Ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию-иқтисодии шаҳри Хоруғ дар 9 моҳи соли 2020

14 октябри соли 2020 дар толори МИҲД-и вилоят таҳти раёсати раиси шаҳри Хоруғ ва раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон муҳтарам Ëдгор Файзов ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию-иқтисодии шахр дар 9 моҳи соли 2020 баргузор гардид. Дар ҷаласа як қатор роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, раисони маҳаллаҳо роҳбарони сохторҳои қудратӣ иштирок намуданд. Мудири бахши рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ Сафар Қурбоншоев оиди ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2020-ум баромад намуда иброз дошт, ки дар ин муддат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ барои тақвияти фаъолияти иқтисодиву иҷтимоии шаҳр корҳои натиҷабахшро анҷом додааст. Барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Хоруғ ,ки барои солҳои 2020- 2025 таҳрези шудааст аз 46 банди лоиҳа иборат буда ба он рушди тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими шаҳри Хоруғ ворид гардидааст. Дар робита ба иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет қайд шуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2020-ум нақшаи қисми даромади буҷет барзиёди иҷро гардида он 101 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Дар шаҳри Хоруғ 42 корхона ва коргоҳҳои саноати фаъолият доранд ,ки дар нуҳ моҳи соли равон ба маблағи зиёда аз 20 миллион сомони маҳсулот истеъсол намудаанд, ки ин рақам нисбати соли гузашта 22 фоиз кам арзёби мегардад. Дар робита ба иҷрои бандҳои нақша чорабиниҳо бахшида ба 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикитсон қайд шуд ,ки тибқи нақша дар шаҳри Хоруғ бунёди 70 иншооти таъиноти гуногун дар назар дошта шудааст. Дар муҳокима ба масъалаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Хоруғ дар нуҳ моҳи соли 2020-ум ҳамзамон роҳбарияти раёстаи молия, андоз, корхонаи хоҷагии манзиливу камуналии шаҳри Хоруғ, корхонаи таъминоти об ва канализатсия, баромад намуда барои бартараф намдуани мушкилоту камбудиҳои дар соҳа дошта таклифу пешниҳод ба миëн гузоштанд.Дар фарҷом Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба сокинони шахри Хоруг барои иштироки фаъолона дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдорӣ намуда, аз номи сокинони вилоят Пешвои муаззами миллатро бо пирӯзӣ дар интихоботи Президентӣ табрик намуда, ба шахсияти у сиҳативу саломатӣ ва барои Тоҷикистони азизи мо пешравиҳоро таманно намуд.