РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ – ҶАВОНИ БИНИШВАР ВА СИЁСАТМАДОРИ АДЛГУСТАР

Сарвари муаззами кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати куҳанбунёду фарҳангии дунё будани миллати тоҷикро ба ҷаҳониён собит намуданд. Дар таърихи сисолаи соҳибистиқлолӣ халқи шарафманди тоҷик ба қавли Пешвои миллат «даврае мушкил, ҳассос, вале пур аз ифтихору сарбаландию комёбӣ»-ро аз сар гузаронд. Имрўзҳо ба марҳалаи нави рушду такомул ворид шудем. Чун вазъи геополитикии минтақа мураккабтар шуда истодааст, масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ ва суботу амнияти кишвар аз пештар дида аҳаммияти ҷиддитар касб намудааст. Дар даврае, ки аз марҳалаи эҳёву барқарорсозӣ ба марҳалаи рушди устувор қадам гузоштем, ниёзи давлату миллат ба ҷавонони соҳибфанну соҳибфаҳм зиёдтар шуда истодааст. Бесабаб нест, ки Ҷаноби Олӣ ҷавононро захираи зеҳнии тиллоӣ, қувваи бузургу нерўи созанда ва ояндаи миллат меҳисобанд. Пешниҳоди номзадии ҷавони огоҳдиле чун Рустами Эмомалӣ, ки эҳсоси худогоҳиву ватанпарастӣ ва меҳри ободкориву бунёдсозӣ аз хизмати содиқонааш ҳувайдосту дар партави сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат тарбиятёфтаи роҳи ҳаққу рост аст, ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи писандидану лоиқи пазируфтан мебошад.
17-уми апрели соли равон Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид. Аз рўи масъалаи дуюми рўзномаи Иҷлосия «Дар бораи интихоби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳоди узви Маҷлиси миллӣ Одилзода Дилбар Раҳим дар бораи интихоби Рустами Эмомалӣ ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳокимаи аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардид. Ин пешниҳод аз тарафи вакилони Маҷлиси миллӣ Фарҳод Раҳимӣ, Амонзода Илҳом Темур ва Қонунзода Шодигул Худобахш баррасӣ гардида, дастгирӣ ёфт. Номзадии муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ ҷонибдорӣ гардид.
Чеҳраи сиёсиву фарҳангии Рустами Эмомалӣ барои мардуми тоҷик хуб ошно аст. То ба ин вазифа интихоб шуданаш зинҳои нардбони давлатдориро гузашта буд. Фаъолияти меҳнатии ў аз соли 2006, ки ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи ҳамкорӣ бо созмони умумии савдои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст, оғоз гардида буд. Чун аз санҷиши бовариву ҳалолкориву масъулиятшиносӣ гузашта буд, ўро дар вазифаи сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор қабул намуданд. Дар ин вазифаи ниҳоят сертараддуду серташвиш солҳои 2009-2011 кор кардааст. Поктинативу поксириштӣ, ҳалолкориву адлкирдорӣ қалби ғаразкоронро месўзонду ҳамсозонро нерўву қувват мебахшид. Чун садоқат ба кор дошту рафтори самимона бо ҳамкорон, ўро ба вазифаи сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкунии гумруки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронданд. Баъд аз ду соли дар ин вазифа кор карданаш, маълум гашт, ки лаёќату тавоноӣ ва истеъдоди роҳбарии ў натиҷаҳои назаррас доданд. Вазифаҳои пурмасъултару вазнинтарро барои Рустами Эмомалӣ раво диданд. Солҳои 2012-2013 ўро муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намуданд ва аз ноябри соли 2013 то марти соли 2015 дар вазифаи сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор ва фаъолият намудааст. Ҳангоми адои хизмат дар ин вазифа сифатҳои софгавҳариву равшанзамирии ў аз чашми касе пинҳон намонда буд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат эҳсос намуда буданд, ки ҷойе, ки фарҳангу адолат осебдида бошанд, шаклгириву таҳкими ҳувияти миллӣ ҳамеша ҳамроҳ бо мушкилоти мухталиф аён мегардад. Аз ин рў, ҷўёи шахсиятҳои миллие буданд, ки тавонанд барои эҷоди ҳукумати ваҳдати миллӣ шароит фароҳам оваранд. Рустами Эмомалӣ дар он соату замон яке аз ҷавонони умедбахшу бедормағзе буданд, ки аллакай дар ҳар идорае, ки ҷилави роҳбарӣ дар даст дошт, решаи бедодмандиро канда, тухми адлоиниву адолатмандиро кошта буд. Бесабаб нест, ки 16 марти соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида то 12 январи соли 2017 дар ин вазифа фаъолият мекунад. Маҳз дар давраи роҳбарии Рустами Эмомалӣ ба фасод чун ба яке аз душвортарин мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ назар шуд ва мавсуф вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии худро дар таъмини зиндагии арзанда ва ҷомеаи аз фасод холӣ қарор дод. Ў хуб дарк карда буд, ки фасод яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа ва унсури таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва ҳамчунин халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии кишвар мебошад. Дар давраи кўтоҳи роҳбарии Агентӣ фаъолияти шахсони мансабдори бо фасод алоқадоштаро ошкор намуд, чандин нафар ба иттиҳоми ришвахорӣ дастгир гардиданд, раҳбарони дастдошта дар фасод барканору ҷазо дода шуданд ва дар умум, фасодатро хеле коҳиш дод. Яъне Рустами Эмомалӣ ҳокимияти қонун ва адолату амниятро дар ин идора тавонист таъмин кунад. Бо ин амалаш ў исбот намуд, ки роҳбароне, ки дар ҳалли масъалаҳои доғи дохилии мамлакат нотавон ҳастанд, наметавон онҳоро сазовори вазифаҳои баланду калид донист. Ў дар ин вазифа софдилонаву нотарсонаву бебокона амал намуда, бар зидди фасоду беадолатӣ, ки фосила байни роҳбарияти ҳукумату мардумро афзоиш медод, сахт мубориза бурду муваффақ ҳам гашт.
Дар он шабу рўз Душанбе – макони орзуву ҳасрати кулли тоҷикони ҷаҳон, ниёзманди роҳбари замвазну ҳамтарозу бо худ дошт. Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон чашм ба қудрати сиёсии шахсияти босуботе медўхт, ки қодир ба таъмини назму амният дар пойтахт бошад. Дар байни номзадон ба вазифаи Раиси шаҳри Душанбе исми Рустами Эмомалӣ, ки бо иқдомҳои содиқона ва муассири миллӣ аз дигарон тафовут дошт, сазовортар буд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз 12 январи соли 2017 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе таъйин гардид. Гарчанд хеле ҷавон буд, аз имтинони зиндагиву роҳбарӣ кайҳо гузашта буду чеҳраи сиёсиву фарҳангии ў намунаи ибрат гардид ва муҳим аз ҳама боварии Ҷаноби Олиро сазовор гашт. Дар рўзи аввали ба ин вазифа таъйин шуданаш панҷ насиҳати Пешвои миллатро сармашқи кору фаъолияти минбаъдааш гардонда буд. Ҳар сухану интиқоди Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нуктаҳое дар бар дошт, ки ҷўяндаро метавонист дар тамоми умраш ба кор ояд. Аввалан, Ҷаноби Олӣ ўро таъкид намуданд, ки дар ин вазифаи хеле ҷиддӣ сахтгиру серталаб бошу аз болои ҳар супориш ба дурустиву ҷиддият назорат намо. Маҳз ҳамин насиҳат ҳамроҳ бо таҷрибаи гирифта ўро бисёр ҷиддӣ, дақиқ, сахтгир ва дар айни ҳол бисёр дилсўзу мушфиқ дар кору бо ҳамкоронаш гардонда буд ва ҳеҷ гоҳ изҳори хастагиро аз худ зоҳир наменамуд. Ҳосили ин насиҳати Пешво буд, ки дигар сахтгириву серталабӣ ҳамеша дар андешааш буду сахткўшӣ пешааш ва ба онҳое, ки сахт заҳмат мекашиданд, арзишу эҳтироми хосе қоил мешуд. Дувум, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат ба қаноатманду ризоманд аз зиндагӣ будани Рустами Эмомалӣ ишора намуда, аз тазъйиќу фишори соҳибмансабону давлатшиорон дур будани ўро иллати пешрафти кораш њисобиданд. Ин насињат Рустами љавонро боз њам беиботару нотарстар дар роњи расидан ба њадафњои оливу наљиби созандагиву ободкорї гардонид. Шўру шавќи фаровоне, ки барои зебо дидани симои пойтахти азизамон дошт, корашонро бо шеваи навину даќиќу ибтикорї оѓоз намуданд. Њарчанд се дања аз умрашон нагузашта буд, аммо роње, ки барои таѓйири симои фарњангии Душанбе интихоб карда буд, њикоят аз он дорад, ки Рустами Эмомалї аз љавонї дар корњои сиёсиву фарњангї матонату устувориро меписандид ва аз фаъолиятњои ба таблиѓу ташвиќ омехта њам њунару њунармандии мардуми тољикро дар асоси анъанањои миллї ташаккулу ривољу равнаќ дод ва њам зиндагии шоистаро барои пойтахтиён таъмин намуд. Сеюм, насињати хайрхоњонаи Љаноби Олї ба Раиси навтаъйин аз он иборат буд, ки мањсулоти ниёзи мардум бояд њамеша бо нархи арзон ва сифати олї дастраси мардуми пойтахт гардад. Рустами Эмомалї љињати пешгирии воридоти молу мањсулоти пастсифат ба пойтахт чорањои таъхирнопазир андешида, барномаи бехатарии мањсулоти озуќавориро амалї намуда, монеањои сунъии баланд шудани нарху арзиши молњои мавриди ниёзи аввал бартараф шуданд. Мавсуф бо барномарезии муносибу њиммати воло, зањмати содиќонаву софдилона ва ташаббуси созанда ба њадафњои дар наздаш ќарордошта муваффаќ гардид. Чањорум, Рустами Эмомалї, ки иљрои њар кори дар пешистодаро бо олитарин сифат дидан мехост, дар айбгирї чун уќоб тезбину заррабин буда, гоње маљбур мешуд нисбат ба бемасъулиятии баъзе кормандон андаке овозашро баланд кунад. Ҷаноби Олӣ инро хуб эҳсос намуда буданд ва падарона ўро панд медоданд, ки ҷељ гоҳ дар муоширату муомила ба дағалӣ роҳ надиҳад ва забонро ҳамеша пок нигоҳ дорад. Имрўз нармтабиативу ҳалимии Рустами Эмомалӣ намунаи ибрати кулли ҷавонони кишвар аст. Ин панди Пешвои миллат чунон созгор омад, ки Рустами мулоҳизакор бо мулоимхўиву латофатошноияш ҳамроҳ бо ғайрату ҷасорат дили пойтахтиёнро тасхир карда, дўстдоштатарин шахсияти иҷтимоӣ гашта буд. Панҷум, Ҷаноби Олӣ, ки худ бо фурўтаниву хоксорияшон дар байни мардум маъруфу шўҳра гаштаанд, мутавозеъву шикастанафс дидани шаҳрдори Душанберо хостор шуданд. Бо соҳибдавлатон зиёд шишту хез доштану дар тарабхонаҳо вақт гузарондани шаҳрдорро мувофиқи мақсад намешумориданд ва таќозо доштанд, ки зиёдтар бо мардуми одї рафту омад бояд кард, ки ба ин васила метавон ҳам маҳбубу азизи дилҳо гашту ҳам аз аҳволи раият огоҳ ёфт. Рустами ҷавони пандпазир чун аз рўи ин пандҳои судманд амал кард, тавфиқро рафиқ ёфту мардумро ҳозиқ. Рустами Эмомалӣ барои ин ки Душанберо аз вартаи валангорӣ халосӣ бахшад, умеди таҷдиди бузургиву ҷалолат ва азамати онро ба тавре ки шоистаи дунёи имрўзӣ аст, дар дил парварад, тамоми афроди кишвар мебоист дасти ягонагї ба якдигар дода, дар роњи тараќќии пойтахт бикўшанд ва ҳама чизро фидои маслиҳат намоянд. Мавсуф бо такя ба насиҳатҳои пешвоёнаи Ҷаноби Олӣ ва қудрати тафаккури ҷавононаи худ мусолаҳатро ба даст овард ва дар кўтоҳтарин фурсат ба даствордҳое ноил гардид, ки таърихи чанд даҳсолаи шаҳри Душанбе аз он ёд надорад.
Дар баробари сабзазоркуниву ободонии пойтахт ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ боло бароварда корхонаҳои нави саноатӣ – корхонаҳои истеҳсоли обҳои ташнагишикани «Сиёма», коркарди сангҳои ватанӣ аз ҷониби «Зиркон», истеҳсоли масолеҳи бисоти хона аз ҷониби «Бисот», истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ аз ҷониби корхонаи «Ваҳдат», истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ аз ҷониби корхонаи «Равшан» ва истеҳсоли асфалту бетон аз ҷониби корхонаи «Заводи асфалту бетон» ба фаъолият даромаданд. Санги асоси чандин корхонаҳои саноатӣ дар самти истеҳсоли қолин, семент, таҷҳизоти барқӣ, қубурҳои шишапластикӣ ва орд гузошта шуданд. Дар замоне, ки ҷилави роҳбарии шаҳрро дар даст дорад, аллакай 112 корхонаи саноатӣ таъсис ёфтанд. Таъмини иншоотҳои шаҳри Душанбе бо оби гарм аз дастовардҳои ниҳоят назаррас мебошанд, ки танњо ба кўшишу талошњои мавсуф муяссар гардиданд. Сохта шудани 752 иншоот, сохта ва ба истифода дода шудани 18 муассисаи таълимӣ, 231 майдончаҳои варзишӣ, азнавсозии роҳҳо, беҳтар гардидани сифати хизматрасонии нақлиётӣ, бунёди боғҳои «Восеъ», «Алишери Навоӣ», «Аҳмади Дониш», «Ҷавонон», «Куруши Кабир» ва азнавсозии боғҳои «Айнӣ», «Кўли Ҷавонон», «Абулқосими Фирдавсӣ», «Хайём», «Кўдакон», «Мироненко» ва ғайраҳо аз хизматҳое содиқонаи Рустами Эмомалӣ мебошанд, ки ин навъи рушду нумув дар Душанбе собиқа надошт. Рустами Эмомалӣ ба ин васила ҳам суннати қадимаи офарандагии халқи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд ва ҳам шароити зиндагӣ ва сатҳу сифати ҳаёти мардуми шарифи пойтахтро таъмин намуд. Ин ҷавонмарди ғаюру бовиқор корҳоеро ба анҷом расонид, ки дар натиҷа шаҳри Душанбе дар баробари сомону интизом пазируфтан, ба яке аз мавзеҳои бехавфу хатари ҷаҳонӣ табдил ёфт ва аз ҷолибтарин шаҳрҳои сайёҳӣ эътироф гардид.
Ҳамаи ин хидматҳое, ки Рустами Эмомалӣ дар давоми понздаҳ соли охир ҳангоми фаъолият дар вазифаҳои гуногуни пурмасъулият барои халқу давлат анҷом дод, рўҳияву равиши сиёсии ўро аён карда буд. Акнун Рустами Эмомалӣ дар баробари шаҳрдории пойтахтро бар уҳда доштан, палатаи болоии парлумонро низ сардорӣ мекунад. Мо мутмаинем, ки ин ҷавонмарди ҷавондавлат минбаъд низ тамоми қуввату қудратро баҳри ободии кишвари азизи мо, ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва барқарории суботи сиёсиву ваҳдати миллӣ дар минтақа сарф хоҳад кард. Албатта, дар замоне, ки ҷаҳон мубталои нооромиву носуботӣ аст, танҳо ҷавони андешасанҳу андешасиголи бо бозўи рустамӣ ҳамчун Рустами Эмомалӣ қодирманд аст, ки роҳбарии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар уҳда дошта бошад. Мо шарафёбии Рустами Эмомалиро дар ин интихобот муборакбод мегўем ва ба ин ҷавонмарди олами сиёсат тансиҳативу хонаобобӣ ва дар корҳои хайрхоҳонаи минбаъдааш дар маснади ниҳоят пурмасъул пирўзиҳову бурдбориҳо хоҳонем.

Қаландариён Ҳоким Сафар
Директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ, доктори илми филология

КӮМАКИ САРИВАҚТӢ

Барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии Ковид19 ва табобати он дар баробари мақомоти давлатӣ ҳамчунин бахши хусусӣ низ нақши муассир мегузоранд. Муассисаҳои тандурустиии вилоят кӯмаки навбатии иборат аз либосҳои бисеркаратаи муҳофизатӣ, ниқобу маҳлулҳои зиддисептикӣ ва дорувориро аз ҷамияти масъулияташ маҳдуди “Хрустал” дастрас намуданд.
Ҳарчанде ки шиддати паҳншавии бемории Ковид 19 дар чанд ҳафтаи охир бамаротиб паст шудааст, аммо табибон ҳушдор медиҳанд, ки то пирузии комил бар Ковид 19 аз чораҳои худмуҳофизатӣ даст накашанд. Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов зимни қабули кӯмаки навбатӣ аз ҷамияти масъулияташ маҳдуди “Хрустал” миннатдориро баён намуда иброз дошт, ки маҳз муборизаи муштараки мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушд буд, ки кишвари мо тавонист аз паҳншавии густурдаи ин беморӣ пешгирӣ намояд ва вазиятро ба эътидол орад. Сардори раёсати тандурустӣ вилоят Фарид Музаффаров қайд карданд, ки ин ҷамият ба муассисаҳои табобатии вилоят 10 ҳазор ниқоб, 179 дона либосҳои бисеркаратаи муҳофизатӣ, маҳлулҳои зиддисептикию доруворӣ ирсол доштааст. Ҳамаи ин маводҳо дар анборхона захира карда мешаванд ва дар ҳолати зарурӣ ба муассисаҳои табобатӣ дастрас карда мешаванд. Зеро назар ба таҳлилҳои коршиносони соҳаи тиб бемории Ковид 19 ба як бемории маъмулии табдил ёфтааст ва имкон дорад, ки дуввумбора ҳам хуруҷ кунад. Алъон дар ҷаҳон барои табобати ин беморӣ ягон намуди воксин аз тарафи табибони сироятшинос тасдиқ нашудааст ва ягона роҳи наҷот аз ин беморӣ истифодаи ниқоб, вақт ба вақт шустани дастон ва риояи фосилаи иҷтимоӣ мебошад.

МАШВАРАТИ ВАСЕИ НАЗДИ РАИСИ ВМКБ

7 июли соли равон ҷаласаи васеи назди раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов бо иштироки муовини якум ва муовинони раиси вилоят, роҳбар ва мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси вилоят, раисон ва муовинони раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳо, роҳбарони сохторҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ташкилотҳои ғайридавлатию ҷамъиятӣ, намояндагони васоити ахбори омма ва дигар даъватшудагон баргузор гашт.

Ёдгор Файзов- раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ҷаласаро ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки вобаста ба вазъияти ба ҳамаи мо маълум- паҳншавии бемории сироятии коронавирус «Ковид- 19» дар вилоят имкон нашуд, ки маҷлисҳои васеи навбатии назди раиси вилоят дар моҳҳои май ва июн сари вақт гузаронида шаванд, бинобар ин масъалаҳои ҳар ду маҷлис ҳам ба муҳокимаи ҳозирин гузошта мешавад.
Дар маҷлис панҷ масъалаи асосӣ баррасӣ шуданд. Оид ба ҷараёни иҷрои қарори раиси ВМКБ аз 26 июни соли 2018, № 198 «Оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2018, № 227 «Дар бораи наќшаи чорабинињо оид ба амалисозии марҳилаи сеюми Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012- 2020» сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят Самадзода Зикрихудо ҳисобот дод.
Таъкид гардид, ки ҳадафи асосии барнома фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои ба роҳ мондани фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, ҳамчун яке аз омилҳои асосии ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар вилоят бемайлон татбиқ шуда истодааст. Мақсади Барнома таъмини шароитҳои дарозмӯҳлат ва мусоид барои рушди соҳибкорӣ мебошад.
Вазифаҳои барномаи мазкур ин дастгирии молиявии соҳибкорӣ, дастгирии маҳсулотӣ – техникии бахши соҳибкорӣ аз ҳисоби пешниҳоди имтиёзноки таҷњизотҳо, биноҳои истеҳсолӣ ва технологияҳо, ташкили инфрасохтори дастгирии соҳибкорӣ, паст намудани монеаҳои маъмурӣ ҳангоми ташкил ва пешбурди тиҷорат, дастгирии давлатии самтҳои афзалиятноки рушди соҳибкорӣ, рушди шаклҳои хоҷагидории хурду миёна, ҳавасмандгардонии таъсиси институтҳои худдастгирии соҳибкорӣ дар шакли кооперативҳои истеҳсолӣ, фурӯшӣ ва қарзӣ, таъмини дастгирии иттилоотӣ ва машваратии соҳибкорӣ, мусоидат дар тайёркунӣ ва баланд бардоштани такмили ихтисоси кадрҳо барои бахши соҳибкорӣ, барои субъектҳои соҳибкорӣ фароҳам овардани шароитҳои мусоид, ки ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат намоянд, иборат мебошад.
Барномаи мазкур дар асоси нақшаи чорабиниҳо барои татбиқи барномаи давлатии дастгирии соҳибкорӣ, ки бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуда, дар се марҳила татбиқ гаридааст. Марҳилаҳои аввал ва дуюми Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳо, ки бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буданд, мавриди татбиқ қарор гирифта, амалї шуданд.
Аз соли 2018 марҳалаи сеюми татбиқи Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ оғоз гардидааст, ки дар самти дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ яке аз санадҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Дар марҳилаи сеюми татбиқи Барнома мақсад гузошта шудааст, ки муносибатҳои муосири иқтисодӣ тавассути такмили қонунгузорӣ, рушди низоми иҷрои қарордодҳо ва идоракунии корпоративӣ, таъмин намудани ҳуқуқи молумулкӣ, бартараф кардани монеаҳои маъмурӣ, афзоиш додани сармоягузорӣ ва коҳиш додани хавфҳои эҳтимолӣ таҳким бахшида шаванд. Дар ҳамаи ин самтҳо дар ВМКБ корҳои муайяне ба сомон расонида шуданд, вале камбудиҳои зиёде ҳам то ҳоло ҷой доранд.
Ёдгор Файзов- раиси вилоят вобаста ба ин масъала таъкид намуданд, ки дар тамоми дунё барои рушди соҳибкорӣ панҷ омили асосӣ вуҷуд дорад. Якум ташкил намудани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ, аз нуқтаи назари андоз, коррупсия, бақайдгирӣ ва ғайра дар доираи талаботи қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шароити мусоид бояд фароҳам оварда шавад. Дуюм ба роҳ мондани дастрасӣ ба захираҳои маблағӣ аз тариқи грант, кредитҳои фоиздор ва бефоиз, лизинг, дастрасӣ ба технологияи муосир ва дониш. Касоне, ки ба тиҷорат сарукор гиранд, бояд дониши муайян дошта бошанд. Масъалаи сеюм ташкил намудани бозори дохилӣ, донорҳои сабз ва дастрасӣ ба бозори хориҷӣ. Таъмини ҳуқуқи молу мулкӣ. Соҳибкор бояд мутмаин бошад, ки бизнеси ўро касе зўран гирифта наметавонад. Масъалаи охирин ин дастгирӣ намудани соҳибкорони ватанӣ оиди тавлид намудани молҳои воридотивазкунанда ва содиротӣ. Мо ин дастовардҳоро зимни сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд бараъло мушоҳида кардем ва дидем, ки чӣ тавр дар доираи ин меъёрҳо ва талаботҳо соҳибкорӣ рушд кардааст. Бинобар ин, сардори Раёсати сармоягузорӣ, андоз, бонкҳо ва дигар ниҳодҳои дахлдорро лозим аст, ки таклифу пешниҳодҳои худро барои беҳтар амалӣ гардидани Барнома ҷиҳати таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда, такмили асосҳои институтсионалӣ, диверсификатсияи содирот, содагардонии расмиёти савдо ва дарёфти бозорҳои нави фурӯш пешнињод намоянд.
Дар маҷлис инчунин масъалаҳои рафти иҷрои қарорҳои раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон аз 30 декабри соли 2016, № 487 оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2016, № 455 «Дар бораи Барномаи тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017- 2020”, аз 18 январи соли 2016, № 18 оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, № 825 «Дар бораи Тартиби пешбурди кадастри давлатии шаҳрсозӣ ва моноторинги объектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ”, аз 3 июли соли 2019, № 229 “Дар бораи иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони мақомоти андоз, сармоягузорӣ, бонкҳо ва гумрук аз 10 майи соли 2019 баён гардиданд”, аз 8 июни соли 2018, № 172 оид ба иљрои ќарори Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, № 160 «Дар бораи Барномаи маљмўавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018- 2020” муҳокима шуда, раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов оид ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар иҷрои санадҳои зикргардида фикрҳои ҷолибу судманд ироа намуда, дар бартараф намудани онҳо ба шахсони масъулу дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Мавсуф дар охир оид ба ташрифи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии вилоят ва моҳияти таърихӣ доштани он ибрози назар карда, омодагиҳои маънавию равонии мардуми сарбаланду меҳмоннавози Бадахшонро ба ин рўйдоди созанда муҳимтар аз ҳама чиз арзёбӣ намуд.

ҲАМКОРИ БА ХОТИРИ БЕҲДОШТИ САЛОМАТИИ АҲОЛӢ ВМКБ

Имруз Агентии Оғо Хон оид ба макони зист кӯмаки башардустонаро иборат аз маводҳои доруворӣ ва таҷҳизотҳо барои ҳолатҳои фавқулодда, ки арзиши умумиаш 255,000 сомониро ташкил медиҳад, ба беморхонаи вилоятӣ дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон тақдим намуд.
Маводҳо дар як чорабинӣ хурде, ки дар дафтари Агентии Оғо Хон оид ба макони зист гузаронида шуд тақдим карда шуданд ва аз 10 адад гармкунакҳои обӣ, 5 адад яхдон, 10 адад кондитсионер, 3 адад оташдон ва 15 адад чойникҳои электрикӣ иборат буданд. Ба ғайр аз ин, 424 дона матрас, кӯрпаҳои ғафс, болишт ва ҷиҳози хоб ва 75 дона курпаҳои борики тобистона низ дастраси беморхонаи вилоятӣ гадиданд.
Раиси ВМКБ, муҳтарам Ёдгор Файзов аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вилоят маводҳо ва таҷҳизотҳои мазкурро қабул намуда, чунин қайд намуд: “Мо аз дастгирии самаранок ва давомдори Агентии Оғо Хон оид ба макони зист ҳақиқатан миннатдорем. Он кӯмак ва дастгириҳое, ки аз вақти сар задани ин вируси сироятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуданд, ҳайёти бисёр нафар одамонро наҷот дода имкон доданд, то кормандони тибб ба хасус, бе ягон маҳдудият ва дар муҳити бехатар бо маводҳои муҳофизатии инфиродӣ, ки ҳамчунин аз ҷониби ин агентӣ таъмин шуданд, маризонро ташхис ва табобат намуданд”. Дар чорабинии мазкур инчунин Сардори Раёсати тандурустии ВМКБ Фарид Музаффаров иштирок намуд ва ба Агентии Оғо Хон оид ба макони зист миннатдории худро барои чунин кӯмак баён намуд. Он кӯмак ва он дастгириҳое, ки аз тарафи Агентии Оғо Хон оид ба макони зист таъмин карда шуданд дар мубориза бо сирояти коронавирус самаранок истифода шуда истодаанд”.
Агентии Оғо Хон оид ба макони зист ва дигар оҷонсиҳои Бунёди Оғохон оид ба рушд дар саросари мамлакат бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ Раёсати тандурустӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимиятӣ давлатии вилоят барои маҳдуд намудани таъсири ин пандемия ба саломатӣ мардум ва иқтисод кору фаъолият карда истодааст.

Khorog, Tajikistan, July 04, 2020
The Aga Khan Agency for Habitat (AKAH) Tajikistan today made a significant donation of medical and emergency response supplies worth over 255,000 TJS to the Regional Hospital of Gorno-Badakhshan Autonomous Oblast (GBAO) in Khorog.
The items presented at a small ceremony at the office of AKAH include 10 pieces of water heaters, five refrigerators, 10 air conditioners, three stove burners, and 15 electric water boilers. Others include 424 pieces each of mattresses, thick blankets, pillows, and linen, and 75 pieces of thin summer blankets.
GBAO Governor Yodgor Fayzov received the donation on behalf of the Oblast government and noted “We are indeed grateful to the Aga Khan Agency for Habitat for the ongoing support. The assistance and support that has been provided since the outbreak of the virus in the Republic of Tajikistan has saved lives, enabling medical workers to provide medical assistance safely and without any limitation thanks to the PPE that has been also provided by the agency.” Also present was the head of the GBAO Department of Health (DoH) Farid Muzafarov, who also said in appreciation, “It’s thanks to all the support from your agency that no life of any medical personnel has been lost. All the supplies provided by the Aga Khan Agency for Habitat so far has being used by relevant staff in the COVID-19 response.”
Across Tajikistan, Aga Khan Agency for Habitat and the agencies of the Aga Khan Development Network have been working with the Committee of Emergency Situations and Civil Defense (CoESCD), the Ministry of Health, and Oblast Governments to deliver interventions to limit the health and economic impacts of the pandemic.

ГУРУҲИ КОРИИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ

ИДОМАИ БОЗДИДИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ШИРИН ИСМАТУЛЛОЗОДА АЗ РАФТИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГИ ВА ШИНОСОИ АЗ ҶАРАЕНИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОИИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

ШАХРИ ХОРУГИ ВМКБ

КАБУЛИ ХАЙАТИ ГУРУХИ КОРИИ ХУКУМАТИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН, ТАХТИ РОХБАРИИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ ЧУМХУРИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН, МУХТАРАМ ШИРИН ИСМАТУЛЛОЗОДА ДАР ШАХРИ ХОРУГИ ВМКБ АЗ ЧОНИБИ РАИСИ ВМКБ МУХТАРАМ ФАЙЗОВ ЕДГОР ДОЕРОВИЧ

ДАР ҚАЛБИ ҲАР МАРДИ ВАТАНДӮСТ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ АЗ ДИГАР МАНФИАТҲО БОЯД БОЛОТАР БОШАД.

Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов дар ҷараёни пурсиш аз роҳбарони мақомоти дахлдор ва таҳлилу баррасии масъала диққати ҳозиронро ба он ҷалб намуд, ки тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ мавзӯи фароху доманадор ва ниҳоят масъулиятнок аст ва он фақат вазифаи Раёсати ҷавонон ва варзиш нест, дар ҳалли ин масъала бояд тамоми сохторҳои давлатӣ, олимону адибон, мутахассисони тамоми соҳаҳо, зиёиён фаъол бошанд. Ҳувияти миллиро фақат бо гузарондани суҳбату мулоқот ва гузарондани чанд чорабинии фарҳангӣ таҳким бахшидан амри маҳол аст. Ҷавонон бояд таърих, фарҳанг, суннатҳои аҷдодиро дуруст омӯзанд ва онро дар мавриди зарурӣ истифода бурда тавонанд. Дар ин даврони тӯфони ҷаҳонишавӣ он миллату давлате худро аз нестшавӣ наҷот мебахшад, ки мардумаш босавод, хештаншинос ва бо таъриху фарҳанги ҳазорсола ошно бошад. Дар қалби ҳар марди ватандӯст бояд ҳувияти миллӣ аз манфиатҳои маҳаллию мазҳабӣ болотар бошад. Ватандӯсту хештаншинос будан ин маънои чанд шеъри ватандӯстона навиштану чанд суруди ватандӯстона сароиданро надорад. Ватандӯст он шахсест, ки дар ободии Ватан саҳмгузор бошад, кори некеро анҷом диҳад, ки он ба манфиати халқу Ватан бошад. Раиси вилоят вобаста ба ин мисоли зиёдеро ба забон овард ва аз масъулини ин кор тақозо намуд, ки нақша ва ё барномаи мукаммалро вобаста ба шароиту имконоти вилоят таҳия ва пешниҳод намоянд.
(иқтибос аз суханронии раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон дар машварати назорати)

БАДАХШОН ДАР ЗАМОНИ МЕЪМОРИ ВАҲДАТ ГУЛ КАРД

Бо дастгирии ҳамаҷонибаи Президенти муаззами мо дар солҳои охир симои шаҳру навоҳии вилоят комилан тағйир ёфт. Сол аз сол теъдоди иншооти иҷтимоиву фарҳангӣ ва истеҳсолии вилоят афзуда, феълан ВМКБ аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфт. Ҳоло мусаллам аст, ки мардуми вилоят Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвои миллат самимона дӯст медоранду ифтихор аз он доранд, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ кору зиндагӣ мекунанд. Ӯ ҳамчун меъмори сулҳу ваҳдат тавонист дар муддати кӯтоҳи таърихӣ давлати миллиро бо тамоми рукнҳои давлатдориаш бунёд созад ва обрӯю нуфузи онро дар арсаи байналмиллалӣ баланд бардорад.

МАШВАРАТИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ВМКБ

Субҳи имрӯз бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов машварати назоратии назди раиси вилоят баргузор карда шуд. Дар машварати назорати назди раиси вилоят 5 масъалаи асосӣ бо иловаи масъалаҳои иловагӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Аз рӯи масъалаи якум оиди иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори раиси вилоят дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон Сардори раёсати маорифи вилоят Одинашо Мардов баромад намуданд.
Аз рӯйи масъалаи дуюм Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Сураҷ Чоршанбиев оиди Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони ВМКБ барои солҳои 2018 – 2022 баромад намуданд.
Аз рӯи масъалаи сеюм масъули Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят оиди иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барномаи паст кардани сатҳи шуғли ба қайд гирифтанашуда ( ғайрирасмӣ) барои солҳои 2019 – 2023 маълумот дод.
Аз рӯи масъалаи чорум нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти Олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020 ҳисоботи Сардори Раёсати маорифи вилоят Мардов Одинашо шунида шуд.
Оиди масъалаи чорум ҳисоботи ёрдамчии калони Пракурори вилоят низ шунида шуд.
Дар машварати назорати назди раиси вилоят ҳамчунин дигар масъалаҳои ҷори низ мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифтанд.