БА ДИҚҚАТИ СОКИНОНИ ВМКБ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ба иттилои сокинони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мерасонад, ки дар суратҳисоби махсуси мақомот, ки ба хотири пешгирии бемории сироятии короновирус ё худ covid 19 дар вилоят таъсис дода шудааст аз тарафи шахсони саховатпеша ба ҳолати 15. 06. 2020 399 ҳазору 503 сомонӣ ворид гардидааст.

ШИНОСОӢ БО ҲОЛАТИ САНИТАРИИ БОЗОРИ МАРКАЗӢ ВА БОЗДИД АЗ ИНШООТИ ҶАШНӢ

Имрӯз,15 июн Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ëдгор Файзов, муовини якуми раиси вилоят Алишер Мирзонаботов, раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ ва сардори Раëсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоят Мирзомуродзода Рустам аз рафти савдо дар бозори марказӣ боздид ба амал оварданд.
Зимни боздид ҳайати гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии раиси вилоят Ёдгор Файзов ҳолати санитарии бозорро аз назар гузаронида, баҳри беҳтар ба роҳ мондани савдо ва ба тартиби муайян даровардани он сохторҳои дахлдорро муваззаф гардонданд. Ҳамзамон, дастур дода шуд, ки дар бозори мазкур бояд гӯшаи деҳқон ташкил карда шуда, дар ояндаи наздик савдогароне, ки ба фурӯши либосу пояфзол ва дигар молу маҳсулоти ғайрихӯрока машғуланд, ба бозори 20 – солагии Истиқлолият кӯчонда шаванд. Ҳамчунин, гурӯҳи корӣ бо рафти сохтмони бонки амонатгузории “Амонатбонк” шинос гардиданд.