Номаи табрикотии муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов​ ба муносибати фаро расидани Иди қурбон

​ ​ ​ ​Ҳамдиёрони арҷманд!

​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ Фарорасии иди саиди Қурбонро, ки яке аз суннатҳои қадимаи мардуми мусулмони мо мебошад, ​ ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азизро аз сидқи дил табрик ва таҳният гуфта,барои якояки шумо аз даргоҳи Худованди олам пеш азҳама ​ тансиҳатӣ, хотири ҷамъ, сарбаландӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорам.
Иди Қурбон яке аз ҷашнҳои муқаддаси исломӣ ва суннати писандидаи мардуми мусулмон ба ҳисоб меравад ва ондорои фазилат, ҳикмат ва воҷиботи хоси худ мебошад.​ Ин Идро ҷашн гирифта, аз он қабл аз ҳама​ саодати рӯҳонӣ мегирем, сонӣ бояд донист, ки ин ҷашвора рисолати созандагӣ ва ободонӣ, дӯстию бародарӣ бо ҳамдигар, поксозии қалбҳо, дастгирии ниёзмандон ва мустамандон,таҳкими ахлоқи ҳамида, ривоҷ додани корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободонию кабудизорикунии мавзеъу маҳаллҳо,пос доштани хотири гузаштагон, арҷгузории падарумодарон, аёдати беморону барҷомондагон, баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа ва дигар фазилату хислатҳои некро дорад. Бинобар ин, ҳар як мусулмон боядаз ин фазилатҳои Иди саиди Қурбон бархӯрдор бошад.
Бинобар ин, ба мақсади амалӣ намудани фазилатҳои идона воҷиб аст, ки қурбонӣ ба ятимону бепарасторон,оилаҳои камбизоат ва муассисаҳои иҷтимоӣ тақсим кардашуда,
маблағҳои садақаи қурбонӣ дар баробари расонидани кумакҳои хайриявӣ ба ниёзмандон, инчунин барои ободонӣ, таъмину тармими кӯчаю маҳалҳо ва иншооти иҷтимоӣ равона карда шавад. Бо мақсади пешгирии бемории сироятии короновирус​ тибқи дастури ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии бемории сироятии короновирус​ дар рӯзи ид дастархони камхарҷу ​ ороста шуда, идгардаки кӯдакон манъ карда мешавад.​ ​ ​ ​ ​ ​
​ Ба ҳама маълум аст, ки барои бо тантана ба ҷоории маросиму иди ҷашнвораҳои динӣ ва дигар фароизу воҷиботи марбут ба имондорӣ мавҷуд будани сулҳуосоишӣ, суботи сиёсӣ, инчунин ваҳдат ва ҳамбастагии афроди ҷомеа шарти зарурист ва кушишу талоши Роҳбарияти олии сиёсии мамлакат ҳам бо ин мақсад нигаронида шудааст. Фақат дар ин шароит мо метавонем​ ба яке аз ҳадафҳои аслии худ, яъне баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва бунёди давлати дунявию ҳуқуқбунёди демократӣ ноил гардем.​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​
Дар охир, бори дигар, бо ҳамин ниятҳои нек, ҳамаи шумоёнро ба ифтихори фарорасии иди саиди Қурбон аз самими қалб табрику таҳният гуфта, ба ҳар як хонадон сиҳатӣ,​ баракату раҳмат ва мағфирати ин Идро таманно​ менамоям.