МУРОҶИАТНОМАИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ РУШОН БА ХОИНИ МИЛЛАТ, ҶИНОЯТКОР МУҲИДДИНИ КАБИРИ

​ ​ Мо, мардуми ноҳияи Рӯшон ҳамарӯза​ дастгириҳои Ҳукумати кишварро бараъло эҳсос менамеом. Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ободонию ободкорӣ дар ноҳияи мо ва умуман дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ба таври назаррас ба роҳ монда шуда, дар ноҳия тамоми шароитҳо барои зисти аҳолӣ маҳайё карда шудааст.
Мардуми Бадахшон, хусусан мо аҳолии ноҳияи Рӯшон сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳаматарафа ҷонибдорӣ намуда, қувваи ҷисмонию зеҳнии худро баҳри амалӣ сохтани дурнамо ва нақшаҳои Ҳукумати кишвар равона месозем. Мо медонем, ки тамоми дастуру супоришҳо ва корҳое, ки дар ноҳияи мо анҷом дода мешаванд, ба нафъ ва барои беҳбудии мо, нигаронида шудаанд.
Дирўз аз васоити ахбори омма ба мо мардуми Рушон маълум гардид, ки Кабирии ҷинояткори ватанфурўш дар баромади худаш ќайд кардааст, ки миллат бояд дар канори мардуми Рушон бошад. Ҳамчунин қайд кардааст, ки мардуми Рушон аз каромату шарафоти тамоми Тоҷикистон эътироз мекунанд.
Мо медонем, ки Кабири тў бо ин роҳ​ мехоҳи мардуми Рушонро ба кирдорҳои ҷиноятии худат олуда кунӣ. Ду ҷинояткоре, ки кирдорҳои онҳо боиси нигаронии аҳли ҷомеаи Рушон гаштааст онҳоро таърифу тавсиф карда, бо ин амалат онҳоро барои содир кардани ҷиноятҳои мудҳиш равона сохтани истодаи.
Кабири тў дониста бош, ки касе қонунро вайрон намудааст дар назди қонун ҷавобгар​ мешавад.​ Дар ноҳияи Рушон қонуну қоида пойдор буда, Мақомотҳои қудрати вазифаҳои худашонро иҷро мекунанд. Мардуми Рӯшон бошад чӣ кор карданашонро медонанд ва ба дасисаҳои тў ниёз надоранд. Аз як кирдори номатлуби содир шуда дар як кўчаи Рӯшон ту ҳангома насоз.
Мардуми Рушон туро як хиёнаткор ва бозичаи дасти баъзе давлатҳо медонанд.
Мо сокинони ноҳияи Рӯшон ба хубӣ медонем, ки ҳадаф аз даъвату суханрониҳои ту Кабирии хоин чист!. Мо хуб огоҳем, ки чаро ту меҳоӣ мо ба гирдиҳамоӣ ҷамъ омада, нооромиро дар ноҳия замина гузорем. Чун туву ҳаммаслакони ҷиноятиат дар тамоми фаъолият ва зинадгии худ коре ҷуз ихтилофандозию вайронкорӣ ва норомӣ надоред.
Ба ту Кабирии нотавонбин ва ҷиноятпеша мо сокинони ноҳияи Рӯшон муроҷиат карда мегӯем, ки барномаи хоиниатро дар ҷойи дигар ба кор бар.
Мо мардуми ноҳияи Рӯшон ба ту Кабирии хиёнатпеша хитоб мекунем, ки дар ҳама вазъу ҳолат ба Роҳбарияти олии кишвару Вилояти Бадахшон Мухтори Кухистони Бадахшон такя мекунем ва бовар дорем, ки моро​ ҳама вақт дастгирӣ ва нигоҳубин мекунанд.
То имрӯз дар ноҳия ҳар дастоварду пешравие шудааст, маҳз бо ибтикори Президенти кишвар Пешвои миллат​ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати хирадмандонаи эшон рӯи кор омадааст. Ин ҳама дастовардҳоро маҳз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон​ ба сокинон замина гузошт.​ Вале, ту Кабирии хоин гуфта метавонӣ, ки тӯли зиндагиат ҷуз хиёнат дар корномаат чӣ дорӣ? Бовар дорем, лолу безабон мемонӣ.
Ба ту Кабирии хоин ҳаминро боз ҳам таъкид карда мегӯем, ки беҳуда ҳарзасароӣ накун ва умед надошта бош, ки мо сокинони ноҳияи Рӯшон ба суханони пурдассисаи ту бовар мекунем!!!