта бо расму оинҳои неки сокинони «Боми ҷахон» ва самимияти хоса ва меҳмонавозии хоси тоҷикони кўҳистони Бадахшон истиқбол намоем. Дар ин росто раиси ВМКБ ба саҳми муовинони раиси вилоят ва роҳбарони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси вилоят ва дигар идораву муассисаҳо, сохторҳои давлатӣ, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо оиди фаъолияти 14 гурўҳи корӣ ҷиҳати омодагиҳо барои ташрифи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ баррасӣ намуд. Қайд гардид, ки дар ин давра бояд гурўҳҳои корӣ иборат аз гурўҳи таблиғотиву ташвиқотии доимоамалкунанда вобаста ба фаҳмондадиҳии сиёсати созанада ва бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон, оид ба назорат таъмин ва анҷоми рафти корҳои сохтмони дар иншооти ҷашнӣ ва ифтитоҳи биноҳои ҷашнӣ, вобаста ба корҳои ободониву кабудизоркунии маҳаллаҳои шахри Хоруғ ташкили аёният, шиору овезаҳо ва дигар масъалаҳои мубрам фаъолияти худро равона намоянд.Зимни ташрифи навбатии роҳбарияти олии мамлакат ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ иншооти зиёд, ки ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии сокинони вилоят равона гардиданд мавриди баҳрабардори қарор дода хоҳанд шуд. Аз ин ру раиси ВМКБ ба ҳар як роҳбари гуруҳи кори ва масъулини сохторҳои марбута супориш дод, ки барои дар сатҳи баланд пешвоз ва гусел намудани Асосогузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон масъулияти баландро аз худ нишон диҳанд. Дар фарҷоми ҷаласаи кори ситоди вилояти муовинони раиси ВМКБ ҷиҳати фаъолияти гуруҳҳои кори таклифу пешниҳодҳои судманд ба миён гузошта шуданд.

МУРОҶИАТНОМАИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ РУШОН БА ХОИНИ МИЛЛАТ, ҶИНОЯТКОР МУҲИДДИНИ КАБИРИ

​ ​ Мо, мардуми ноҳияи Рӯшон ҳамарӯза​ дастгириҳои Ҳукумати кишварро бараъло эҳсос менамеом. Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ободонию ободкорӣ дар ноҳияи мо ва умуман дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ба таври назаррас ба роҳ монда шуда, дар ноҳия тамоми шароитҳо барои зисти аҳолӣ маҳайё карда шудааст.
Мардуми Бадахшон, хусусан мо аҳолии ноҳияи Рӯшон сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳаматарафа ҷонибдорӣ намуда, қувваи ҷисмонию зеҳнии худро баҳри амалӣ сохтани дурнамо ва нақшаҳои Ҳукумати кишвар равона месозем. Мо медонем, ки тамоми дастуру супоришҳо ва корҳое, ки дар ноҳияи мо анҷом дода мешаванд, ба нафъ ва барои беҳбудии мо, нигаронида шудаанд.
Дирўз аз васоити ахбори омма ба мо мардуми Рушон маълум гардид, ки Кабирии ҷинояткори ватанфурўш дар баромади худаш ќайд кардааст, ки миллат бояд дар канори мардуми Рушон бошад. Ҳамчунин қайд кардааст, ки мардуми Рушон аз каромату шарафоти тамоми Тоҷикистон эътироз мекунанд.
Мо медонем, ки Кабири тў бо ин роҳ​ мехоҳи мардуми Рушонро ба кирдорҳои ҷиноятии худат олуда кунӣ. Ду ҷинояткоре, ки кирдорҳои онҳо боиси нигаронии аҳли ҷомеаи Рушон гаштааст онҳоро таърифу тавсиф карда, бо ин амалат онҳоро барои содир кардани ҷиноятҳои мудҳиш равона сохтани истодаи.
Кабири тў дониста бош, ки касе қонунро вайрон намудааст дар назди қонун ҷавобгар​ мешавад.​ Дар ноҳияи Рушон қонуну қоида пойдор буда, Мақомотҳои қудрати вазифаҳои худашонро иҷро мекунанд. Мардуми Рӯшон бошад чӣ кор карданашонро медонанд ва ба дасисаҳои тў ниёз надоранд. Аз як кирдори номатлуби содир шуда дар як кўчаи Рӯшон ту ҳангома насоз.
Мардуми Рушон туро як хиёнаткор ва бозичаи дасти баъзе давлатҳо медонанд.
Мо сокинони ноҳияи Рӯшон ба хубӣ медонем, ки ҳадаф аз даъвату суханрониҳои ту Кабирии хоин чист!. Мо хуб огоҳем, ки чаро ту меҳоӣ мо ба гирдиҳамоӣ ҷамъ омада, нооромиро дар ноҳия замина гузорем. Чун туву ҳаммаслакони ҷиноятиат дар тамоми фаъолият ва зинадгии худ коре ҷуз ихтилофандозию вайронкорӣ ва норомӣ надоред.
Ба ту Кабирии нотавонбин ва ҷиноятпеша мо сокинони ноҳияи Рӯшон муроҷиат карда мегӯем, ки барномаи хоиниатро дар ҷойи дигар ба кор бар.
Мо мардуми ноҳияи Рӯшон ба ту Кабирии хиёнатпеша хитоб мекунем, ки дар ҳама вазъу ҳолат ба Роҳбарияти олии кишвару Вилояти Бадахшон Мухтори Кухистони Бадахшон такя мекунем ва бовар дорем, ки моро​ ҳама вақт дастгирӣ ва нигоҳубин мекунанд.
То имрӯз дар ноҳия ҳар дастоварду пешравие шудааст, маҳз бо ибтикори Президенти кишвар Пешвои миллат​ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати хирадмандонаи эшон рӯи кор омадааст. Ин ҳама дастовардҳоро маҳз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон​ ба сокинон замина гузошт.​ Вале, ту Кабирии хоин гуфта метавонӣ, ки тӯли зиндагиат ҷуз хиёнат дар корномаат чӣ дорӣ? Бовар дорем, лолу безабон мемонӣ.
Ба ту Кабирии хоин ҳаминро боз ҳам таъкид карда мегӯем, ки беҳуда ҳарзасароӣ накун ва умед надошта бош, ки мо сокинони ноҳияи Рӯшон ба суханони пурдассисаи ту бовар мекунем!!!

МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВМКБ

Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, узви Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии ҲХДТ, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, ҳамзамон раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизб ва фаъолони вилоят Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардид. Дар Маҷлиси Кумита масъалаҳои муҳим аз он ҷумла ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳайати Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, озод намудани раиси кумитаи иҷроияи ҳизб дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан ва интихоби раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баррасӣ гардиданд.
Дар маҷлиси кумитаи иҷроия барои интихоб шудан ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ВМКБ номзадии Фелалиев Рустам Саидшоевич пешниҳод гардида, аз ҷониби аъзоёни ҳизб дастгирӣ гардид. Инчунин Қозибеков Ҷонибек, ки солаҳои зиёд вазифаи Раиси Кумитаи Иҷроияи ҳизб дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро бар зимма доштанд ва тӯли фаъолияти босамари худ дар сохтори вилоятии ҳизб барои таҳкими корҳои ташкилӣ, таблиғотӣ ва молиявии ҳизбӣ як қатор ташаббусҳоро пешниҳод ва амалӣ намудаанд, бо Сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд.