Табрикномаимуовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба ифтихори 29 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз!

9 – уми сентябри соли 1991 дар сарнавишти миллати тоҷик рухдоди муҳимтарини таърихие ба вуқӯ пайваст ва дар таърихномаи халқамон бо ҳуруфи заррин сабт ёфт ва он Истиқлолият мебошад, имсол тамоми тоҷикистониён 29 – умин солгарди ин зуҳури гаронмоя – яъне, Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо эҳсоси баланди ифтихори миллӣ ва хушнудии бузург таҷлил менамоянд. Истиқлолият, бешак, пурарзиштарин ва бебаҳотарин дастоварди миллати тоҷик дар қарни 20 – ум маҳсуб гардида, ин неъмати афзалтарин ба миллати тоҷик ободию озодӣ, ваҳдату ҳамдилӣ, садоқату муҳаббат, ифтихору хушномӣ ато намуд. Истиқлолият шиносномаи мавҷудияти миллат дониста шуда, маънии комилҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрӣ, низоми давлатдорӣ ва ҳастиву бузургии ҳар як миллатро ифода месозад. Меваи Истиқлолият, бахусус, барои миллати тоҷик шаҳдбору ширин аст, ки тайи асрҳо дар орзуи давлати миллии худ буд ва тавонист баъди ҳазор сол давлатдории худро дубора барқарор намояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки Истиқлолият ба миллати тоҷик барои ба даст гирифтани ихтиёри давлатдорӣ ва боло гирифтани ҳисси худшиносии миллӣ мусоидат кард: «Истиқлол барои мардуми шарафманди тоҷик имконият фароҳам овард, ки ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифта, ба сӯйи зиндагии осуда, эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ роҳи васеъ кушоянд.Соҳибистиқлолӣ ба мардуми шарифу заҳматқарини Тоҷикистон рӯҳи нав бахшида, сатҳи худшиносӣ, эҳсоси ватандорӣ ва ифтихори миллии хурду бузурги кишварро ба зинаи нав бардошт.Тайи даврони соҳибистиқлолӣ миллати куҳанбунёди мо бо таҷрибаву собиқаи давлату давлатдорӣ марҳалаи тақдирсози расидан ба сулҳу ваҳдати миллиро паси сар кард ва дар шоҳроҳи амалӣ намудани нақшаҳои азими созандагӣ, ки ҳадафашон бо тақдири наслҳои имрӯзаву оянда пайванди мустақим дорад, қадамҳои устувор гузошт». Имрӯз Тоҷикистонро чун давлати соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёд, демокративу дунявӣ дар тамоми ҷаҳон мешиносанд ва миллати тоҷикро чун миллати соҳибтамаддуну куҳанбунёд, сулҳхоҳу ватанпарвар эҳтиром мегузоранд. Миллати созандаву ободигарои тоҷик тайи солҳои Истиқлолият ба бисёр дастовардҳои беназир ноил гашт ва дар роҳи рушду тараққии кишвар қадамҳои устувор гузошт. Имрӯз халқи сарбаланди мо бо чунин иншооти бузурги аср, амсоли НБО – Роғун, нақби «Истиқлол», роҳи мошингарди Душанбе – Хоруғ, роҳи оҳани Хатлону Кулоб ифтихор мекунад. Метавон гуфт, ки бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар даврони Истиқлолият Конститутсияи кишвар мебошад, ки соли 1994 қабул шуда буд ва барои ташаккули давлати демокративу дунявти такони ҷиддӣ бахшид. Истиқлол барои иттиҳоди тоҷикони тамоми ҷаҳон заминаи мусоид фароҳам овард ва Тоҷикистони соҳибихтиёр дари худро ба руйи тамоми тоҷикони дунё боз кард. Барои Бадахшон раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ беназиртарин дастоварди Истиқлолият ба ҳисоб меравад, зеро собиқ Иттиҳоди Шуравӣ бо тамоми қудраташ натавонист ин мушкиларо ҳал намояд. Дар ин давраи начандон тулонӣ симои Бадахшон куллан тағйир ёфт. Ҳафтае пеш зимни сафари кории худ ба вилоят Сарвари муаззами кишвар, Ҷаноби Олт Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки тӯли солҳои соҳибистилолӣ барои рушди иқтисодиву иҷтимоии ВМКБ беш аз 18 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Дар ин давра 31 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз се миллиард сомонӣ анҷом ёфта, амалӣ намудани 11 лоиҳаи дигар бо маблағи афзун аз се миллиарду 300 миллион сомонӣ давом меёбад. Танҳо ҳаминро хотиррасон намудан кофист, ки бинои истиқоматии нуҳошёна, Маркази савдои «Нигини Хоруғ», Кохи ҷавонон, театри вилоятӣ, маҷмааи варзишӣ симои маркази маъмурии вилоят – шаҳри Хоруғро батамом дигар кардаанд ва он тадрҷан ба як шаҳри ҳозиразамон табдил ёфта истодааст. Аз файзу баракати истиқлол ноҳияҳои вилоят низ рушд карда, сатҳи зиндагии мардум дар қиёс бо солҳои пешин хеле беҳтар гардидааст. Миллати тамаддунофари тоҷик имрӯз ифтихор дорад, ки 29 – сол пеш ба истиқлолияту соҳибихтиёрии воқеии худ таҳкурсӣ ниҳод ва давлатдории миллии худро замина гузошт. Замони соҳибистилолӣ рукнҳои асосии давлатдорӣ хеле таҳким ёфтанд ва кишвари мо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳу мавқеи шоиста касб кардааст.Ҳоло давлати мо дар пайи амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии хеш чораҳои судманд андешида истодааст ва мо боварӣ дорем, ки дар ояндаи начандон дур Тоҷикистон ба яке аз беҳтарин давлатҳои аз лиҳози саноатӣ рушдкарда мубаддал хоҳад гашт. Мо ба чунин рузҳои пурсаодат ба шарофату баракати Истиқлолият расидаем ва дар ин росто ҳифзи дастовардҳои он вазифаи ифтихорию пуршарафи ҳар як шаҳрванди Ватани азизамон мебошад. Ба Истиқлолияти давлатию миллии мо 29 – сол пур шуд ва ин барои ҳар яки мо рузи фархундаю айни замон муқаддас мебошад, зеро ҳастиву мавҷудияти ҳар як миллат бе истиқлолияту соҳибихтиёрӣ маънӣ надорад. Ҳамаи ҳамдиёрони арҷмандро бо фарорасии Истиқлолияти давлатию миллиамон сидқан муборакбоду шодбошӣ мегуям, ба ҳар як хонадон осудагиву тинҷӣ рузгори пурфайзу баракат, зиндагии пурнишот таманно менамоям:Хуҷаста бошадо иқболи тоҷик,Ба парвози навин шаҳболи тоҷик.Гар истиқлолаш истиқбол дорад, Ҳумоюн бод истиқлоли тоҷик!