ОТВЕТна высказывание Рашида Раджабовича о визите Лидера нации, Президента Республика Таджикистан уважаемый Эмомали Рахмона в ГБАО в социальных сетях.

Касающиеся первого вопроса, хотелось бы отметить, что данный вопрос не является темой для обсуждения на Фейсбуке. Согласно данного вопроса можно организовать встречу с председателем ГБАО, или же уточнить данный вопрос в ИТРЕБ-е или в Региональном консульстве Исмаилитов города Душанбе или города Хорога. Также можно обратиться напрямую в Аглемантский секретариат его Величество Мавлона Хозир Имам.Согласно второму вопросу хочу отметить, что со стороны Председателя и представителей власти ГБАО в честь приезда Основателя единство и Лидера нации многоуважаемого Президента Эмомали Рахмона не был осуществлен принудительный выход народа ГБАО на улицы города и областей, так как этот народ не приветствует такой подход. Стоит отметить, что встреча Основателя единство и лидера нации многоуважаемого Президента Эмомали Рахмона было осуществлено на добровольной основе. Так как наш народ из покон веков был гостеприимным, великодушным народом с высоким чувством ответственности и патриотизма. Он всегда ценит и помнит доброту.В одном из совещании по поводу подготовки визита многоуважаемого Президента Эмомали Рахмон Председатель область отметил, что наших гостей нельзя удивить только объектами социальной, экономической важности жизнедеятельности, потому как гостей можно удивить прежде всего культурой гостеприимства. И к счастью, мы можем с гордостью сказать, что нам это удалось. Когда Лидер нации подошел к матери –Холби …..и спросил её о возрасте , которая с бодростью ответила о своём 85 летии, то Президент восхищался о желании самой матери участвовать в праздничных мероприятиях , так как в ответ на вопрос «Как вы не смотря на свой преклонный возраст участвуете в данном политическом мероприятии» , мать–Холби оветила: «Я участвую здесь ради Вас». Президент был поражен искренностью Памирского народа, что даже от малого до велико – не смотря на свои 85 лет, все патриотично вышли приветствовать Лидера нации во имя благополучия нашей общей Родины.Исходя из этого, можно с точностью сказать, что народ ГБАО всегда с удовольствием встречает гостей, друзей и особенно Его превосходительство Президента Эмомали Рахмона и всегда стоит за мир и спокойствия и развития в ГБАОКасающиеся детей, исполнившие песню при открытии парка вДарвазском районе, хочу отметить, что данное исполнение было наглядным примером показа таланта наших таджикских детей всему миру. Из-за вирусной инфекции COVID -19 больше не было проведено не каких массовых культурных мероприятий, особенно с участием детей.Что касается «Дафдоира», хочу отметить, что оно является традицией наших дедов и непосредственным символом ГБАО при приветствии долгожданных гостей. Нами были утрачены много культурных традиций, но хвала нашему народу, что сохранили этот символ Бадахшана при приёме гостей и проведении торжественных мероприятий.От имени Председателя ГБАО хочу выразить огромную благодарность народу ГБАО за душевный прием Основоположника мира и единство, Лидера нации, Президента Республика Таджикистан уважаемому Эмомали Рахмон, и желаю всему нашему народа дальнейшего процветания ГБАО.ВПЕРЕД ТАДЖИКИСТАН!!!!

22 август пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Душанбе баргаштанд.

Дар Фурудгоҳи шаҳри Хоруғ меҳмони олимақом – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва фаъолони вилоят бо самимияти хоса гусел карданд.

Ёдовар мешавем, ки боздиди кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят аз 19 то 22 август идома ёфт.

Ин сафар чун ташрифҳои қаблии Роҳбари давлат аз ин минтақаи дурдасти мамлакат, бобарор буд, зеро дар давоми 4 рӯз бо иштироки Пешвои миллат дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва шаҳри Хоруғ даҳҳо адад иншооти наву муосир мавриди истифода қарор гирифта, ҳамчунин ҷиҳати бунёди як зумра иншооти муҳими дигар санги асос гузошта шуд.

Аксари иншооти наве, ки сохтмонашон зимни ин сафар ба нақша гирифта шуданд, то ҷашни фархундаи умумимиллӣ – 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

Маҳз таваҷҷуҳи зиёд ва дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардидааст, ки новобаста ба дурии роҳ ва иқлиму релефи номусоид, ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ин минтақаи дурдасти мамлакат рушду инкишоф ёфта, тадриҷан ба дарвозаи тиллоии Тоҷикистон табдил меёбад

22 август дар шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот карданд.

22 август дар шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва Хоруғро натиҷагирӣ карда, таъкид доштанд, ки аз рӯи мушоҳидаҳо вилоят дар натиҷаи таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумати мамлакат ва заҳмату талошҳои ватандӯстонаи мардуми сарбаланди он ба таври назаррас обод шуда, сатҳи зиндагии мардум тадриҷан беҳтар шуда истодааст.

Пешвои миллат изҳор доштанд, ки маҳз бо мақсади таъмин намудани рушду тараққиёти вилоят мо асри 21-умро – асри рушди Бадахшон ва ин минтақаи биҳиштосои кишварамонро – дарвозаи тиллоии Тоҷикистон эълон намуда, бо ҳамин мақсад садҳо нақшаву барномаҳои созандаро амалӣ карда истодаем.

Сарвари давлат ба мардуми вилоят барои истиқболи самимӣ изҳори сипос карда, барои расидан ба ҳадафҳои созанда баҳри таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ барору комёбӣ орзу карданд.

Таъкид шуд, ки барои таъмин намудани рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ зиёда аз 18 миллиард сомонӣ равона гардидааст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди вилоят 31 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз се миллиард сомонӣ ба анҷом расида, ҳоло татбиқи 11 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии се миллиарду 300 миллион сомонӣ идома дорад.

Дар доираи барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он тайи солҳои 2016-2020 татбиқи 1345 лоиҳа дар соҳаҳои гуногун ба маблағи умумии беш аз 6,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда, дар чор соли сипаришуда 447 лоиҳа ба маблағи зиёда аз 2 миллиард сомонӣ пурра татбиқ гардидааст.

Ҳоло дар вилоят 259 лоиҳа ба маблағи 400 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст ва татбиқи лоиҳаҳои гуногун дар ҳудуди вилоят минбаъд низ идома дода мешавад.

Сарвари давлат барои расидан ба ҳадафҳои рушди миллӣ ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он дастуру супоришҳо доданд.

Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди таъсири омилҳои манфии берунӣ ва хавфҳо дар шароити паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 ҷиҳати коҳиш додани пайомадҳои онҳо ба иқтисоди миллӣ тамоми тадбирҳоро андешида истодааст.

Дар ин раванд, доир ба дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои назаррас амалӣ шуда истодаанд.

Дар тӯли солҳои 1992 – 2020 аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ танҳо барои дастгирии буҷети вилоят дар ҳаҷми 1,7 миллиард сомонӣ кумаки молиявӣ ҷудо гардидааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди вилоят 2030 иншоот ба маблағи умумии 3,1 миллиард сомонӣ бунёд ва азнавсозӣ гардидааст.

Танҳо соли 2019-ум 202 иншооти таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ ба маблағи 380 миллион сомонӣ сохта, ба истифода супорида шуда, ҳоло корҳои сохтмону азнавсозӣ дар 506 иншоот ба маблағи беш аз якуним миллиард сомонӣ идома доранд.

Президенти мамлакат роҳбарони вилоят, вазорату идораҳои марбута, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ ва дигар сохторҳои дахлдорро вазифадор карднд, ки иншооти ба нақша гирифташударо босифат бунёд карда, дар муҳлатҳои пешбинишуда ба истифода супоранд.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, хусусан, дар самти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва коркарди ашёи хом имкониятҳои калон дорад ва истифодаи самараноки чунин имконот масъулият, касбият ва қобилияти баланди ташкилотчигиро талаб мекунад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва вазорату идораҳои дахлдорро вазифадор карданд, ки ҷалби сармояи дохиливу хориҷиро барои таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, бахусус, дар самти коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон, аз ҷумла коркарди мармар, мева, гиёҳҳои шифобахш ва истеҳсоли маҳсулоти ниёзи аввал вусъат бахшанд.

Зимни суханронӣ ва таҳлили вазъи воқеии соҳаҳои иқтисодиёти вилоят Сарвари давлат доир ба азму талошҳои давлату Ҳукумати кишвар ҷиҳати пурра бо нерӯи барқ таъмин намудани аҳолӣ ва корхонаву муассисаҳои вилоят, бунёди иншооти гидроэнергетикӣ, рушди соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, сохтмони роҳҳо, пулҳо, бунёду ба истифода додани иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ андешаронӣ карданд.

Пешвои миллат барои расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат ва таъмини иҷрои супоришҳо, амру фармонҳои Президенти мамлакат ба Ҳукумати кишвар, роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ва вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ супоришҳои мушаххас доданд.

Иҷрои ҳадафҳо дар самти истифодаи самараноки заминҳои корам, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва иҷрои дурнамои тасдиқшудаи кишти зироатҳои кишоварзӣ, ободонии вилоят ва бунёди иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ аз тадбирҳои минбаъда дар роҳи рушду пешрафти вилоят номида шуд.

Имрӯзҳо барои истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома доранд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда дар ҳудуди вилоят сохтмони 613 иншооти ҷашнӣ пешбинӣ гардида, то имрӯз 38 фоизи он пурра иҷро ва 145 миллион сомонӣ маблағ аз худ карда шудааст.

Сарвари давлат таъкид карданд, ки суръати иҷрои корҳо то ҳанӯз қонеъкунанда нест ва аз роҳбарону мутасаддиён тақозо мегардад, ки корро дар ин самт ҷоннок намоянд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои он ва вазорату идораҳои дахлдор вазифадор карда шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватанӣ ва шахсони саховатпеша ҷиҳати дар муҳлатҳои муқарраршуда, бо сифати баланд ва бо риояи санъати баланди меъморӣ бунёд намудани иншооти ба нақша гирифташуда чораҳои зарурӣ андешанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор шуданд, ки дар баробари таъмиру таҷдиди муассисаҳои тиббии вилоят ба муҷаҳҳазгардонӣ ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани онҳо диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Бо дарназардошти табиати нотакрор, кӯҳу қуллаҳои баланду барфпӯш ва мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ тараққӣ додани сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти вилоят ба ҳисоб меравад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо Кумитаи рушди сайёҳиро ҷиҳати дар мавзеъҳои таърихиву сайёҳӣ ташкил кардани инфрасохтори замонавӣ, назорати ҳолати санитарии онҳо, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва омода намудани кадрҳо дар ин самт, инчунин, ҷалби аҳолӣ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ корҳои амалӣ вазифадор карданд.

Президенти мамлакат зимни таҳлили вазъи ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатии вилоятро вазифадор намуданд, ки робитаро бо аҳолӣ мустаҳкам карда, барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқиву шаҳрвандии сокинон корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҳамаи қишрҳои ҷомеа ба таври ҷиддӣ тақвият бахшанд.

Вазорату идораҳо ва сохтору мақомоти марбута вазифадор шуданд, ки иҷрои талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи забони давлатӣ” – ро таҳти баррасии ҳамаҷониба ва назорати ҷиддӣ қарор диҳанд.

Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҳамаи сокинони меҳмоннавоз ва заҳматкашу матиниродаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои пазироии самимӣ арзи сипос намуда, ба хонадони ҳар яки онҳо саломатӣ, хушбахтӣ ва файзу баракат орзу карданд.

Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони касбу кори гуногун Муборакшо Амонбеков – табиб, Саъдӣ Хушвахтов – Роҳбари ширкати хусусии “Ҷуръат” ва Давлатсултон Раҳматхудоева – собиқадор баромад карда, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи талошҳову ташаббусҳои созанда ҷиҳати рушду пешрафти вилоят, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва таъмини зиндагии шоиста барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа, изҳори миннатдорӣ намуданд.

Дар охир аз номи сокинони меҳнатқарин ва меҳмоннавози вилоят раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов баромад карда, ба Роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар баҳри дастгирии ҳамаҷониба ва таваҷҷуҳ ба рушди ҳаматарафаи ин минтақаи мамлакат изҳори сипос карданд

21 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ, дар вазъияти тантанавӣ бинои нави Театри вилоятии мусиқӣ – мазҳавкавии ба номи Меҳрубон Назаровро барои 1000 ҷой нишаст ифтитоҳ бахшиданд.

Санги асоси бунёди бинои 3-ошёнаи Театри вилоятӣ соли 2015-ум аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда, корҳои сохтмонӣ дар иншооти фарҳангӣ аз соли 2016-ум шурӯъ гардида буд.

Президенти мамлакат бунёди ин кохи муҳташами фарҳангиро дар маркази вилоят – шаҳри Хоруғ дар арафаи таҷлили 29-умин солгарди ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аҳли санъату фарҳанги “Боми ҷаҳон” армуғони арзишманд номиданд.

Фармоишгари бунёди театри вилоятӣ Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва паймонкори иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бунёд” мебошанд.

Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 150 нафар сохтмончиёну меъморони касбии маҳаллӣ ба кор ҷалб шуда, биноро бо риояти талаботи ҳозиразамон бунёд кардаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба санъати баланди меъмории миллии бинои театр, ки аз ҷониби устоҳои чирадасти мамлакат бо усули ҳозиразамони сохтмонӣ зебу зинат ёфтааст, баҳои баланд доданд.

Тибқи лоиҳа, театри вилоятӣ аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати 0,54 садяк замин қомат афрохтааст. Дар таҳхонаи бинои театр толорҳои машқу тамрини ҳунармандон, толорҳо барои гузаронидани дарсҳо пешбинӣ гардидааст, ки барои фаъолияти назарраси ҳунармандон заминаи воқеӣ мегузорад.

Дар ошёнаи якуми бино миёнсарой, толори асосӣ барои саҳна, хонаҳои маданият бо утоқҳои либосивазкунӣ ва ҳуҷраҳои санитарӣ ҷойгир карда шудаанд. Дар толори асосии театр барои тамошобинон 1000 ҷойи нишаст фароҳам оварда шудааст.

Саҳнаи театри мазкур бо нақшу нигори миллии мардуми соҳибтамаддуни тоҷик гаҷкорӣ шуда, барои гузаронидани чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ мусоид мебошад. Дар ошёнаҳои 2-юм ва 3-юми бино ҳуҷраҳои маъмурияти театр, утоқҳои корӣ ва фароғати ҳунармандон ва устохонаҳои дӯзандагӣ ҷойгир шудааст.

Ҳудуди бинои театри вилоятӣ бо тахтасангҳои мармарини истеҳсоли коргоҳҳои вилоят ороиш ёфтааст.

Бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооти замонавӣ дар шаҳри Хоруғ ба баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолияти аҳли фарҳангу санъати вилоят равона гардидааст ва ба тарҳи меъмории шаҳр низ зебогии дигар зам намуд.

Роҳравҳои бино бо маҳсулоти коргоҳҳои ватанӣ зинат дода шуда, бо усули ҳозиразамони сохтмонӣ ҷолибу диданӣ офарида шудааст.

Атрофи театр пурра гулкорӣ ва бо сутунпояҳои равшанидиҳанда чароғон шуда, шабонгоҳ ин макон ба сайругашти ҳақиқии сокинони шаҳри Хоруғ табдил ёфтааст.

Пас аз боздид ва шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои бинои нав, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори бузурги театр бо аҳли фарҳанг мулоқоти самимӣ доир намуда, барномаи таҳиякардаи санъаткорони вилоятро тамошо карданд.

Ҳангоми суханронӣ Пешвои миллат фарҳангро оинаи рӯзгори ҳар як халқу миллат маънидод намуда, зикр карданд, ки рушди соҳаи фарҳанг дар меҳвари сиёсати роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Аҳли фарҳанги вилоят ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди чунин иншооти бузург, ки василаи хуби ҳифзи фарҳанги бузурги халқи тоҷик аст, изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Бо истифода аз толорҳои барҳаво ва утоқҳо барои машқу тамрин, ҳунармандони касбии театри вилоятӣ имконият доранд, минбаъд барномаҳои гуногун ва намоишномаҳои ҷаззобу диданиро пешниҳоди тамошобинони закӣ гардонанд.

Пас аз суханронии Сарвари давлат аҳли санъати вилоят барномаи хуби фарҳангии тараннумкунандаи сулҳу ваҳдати ҷовидонаи тоҷикон ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолии давлатро, пешкаш карданд, ки бисёр ҷолибу диданӣ буд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари волои санъаткорону ҳаваскорони вилоят, ки бори аввал дар саҳнаи театри навбунёд чунин барномаи тамошобобро таҳия намуданд, баҳои баланд доданд

Дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ майдончаи муосири варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ сурат гирифта, яке аз иншооти муосир дар маркази вилоят маҳсуб меёбад.

Дар маҳаллаи Тирчид 225 оила мавҷуд буда, айни ҳол дар он наздик ба ҳазор нафар сокини то синни 35-сола истиқомат мекунанд. Кӯдакону наврасон ва ҷавонони ин маҳалла солҳои зиёд ба чунин иншооти замонавии варзишӣ эҳтиёҷ доштанд.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки майдончаи варзишӣ дар масоҳати умумии 1170 метри мураббаъ, дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Мусоидат ба сулҳу субот тавассути инфрасохтори муҳим дар шаҳри Хоруғ” бунёд ёфта, дорои 320 ҷойи нишаст мебошад.

Майдончаи варзишӣ бо беҳтарин шароити инфрасохторӣ бунёд гардида, дар он ҳамаи талаботи муосир ба инобат гирифта шудааст. Аз ҷумла, гирду атрофи иншоот пурра чароғон карда шуда, пешайвон ва ҷойи нишасти тамошобинон тавассути соябонҳо аз боду борон муҳофизат мешавад. Дар ҳудуди иншооти мазкур ҳамчунин майдончаҳои хурди дигар барои бозии футбол, баскетбол ва волейбол сохта шудааст.

Фарши майдонча бо рӯйпӯши махсуси резинӣ сохта шудааст, ки дар қаламрави мамлакат усули нав ба шумор меравад. Бартарии рӯйпӯши резинии бедарз дар он аст, ки ба ҳама гуна боду ҳаво гармию сардӣ, тобовар мебошад.

Корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмони майдончаи варзишӣ аз моҳи майи соли равон оғоз ёфта, бо ҷалби чор ширкати сохтмонии ватанӣ – ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Адис”, “Саховати Комрон”, “Помирэнергосервис” ва “Муросо-эко” дар муҳлати камтар аз 3 моҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Айни замон дар маҳаллаҳои Андарситез, Фурудгоҳ, Султони Валӣ, Гулобод ва кӯчаи Насиллобекови шаҳри Хоруғ бунёди боз панҷ адад чунин майдончаи варзишӣ идома дорад.

Бояд гуфт, ки танҳо соли 2019 дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қариб 400 иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шудааст. Бунёди садҳо маҷмааву толор ва майдончаҳои варзишии дигар дар ҳудуди вилоят идома дорад.

Дар як қисми майдончаи варзишӣ гӯшаи алоҳида барои бозии кӯдакон пешбинӣ гардидааст. Дар ин ҷо барои дилхушии кӯдакон тамоми шароит муҳайё карда шуда, он бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мураббиён ва варзишгарони наврас – аъзои тимҳои футболи хурд, ки шогирдони Мактаби махсуси бозиҳои варзишии шаҳри Хоруғ мебошанд, суҳбати самимӣ доир намуда, онҳоро ба донишандӯзӣ, дӯст доштани варзиш, интихоби тарзи ҳаёти солим ва роҳи дурусти ҳаёт талқин намуданд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат ба варзишгарони навраси шаҳри Хоруғ туҳфаҳои гуногун, аз ҷумла сару либоси варзишӣ тақдим намуда, ба бозиҳои футбол дар майдончаи нав оғоз бахшиданд.

Сокинони Маҳаллаи Тирчид, махсусан ҷавонону наврасон, барои дастгириҳои ҳамешагӣ ва иқдомҳои шоиста баҳри вусъати созандагиву бунёдкорӣ, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд

21 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои маркази савдои “Нигини Хоруғ”-ро ифтитоҳ карданд.

Бинои маркази савдои “Нигини Хоруғ” бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Айдибек Бекмуродӣ бунёд гардид.

Мувофиқи лоиҳа бинои маркази савдо аз се ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир ва унсурҳои миллӣ дар дохили бозори “20-солагии Истиқлол”-и шаҳри Хоруғ сохта шудааст.

Дар маркази савдои “Нигини Хоруғ” барои 70 нафар ҷойи кори нав ташкил карда шуд, ки онҳо метавонанд дар ин ҷо фаъолияти соҳибкории худро пеш баранд.

Дар ошёнаи якуми бино нуқтаҳои савдо, дорухона кошонаи ҳусн, ду мағозаи фурӯши хӯроки умумӣ ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгир аст. Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми иншооти нав мағозаи фурӯши либосу пойафзол, олами қолинҳо ва дар як гӯшаи он намоиш ва фурӯши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шудааст.

Тибқи иттилоъи масъулон дар рафти корҳои сохтмонӣ қариб 100 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба сифати корҳои сохтмонии анҷомёфта баҳои баланд дода, ба соҳибкори ватанӣ барои иқдоми шоиста изҳори сипос карданд.

Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди соҳибкории хурд ва дастгирии бахши хусусӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ҳукумати мамлакат ҳамеша ташаббусҳои бунёдкоронаи соҳибкорони маҳаллиро дастгирӣ карда, барои пешбурди фаъолияти онҳо тадбирҳои муҳиму саривақтиро амалӣ менамоянд.

Соҳибкорони бонангу номуси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар корҳои ободонӣ ва сохтмони иншооти таъиноти гуногун саҳми худро мегузоранд.

Баъди сохта мавриди истифода қарор додани бинои нави маркази “Нигини Хоруғ”, ки он бо тарҳи муосир қомат афрохтааст ба сокинон молу маҳсулоти хушсифат пешниҳод карда мешавад.

Пас аз ифтитоҳ кардани бинои маркази савдои “Нигини Хоруғ” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимон ва шахсони имконияташон маҳдуди шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Мурғоб, Ишкошим, Роштқалъа ва Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот ва сӯҳбати самимӣ анҷом доданд.

Пешвои миллат ба бештар аз 100 нафар ятими кул, маъюбон ва шахсони имконияташон маҳдуд тӯҳфаи молӣ ва пулӣ тақдим карданд, ки ин иқдом нишонаи олии ғамхории доимии Сардори давлат ба табақаи ниёзманди ҷомеа мебошад.

Маъюбон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои пайваста ва ғамхории падаронаашон аз самими қалб миннатдорӣ баён намуданд.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзии сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боздид ба амал оварданд.

Аз ҷониби кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят номгӯйи зиёди маҳсулоти кишоварзӣ, меваю сабзавот, асали тозаи кӯҳистон ва гулу гиёҳҳои шифобахш ба намоиш гузошта шуд.

Дар вилоят номгуйи зиёди гиёҳҳои шифобахш мавҷуд аст, ки дар натиҷаи коркард барои муолиҷаи бемориҳои зиёд истифода бурда мешаванд.

Дар шаш моҳи соли 2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 110,1 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ бо деҳқонон сӯҳбат карда, ба онҳо барои самараноку оқилона истифода бурдани ҳар қитъа замини корам, махсусан заминҳои наздиҳавлигӣ, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва захираи кофии маҳсулот дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар доираи “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020” соли равон дар ҳама шаклҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 16,5 гектар боғи нав бунёд гардида, қариб 9 гектар боғи кӯҳна барқарор карда шуд.

Истифодаи мақсадноки замин ба кишоварзони вилоят имкон фароҳам овард, ки соли ҷорӣ майдони кишти ҳамагуна зароат зиёд ва ҳаҷми истеҳсол афзоиш дода шавад

21 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ бинои нави Филиали рақами 66-и Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”-ро ифтитоҳ карданд.

Бинои наву муосири филиали “Амонатбонк” дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ дар муҳлати як сол бо иштироки 100 нафар меъмору сохтмончиёни маҳаллӣ сохта шуд.

Дар ошёнаи якуми Филиали Бонки давлатии амонатгузорӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандон суҳбати озоду ошкоро доир намуда, ифтитоҳи бинои навро дар арафаи таҷлили ҷашни муқаддаси кишвар – 29-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандон туҳфаи арзишманд маънидод карданд.

Бинои филиали мазкур тибқи лоиҳа аз таҳхона ва чор ошёна иборат буда, масоҳати умумии бино 2076 метри мураббаъро дар бар мегирад. Дар таҳхона махзан, утоқи бойгонӣ, ошхона ва ҳуҷраҳои техникӣ ҷойгир карда шудааст.

Дар ошёнаи якум, ки қисми амалиётӣ ба ҳисоб меравад, утоқҳои кории кормандон, хазинадорон ва ҳуҷраи бехатарӣ ҷойгир шудааст.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бонкдорон ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасонии бонкӣ ба муштариён дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави филиали номбурда 20 навъи хизматрасонии молиявиро ба муштариён пешниҳод менамояд, ки ҳамаи ин амалиёт бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ анҷом дода мешавад.

Дар рафти боздид, Роҳбари давлат аз шароити фароҳамовардашуда изҳори қаноатмандӣ карда, ба сохтмончиён барои бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми бино қабулгоҳ, ҳуҷраҳои кории кормандон, маҷлисгоҳи хурд бо 60 ҷой, утоқи муҳосибот ва сармуҳосиб, толори хурди китобхона ҷой дода шудааст.

Дар маҷмӯъ бинои филиали мазкур аз 27 ҳуҷраи кории барҳаво, маҷлисгоҳ, толори хурд ва ду бойгонӣ иборат аст.

Занону бонувоне, ки дар Филиали рақами 66-и “Амонатбонк” дар шаҳри Хоруғ фаъолият мекунанд, ба Пешвои миллат барои муҳайё сохтани шароити арзандаи корӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Бояд зикр намуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Бонки Давлатии Амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” 9 филиал бо 230 корманд, 40 Маркази хизматрасонии бонкӣ, аз ҷумла хазина шабонарӯзӣ фаъолият мекунад.

Аз шумораи умумии кормандони ин бонк дар вилоят 106 нафараш занону бонувон мебошанд, ки 46 фоизи умумии кормандони бонкро дар бар мегирад.

Ҳудуди иншоот гулпӯш шуда, роҳравҳо низ аз ҳар ду ҷониб сафолакпӯшу чароғон гардидааст

21 август дар Майдони ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооти муҳими дигар – Нишони давлатиро ба истифода доданд.

21 август дар Майдони ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооти муҳими дигар – Нишони давлатиро ба истифода доданд.

Бояд зикр намуд, ки ҳанӯз соли 2016 ҳангоми ба истифода додани Парчами давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони вилоят ва шаҳри Хоруғ дастур дода буданд, ки дар ҳамин мавзеъ рамзи дигари давлатдорӣ – Нишони давлатиро ҳам бунёд намоянд.

Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот бештар аз як моҳ идома ёфт. 16 нафар сохтмончии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бунёд” дар ин муддат тавонистанд бо истифода аз масолеҳи сохтмонии баландсифат ин рамзи давлатдории навини тоҷиконро бунёд намоянд.

Дар бунёди таҳкурсӣ ва пояи Нишон санги мармар ва гранит истифода шудааст, ки маҳсулоти ватанӣ ба ҳисоб мераванд. Нишони давлатӣ бо баландии 16,5 метр аз сатҳи замин дар майдони 800 метри мураббаъ сохта шудааст. Гирду атрофи он бо гулу буттаҳои нодири ороишӣ зиннат дода шуда, роҳравҳои атрофи иншоот сафолакпӯш гардидааст.

Дар маҷмуъ Майдони Исмоили Сомонӣ 3200 метри мураббаъ масоҳат дошта ва дар ду тарафи он фаввора сохта шудааст.

Гузоштани нимпайкараҳои фарзандони фарзонаи миллат дар Майдони Исмоили Сомонӣ воқеан ҳам ин мавзеъро ба макони тамошобоб табдил додааст.

Лозим ба таъкид аст, ки солҳои охир дар доираи дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қариб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат рамзҳои давлатдории муосири тоҷикон, аз ҷумла Нишон ва Парчами давлатӣ қомат афрохтанд.

Ин ташаббус эҳсоси ватандӯстию меҳанпарастии мардум, аз ҷумла наслҳои наврасро дучанд намуда, дар замири онҳо ҳисси ифтихор аз миллату давлат ва гузаштаи бойю рангини халқи тамаддунофари тоҷикро қавитар месозад

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар деҳаи Барзуди ноҳияи Рӯшон

20 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Барзуди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Майдончаи муосири варзиширо мавриди истифода қарор доданд.

Майдончаи варзишии замонавӣ аз тарафи соҳибкори саховатпешаи маҳаллӣ Ризвонзода Сафар сохта шудааст.

Оилаи Ризвоновҳо дар пайравӣ аз иқдомҳои созандаю ташаббусҳои беназири Пешвои миллат иқдом гирфтанд, ки барои ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар фурсати кӯтоҳ чунин як иншооти варзишии муосирро бунёд намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иқдоми ҷавонмардони соҳибкори маҳаллӣ изҳори сипос намуда, амали бунёдкоронаи ӯро намунаи ибрат арзёбӣ карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии майдончаи варзишӣ 800 метри мураббаъ мебошад ва дар он бозиҳои футболи хурд, волейбол ва баскетбол гузаронида мешавад.

Акнун ҷавонону наврасони хуштолеи ин гӯшаи зебоманзари Тоҷикистони соҳибистиқлол имкони васеи машғул шудан ба намудҳои гуногуни варзишро дар ин майдонча пайдо карданд.

Дар шафати варзишгоҳ майдони васеи футбол мавҷуд аст. Ҳамчунин як майдончаи бозӣ барои кӯдакон низ бунёд шуда истодааст ва он рӯзҳои наздик пурра ба истифода супорида мешавад.

Дар ҳудуди ноҳияи Рӯшон 3 майдончаи муосири варзишӣ мутобиқ ба талаботи замон бунёд шудааст ва ҳоло сохтмони боз 3 майдонҳои варзишии дигар низ бо ҷалби ҷавонмардони саховатманд идома дорад.

Дар маҷмӯъ дар ноҳияи Рӯшон беш аз 20 иншооти варзишӣ мавҷуд аст.

Айни замон дар Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳияи Рӯшон 646 нафар наврасону ҷавонон ба намудҳои гуногуни варзиш ҷалб карда шудааст.