МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВМКБ

Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, узви Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии ҲХДТ, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, ҳамзамон раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизб ва фаъолони вилоят Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардид. Дар Маҷлиси Кумита масъалаҳои муҳим аз он ҷумла ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳайати Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, озод намудани раиси кумитаи иҷроияи ҳизб дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан ва интихоби раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баррасӣ гардиданд.
Дар маҷлиси кумитаи иҷроия барои интихоб шудан ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ВМКБ номзадии Фелалиев Рустам Саидшоевич пешниҳод гардида, аз ҷониби аъзоёни ҳизб дастгирӣ гардид. Инчунин Қозибеков Ҷонибек, ки солаҳои зиёд вазифаи Раиси Кумитаи Иҷроияи ҳизб дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро бар зимма доштанд ва тӯли фаъолияти босамари худ дар сохтори вилоятии ҳизб барои таҳкими корҳои ташкилӣ, таблиғотӣ ва молиявии ҳизбӣ як қатор ташаббусҳоро пешниҳод ва амалӣ намудаанд, бо Сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд.

ТОЛИБИЛМОНИ ВМКБ СОҲИБИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТӢ ШУДАНД


Имрӯз,18 июн дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ маросими супоридани идрори Президентӣ ба толибилмони муассисаҳои таълимии вилоят бо иштироки Ëдгор Файзов, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Ризо Назарзода, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар баробари дигар ноҳияҳои вилоят чор нафар толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳри Хоруғ Одинамамадова Шарифамо – хонандаи Литсейи Оғохон, Абдураҳмонов Убод – хонандаи синфи 11 – и муассисаи таълимии рақами 11, Кабирова Мафтуна – хонандаи синфи 11 – и муассисаи таълимии рақами 9 ва Тавакалова Давлатбегим – хонандаи синфи 9 – и муассисаи таълимии рақами 5 – и шаҳри Хоруғ ба гирифтани ин идрор мушарраф гардиданд. Дар баромади худ Файзов Ëдгор ва Назарзода Ризо муқаррар намудани идрори Президентиро барои хонандагони болаëқат яке аз иқдомҳои наҷиби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои насли наврас баëн намуда, толибилмонро ба худшиносию худогоҳӣ ва дӯст доштани Ватан талқин намуданд. Дар навбати худ толибилмон ва волидони онҳо низ баҳри зоҳир намудани чунин ғамхорӣ ба Роҳбарияти Олии давлат арзи миннатдорӣ баëн доштанд. Баъди анҷоми маросим Кишвар Шамирӣ – раиси шаҳри Хоруғ гирандагони идрори Президентиро аз шаҳри Хоруғ ба ҳузур пазируфта, баҳри интихоби касбу ихтисоси мутобиқ ба бозори меҳнат ва дар оянда хизмати софдилона намудан ба халқу Ватан ба онҳо дастуру маслиҳатҳо доданд.