НАҚЛИЁТ ВА АЛОҚА

Масофаи умумии роҳҳои вилоят 2728,4 километрро ташкил медиҳад, ки 1276,3 километри онро роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ, 383,5 км аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 1068,6 километр аҳамияти маҳаллӣ мебошанд.
Барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди вилоят маблағи 5743,5 ҳазор сомонӣ нақшабандӣ шуда, маблағи 5410,2 ҳазор сомонӣ барои корҳои таъмир ва нигаҳдории роҳҳо истифода гардида, 94,2 фоизи иҷроиши нақшаро ташкил медиҳад. Барои нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ аз ҳисоби маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ 270,8 ҳазор сомонӣ масраф гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ дар роҳҳои автомобилгарди вилоят 3 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 3 нафар фавтиданд. Садамаҳои нақлиётӣ бо номусоидии роҳ ба қайд гирифта нашудаанд.
Ба ҳолати 1 июли соли 2020 муассисаҳои роҳдории вилоят барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳо ҳамагӣ 177 адад техника ва механизмҳои роҳдорӣ дар ихтиёр дошта, 129 ададашон дар ҳолати корӣ қарор доранд.
Ҳаҷми боркашонӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ 149,4 ҳазор тонна ва мусофиркашонӣ 2948,5 ҳазор мусофирро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми боркашонӣ 37,5 фоиз кам гардида, ҳаҷми мусофиркашонӣ 4,0 фоиз зиёд гардидааст.
Шумораи истифодабарандагони алоқаи телефонӣ 10244 нафар буда, дар истифода мебошад.
Ҳаҷми даромади филиали ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком» дар вилоят 302,4 ҳазор сомониро ташкил дода, 97,2 фоизи нақша мебошад. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 бошад, ба андозаи 4,5 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми хизматрасонӣ ба аҳолӣ 52,5 фоизи ҳамин давраи соли 2019-ро ташкил медиҳад.
Роҳҳо ва купрукҳои вилоят сол аз сол обод шуда истодаанд ва имруз мардум метавонанд дар муддати 12 – 16 соат дар тамоми фасли сол ба шаҳри Душаннбе сафар намоянд, вале вазъи баъзе қисмати роҳҳо ва дар ҳолати садамавӣ қарор доштани қисмати кўпрукҳои мошингузар ҳанўз мушкилоти ҷиддии сокинони вилоят боқӣ мемонад.

ИҶРОИ БУҶЕТИ ВИЛОЯТ ДАР ШАШ МОҲИ СОЛИ 2020

Мувофиқи маълумоти Сарраёсати молияи вилоят ва Раёсати андози Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети вилоят дар шаш моҳи соли 2020 аз рўи даромадҳои худии буҷети вилоят ба андозаи 104,1 фоиз таъмин гардид. (нақша 47 929 040 сомонӣ, иҷро 49 874 721 сомонӣ).. Аз ҳисоби даромадҳои худӣ дар ин давра аз нақшаи пешбинишуда маблағи 1945681,0 сомонӣ ба буҷети вилоят зиёдтар ворид гардид.
Дар баробари ин, дар шаш моҳи соли 2020 сифатнокии қисми даромади буҷети вилоят аз рўи се намуди андоз, андоз аз арзиши иловашуда ( 83%), боҷи давлатӣ (80,4%), ва андоз барои захираҳои табии (76,5%) таъмин нагардид. Сабаби асосии сифатнок иҷро нагардидани нақшаи қисми даромади буҷети шаҳру ноҳияҳои вилоят ва буҷети худии вилоят, ин пурра фаъолият накардани қисмате аз муассисаҳои сохтмонӣ мебошад. Инчунин қайд кардан зарур аст, ки аз сабаби паҳншавии пандемияи каронавируси навъи COVID – 19 дар моҳи июни соли равон нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии шаҳру ноҳияҳои вилоят муваққатан аз кор боз дошта шудаанд.
Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети вилоят ба маблағи 136 млн 224 ҳазору 356 сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо гардида, 90,4 фоизи нақшаро ташкил дод.
Қисми хароҷоти буҷети маҳаллии вилоят дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз рӯи ҳисоботҳои пешакї ба андозаи 90,4 фоиз иҷро гардида (нақша 150 728 227 сомонӣ, иҷро 136 224 356 сомонӣ), маблағи 136 224 356 сомонӣ барои хароҷот равона карда шуд. Бояд қайд кард, ки маблағи хароҷот дар нимсолаи якум нисбат ба даромади воқеи 98,5 фоизро ташкил медиҳад. Аз он дар дастгоҳи идоракунии давлатӣ 87,9 фоиз (14 469 991 сомонӣ), мудофиа 91,6 фоиз, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 92,0 фоиз (1 966 039 сомонӣ) , соҳаи маориф 90,3 фоиз (64 940 777 сомонӣ), соҳаи нигаҳдории тандурустӣ 93,3 фоиз (37 606 214 сомонӣ), суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 92,6 фоиз (1 321 467 сомонӣ), хоҷагии манзилию коммуналӣ 78,7 фоиз (3 317 053 сомонӣ), фарҳанг ва варзиш 88,3 фоиз (7 061 983 сомонӣ), хоҷагии қишлоқ 85,5 фоиз (1 071 269 сомонӣ) ва нақлиёт ва хоҷагии роҳ 70,4 фоизро (251 510 сомонӣ) ташкил медиҳад.
Бақияи қарзи андозҳо дар миқёси вилоят ба ҳолати 01.07.2020 маблағи 2169393 сомониро ташкил медињад. Дар маьмуъ щарзи андоз нисбати аввали сол ба маблағи 201,3 ҳазор сомонӣ кам карда шуд.
Дар давраи моҳҳои январ-июни соли 2020 аз тарафи бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба маблағи 33469,9 ҳазор сомонӣ қарзҳои хурд дода шуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 ба маблағи 363,2 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст.
Интиқоли маблағ аз хориҷи кишвар дар ин давра 11272,3 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли 2019 ба маблағи 3430,9 ҳазор доллари ИМА кам гардидааст.
Пасандози аҳолӣ дар ин давра маблағи 230,2 млн сомонӣ ташкил дода, аз он бо асъори миллӣ 148,2 млн сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ 81,9 млн доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли 2019 ба маблағи 16,3 млн сомонӣ зиёд мебошад

ҶАМЪБАСТИ ШАШ МОҲИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВМКБ ДАР МАСЪАЛАИ ҲУҶҶАТГУЗОРӢ

Дар нимсолаи аввали соли 2020 ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ дар маҷмуъ 2162 ҳуҷҷат ворид гардидааст, ки 1400 адади он аз ҷониби раёсату кумитаҳо, идораву муассисаҳо, шуъбаҳо ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят буда, боқимондаи он аниқтараш теъдоди 762 ҳуҷҷат аз Мақомоти болоӣ, аз ҷумла 4 адад Қонун ва 2 адад Қонуни Конститутсионии Ҷумњурии Тоҷикистон,19 адад Амр ва Фармони Президенти мамлакат, 35 қарор ва 1 фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 77 адад протоколҳои Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 69 адад супоришҳои Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, 78 супоришҳои муовинони Сарвазири мамлакат, 180 адад супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 19 адад барқияҳои ҳукуматӣ , 5 адад ҳуљљат аз Маҷлиси Олӣ, 265 аз Вазорату кумитаҳо, 8 адад аз ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва шарикони рушд ворид гардидааст.
Аз ҷониби Раиси вилоят дар ин давра 7 адад амр ва 171 қарори раиси вилоят, аз ҷумла 23 адади онҳо дар заминаи Фармон, Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 ададашон дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расида, ҷиҳати маълумот, корбарӣ ва иҷрои саривақтии минбаъда ба воҳидҳои сохтории дахлдори вилоятӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ирсол гардида, ҷараёни амалишавии онҳо таҳти назорати ҳамарўза қарор доранд.