ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ

Айни ҳол дар ВМКБ 312 адад муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мавҷуд мебошанд, ки аз онҳо 65 адад муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ, 42 адад муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва 205 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд, ки дар онҳо 38123 нафар хонанда таҳсил намуда, ба онҳо 5649 нафар омӯзгор дарс медиҳанд.
Шумораи 26 нафар хонандагон гирандаи стипедияи Президентӣ ва 10 нафар хонанда гирандаи стипедияи Раиси вилоят мебошанд.
Ҷамъбасти сатҳи сифати дониши хонандагони МТМУ-и вилоят дар нимсолаи аввали соли 2020 тибқи ҳисоботи пешниҳодгардидаи шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят сатҳи дониши 2854 -хонанда мавриди санҷиш қарор дода шуд, ки сатҳи сифати дониши хонандагон 48,1 %, азхудкунӣ 91%-ро ташкил медиҳад. Дар шашмоҳаи соли 2020 аз тарафи шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо 24 муассисаи таълимӣ аз аттестатсия ва 9-муассисаи таълимӣ аз аккредитатсияи давлатӣ гузаронида шуда, барои фаъолияти минбаъдаи онҳо иҷозатнома ва шаҳодатномаи аккредитатсияи давлатӣ дода шуд.
Тибқи ҳисоботи ММТ-ии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2019 – 2020 аз теъдоди 2701 нафар хатмкунандагони соли ҷорӣ, 2275 нафар аз қайди Маркази миллии тестӣ гузаштанд, ки ин дар маҷмўъ 84,2 фоизро ташкил медиҳад. Инчунини дигар хатмкардагони солҳои пешин 585-нафар ба қайд гирифта шуданд, ки ин дар маҷмўъ 105,8 фоизро дар бар мегирад.