Номаи табрикотии муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов​ ба муносибати фаро расидани Иди қурбон

​ ​ ​ ​Ҳамдиёрони арҷманд!

​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ Фарорасии иди саиди Қурбонро, ки яке аз суннатҳои қадимаи мардуми мусулмони мо мебошад, ​ ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азизро аз сидқи дил табрик ва таҳният гуфта,барои якояки шумо аз даргоҳи Худованди олам пеш азҳама ​ тансиҳатӣ, хотири ҷамъ, сарбаландӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорам.
Иди Қурбон яке аз ҷашнҳои муқаддаси исломӣ ва суннати писандидаи мардуми мусулмон ба ҳисоб меравад ва ондорои фазилат, ҳикмат ва воҷиботи хоси худ мебошад.​ Ин Идро ҷашн гирифта, аз он қабл аз ҳама​ саодати рӯҳонӣ мегирем, сонӣ бояд донист, ки ин ҷашвора рисолати созандагӣ ва ободонӣ, дӯстию бародарӣ бо ҳамдигар, поксозии қалбҳо, дастгирии ниёзмандон ва мустамандон,таҳкими ахлоқи ҳамида, ривоҷ додани корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободонию кабудизорикунии мавзеъу маҳаллҳо,пос доштани хотири гузаштагон, арҷгузории падарумодарон, аёдати беморону барҷомондагон, баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа ва дигар фазилату хислатҳои некро дорад. Бинобар ин, ҳар як мусулмон боядаз ин фазилатҳои Иди саиди Қурбон бархӯрдор бошад.
Бинобар ин, ба мақсади амалӣ намудани фазилатҳои идона воҷиб аст, ки қурбонӣ ба ятимону бепарасторон,оилаҳои камбизоат ва муассисаҳои иҷтимоӣ тақсим кардашуда,
маблағҳои садақаи қурбонӣ дар баробари расонидани кумакҳои хайриявӣ ба ниёзмандон, инчунин барои ободонӣ, таъмину тармими кӯчаю маҳалҳо ва иншооти иҷтимоӣ равона карда шавад. Бо мақсади пешгирии бемории сироятии короновирус​ тибқи дастури ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии бемории сироятии короновирус​ дар рӯзи ид дастархони камхарҷу ​ ороста шуда, идгардаки кӯдакон манъ карда мешавад.​ ​ ​ ​ ​ ​
​ Ба ҳама маълум аст, ки барои бо тантана ба ҷоории маросиму иди ҷашнвораҳои динӣ ва дигар фароизу воҷиботи марбут ба имондорӣ мавҷуд будани сулҳуосоишӣ, суботи сиёсӣ, инчунин ваҳдат ва ҳамбастагии афроди ҷомеа шарти зарурист ва кушишу талоши Роҳбарияти олии сиёсии мамлакат ҳам бо ин мақсад нигаронида шудааст. Фақат дар ин шароит мо метавонем​ ба яке аз ҳадафҳои аслии худ, яъне баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва бунёди давлати дунявию ҳуқуқбунёди демократӣ ноил гардем.​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​
Дар охир, бори дигар, бо ҳамин ниятҳои нек, ҳамаи шумоёнро ба ифтихори фарорасии иди саиди Қурбон аз самими қалб табрику таҳният гуфта, ба ҳар як хонадон сиҳатӣ,​ баракату раҳмат ва мағфирати ин Идро таманно​ менамоям.

Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми кишвар 28.07.2020

Ҳамватанони азиз!

Тавре ба ҳамаи шумо маълум аст, мо муддати чанд соли охир дар соҳаи энергетикаи кишвар ба дастовардҳои хеле назаррас ноил шудем.

Ба истифода супоридани нерӯгоҳҳои барқи обии «Помир-1», «Сангтӯда – 1», «Сангтӯда – 2», Маркази дуюми барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, ду агрегати нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», инчунин, нерӯгоҳи «Тоҷикистон» дар ноҳияи Мурғоб ва даҳҳо нерӯгоҳи барқи обии хурд аз ҷумлаи дастовардҳои Тоҷикистон дар солҳои охир мебошанд.

Дар натиҷа маҳдудияти таъмини нерӯи барқ аз 14 январи соли 2017 дар кишвар пурра бардошта шуд.

Дар давраҳои оғози истиқлолият солҳое буданд, ки сокинони Тоҷикистон дар як шабонарӯз ҳамагӣ ду соат барқ мегирифтанд.

Аз санаи зикршуда, яъне 14 январи соли 2017 то имрӯз мардуми Тоҷикистон 24 соат бо нерӯи барқ таъмин мебошанд.

Чунонки ҳамватанони азизи мо огоҳанд, дар сайёра раванди тағйирёбӣ ва гармшавии иқлим босуръат идома дорад, ки таъсири он, хусусан, соли ҷорӣ ба Тоҷикистон низ шиддат гирифт.

Тирамоҳу зимистони соли 2019-2020 дар минтақаҳои ташаккулёбии маҷрои дарёҳои Вахш ва Панҷ боришоти барф бениҳоят кам буд ва 50 фоизи ҳаҷми солҳои гузаштаро ташкил кард.

Чунин вазъият дар таърихи Тоҷикистон бори аввал ба вуҷуд омад.

Имрӯзҳо об дар маҷрои дарёи Панҷ нисбат ба солҳои гузашта 2 ҳазор метри мукааб, аз ҷумла дар дарёи Вахш 800 метри мукааб, яъне 50 фоиз кам аст.

Чунин ҳаҷми об нишонаи равшани он аст, ки дар кӯҳҳо захираи барф кам мебошад.

Имрӯзҳо дар обанбори Норак захираи об нисбат ба соли гузашта 17 метр кам аст.

Агар чунин вазъият идома пайдо кунад, захираи об дар обанбор ниҳоят кам шуда, дар фасли зимистон барои бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ мушкилоти бисёр ҷиддӣ пеш меояд.

Дар кишвар 50 фоизи барқи истеҳсолшударо аҳолӣ истифода мебарад.

Мардуми мо хуб медонанд, ки фасли зимистон нисбат ба тобистон мушкилоту сахтиҳои худро дорад. Яъне мо имрӯз метавонем бо истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ мушкилоти фаслҳои тирамоҳу зимистони дарпешистодаро пешгирӣ намоем.

Бо ҳамин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми кишвар муроҷиат карда, хоҳиш менамояд, ки танҳо ба хотири захира кардани об дар обанбори Норак барои фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода маҳдудияти интиқоли барқро, ки аз ҷониби Ширкати «Барқи Тоҷик» ҷорӣ карда мешавад, дуруст дарк намоянд.

Мо имрӯз ҳатто маҷбур шудем, ки пеш аз муҳлатҳои дар шартномаҳои байнидавлатӣ зикршуда интиқоли нерӯи барқро ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қатъ намоем.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи сокинони кишвар муроҷиат мекунад, ки вазъиятро дуруст фаҳманд. Дар вазъияти имрӯза ин ягона роҳест, ки метавонад моро дар фасли зимистон аз мушкилӣ раҳонад.

Бо дарназардошти вазъияти баамаломада ҳар як шаҳрванд, ҳар як оила, тамоми ташкилоту муассисаҳо ва ширкату корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, бояд истифодаи сарфакоронаи барқро таъмин намоянд.

Ҳамаи мо бояд як масъаларо дар назар дошта бошем, ки агар имрӯз нерӯи барқро сарфакорона истифода барем ва дар обанбор ҳаҷми зарурии обро захира намоем, метавонем фасли зимистонро бе мушкиливу сахтӣ паси сар кунем.

Ҳукумати мамлакат ба маълумоти мардуми шарифи Тоҷикистон мерасонад, ки тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст, то ки сокинони кишвар дар фасли тирамоҳу зимистон азият накашанд.

ҶАЛАСА ОИДИ БАРНОМАИ УСТУВОРИИ ШАҲРИ ХОРУҒ БАРГУЗОР КАРДА ШУД.

Ҷаласаи нахустини Кумитаи роҳбарикунанда оид ба Барномаи устовории шаҳри Хоруғ баргузор гардид, ки дар кори он раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов , Директории Оҷонсии Шветсария оид ба рушд ва ҳамкори Валбурга Рус, роҳбари Хадамоти Оғохон оид ба рушд Қозидавлат Қоимдодов, директории иҷроияи Оғохон оид ба макони зист Ҳоди Ҳусейни ва дигар аъзоёни кумита ширкат варзиданд. Барномаи таъмин намудани устовори дар шаҳри Хоруғ ҷалби маблағи 10 миллион доллари амрикоиро дар бар гирифта баҳри рушди инфрасохтори Маркази вилоят нақши босазо мегузорад.
Ҷаласи кумитаро раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ҳусни оғоз бахшида, қабл аз ҳама ба иштирокдорон ҷиҳати таваҷҷӯҳи хоса ба рушди бемайлони хоҷагии вилоят ва минчу6мла шаҳри Хоруғ изҳори сипос намуд.
Қайд карда шуд, ки афзалияти шаҳри Хоруғ ҳамчун як намунаи устувори шаҳр метавонад ба ҳадафҳои стратегӣ, ки дар чаҳоирчубаи сатҳи миллии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мувофика расидаанд, имконпазир гардад. Сармоягузорие, ки барои шаҳри Хоруғ бар асари хафҳои табии, ичтимоӣ ва иктисодӣ таъмин карда шудаанд, боътимод буда, ҳамчун меъёри асоси барои давлат муқарар гардидаанд.
Тибқи фармони Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди шаҳри Хоруғ дар сатҳи миллӣ ҳамчун намунаи устувории шаҳр ва чорабиниҳое, ки дар он гузаронида мешаванд бояд дар мувофиқа бо 10 меъёрҳои асосӣ барои таъмин намудани устувории шаҳр дар коҳиш додани хатари офатҳои табии СММ амалӣ карда мешаванд. Инчунин дастрасӣ ба шабакаҳо, захираҳо ва санҷишиҳои техники шаҳрҳои устувори ҷаҳони барои шаҳри Хоруғ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешрафти лоиҳа имкониятро фароҳам меорад. Гуфта шуд, ки фаҳмонда додани мафҳуми устуворгардони муҳим буда, тарзи дуруст ба нақшагирии шаҳрсозӣ, ташкили дурусти бароҳмонии идоракуни дар рафти ҷаласа ҳалли мусбии худро пайдо хоҳад намуд.
Дар навбати худ Директории Оҷонсии Шветсария оид ба рушд ва ҳамкори Хонума Валбурга Рус зимни баромад қайд кард, ки зимни ҳаракат аз шаҳри Душанбе ба Бадахшон ман бо натиҷаи фаъолияти муборизаи босубот бо касалии сироятии Ковид 19 аз наздик шинос шуда, ҳамчун зодаи ќўхистон барои ташкили корҳои пешгирӣ дар сатҳи баланд изҳори сипос менамоям. Мақсади лоиҳа бехтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва беҳтаргардони ба ҳисоб меравад. Ҷалби ҳарчи бештари табақаҳои аҳолии ба пиёдасозии лоиҳа муҳим арзёби гардида, ба баланд бардоштани маърифату дониши сокинон дар амалисозии он муҳим дониста шуд. Корҳо бояд аз рӯи ин барнома дар сатҳи баланд анҷом дода шуда, дар дигар манотиқи кишвар низ натиҷаҳои онҳо истифода бурда шаванд.
Қозидавлат Қоимдодов роҳбари Хадамоти Оғохон оид ба рушд роҷеъ ба Барномаи таъмин намудани устоври дар шаҳри Хоруғ ибрози назар карда, таъкид дошт, ки барои амалисозии чунин лоиҳаҳо қабл аз ҳама ҳуҷҷатҳои лозими талаб карда мешавад. То заминахои хуқуқии барнома муайян гардад. Баъдан роҳҳои ҷалби сармоя, донорҳо дида баромад шуда, тинҷиву оромӣ ва фазои мусоид талаб карда мешаванд. Ҷонибдории ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини шафофияти лоиҳа низ яке аз омилҳои муҳим арзёби гардида, танҳо бо матрах намудани ҳуҷҷатҳои лозими пиёдасозии барнома амали мегардад.
Ҳоди Ҳусейни директории иҷроияи Оҷонсии Оғохон оид ба макони зист зикр намуд, ки 4 сол пеш мо бобати ташкили чунин лоиҳа сухан мерондем ва имруз имконият фароҳам омад то ба пиёдасозии он таваҷҷӯҳ зоҳир намоем. Натиҷаи амалисозии барнома баъди 15 сол ҷамъбаст мегардад. Волоҳазрат шаҳри Хоруғро ҳамчун нигини Бадахшон ва Тоҷикистон арзёби намуд ва ин лоиҳа ин маконро ба нигини ҳакики мубадал менамояд. Ин лоиҳа натанҳо барои мардуми Бадахшон, балки берун аз он низ ҳамчун намунаи комил хизмат хоҳад кард. Зеро дар амалишавии он аз таҷрибаҳои пургановати башарият истифода бурда хоҳад шуд.
Баъди суханрониҳо муаррифии лоиҳа сурат гирифт ва дар рафти он бобати 5 бастаи он маълумоти мукаммал манзури иштирокдорон гардид. Умуман барои пиёда намудани барномаи таъмин намудани устоври дар шаҳри Хоруғ маблағи 10 миллион масраф хоҳад гашт. Пас аз анҷоми муаррифии лоиҳа миёни ҳозирин бобати амалисозии он табодули назар ба миён оварда шуда, роҷеъ ба ҳайати Кумитаи роҳбарикунанда, аъзоён, идоракунӣ, таклифу пешниҳодот ба миён оварда шуд. Инчунин масоилди вобаста ба тарафҳои ҳуқуқи ба тавсиб расондани карорҳо, ташкили низомнома бо муайян намудлдани ҳуқуқҳо муҳокима гардиданд. Ҳамчунон паҳлуҳои дигари вобаста ба амалишавии барнома баррасӣ гардида, масоили бинои Маркази Ҷавонон устувори аз рӯи талаботи ҷахонии сохтмонӣ дида баромада шуданд. Дар як вақт беҳдошти ҳолати санитарию гигиенӣ, дастрасии устувор ба оби нушок, бунёди стансияҳои обпарто баррасии хешро пайдо намуданд. Дар анҷоми кори ҷаласа самтҳои фаъолияти минбаъда муайян гардиданд.

БОЗДИД АЗ ИНШООТҲОИ ҶАШНИИ ШАҲРИ ХОРУҒ

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники миллитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамроҳ дар ҷараёни боздиди кори аз Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон рафти корҳои созандагиву бунёдкориро дар маркази вилоят ошно гардид. Вазири корҳои дохилиро дар ҷараёни сафар муовини якуми раиси ВМКБ Алишер Мирзонаботов ва дигар шахсони расмӣ ҳамрохи намуда, боздиди корӣ нахуст аз Маркази савдои навбуёнд вокеъ дар Бозори 20 солагии Истиқлолият оғоз гардид. Бояд гуфт дар ин мавзеъ бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Айдибек Бекмуродӣ сохтмони Маркази савдои сетабақа идома дошта, қарор аст, ки дар остонаи ҷашни миллӣ чорумин маркази тиҷорати дар шаҳри Хоруғ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Дар ҳудуди Бозори 20 солгаии Истиқлолият ҳамчунин коргоҳи дузандагӣ бо ташаббуси соҳибкори маҳалли бо ҷалби 45 нафар бонувону ҷавондухтарон дар пешоруи ҷашни Истиқлолияти давлати мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Бунёди коргоҳи мазкур барои фаъолияти пурсамар ва фароҳам овардани рушди соҳибкори дар ин гушаи кишвар мусоидат менамояд.
Вазири корҳои дохилии Чумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники миллитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамроҳ зимни боздид аз иншооти ҷашнии шаҳри Хоруг аз мавзеъи сохмтони пули мошингузари маҳаллаи Селхозтехника дидан ба амал овард. Бо максади коҳиши тамбашави дар хатсайриҳои шаҳри Хоруғ бо Ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди саввумин пули калони мошингузар бар фарози рудхонаи Ғунд дар шаҳри Хоруғ дар назар дошта шудаст.Тибқи лоиҳаи сохтмонӣ дарозии он беш аз 200 метр буда, он дар маркази вилоят нахустин пули мошингузари замонави хоҳад буд.
Бо дастуру супоришхои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ ҳамчунин сохтмони бинои фелилали рақами 66-и Бонки давалатии амонатгузории Ҷумҳури «Амонатбонк» оғоз гардида аллакай 68 фисдаи корҳо ба анҷом расиданд. Бинои бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикитсон «Амонатбонк» иншооти ҷашни буда дар арафи таҷлили сазовор аз ҷашни Истиқлолияти давлати мавриди истифодабари қарор хоҳад гирифт. Тибқи лоиҳа бинои мазкур чорошёна буда аз маҷлисгоҳ, шуъбахо ва қисми амалиётиву утоқҳои махсуси кори иборат мебошад. Фармоишгари ин сохтмон худи бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонатбонк ба ҳисоб меравад.
Гурӯҳи корӣ ҳамчунин бо ҷараёни сохтмони Театри миллӣ дар шаҳри Хоруғ аз наздик ошно гардида, барои ба тартиб даровардани роҳравҳо ва майдончаҳои атрофии бинои Театр масъулини сохтмониро муваззаф намуд, ки дар асосӣ тарҳи меъмориву шаҳрсозӣ ҳудуди Театри миллиро пурра азнавсозӣ намоянд. Кайд намуд, ки Театри мазкур барои 1000 ҷойи нишаст пешбини гардида, маблағи сохтмони он баробар ба 37 миллион сомони мебошад, ки айни ҳол қариб 90-фоизи ин маблағ ба кор бурда шудаст.
Дар остонаи ҷашни милли қарор аст, ки дар майдони Исмоилии Сомонии шаҳри Хоруғ дар баробари парчами давлати ҳамчунин Нишони милли яке аз муқаддасоти дигари миллӣ низ бунёд хоҳад шуд. Фармоишгари Нишони миллӣ ҶДММ «Талко Менеҷмент » буда, паймонкори ин сохтмон ҶДММ «Бунёд» як ширкати сохтмонии маҳалли мебошад. Ин пружа низ дар қатори дигар иншооти ҷашни қарор гирифта, гурӯҳи корӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафти корҳои сохтмонӣ ин иншоот дидан намуданд.
Дар баробари ин корҳои бунёди дар бинои муассисаи таълимии рақами 8-уми шаҳри Хоруғ бомаром ҷараён гирифта барои бунёди бинои таълимии ин иншоот аз ҷониби Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон 26 миллон сомони ҷудо гардидаст, ки аллакай 85 фоизи корҳо дар бинои якум ба итмом расонида шудааст. Ин бино барои 640 нафар хонанда бо тамоми шароитҳои лозими пешбини гардида, он аз се ошёна ва се бинои асосии таълими иборат мебошад. Корҳои сохтмони дар ин иншоот аз моҳи июни соли 2019 оғоз гардиданд. Дар марҳилаи якум аз руи лоиҳаи пешбинигардида, аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти Ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Бинокорон бо масолеҳи сохтмони пурра таъмин буда, аллакай ҳаҷми муайяни корҳои бунёди анҷом дода шуданд. Паймонкори ин иншоот ҶДММ «Шариф ШС» буда, сохтмончиён ба корҳои сохтмонӣ машғул мебошанд.
Хамчунин дар ҷараёни сафар бунёди майдончаи муосири варзишии маҳаллаи Тирчидро мавриди санҷиш қарор дода, барои бо сифати баланд ба истифода додани ин майдончаи варзишӣ ба масъулини шаҳрдорӣ супоришҳои иловагӣ дода шуданд.

МУЛОҚОТИ СУДМАНД

Субхи рузи шанбе раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов намояндаи доимии Хадамоти Оғохон оид ба рушд Қозидавлат Қоимдодов ва Директори иҷроияи Фонди Оғохон дар Тоҷикистон Кишвар Абдулалишоевро ба ҳузур пазируфт.
Намояндаи доимии Хадамоти Оғохон оид ба рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов дар оғози мулоғот ҷиҳати фаъолияти пурсамар дар давраи пандемия ибрози ақида намуда, иброз дошт, ки Раёсати тандурустии ВМКБ дар ин лаҳзаҳои ҳасос тавонист барои сари вақт ба муолиҷа фаро гирифтани маризонро, ки гирифтори ин бемори мебошанд кӯмаҳои саривақтиро манзур намояд. Маҳз фаъолияти самарбахши табибони вилоят имкон бахшид, ки дар ин давраи ҳасос қисмати зиёди бошандагони вилоят сиҳатии комил ёфта, ба ҳаёти муқарари баргаштанд. Гуфта шуд, ки дар ин муддат шабакаҳои Бунёди Оғохон миқдори зиёди маҳсулоти доруворӣ ва дигар таҳҷизоти тиббиро дастраси беморхонаҳои вилоят гардонданд. Тибқи дурнамои Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкори бо Шарикони рушд муҷаҳҳаз намудани беморхонаҳои ҳудуди вилоят ва дигар минтақаҳои кишвар бо таҳҷизотҳои муосир ки барои муайян намудани беморӣ нақши калиди доранд, корҳои зиёд анҷом дода шуданд. Ҳоли ҳозир барои пешгирии марҳилаи дуюми бемори бо ҷалби Шарикони рушд миқдори зиёди доруворӣ ба вилоят кӯмак хоҳад гардид.
Раиси ВМКБ саҳми ризокоронро дар баробарӣ табибони ҳозик шоистаи таҳсин унвон карда, фаъолияти густурдаи онҳоро дар давраи пандемия муҳим ва зарури арзёби намуд. Дар ин росто намояндаи доимии Хадамоти Оғохон оид ба рушд пешниҳод намуд, ки ин фаъолияти густурдаи ризокрон бояд ҳамчуни як Институт равнақ ёфта, баҳри боз хам беҳтар намудани фаъолияти ризокорон намунаи ибрат бошад.
Яке аз масъалаҳои асосие, ки ҷонибҳо зимни мулоқот ба он таваҷҷухи махсус зоҳир намуданд ин бунёди корхонаҳо ва ба ин васила аз байн бурдани мушкилоти бекори арзёби гардид. Гуфта шуд, ки бо тарҳрези намудани лоиҳаи нав ва бунёди корхонаҳои хурду бузург имконияти истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ зиёд мегардад. Раиси ВМКБ иброз намуд, ки қисмати зиёди иншоотҳои сохташаванда бо истифодаи намудҳои гуногуни сангҳои маҳалли бунёд мегарданд, ки ба беҳбудии зиндагии маскунон ва беҳбудии сатҳи оилавии бошандагон равона гардида, аз суи дигар ба ташкили ҷойҳои нави кори мусоидат мекунад. Давоми чанд соли охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Шарикони рушд 28 адад хати оби нӯшокӣ дар шаҳру нохияҳои вилоят, майдончаҳои зиёди варзишӣ ва чандин биноҳои дигар сохта мавриди истифода уарор гирифтанд.
Намояндаи доимии Хадамоти Оғохон оид ба рушд Қозидавлат Қоимдодов ба масъалаҳои ҷалби сайёҳон ба ҳудуди ВМКБ, таҷҳизонидани муассисаи табобати бо ташхисгоҳ ва фаъолияти минбаъдаи ризокорон таваҷухи махсус зоҳир намуда, қайд намуд, ки Хадамотҳои Оғохон новобаста аз ҳар як вазъияти фавқулодда бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкор буда, баҳри аз байн бардоштани мушкилоти ҷойдошта саҳду талош мекунад.

ТЕАТРИ МИЛЛӢ

Баъд аз мулоқот бо раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов ҳайати меҳмонон аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ барои ҳазор ҷои нишаст, ки сохтмонаш дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад шинос гардиданд. Дар бунёди бинои Театри миллӣ нақшу нигори миллию аврупои аз ҷониби устоҳои чеҳрадаст дар сатҳи баланди касбӣ ҳақоқӣ шудаанд, ки таваҷҷухи ҳар як бинандаро ба суйи худ ҷалб менамояд. Масъулини соҳа ба шарикони рушд оиди истифодаи маҳсулоти ватанӣ дар бунёди ин иншооти азим маълумот дода иброз дошт, ки ВМКБ имконият дорад, ки бо истифода аз сангҳои ороишии маҳалли махсулоти ватаниро тавлид намояд. Айни ҳол фисади зиёди корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ анҷом дода шуда, дар арафаи 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода хоҳад шуд.

The Governor of GBAO meets with Representatives of the International Community to discuss Covid-19 response , social resilience and sustainable recovery.

Intra-community solidarity and the increase in economic self-reliance have been positive consequences of the difficult situation caused by the Covid-19 crisis These were among the central themes discussed by the Governor of Gorno Badakshan Autonomous Oblast, Yodgor Fayzov and the Head of Swiss Cooperation Office in Tajikistan Ms. Walburga Roos, the Country Manager for the World Bank’s operations in Tajikistan and Turkmenistan Mr. Jan-Peter Olters, the Director for Central Asia of the UK’s Department for International Development (DFID) Ms. Honor Flanagan, and the Chief Executive Officer for the Aga Khan Agency for Habitat in Tajikistan Mr. Hadi Husani.

The Governor welcomed the representatives of the International Community to GBAO, in a meeting held- with social distancing and measures in place to protect against Covid-19.

The Governor expressed his appreciation for the international community’s support to the people of GBAO, valuing the impact of the partnership, especially during this difficult period across the world. Contributions have been integrated with the support from the President of the Republic, which helped GBAO to limit the socio-economic impacts of the pandemic, and led to great community mobilisation in support of government efforts.

The Governor related that “to have you with us, here in these tough days, means a great deal to us and we are so thankful for the emergency assistance and the development programming you have continued to deliver with the right safeguards, which has been a great health, economic and moral support to the oblast. We are very fortunate to have partners like you here with us through the dark days and the bright”.

In response to increasing trade constraints caused by the crisis, Governor Fayzov focused the exchange on the institutional and infrastructure investments necessary to strengthen GBAO’s economic self-reliance. The conversation included discussion on how to boost local production, help young people especially to find employment and open their own businesses, as well as means to promote locally grown food, consumer products and services. Participants agreed to focus international support on investments that help local communities to adapt and find innovative solutions, increase trade and exports and adapt to challenges, including natural disasters. Supporting the private sector to grow and maximising the skills and enthusiasm of young people will be key to these efforts.

ЛОИҲАИ “ИДОРАКУНИИ ОБИ БЕХАТАРИ ОШОМИДАНӢ ВА БЕҲДОШТ ДАР ТОҶИКИСТОН” (2017 – 2021) ДАР ТАЪМИНИ ОБИ ОШОМИДАНӢ ДАР ВИЛОЯТ САҲМИ КАЛОН ДОРАД.

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҷаласаи Комитети роҳбарикунандаи лоиҳаи «Идоракунии оби бехатарии ошомиданӣ ва беҳдошт дар Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар кори он раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов кормандони Фонди Оғохон, Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимоии Манотиқи Кўҳистони Тоҷикистон ва вилоят, филиали Донишкадаи такамили ихтисосос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф дар вилоят ва раисони ноҳияҳои вилоят ширкат варзиданд.
Дар ҷаласаи Комитети роҳбарикунандаи лоиҳаи «Идоракунии оби бехатарии ошомиданӣ ва беҳдошт дар Тоҷикистон» менеҷери лоиҳа Адаб Абдулқодиров оиди дастовардҳо ва натиҷаи лоиҳа мушкилотҳо ва сабақҳои омухташуда, муаррифнома манзур намуда, қайд кард, ки лоиҳаи «Идоракунии оби бехатарии ошомиданӣ ва беҳдошт дар Тоҷикистон» соли 2017 -2021 амали гардида, он аз тарафи Раёсати Шветсария оиди ба рушд дар ҳамкори бо Фонди Оғохони Бртанияи Кабир маблағгузори карда мешавад. Мақсади лоиҳа ин бехтар намудани дастраси ба хизматрасониҳои оби ошомидани ва беҳдошт тавассути рушди инфрасохтори мувофиқ, бехтар намудани таҷрибаҳои гигиени ва тақвият додани идоракунии системаи оби ошомидани ва беҳдошт барои маҳаллаҳои деҳот мебошад. Фаъолиятҳои лоиҳа дар ноҳияи Дарвоз, Ванҷ, Рўшон, Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим ва Мурғоб, инчунин ноҳияҳои Балҷувон, Ховалинг ва Шамсидди Шоҳини Вилояти Хатлон бо фарогирии 77 ҳазор аҳолии амали карда мешавад. Максад ва вазифаи лоиҳа ба хадафҳои рушди устувор ва даҳсолаи байналмилалии амал Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028 ки бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Миллаи Муттахид пешниҳод гардида, аз тарафи Созмони Миллаи муттаҳид кабул гардид мусоидат менамояд. То ба имруз аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимоии Манотиқи Кўҳистон дар деҳаҳои ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рушон, Шуғнон, Ротшкалъа ва Мурғоб амалишавии 67 адад лоиҳаҳои инфрасохтор аз ҷумла 57 адад хатҳои оби нӯшоки ва 10-адад ҳоҷатхонаҳои ҷамияти бо маблағи умумии 21, миллиону 429 ҳазору 350 сомони идома дорад. Дар маҷмуъ дар давоми фаъолияти лоиҳа 77 хати оби нушоки, 16 ҳоҷҷатхонаҳои ҷамъяти ва 200 ҳоҷҷатхонаҳои шахси сохта мавриди баҳрабардори қарор гирифтанд, ки 70 фоизи лоиҳаҳоо дар ҳудуди ВМКБ амали карда мешаванд. Ҳамчунин зикр гардид ки аз 412 деҳаҳои вилоят дар умум 243 деҳа бо оби ошомиданӣ дастраси доранд. Аз руи аҳолии бошад 145 хазор бо оби ошомидани дастраси доранд. Ният аст, ки дар деҳаҳои дигар низ камбуди бартараф хохад шуд. Ҳамчунин дар деҳаҳо дарсҳои омузиши барои аҳоли оид ба бехатари ва эмин доштан аз хатарҳои табии гузаронида шуданд. Дар соли 2019 -2020 Агентии Оғохон оид ба макони зист дар 22 деха корҳои фаҳмондадиҳи ва дарсҳои омузиши доир намуд. Мақсади лоиҳа бошад ин беҳбудсозии сифати зиндагии мардум дар минтақаҳои кӯҳи Тоҷикистон таввасути механизмҳои устоври идоракунии об ва бехдошт мебошад.
Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов изҳори миннатдории худро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ба шарикони рушд баён намуда, қайд кард, ки тавассути чунин лоиаҳҳо шаҳру навоии вилоят сол то сол бо оби ошомидани таъмин гардида истодааст, ки ин боиси ифтихор аст. Шарикони рушд барои баланд бардоштани зиндагии мардум, ободкориву созандагӣ саҳми худро гузошта истодаанд. Раиси вилоят таъкид намуд, ки раисони нохияҳо таҳлил намоянд, ки дар кадом деҳаҳои нохияҳо ҳоло бо оби ошомидани дастрасӣ надоранд. Бояд таҳлили амиқ бо маълумотномаҳои оморӣ матрах карда шуд.

ИҶЛОСИЯИ ДУЮМИ ДАЪВАТИ ШАШУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВМКБ БАРГУЗОР ГАРДИД

Иҷлосияи дуюми даъвати шашуми Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон таҳти роҳбарии раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов баргоузор карда
Дар рафти иҷлосия масъалаҳои иҷрои Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мурғоб барои солҳои 2016-2020», «Дар бораи барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» ва пешниҳоди раиси комиссия оид ба номгузорӣ, дигар кардани номи корхонаҳои давлатӣ, фурудгоҳо, ташкилоту муассисаҳо, таълимгоҳо инчунин обектхои физикиву чуғрофғӣ ва масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, тасдиқи қарорҳои раиси вилоят, ки дар байни иҷлосияҳои якум ва дуюми даъвати шашуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят қабул шудаанд, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
Исрорзода Исрор муовини якуми раиси ноҳияи Мурғоб ахборот дода, қайд намуд, ки амали гардидани лоиҳаҳои барнома дар назорати доимии Ҳукумати мамлакат қарор дошта, барномаи рушди иҷтимоию иктисодии ноҳияи Мурғоб дар умум 121 лоиҳаро бо ҷалби маблағи беш аз 213 миллион сомонӣ ки ба бахшҳои гуногуни лоиаҳҳо ҷудо шудаанд, амали шуда истодааст. Мабалггузории барномаи рушди ноҳияи Мурғоб барои солҳои 2016-2020 аз ҳисоби буҷҷети ҷумхуриявӣ, буҷҷети маҳалли, сармоягузориҳои дохили ва манбаъхои ғайрибуҷҷети таъмин карда мешавад. Аз он изҳори нигарони карда шуд, ки маблағҳои буҷети маҳалли нокифоя буда, барои ҳисобаробаркуни аз буҷети ҷумҳурияви ҳамасола маблағи зиёда аз 19,6 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад.
Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов зикр намуд, ки ноҳияи Мурғоб гарчанде ноҳияи дурдастарини ВМКБ бошад ҳам доимо таҳти таваҷҷухи Ҳукумати мамлакат бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои рушди инфрасохтори ин минтақа дастгириҳо пайваста ба назар мерасанд. Таъкид карда шуд, ки гарчанде бештари бандҳои барномаро пурра амали гардондан мушкил бошад, бо вучуди ин ва бодарназардошти баъзе хусусиятҳои хоси ин минтақа метавон аксари лоиаҳоро амали сохт. Зеро нохияи Мурғоб аз чиҳати саноати кухи аз дигар минтақаҳо фарқкунанда буда, бо ин васила метавон рушди соҳаи саноатро пеш бурд. Ҳамчунин табиати ин ноҳия барои парвариши чорво мусоидати хуб дошта, он ҳам метавонад як манбаи дигари пеш бурдани соҳаи хоҷагидори гардад. Рушди соҳаи сайёҳи низ дар ноҳияи Мурғоб боиси таваҷҷух буда, бо ин васила сайёҳони зиёдро ҷалб кардан зарур аст. Зикр намуд, ки вобаста ба рушди хоҷагии ин ноҳия барномаҳоро бояд гурухбанди намуда, тибқи тартибот онҳоро амали кардан зарур аст.
Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов таъкид намуд, ки дар ин минтакаи дурдаст мушкилихои дастрасӣ ба алоқа таъмири бунгоҳҳои тиббии деҳот, таъмини амният ва пеш бурдани корҳои фаҳмондадиҳии бо аҳолии нохияи Мурғоб ҳалу фасл карда шаванд.
Аз рўи масълаи дуюми Иҷлосия сардори Раёсати чавонон ва варзиши ВМКБ Сураҷ Чоршанбиев ахборот манзур намуд. Зикр дошт, ки бо мақсади таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии ҷавонон 10 самти афазалиятноки соҳаи кор бо ҷавонон ба роҳ монда шуда, дар асосӣ онҳо нақша-чорабиниҳои алоҳида таҳия гардидаанд. Вобаста ба иштироки ҷавонон дар корҳои сиёсӣ ва расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 109 чорабиниҳо аз ҷониби масъулини раёсат доир карда шуд. Вобаста ба шуғлнокии ҷавонон таъмини тарзи ҳаёти солим, таҳсилоти муносиб барои чавонон, таъминоти иҷтимоии ҷавонон, мустақилияти иқтисодии ҷавонон, тарбияи ватандустӣ, ахлоқи ҳамида ва идораи сиёсати давлатии ҷавонон аз ҷониби сардори Раёсат маълумот манзур гардонида шуд.
Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов кайд намуд, ки ҷавонон яке аз табақахои асосии ҷомеа ба хисоб рафта, зери таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Воқеан мушкилии асосии ҷавонон имрӯза ин бекори ба ҳисоб рафта, боиси зиёд гардидани муҳочирати меҳнати шудааст. Ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба хунаромузӣ, варзиш, донишомузӣ ва бо ин васила паст намудани сатҳи бекории ҷавонон яке аз масъалаҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, бо ин мақсад аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шарикони рушд, соҳибкорони ватанӣ дар аксари минтақаҳои ҳудуди вилоят марказҳои омузишӣ, толорҳои варзишӣ, майдончахои варзишӣ бунёд гардидаанд.
Зикр дошт, ки аксари грантҳо, ба самти соҳаи ҷавонон равона карда мешаванд. Вобаста ба масъалаи мазкур аз ҷониби вакилони халқ дархосту пешниходот ба миён оварда шуда, ба инобат гирифта шудаанд.
Дар иҷлосия ҳамчунин қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хоруғ дар бораи номгузорӣ намудани муассисаи давлатии варзишии гуштини ВМКБ ба номи устоди варзиш Назармамад Меҳралишоев, дар бораи номгузори намудани варзишгоҳи деҳаи Дерушон ба номи устоди варзиш Асайни Шоқаландаров, дар бораи номгузори намудани хонаи фарҳанги деҳаи Лангари ҷамоати деҳоти Тусён ба номи аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон шоир Чароғабдолов Алидод, мутобиқи болохати раиси вилоят мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Инчунин бо мақсади гироми доштани корнамоиҳои иштирокчиёни Ҷанги бузурги ватанӣ бахшида ба 75-умин солгарди Рузи Ғалаба гузоштани лавҳаи фахри бо исми иштирокчии ҶБВ лётчик Баҳром Саидмамадов дар пештоқи бинои даромадгоҳи фурудгохи шаҳри Хоруғ қарори раиси ВМКБ дастгири гардид. Чиҳати гузоштани лавҳаи фахрии собиқадори меҳнат алоқачии хизматнишондодаи Ҷумхурии Тоҷикистон устоди алоқа Алиназар Давлатхочаев дар пештоки бинои тоҷиктелекоми вилоят пешниҳод ба миён оварда шуд. Ҳамаи пешниҳодҳо аз ҷониби вакилони халқи вилоят якдилона дастгири ёфта ба тарафдории онҳо овоз доданд.

ҲАМКОРИ БА ХОТИРИ ФАРДОИ НЕК

Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбарро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот раиси вилоятро муовини якуми раиси вилоят Алишер Мирзонаботов ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳи намуданд.
Дар ҷараёни мулоқоти дуҷониба миёни раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ва Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати тавсияи бештари ҳамкориҳои дуҷониба, ки бо роҳи муносибатҳои дӯстонаи сарони ду давлати бо ҳам дӯсту бародар рӯи даст гирифта шудааст, таъкид карданд.
Раиси ВМКБ мӯҳтарам Ёдгор Файзов қайд дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 29 соли соҳибистиқлолии мамлакат дар ҳошияи татбиқи аҳдномаи дӯстиву ҳамкорӣ ва ҳамсоягии нек дар ҳамаи ҷаласаҳои байнидавлатӣ оиди ҳарчи зудтар барқарор намудани фазои сулҳу субот ва рушди инфрасохтори кишвари ҳаммарзи Афғонистон сухан мекунад. Дар ин замина рушди муносибатҳои дӯстона дар самти иқтисоду тиҷорат, обу энергетика ва фарҳангу тандурустиро асоси густариши ҳамкориҳои судманди ду кишвари бо ҳам дӯсту бародар маънидод намуд.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар аз истиқболи гарму самимии раиси вилоят изҳори миннатдорӣ намуда, қайд дошт, ки муносибатҳои дӯстона ва бародарониаи Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мардуми Афғонистон борҳо эҳсос намуданд. Мусаллам аст, ки ҷангҳои ҷангҳои таҳмили дар Афғонистон, ки ба рушди инфрасохтори он монеъа мешаванд мардуми афғон хуб дарк мекунанд, ки кишвари ба мо дӯсту ҳамсояи Тоҷикистон танҳо баҳри истиқрори сулҳ дар Афғонистон ва боло бурдани соҳаҳои иқтисоди ва иҷтимоии ин кишвар манфиатдор буда дар ин росто талошҳои муассирро ба харҷ медиҳад.