ТОЛИБИЛМОНИ ВМКБ СОҲИБИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТӢ ШУДАНД


Имрӯз,18 июн дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ маросими супоридани идрори Президентӣ ба толибилмони муассисаҳои таълимии вилоят бо иштироки Ëдгор Файзов, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Ризо Назарзода, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар баробари дигар ноҳияҳои вилоят чор нафар толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳри Хоруғ Одинамамадова Шарифамо – хонандаи Литсейи Оғохон, Абдураҳмонов Убод – хонандаи синфи 11 – и муассисаи таълимии рақами 11, Кабирова Мафтуна – хонандаи синфи 11 – и муассисаи таълимии рақами 9 ва Тавакалова Давлатбегим – хонандаи синфи 9 – и муассисаи таълимии рақами 5 – и шаҳри Хоруғ ба гирифтани ин идрор мушарраф гардиданд. Дар баромади худ Файзов Ëдгор ва Назарзода Ризо муқаррар намудани идрори Президентиро барои хонандагони болаëқат яке аз иқдомҳои наҷиби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои насли наврас баëн намуда, толибилмонро ба худшиносию худогоҳӣ ва дӯст доштани Ватан талқин намуданд. Дар навбати худ толибилмон ва волидони онҳо низ баҳри зоҳир намудани чунин ғамхорӣ ба Роҳбарияти Олии давлат арзи миннатдорӣ баëн доштанд. Баъди анҷоми маросим Кишвар Шамирӣ – раиси шаҳри Хоруғ гирандагони идрори Президентиро аз шаҳри Хоруғ ба ҳузур пазируфта, баҳри интихоби касбу ихтисоси мутобиқ ба бозори меҳнат ва дар оянда хизмати софдилона намудан ба халқу Ватан ба онҳо дастуру маслиҳатҳо доданд.

НАҚШАИ ПУЛИ ” СЕЛХОЗТЕХНИКА” МАВРИДИ ТАҲЛИЛ ҚАРОР ДОДА ШУД.

17 июн раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ бо гурӯҳи кории Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз макони сохтмони пули ” Селхозтехника” дидан намуданд.
Зимни боздид намояндаи корхонаи воҳиди давлатии Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиёти кишвар , кормандону мутахассисони соҳаи нақлиёти ВМКБ ва ҷумҳурӣ, асосан масъалаи сохтмони пули мошингузар аз болои дарёи Ғунд дар маҳаллаи Селхозтехникаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Қайд карда шуд, ки пули мазкур бо дарозии умуми 200 метр, дарозии асосии пул 100 метр ва 100 метри дигар эстакадаро ташкил медиҳад. Паҳнои умумии пул 10 метр ташкил дода аз он ҷумла ду хати ҳаракати роҳ 3.5 метр ва роҳравҳо бо паҳнои 1.5 метр то 2.25 сохта хоҳад шуд. Дар ҷойҳои имконпазир ҷой барои кабудизоркунӣ низ бо паҳнои 1.5 метр ба инобат гирифта мешавад. Сохтмони пулро Ширкати давлати Туркия ба ӯҳда дорад.
Зикр шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шарикони рушд, аз ҷумла Бонки умумиҷаҳонӣ соли 2021 сохмони ин пули мошингузар оғоз мегардад ва барои ин муҳим аст, ки масоили кучонда бурдани хонаҳо, лоиҳасозиву дигар корҳои марбут ба сохтмон омӯхта шаванд ва баъдан ба қисми сохтмонӣ бояд гузашт.

PARTNERSHIP FOR PUBLIC HEALTH

The Governor of the Gorno-Badakhshan Autonomous Region, Mr. Yodgor Fayzov, received the Chief Executive Director of the Aga Khan Health Service in the Republic of Tajikistan Dr. Muhabbat Bahromov and the Aga Khan Health Service representative in GBAO Mr. Umed Nazrishoev. During the meeting the Governor expressed his appreciation to Aga Khan Health Service for its humanitarian assistance and pointed that access to medicines was a key issue during the outbreak and that the Aga Khan Health Service’s contribution to this cause was highly appreciated. With the support of Founder of Peace and National unity – Leader of the nation, President of Tajikistan his excellency Emomali Rahmon in this difficult period medical support has been directed to the Gorno-Badakhshan Autonomous Region. At the same time there has been continued support from development partners.
Dr. Muhabbat Bahromov the Chief Executive Director of the Aga Khan Health Service in the Republic of Tajikistan, mentioned that in this volatile situation the team is working in four areas and the joint activities with the civil society and conducting preventive work among the public is one of the most important areas which enabled to strength the awareness on sanitation and hygiene pieces within the community. The Aga Khan Health Service also provided PPE and medicines for the need of regional hospital.
The Governor of the region stressed that the concern with enhancing the regional hospital and making availably the special equipment for the diagnosis of Covid- 19 and oxygen generator is one of the main issues. Aga Khan Health Service representative pointed that they are closely working closely with the Government in this area and are ready to provide humanitarian assistance in this regard. It is also part of the plan to establish a mobile medical hospital with good conditions in Khorog. The Governor of the Region stated that coronavirus is an infectious disease and we have to build an infectious disease hospital in the region as soon as possible. It was also noted that in order to diagnose this disease, it is necessary to have qualified specialists and with the support of the Aga Khan Health Service, professional doctors can be trained.
Representatives of the Aga Khan Health Service expressed gratitude for the bilateral cooperation between the Government of the Republic of Tajikistan and development partners, mentioning that they will initiate the implementation of additional proposed plans in close cooperation with the Gorno-Badakhshan Autonomous Oblast in order to fight the COVID- 19.

ҲАМКОРИ БА ХОТИРИ БЕҲДОШТИ САЛОМАТИИ АҲОЛӢ

Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов Директори сариҷроияи Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаббат Баҳромов ва намояндаи Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ дар ВМКБ Умед Назришоевро ба ҳузур пазируфт.
Зимни суҳбат раиси вилоят барои намояндагони ҳифзулсиҳати Хадамоти Оғохон баҳри кӯмакҳои башардӯстона изҳори сипос намуда, қайд дошт, ки дар давраи хуруҷи ин бемори дастрасӣ ба маводи доруворӣ ҳамчун масъалаи асосӣ ба ҳисоб рафта саҳми Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ дар ин самт хеле дастрас арзёби мегардад. Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин давраи душвор ба Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон кӯмакҳои пайвастаи тибби равона шуда буд. Дар баробари ин аз ҷониби шарикони рушд низ дастгирии пайваста ба назар расиданд.
Директори сариҷроияи Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаббат Баҳромов қайд намуд, ки дар ин вазъияти номӯътадил аз рӯи чор самт фаъолият намуда фаъолиятҳои муштарак бо ҷомеа ва гузаронидани корҳои профилактикӣ дар байни омма яке аз самтҳои муҳим арзёби карда мешавад, ки тавонистанд саривақт ба мардум оид ба қоидаҳои санитарию гигиенӣ маълумот пурзӯр намоянд. Дар самти дастрасӣ ба маводи доруворӣ ва либосҳои махсуси тиббӣ барои духтурони вилоят аз ҷониби Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ кӯмак ба роҳ монда шуд.
Раиси вилоят таъкид намуд, ки масъалаи таъмири бинои беморхонаи вилоятӣ ва дастрас намудани асбоби махсус барои ташхиси бемории covid 19 ва оксиген генератор яке аз масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.
Намояндагони Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ таъкид намуданд, ки дар ин самт бо Ҳукумати мамлакат ҳамкорӣ пайваст дошта, метавонанд дар ин ҷода кӯмаки башардӯстонаи худро пешниҳод намоянд.
Инчунин баҳри таъмини пурра бо беморхона дар назар аст, ки дар маркази вилоят шаҳри Хоруғ беморхонаи сайёри хаймавӣ бо шароити хуб ба роҳ монда шавад. Раиси вилоят изҳор дошт, ки бемории короновирус касалии сироятӣ мебошад, кӯшиш намоем ҳарчи зудтар дар ҳудуди вилоят бунёди беморхонаи сироятиро ба роҳ монем. Ҳамчунин иброз карда шуд, ки баҳри ташхиси ин бемори мутахассисони соҳибтаҷриба зарур дониста шуда бо дастгирии Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ метавон духтурони касбиро омода намуд. Намояндагони Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ аз ҳамкории дуҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд изҳори сипос намуда, қайд доштанд, ки дар самти мубориза бо covid 19 дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон нақшаҳои пешниҳодгардидаро амалӣ хоҳанд намуд.

ATTENTION ATTENTION ATTENTION! EXPENDITURES FROM THE SPECIAL ACCOUNTS OF GBAO

As of June 15, 2020, 94 thousand 689 tjs somoni has been spent from the special account of the Local Authority of the Gorno-Badakhshan Autonomous Region, which was established in the region for the prevention of novel coronavirus or Covid -19.
1. Hospital of Murgab district – 30 thousand tjs somoni
2. Khorog Ambulance Serice for fuel and other necessities – 42 thousand 129 tjs somoni
3. Navobod hospital of Shugnan district – 10 thousand tjs somoni
4. Porshinev Ambulance Service of Shugnan district – 10 thousand tjs somoni
5. Regional Department of State Fire Service for providing the fuel for decontamination of Khorog streets – 2 thousand 560 tjs somoni
In total, 94 thousand 689 tjs somoni has been spent from the special account of Gorno-Badakhshan Autonomous Region for elimination of shortcomings in the healthcare system of the region. The remaining amount in this account is 304 thousand 814 tjs somoni.
The Local Authority of Gorno-Badakhshan Autonomous Region expresses its gratitude to the generous people, entrepreneurs, offices, institutions and organizations who have transferred funds to this account for the prevention of novel coronavirus in the region.

ВНИМАНИЕ ВНИМАНИЕ ВНИМАНИЕ !!!
Со специального счета исполнительного органа Горно-Бадахшанской автономной области, который был создан в регионе для профилактики коронавируса, по состоянию на 15 июня 2020 года было потрачено 94 тыс. 689 сомони.
Деньги были распределены на следующие медучреждения:
30 тысяч сомони были переданы больнице Мургабского района, 42 тысячи 129 сомони – отделению неотложной помощи города Хорога, 10 тысяч сомони – Навободской больнице Шугнанского района, 10 тысяч сомони – отделению скорой помощи Поршиневского джамоата Шугнанского района и 2 тысячи 560 сомони – департаменту Государственной противопожарной службы ГБАО для закупки топлива для дезинфекции улиц Хорога.
В целом из специального счета исполнительного органа ГБАО было израсходовано 94 тысячи 689 сомони на устранение недостатков в сфере здравоохранения.
Оставшаяся сумма на этом счете составляет 304 тысячи 814 сомони.
Исполнительный орган ГБАО выражает благодарность щедрым людям, предпринимателям, офисам, учреждениям и организациям, которые перечислили средства на этот счет для профилактики коронавируса в регионе.

ДИҚҚАТ ДИҚҚАТ ДИҚҚАТ ХАРОҶОТ АЗ СУРАТҲИСОБИ МАХСУСИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВМКБ

Ба ҳолати 15. 06. 2020 аз суратҳисоби махсуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, ки барои пешгирии бемории сироятии короновирус ё худ covid 19 дар вилоят таъсис дода шудааст маблағи 94 ҳазору 689 сомонӣ хароҷот карда шудааст.

1. Беморхонаи ноҳияи Мурғоб – 30 ҳазор сомонӣ
2. Шуъбаи Ёрии таъҷилии шаҳри Хоруғ барои сӯзишворӣ ва дигар эҳтиёҷотҳои зарур – 42 ҳазору 129 сомонӣ
3. Беморхонаи Навободи ноҳияи Шуғнон – 10 ҳазор сомонӣ
4. Шуъбаи Ёрии таъҷилӣ ҷамоати Поршиневи ноҳияи Шуғнон – 10 ҳазор сомонӣ
5. Шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонии ВМКБ харидори намудани сузишвори ба хотири безараргардонии кучаҳои шаҳри Хоруғ – 2 ҳазору 560 сомонӣ
Дар маҷмӯъ аз суратҳисоби махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон барои бартараф намудани камбудиҳо дар соҳаи тандурустии вилоят 94 ҳазору 689 сомонӣ сарф гардидааст.
Маблағи боқимонда дар суратҳисоби мазкур 304 ҳазору 814 сомониро ташкил медиҳад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон барои шахсони саховатпеша, соҳибкорон идораву муассисаҳо ва ташкилотҳо, ки ба суратҳисоби мазкур маблағро ба хотири пешгирии бемории сироятии короновирус дар вилоят гузаронданд изҳори сипосро баён менамояд.

БА ДИҚҚАТИ СОКИНОНИ ВМКБ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ба иттилои сокинони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мерасонад, ки дар суратҳисоби махсуси мақомот, ки ба хотири пешгирии бемории сироятии короновирус ё худ covid 19 дар вилоят таъсис дода шудааст аз тарафи шахсони саховатпеша ба ҳолати 15. 06. 2020 399 ҳазору 503 сомонӣ ворид гардидааст.

ШИНОСОӢ БО ҲОЛАТИ САНИТАРИИ БОЗОРИ МАРКАЗӢ ВА БОЗДИД АЗ ИНШООТИ ҶАШНӢ

Имрӯз,15 июн Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ëдгор Файзов, муовини якуми раиси вилоят Алишер Мирзонаботов, раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ ва сардори Раëсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоят Мирзомуродзода Рустам аз рафти савдо дар бозори марказӣ боздид ба амал оварданд.
Зимни боздид ҳайати гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии раиси вилоят Ёдгор Файзов ҳолати санитарии бозорро аз назар гузаронида, баҳри беҳтар ба роҳ мондани савдо ва ба тартиби муайян даровардани он сохторҳои дахлдорро муваззаф гардонданд. Ҳамзамон, дастур дода шуд, ки дар бозори мазкур бояд гӯшаи деҳқон ташкил карда шуда, дар ояндаи наздик савдогароне, ки ба фурӯши либосу пояфзол ва дигар молу маҳсулоти ғайрихӯрока машғуланд, ба бозори 20 – солагии Истиқлолият кӯчонда шаванд. Ҳамчунин, гурӯҳи корӣ бо рафти сохтмони бонки амонатгузории “Амонатбонк” шинос гардиданд.

МУЛОҚОТИ СУДМАНД

Субҳи имрӯз муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов намояндагони соҳаи тандурустии давлати Лаҳистонро дар фазои кушод ба ҳузур пазируфт. Зимни вохӯрӣ масъалаи табобати беморони гирифторони касалии сироятии короновирус ё худ covid 19 дар вилоят мавриди таҳлил қарор дода шуд. Раиси вилоят қайд намуданд, ки бо дастгирии табибони соҳибтаҷрибаи ҷумҳури ва истифода аз методҳои давлатҳои ҷаҳони Тоҷикистон бо тамоми кӯшишу ғайрати худ бар зидди бемории сироятии короновирус мубориза бурда истодааст. Хушбахтона рӯзҳои охир ин касали дар вилоят кам шуда истодааст. Дар ин самт пешниҳоду тавсияҳои табибони Лаҳистон барои кормандони соҳаи тандурустии вилоят қимати беандоза дорад.
Намояндагони соҳаи тандурустии давлати Лаҳистон изҳор доштанд, ки тӯли чанд рӯз аст, ки аз фаъолияти кормандони тандурустии ВМКБ диданд менамоянд бо фаъолияти онҳо шинос шуданд. Мо аз табибони вилоят чунин натиҷаро интизор набудем онҳо дониши баланд доранд, нисбати фаъолияти худ хеле ҷидди ҳастанд. Заҳмати имрӯзаи онҳо аз худ қаҳрамониро мемонад.
Табибони вилоят кӯшиш намуданд, ки аз тамоми усулҳои табобати ҷаҳони истифода намоянд ва бемориро ба як ҳолати муқаррари гардонданд. Қайд намуданд, ки гурӯҳи онҳо ба давлатҳои Қирғизистон ва Италия сафар намуда ҳангоми санҷиш маълум гардид, ки дар ин давлатҳо новобаста аз синну сол фавт хеле зиёд ба назар расид аммо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо боиси тааҷҷуб аст, ки дар ин минтақа фавти кӯдакону ҷавонон ба назар нарасид. Онҳое ки фавтиданд касалиҳои дигар музмин низ доштанд. Бинобар ин фаъолияти табибони ВМКБ барои мо ҳам як таҷрибаи хело калон низ хоҳад буд.

Суҳбати видеоконфронсӣ бо Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ хонум Анна Бйерде

10 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Анна Бйерде, ки дар қароргоҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Вашингтони ИМА ҳузур доштанд, суҳбати видеоконфронсӣ анҷом доданд.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ, вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, тадбирҳои табобат ва пешгирии бемории сироятии коронавирус COVID-19-ро дар Тоҷикистон баррасӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфузи молиявӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки Бонки ҷаҳонӣ аз рӯзҳои аввали бақайдгирии сироятёбии ин беморӣ дар Тоҷикистон, барои пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ дар кишвари мо кӯмакҳои молиявӣ ҷудо кард.

Ҷонибҳо оид ба паҳншавии бемории сироятии коронавирус – COVID-19, ки аксари кулли кишварҳои оламро фаро гирифтааст, андешаронӣ карда, роҳҳои коҳиш додани таъсири манфии ин беморӣ ба вазъи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистонро муҳокима намуданд.

Зимни суҳбат таъкид шуд, ки дар Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба қайдгирии ин беморӣ чораҳои фаврию судманд амалӣ карда шуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории нави сироятии COVID-19-ро таъсис дода, беморхонаҳо барои ин бемории сироятиро бо садҳо кати хоб ва муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти муосири тиббӣ ва маводи доруворӣ ташкил намуд.

Ҷараёни табобати беморон, беҳдошти вазъи беморхонаҳо, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба мубталоёни ин беморӣ ва таъмини беморхонаҳо бо маводи доруворӣ ва дигар таҷҳизоти зарурии тиббӣ таҳти назорати бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Дар ҷараёни суҳбати видеоконфронсӣ ҳамчунин дигар ҷанбаҳои муҳими ҳамкории барои ҳар ду ҷониб судманд баррасӣ карда шуданд.