ҶАМБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВМКБ ДАР ШАШ МОҲИ СОЛИ 2020

Субҳи имрӯз бо иштироки Котиби шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмудзода Насрулло ва раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳаи соли 2020 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ҷаласа муовини якуми раиси вилоят, муовинон, раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят, роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят ва шаҳри Хоруғ иштирок намуданд.
Дар пайи ҷаласаи ҷамъбасти шашмоҳа раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ташаккуроти худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чиҳати дастгириҳои пайвастаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят ва рушди босуботи он баён намуда, инчунин чиҳати мусоидат ба рушди минбаъдаи шаҳру ноияҳои вилоят, ки вазорату кумитаҳои ҷумҳурӣ ва дигар аъзоёни ҳукумат вобаст гардида, имрӯз ба инфрасохтори шаҳру навоии вилоят дигаргуниҳои ҷидди рӯи кор оварда шуда истодаанд баён намуд.
Вобаста ба рӯзномаи ҷаласа муовини раиси ВМКБ Умедчон Носирзода маъулумот манзур намуда, кайд дошт, ки дар давоми 6 моҳи соли равон қисми даромади буҷети вилоят ба андозаи 47 миллиону 929 ҳазор сомонӣ иҷро гардид, ки ин нишондод аз нақшаи пешбинигардида, наздики 2 миллион сомонӣ бештар маблағ ба буҷа ворид гардидааст.
Оиди масъалаи рушди саноати ВМКБ низ сухан рафта қайд гардид, ки дар вилоят 45 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд, ки аз сабаби камчин будани шумораи коргарон ва ҳаҷми истеҳсолот қисмати зиёди онҳоро коргоҳ бояд ном бурд. Дар соли 2019 дар вилоят 16 чунин коргоҳҳо таъсис дода шуда, соли равон бошад таъсиси 9 коргоҳи дигар ба нақша гирифта шудааст. Диққати асосӣ дар ин самт ба афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти маҳалли равона гардидаст, ки ин ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва коҳиш додани хаҷми маҳсулоти воридоти ба бозорҳои дохили вилоят ба максад мувофиқ арзёби гардид. Афзоиш додани коркарди сангу мева, гиёҳои шифобахшу маҳсулоти чорво, обҳои маъдани инчунин таъсиси корхонаҳои истеҳсоли қубурҳои пластикӣ, дару тиреза, мизу курсӣ, духти либос ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷумлаи пешниҳодоти боло бурдани ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ ҳисобида шуданд. Дар мавриди амалисозии лоиҳаҳои инвеститсионии таъмини Истиқлолияти энергетики дар вилоят ба маблағи зиёда аз 50 млн доллари ИМА корҳо оиди беҳтар таъмин намудани таъмини аҳолии ВМКБ ва вилояти Бадахшони Афѓонистон бо неруи барқ дар фасли зимистон зарфи 2 соли охир амалӣ гардида истодааст.
. Дар самти таъмини сиҳатии омма кайд гардид, ки дар соли ҷорӣ сохтмони беморхонаи дар ноҳияи Ишкошим ба охир расонида мешавад. Инчунин бо кўмаки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд сохтмони 3 бунгоҳи тибби ва 4 маркази саломатӣ ба нақша гирифта шудааст.
Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов кайд дошт, ки баҳри пешгирии хатари паҳншавии сироятии коронавируси нави COVID-2019 аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини муассисаҳои тандурустии вилоят бо маводи доруворӣ, таҷҳизотҳои зарурӣ ва маводи хўрока ва инчунин дастгирии кормандони соҳаи тандурустии вилоят 45 адад мошинаҳои боркашонии калонҳаҷми пурбор ба маблағи зиёда аз 5,0 млн сомонї кӯмаки моддӣ расонда шуд.
Дар асоси дастуру супоришҳои роҳбари давлат, дар вилоят муваққатан 785 адад катҳои бистарикунонӣ барои ташхису табобати гирифторони бемории сироятии COVID-19 бо фароҳам овардани хамаи шароитхои зарурӣ, алалхусус бо кӯмаки бевоситаи шарикон оид ба рушт ва ташкилотхои ғайридавлатӣ таъмини таъчизоти тиббии замонавӣ ва доруворӣ ташкил карда шуданд.
Бояд қайд намуд , ки аз аввали элон гардидани бақайдгириии бемории сироятии коронавирус дар маљмўъ бо ташхиси “Илтиҳоби шуш” дар муассисаҳои тиббии вилоят 1994 нафар беморон бистарӣ гардида, ба ҳолати 1 июли соли равон 1896 нафари онҳо баъди гирифтани табобат ба хона чавоб дода шуданд.
. Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов хамчунин минатдории самимии худро ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон табибону шарикони рушд ва соҳибкорону шахсони саховатпеша чиҳати кӯмаку дастгириҳои пайвастаашон миннатдории самимии худро баён намуда, аз масъулини раёсати тандурустии вилоят даъват ба амал овард, ки барои ҳифзи таҷҳизоти тиббӣ ва либоси хобу дигар ашёҳои зарурӣ ки дар вақти паҳншави ва табобати бемории Ковид 19 дастраси муассисаҳои табобати гардид, назорати ҷиддиро ба роҳ монад.
Масъалаи дигари меварии кори ҷамбасти нимсолаи аввали сол ин иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди зиёд намудани кишти картошка ва истифодаи самараноки хар як вачаб замини корам ба ҳисоб рафта, дар ин маврид таъкид гардид, ки дар майдони зиёда аз 105 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуд, ки ин нисбати соли гузашта 17 гектар ва ё 0,2 фоиз зиёд мебошад, ки майдони 4798 гектар онро кишти картошка ташкил медихад.
Котиби Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарапарсати вилоят Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон вазъи иҷтимоию иқтисодии ВМКБ–ро ба баррсӣ гирифта, қайд дошт, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ВМКБ –ро Дарвозаи тиллоии Тоҷикистон номида, қайд дошт, ки зарфи солҳои 2015-2019 бо сармояи беш аз 87 миллион сомонӣ танҳо муассисаҳои таълимии қаламрави ВМКБ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Маҳмудзода Насрулло ҳамчунин таъмини субвенсияи давлатӣ, татбиқи лоиаҳои сохтмонӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ ва ҷаҳонгардиро ки асосӣ пешрафти ВМКБ ба хисоб меравад мавриди таваҷҷӯҳ қарор дод.
Ҳамчунин сардори РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод оиди фаъолияти ситоди байниидоравии таъмини амният дар вилоят ва иҷрои нақша чорабини ки мураккаб аз 18 банд дар ҳошияи сафари Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2018-ум рӯи кор оваарда шуд, маълумот манзур намуд..
Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов фаъолияти 6 моҳаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ВМКБ-ро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои дар пешистода ва ҷамъбасти семоҳаи саввуми сол ба масъулин супоришхои мушаххас доданд.