МАЪЛУМОТ ОИДИ СУРАТҲИСОБИ МАХСУСИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВМКБ БАРОИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНОВИРУС Ё ХУД COVID 19 ДАР ВИЛОЯТ

Дар суратҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, ки барои пешгирии бемории сироятии короновирус ё худ covid 19 ба ҳолати 28 майи соли равон 304 ҳазору 121 сомонӣ ва ба таври наќдӣ ба дастгоҳи раиси ВМКБ 36 ҳазору 900 сомонӣ ва 400 доллари амрикоӣ аз ҷониби ашхоси саховатпеша дохил гардидааст. Ҳамчунин, ба кортҳои бонкие, ки дар Аввалин бонки молиявии хурд кушода шудаанд, 41 ҳазору 122 сомонӣ бо асъори миллӣ ва 4 ҳазору 48 доллари амрикоӣ ворид шудаст.
Сарфи маблағҳои суратҳисоби мазкур таҳти назорати раиси ВМКБ Ёдгор Файзов қарор дошта, то санаи 28.05.2020 аз ҳисоби маблағҳои ҷамъшуда 600 сомонӣ ҷиҳати харидории селофан барои Касалхонаи вилоятӣ, 30 ҳазор сомонӣ чун кўмак барои Беморхонаи марказии ноҳияи Мурғоб ҷудо гардида, ҳамчунин бо мақсади дастрас намудани доруворӣ, сару либоси тиббӣ ва маводи озуқавоӣ барои касалхонаҳои марказии ноҳияҳои Рўшон, Шуғнон, Ишкошим, Роштқалъа ва Мурғоб 5 ҳазору 470 сомонӣ сарф карда шуд. Инчунин 11 ҳазору 673 сомонӣ барои харидории ќисмҳои эҳтиётӣ, 14 хазору 969 сомонӣ барои сўзишворӣ, 3 ҳазору 348 сомонӣ барои хариди равғанҳои молиданӣ, дар маҷмўъ 29 ҳазору 990 сомонӣ барои стансияи Ёрии таъҷилии шаҳри Хоруғ ва 3 ҳазору 900 сомонӣ ҷиҳати таъмири мошини Ёрии таъҷилии Беморхонаи касалиҳои рўхии вилоятӣ воқеъ дар ноҳияи Роштқалъа ҷудо гардид. Инчунин, барои интиқоли рахти хоб ва маводи хўрокворӣ ба беморхонаи касалиҳои рўҳии ноҳияи Роштқалъа, дастрас намудани либосҳои муҳофизати фардӣ аз ноҳияи Дарвоз ба шаҳри Хоруғ, қабул ва гусели масъулону ронандагоне, ки кўмакҳои навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба шаҳру навоҳии вилоят дастрас намуданд, 921 сомонӣ сарф гардидааст. Барои қабул ва гусели намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷиҳати шинос шудан бо вазъи беморони вилоят аз шаҳри Душанбе тавассути чархбол ба шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон сафар намуд 600 сомонӣ, барои эҳтиёҷоти Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ ҷиҳати табдил додан ба беморхонаи муаваққатӣ 2 ҳазору 310 сомонӣ, хароҷоти нақлиёт барои дастрас намудани маводи доруворӣ аз ноҳияи Мурғоб ба шаҳри Душанбе 7 ҳазор сомонӣ, таҷҳизонидани утоқи табобатӣ дар касалхонаи вилоятӣ 600 сомонӣ ва харидории редуктори кислород барои касалхонаи вилоятӣ 5 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд. Аз ҳисоби ҳамаи маблағҳои воридгардида санаи 28 майи соли ҷорӣ 35 ҳазору 60 сомонӣ барои харидории 50 адад кислород, ки тавассути Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ дастрас карда мешавад, ҷудо гардид.
Инчунин, барои пардохти маоши кормандони дастаи иловагии стансияи Ёрии таъҷилӣ 5 ҳазору 739 сомонӣ ҷудо карда шуд.
Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба ҳамаи шахсони саховатпешаву хайрхоҳ, ки дар чунин лаҳзаҳо баҳри пешгирӣ ва мубориза бо касалии сирояти коронавируси нави КОВИД-19 саҳмгузорӣ намуда истодаанд, миннатдории самимӣ баён менамояд.

КӮМАКИ ХАЙРИЯВӢ


Кумаки навбати аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии намудани табибони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, ки дар ин рӯзҳои мушкил бо бемории сироятии короновирус ё худ covid 19 мубориза бурда истодаанд дастрас гардид.
Кӯмак аз қабили пиёз, сабзи, картошка, орд, шакар ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ иборат буда, тавассути кормандони масъули дастгоҳи раиси вилоят дастраси 166 хонаводаҳои табибон гардид.

ДИҚҚАТ ДИҚҚАТ ДИҚҚАТ

Ба диққати шаҳрвандони дохиливу хориҷи расонида мешавад, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилоят​ Мухтори Куҳистони​ Бадахшон бо мақсади​ ​ соддатар кардани интиқоли маблағхои хайриявӣ барои пешгирии касалии COVID-19 дар вилоят бо усули набаромадан аз хона​ тариқи кушодани​ кортҳои кооперативи бо асъори милли​ ва хориҷиро ​ дар ҳамкори бо Аввалин бонки молиявии хурд дар шаҳри Хоруғ роҳандози намудаст. Шахсони саховатпеша метавонанд аз хона набаромада бо иистифода аз рақамҳои дар зер овардашуда маблағро интиқол диҳанд.

АЁДАТИ БЕМОРОН

Субҳи имрӯз раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов бо мақсади аз наздик шинос шудан аз вазъияти бемороне, ки бо бемории сироятии короновирус ё худ covid 19 дар Беморхонаи вилояти бистари гардиданд аз наздик дидан намуд. Раиси вилоят аз вазъияти Беморхонаи вилояти дидан намуда бо беморон суҳбати ошкоро доир намуд. Зимни суҳбат беморон аз шароити беморхона аз ҷумла кам будани теъдоди ҳоҷатхонаҳо, ба талабот ҷавобгӯ набудани рахти хоб ва норасоии гармкунакҳои барқи шикоят намуданд. Раиси вилоят ба маъсулини тандурустии вилоят ва раёсати молияи вилоят супориш доданд, дар мудати кутоҳтарин ин камбудиҳоро бартараф намоянд. Инчунин беморон изҳор доштанд, ки дар масъалаи табобати ройгон ва таъмини дорувори барои табобати бемории сироятии короновирус мушкилот надоранд.
Беморхонаи марказии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон баъди коҳиш ёфтани бемори сироятии короновирус ва гусел гардидани охирон бемор ба таъмири капиталӣ фаро гирифта мешавад.