Паёми табрикии раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов бахшида ба таҷлили «Рӯзи забон»

Ҳамдиёрони гиромӣҚабули қонуни забон дар Ҷумҳурӣ яке аз дастовардҳои муҳими истиқлолияти Тоҷикистон ба хотири рушди бузургтарин сарвати милли-забон мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки пойдориву ҳастии ҳар қавму миллат ба ҳастии забон, ғамхори ва бунедниҳии заминаҳои рушди он вобастаги дорад. Дар асоси сарчашмаҳои таърихии тоҷикон, ибтидои ташаккулёбии забону ислоҳоти тоҷики ба ҳазораи дуюми пеш аз милод, ки роҳи басо тӯлони ва мураккаб будааст, рост меояд. Ин ибтидои ифтихоромез имкон дод, ки минбаъд ва бахусус, дар аҳди Оли Сомон забони тоҷикии мо ба мартабаи баланди ташаккул ва шуҳратёби расид.Боиси фахр аст, ки имрӯз забони давлати таҳти ҳимояи давлат ва сарпарастию таваҷҷуи ҳамешагии сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Суханони Президенти кишвар дар яке аз мулоқотҳо бо зиёиёни кишвар, «Масъалаи рушди забон, покизагии забони адабӣ ин сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи забон мебошад» далели гуфтаҳои боло мебошад. Имрӯз, ин ҳақиқати таърихи бо ғамхори ва пуштибонии пайвастаи Президенти мамлакат, ба баланд бардоштани мақоми забони тоҷики тавассути тахрезии барномаҳои навин ба субут расида истодааст. Ҳар яки мо бояд, ин хақиқати таърихиро дарëбем ва қадри модару Ватан, давлатдори ва арзишҳои волои аҷдоди, аз тариқи муқаддас донистани забони милли бирасем. Иҷлосияи 10-уми Шуърои Олии ҶШС Тоҷикистон, 22 июли соли 1989 Қонуни забонро қабул намуда, ба забони тоҷики мақоми забони давлати дод ва хушбахтона имруз иди Забонро ҳамчун иди умумимилли ҷашн мегирем. Инчунин он миллату халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқи озодона истифода аз забони модарӣ доранд. Дар моддаи чоруми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи озодона ва инкишофи забонҳои маҳаллӣ аз ҷумла Бадахшонӣ (помери) шароит фароҳам овардааст, ки ин аз ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба забону фарҳанги мардуми мо дарак медиҳад.Забон нахустомили ташаккулёбии ҳар халқу миллат ва тарзи давлатдории уст. Бақои миллат ва пешрафти ҳамаҷонибаи давлати мо аз тавонои ва мақоми забони тоҷики, ки ба қавли Ҷаноби Оли Эмомалӣ Раҳмон «бо номҳои забони дари ва форси низ маълум аст» вобастагии зич дорад. Имрӯз забони тоҷики дар Осиёи Миёна, Афғонистону Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Чин ва дигар мамолики дуру наздик густариш дошта, мартабаи байналмиллали касб намудааст. Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон масъалаи рушди забони тоҷикиро дар пешрафти ҳаёти ҷомеаи муосир басо мухим шуморида дар ин самт чорабинихои зиёди илми-фархангиро руйи кор овардааст. Забони миллии мо бояд мақоми устувори худро дар таҳсилот, илму фарханг иттилоот, иҷтимоиёту иқтисод пурра биёбад. Тарзи баёни ҳар фарди тоҷик бояд фасеху равон, сода ва оммафаҳм гардад, вале мутаасифона ҳоло мо ба ин пурра ноил нагардидаем. Аз ин ру дар ин самт корҳои зиёд ба анҷом расонидан лозим меояд. Президенти мамлакат таъкид карда буданд, ки «зиндагии оянда аз наслҳои нав саводу маърифати баланд, ҷаҳонбинии васеъ, дониши амик, донистани технологияи навтарин ва забондониро ба таври қатъи талаб мекунад». Аз ин лиҳоз басо лозимист, ки дар баробари забони давлати омузиши забонҳои хориҷи, хусусан русию англисӣ ба таври лозими ба роҳ монем. Дар анҷом мехостам, ҳамаи Шумоëн-ҳамватанони азизамонро бо Рӯзи Забон –иди умумимлию давлати сидқан табрику таҳният гуям, дар амалу фаъолияти ҳаррузаатон комёбиҳо ва рӯзгоратон осудагиву хушбахти таманно намоям!Ид муборак!Ҳамватанони азиз!

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонмуҳтарам Ҷаноби Олӣ, Мавлуди мубораку пурфайзатонро бо накӯтарин, гармтарин таманниёту изҳори эҳтироми бузург дар ин фасли зеботарини сол – фасли зарринқабо аз номи худам ва кулли сокинони Бадахшонзамин сидқан табрику шодбош мегӯям. Мардуми баландиқболу саодатёри вилоят аз он ифтихорманду сарфароз ва шукргузоранд, ки дар шахси Шумо Сарвари хирадпешаву окил ва дурбин, покниходу адолатчуву додгустор доранд, чаро ки Худованди мутаъол дар ниҳоди Шумо – фарзанди баору номус кайҳо боз ҷавҳари меҳру муҳаббати пок нисбат ба халқу меҳани худ ва ниятҳои неки созандагӣ баҳри рушду нумӯи он ҷо додааст. Ин аст, ки Шумо рисолати роҳбариву шиори «Хизмат кардан ба халқу Ватан»-ро бо дарки амиқи масъулиятшиносӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ, донишҳои мукаммали сиёсӣ ва дасту дили пок адо намуда истодаед. Мардуми хирадпешаи Тоҷикистон минҷумла сокинони минтақаи Бадахшон имрӯз бо камоли эҳтиром қадрдонӣ аз он карда истодаанд, ки маҳз бо иқдомҳои ҷавонмардонаю кӯшишҳои хастанопазири Шумо ҳар як гӯшаю канори Ватани азизизамон ба таври шинохтанашаванда тағир ёфта истодааст ва ҳар тоҷику тоҷикистонӣ бо умеду урзуҳои нав ба фардо, ба зиндагии аз ин ҳам беҳтару шукуфотар, ободии бештари Ватани азизамон қадамҳои устувор ба суи оянда гузошта, дуогуи ҳар субҳу шоми Шумо дар роҳи ободиву шукуфои хурамзамини Тоҷикистон мебошад ва кушиш ба харҷ медиҳанд, ки баҳри идомаи пайкори созандаи Шумо Пешвои муаззами миллат ва рушду тараққиёти кишвари азизамон саҳми ҳарчи бештару арзандаи худро гузоранд. Бо чунин ниятҳои нек ва ихлоси беқиёс ба Шумо муҳтарам Ҷаноби Олӣ, бори дигар бо ин рӯзи ниҳоят мубораки ҳаётатон самимона табрик гуфта, ба Шумо тани сихат, хотири болида, умри пур аз хайру баракат, иқболу шарафи аз ин ҳам зиёдтару осудатари хонадону камоли умри фарзандон, расидан ба қуллаҳои баландтарини мақсудатон икболи бузург таманно менамоям. Бо арзи иродату эҳтироми қалбӣ,Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Ëдгор Файзов