ВОХУРИИ СУДМАНД

Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Ëдгор Файзов муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонони ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳрамони бозиҳои олимпии соли 2016 Дилшод Назаровро ба ҳузур пазируфтанд.Раист вилоят меҳмононро ба вилоят хайра мақдам хонда аз дастгириҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сохтмони майдончаҳои варзиши ва дастгири ҷавонони вилоят дар соҳаи варзиш изҳори сипос намуд. Раиси вилоят аз дастовардҳои соҳаи варзиш дар вилоят сухан намуда қайд карданд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шарикони рушд ҷавонони вилоят соҳиби майдончаҳои варзишии замонавӣ гардиданд. Ҷонибҳо баҳри беҳтар намудани соҳаи варзиш дар вилоят андешаҳоро баён намуданд.