ТАЬМИНИ ОБИ НУШОКИ

Зимни сафари кори ба нохияи Ишкшоим раиси вилоят дар маросими ба истифода додани хати оби нушоки иштирок ва сухрони намуданд. Дар деҳаи Ҳисори Ҷамоати деҳоти Зонг нуқтаи оби нӯшокиро, ки дар ҳамкорӣ бо Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимоии Кӯҳистони Фонди Оғохон ва Раёсати Шаетсария оид ба хамкори ва рушд бо арзиши лоҳиавии 422320 ҳазор сомонӣ ва дарозии умумии хати оби нӯшокӣ 11593 метрро ташкил медод мавриди истифода қарор дода шуд. Маблағгузор Раёсати Шветсария оид ба ҳамкорӣ ва рушд мебошад.Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муҳтарам Файзов Ёдгор Доёрович зимни баромад барои ҳамкориҳои мутақобилан судманди рушд алалхусус БҶИИМК –и Хазинаи Оғохон, Раёсати Шветсартя оид ба хамкори ва рушд ва барои сокинони деҳаи Ҳисор ҷиҳати саҳмгузорӣ дар корҳои созандагиву бнёдкорӣ изҳори миннатдорӣ намуданд. Инчунин мененҷери минтақавии БҶИИМК дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Хумориков Хуҷамёр оид ба амалӣ гардидани пружаҳо ва ҳамкориҳои дуҷониба суханронӣ намуданд.Дар навбати худ сокинони ин деҳа миннатдории самимии худро ба роҳбарияти Олии кишвар, роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва БҶИИМК –и Хазинаи Оғохон ва Раёсати Шветсария оид ба ҳамкорӣ ва рушд баён доштанд. Нимаи ҳамин рӯз дар деҳаи Шитхарви Ҷамоати Шитхарв хати оби нӯшокӣ бо арзиши умумии 1246794 сомонӣ ва дарозии хати обӣ нӯшокӣ 14371 метр, мабаггузори асосии лоиха Раёсати Шветсария оид ба хамкори мебошад мавриди истифода қарор дода шуд. Сокинони деҳаи Шитхарв аз дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати кишвар, роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимоии Манотиқи Кӯҳистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳия сарфароз буда сипоси самимии худро баён намуданд.Ҳамчунин дар деҳаи Қозидеҳ хати оби нӯшокӣ бо арзиши умумии 858177 сомонӣ бо дарозии 15213метр мавриди истифода қарор дода шуд.Бояд қайд намуд, ки сол то сол дастрасии аҳолии деҳоти ноҳия ба оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардида мушкилотҳои ҷойдошта бартараф гардида истодаанд.


Зимни сафари кори раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ëдгор Файзов аз муассисаи таълимии рақами 23 деҳаи Яхшиволи ноҳияи Ишкошим дидан намуданд.

Зимни сафари кори раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ëдгор Файзов аз муассисаи таълимии рақами 23 деҳаи Яхшиволи ноҳияи Ишкошим дидан намуданд. Аз фонди захиравии раиси вилоят барои аз нав тамир кардани болопуши бинои мазкур 13 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст, ки сабаби бартараф гардидани мушкилоти чойдошта дар ин муассиса гардид. Аз навсозии муассисаи мазкур тибқи нақшаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим солҳои 2021 – 2025 ба нақша гирифта хоҳад шуд.

Субҳи имрӯз раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ëдгор Файзов бо мақсади шиносои аз вазъияти иқтисодиву иҷтимоии нохия ва омодаги ба зимистони дар пешистода ба нохияи Ишкошим сафар карданд.

Субҳи имрӯз раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ëдгор Файзов бо мақсади шиносои аз вазъияти иқтисодиву иҷтимоии нохия ва омодаги ба зимистони дар пешистода ба нохияи Ишкошим сафар карданд. Зимни сафари кори раиси вилоят аз шароити муассисаи таълимии рақами чоруми ҷамоати деҳоти Зонги деҳаи Зонг дидан намуданд. Муассисаи мазкур бо маводҳои сузшвори (ангиштсанг) ва таҷҳизотхои гармидиҳи таъмин буда барои гузаронидани зинистони дар пешистода омода мебошад. Раиси вилоят ба дониши хонандагони муассиса баҳои баланд дода барои бартараф намудани баъзе камбудиҳои ҷойдошта ба масьулин супоришҳои мушаххас доданд.

ТАЧЛИЛИ РУЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ВМКБ

Имрӯз бо иштроки раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабини муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони идораву муассисаҳои вилояти иштрок намуданд. Зимни суханронӣ раиси вилоят қайд доштанд, ки мавҷудияти рамзҳои давлатӣ аз истиқлолияти давлатӣ ва ҳуввияти миллӣ шаҳодат медиҳад, аз ҷумла, Парчам чун як рамзи истиқлолияти давлатӣ ва ифодакунандаи азму иродаи миллат дар таърихи давлатдорию давлатсозӣ ва инсоният мавқеи муҳим дорад. Парчам ба сифати як рамзи ҳастии кишвар ва давлатдорӣ миёни дигар рамҳои давлатӣ ҷойгоҳи хосе дошта, дар шинохту ҳуввияти ҳар як миллат аз худ нақши носутурдание гузоштааст. Ба ин маънӣ Парчам дар таърихи давлатдории тоҷикон мавқеи муносиб ва таърихи омӯзандаеро дорост. Нахуст зикр кардан бамаврид аст, ки Парчами давлатию миллии мо, пеш аз ҳама, тимсоли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб гардида, иттиҳоду якдилии миллатҳои дар ин кишвар зиндагидоштаро ифода менамояд. Ҳамчунин Парчам дар баргузории чорабинҳои расмию ғайрирасмӣ , фарҳангию варзишӣ, дар маросими савгандёдкунии Президенти мамлакат нақши хос дорад. Тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз интихоб шудан ба ин мқоми олии давлатӣ – Президенти кишвар шахси интихобшуда баъд аз расми савгандёдкунӣ дар назди Парчам зону зада, онро мебӯсад ва бо ин садоқати худро ба Ватану миллат ва муқаддасоти миллии он ифода менамояд. Расми савгандёдкунӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ низ роиҷ буда, ҳар як сарбоз пас аз қабул шудан ба сафи ин ниҳод қасам ёд мекунад. Ба ин хотир ба Парчам чун яке аз муқаддасоти миллӣ ҳар як шаҳрванди кишвар, сарфи назар аз мавқеи иҷтимоӣ, эҳтиром мегузорад. Рӯзи Парчам мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 24 – уми ноябр эълон гардидааст ва ин сана ҳамчун рузи ид дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон бошукуҳ ва тантана истиқбол гирифта мешавад. Бигзор, Парчами давлатию миллии Тоҷикистон ҷовидона парафшон бошад. Дар анҷоми чорабини бархе аз кормандони давлати бо ифтихорномаи раиси вилоят қадридони гардиданд ва инчунин барномаи фарҳангӣ манзури иштирокдорон гардид.

ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонтаъин намудани Мирзонабот А.Х.Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:Мирзонабот Алишер Худоберди иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шавад.ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонш. Душанбе24 ноябри соли 2020№91

Табрикномаи муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Файзов Ёдгор бахшида ба Рузи Парчами давлатию миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 – ноябри соли 2020

Ҳамдиёрони иззатманд!

Мавҷудияти рамзҳои давлатӣ аз истиқлолияти давлатӣ ва ҳуввияти миллӣ шаҳодат медиҳад, аз ҷумла, Парчам чун як рамзи истиқлолияти давлатӣ ва ифодакунандаи азму иродаи миллат дар таърихи давлатдорию давлатсозӣ ва инсоният мавқеи муҳим дорад. Парчам ба сифати як рамзи ҳастии кишвар ва давлатдорӣ миёни дигар рамҳои давлатӣ ҷойгоҳи хосе дошта, дар шинохту ҳуввияти ҳар як миллат аз худ нақши носутурдание гузоштааст. Ба ин маънӣ Парчам дар таърихи давлатдории тоҷикон мавқеи муносиб ва таърихи омӯзандаеро дорост. Нахуст зикр кардан бамаврид аст, ки Парчами давлатию миллии мо, пеш аз ҳама, тимсоли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб гардида, иттиҳоду якдилии миллатҳои дар ин кишвар зиндагидоштаро ифода менамояд. Ҳамчунин Парчам дар баргузории чорабинҳои расмию ғайрирасмӣ , фарҳангию варзишӣ, дар маросими савгандёдкунии Президенти мамлакат нақши хос дорад. Тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз интихоб шудан ба ин мқоми олии давлатӣ – Президенти кишвар шахси интихобшуда баъд аз расми савгандёдкунӣ дар назди Парчам зону зада, онро мебӯсад ва бо ин садоқати худро ба Ватану миллат ва муқаддасоти миллии он ифода менамояд. Расми савгандёдкунӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ низ роиҷ буда, ҳар як сарбоз пас аз қабул шудан ба сафи ин ниҳод қасам ёд мекунад. Ба ин хотир ба Парчам чун яке аз муқаддасоти миллӣ ҳар як шаҳрванди кишвар, сарфи назар аз мавқеи иҷтимоӣ, эҳтиром мегузорад. Рӯзи Парчам мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 24 – уми ноябр эълон гардидааст ва ин сана ҳамчун рузи ид дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон бошукуҳ ва тантана истиқбол гирифта мешавад. Суннати парчамдорӣ дар таърихи кишвар ва миллати мо аз даврони хеле қадим вуҷуд доштааст ва то имрӯз низ мавқеияти хосеро дар ҷомеаи навин дорост. Ойини парчамдорӣ аз насл ба насл то замони муосир омда расидааст ва ин як далели равшани хештаншиносӣ ва ору номуси ватандории миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Дар замони соҳибистиқлолӣ Парчами давлатию миллии мо тавонист миллати тоҷикро дар атрофи худ муттаҳид созад ва дар таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ нақши муҳим бозад. Парчам дар ниҳоди ҳар як фарзанди баномуси Ватан эҳсоси ватанпарастию худшиносӣ ва ифтихори миллиро бедор менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ин нуктаро махсус гӯшзад кардаанд: “Ҳар як фарди кишвар бо эҳтироми Парчами давлати худ эҳсоси ватандориву ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва фарҳангсозу соҳибтамаддун будани халқи хешро собит мекунад. Зеро дар он рӯҳи ниёгони некном, далериву матонат ва орзуву омоли мардуми куҳанбунёди мо инъикос шудаанд. Воқеан, парчам дар замони соҳибистиқлолӣ тавонист, ки ваҳдату ягонагӣ, ҳисси баланди миллӣ, нангу номуси ватандорӣ, инсондӯстиву фарҳансолорӣ ва саъю талоши созандагии мардуми сарбаланди тоҷикро таҷассум намояд ва ормону орзуҳои деринаи халқамонро дубора зинда гардонад. Бинобар ин, мо бояд Парчами давлатиро мисли аҷдоди худ ҳамчун рамзи ҷовидонии давлатдории миллӣ ҳифз кунем, рӯҳу ҷони худро бо он пайванд созем ва дар ҳама ҳолат барои ҳимояи манфиатҳои давлату миллати хеш таҳти ин ливои зафар сарҷамъ бошем”. Тавре Ҷаноби Олӣ ишора намудаанд, Парчам чун рамзи ҳастии миллату мавҷудияти давлат ҳанӯз аз даврони бостон мақому манзалати арзанда дошт. Парчам ба сифати рамзи асосии ватану ватандорӣ дар майдонҳои ҳарб ҷавлон мезад. Ҳанӯз дар он замонҳо парчамдорон ё худ онҳоро аламбардор мегуфтанд, пешопеши лашкар ҳаракат менамуданд ва бо ҷавлон додану парафшон намудани Парчам ҷанговаронро дар майдони набард зидди душман руҳбаланд мекарданд. Баъди қабул гардидан ҳамчун яке аз рамзҳо ва муқаддасоти миллӣ Парчам дар баробари Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ба сифати сарвати маънавии ҷомеаи мо дониста мешавад ва ҳар як хурду бузурги Тоҷикистон онро қадрдонӣ менамояд. Арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ, ки яке аз онҳо Парчам мебошад, муҳаббату садоқати ҳар ватандорро ба давлати миллиаш ифода сохта, таҳти парафшонии ин ливо мардуми сарбаланди мамлакат ба меҳнати созанда машғул мебошад ва ояндаи фирӯзи худро бунёд мекунад. Суннату таърихи парчамдории мардуми тоҷик наслҳоро бо ҳам пайванд месозад, ба ин маънӣ омили муҳимест, ки иттифоқу ҳамбастагии миллати тоҷикро инъикос менамояд. Бо изҳори қаноатмандӣ аз ин рӯзи фирӯзу хуҷаста ҳамаи Шуморо бо Рӯзи Парчами давлатию миллӣ табрику таҳният мегӯям ва таманнои он дорам, ки ҳамеша сиҳату саломат, осудаю хушрӯзгор, болидатабъу хотирҷамъ бошед! Бигзор, Парчами давлатию миллии Тоҷикистон ҷовидона парафшон бошад

Зимни сафари кори раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ëдгор Файзов ва Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумаев аз муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ аз ҷумла рушди барвақтии кӯдак, Маркази саломатии ноҳия ва муассисаи таълимии ноҳияи Роштқальа дидан карданд.

Зимни сафари кори раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ëдгор Файзов ва Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумаев аз муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ аз ҷумла рушди барвақтии кӯдак, Маркази саломатии ноҳия ва муассисаи таълимии ноҳияи Роштқальа дидан карданд. Зимни боздид раиси вилоят аз вазъияти зимистонгузаронии муассисаҳои мазкур шинос гардида барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масьулини ноҳия супоришҳои мушаххас доданд. Қайд карда шуд, муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ аз ҷумла соҳаи тандурустӣ ва маориф таҳти назорат бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта зимистони дар пешистода кудакон ва беморон дар мадди аввал бо гарми таъмин мегарданд.

Зимни сафари корӣ Раиси ВМКБ муҳтарам Ёдгор Файзов, Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Далер Ҷумъаев ва Раиси ноҳияи Роштқалъа Назарҳозода Лоиқ бинои Ҷамоати деҳоти Барвозро ба истифода доданд.

Зимни сафари корӣ Раиси ВМКБ муҳтарам Ёдгор Файзов, Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Далер Ҷумъаев ва Раиси ноҳияи Роштқалъа Назарҳозода Лоиқ бинои Ҷамоати деҳоти Барвозро ба истифода доданд.

ретье заседание Руководящего комитета Хорога состоялось под председательством Губернатора Горно-Бадахшанской автономной области (ГБАО) Его Превосходительства г-на Йодгор Файзов.

Представители заинтересованных национальных и международных агентств и местных властей согласовали следующие шаги по развитию в Хороге и прилегающих районах.На встрече присутствовала Ее Превосходительство г-жа Директор Швейцарского бюро сотрудничества (ШОС) в Таджикистане Саломе Стейб, заместитель директора ШОС Таджикистан г-н Ричард Ченевард и заместитель директора Комитета архитектуры и строительства при Правительстве Таджикистана г-жа Шахноза Рахматуллозода. Присоединившись к совещанию, также были первый заместитель мэра Хорога, заместитель директора компании Pamir Energy, начальник отдела градостроительства Института проектирования Шахрофар, генеральные директора АКАХ и АКФ, представители УЦА, АКДН и СЕКО.Губернатор отметил: ′′ Программа устойчивости города Хорог объединяет правительство Таджикистана на национальном и муниципальном уровнях, международные партнеры, частный сектор и коммунальные услуги для обеспечения безопасности города Хорог и место возможностей.” Программа привлечет технические знания для поддержки работы государственных структур, устойчивого города, связанного с инвестиционным планом, и видения города на будущее.Мисс. Стейб отметил давнее позитивное сотрудничество правительства Таджикистана с правительством Швейцарии в областях гуманитарной помощи, сотрудничества в целях развития и финансовой и технической помощи. Она добавила, что подписание двух важных меморандумов по проблемам воды и изменения климата с Правительством Таджикистана, расширение масштабов сотрудничества, и такие мероприятия, как Программа устойчивости к городам Хорог, основываются на важном фундаменте сотрудничества. Уникальная структура Программы устойчивости к городам Хорога, охватывает все эти новые аспекты и объединяет заинтересованные стороны от сообщества до местного и национального уровня с участием международных партнеров, с тем чтобы сделать Хорог более устойчивым, а также развивать передовую практику в области устойчивая разработка, которая может быть использована в качестве модели для репликации.Руководящий комитет согласовал следующие шаги по обновлению нынешнего Плана Хорог Тауна, следующие шаги по структурированию инвестиционного планирования, а также условия участия общин.О программе устойчивости к городам Хорога (КУРП): КУРП – пятилетняя инициатива по созданию структур, систем и возможностей для превращения Хорога в образцовый устойчивый город, способствующий устойчивому экономическому росту и инвестициям. Программа связывает структуры правительства Таджикистана, планирование и инвестиции с инициативами сообщества и национальных и международных партнеров по повышению устойчивости и планированию возможностей для Хорога. Финансирование осуществляется Отделом экономического сотрудничества и развития Швейцарского Государственного секретаря по экономическим вопросам (СЕКО) при совместном финансировании со стороны агентств АКДН и международных партнеров. КУРП реализуется Агентством Ага Хан по Хабитат при поддержке Фонда Ага Хан.

Ситоди ҷумҳурявӣ оид ба зимистонгузаронӣ

Санаи 18 ноябри соли 2020 ҷаласаи Ситоди ҷумҳурявӣ оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №199 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъоляти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021» таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ баргузор гардид, дар он омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба зимитонгузаронӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Ҷаласаи мазкур тариқи видеоконфронс баргузор гардида, дар кори он намояндагони вазорату идораҳо соҳаӣ-аъзои Ситоди ҷумҳуриявӣ ва намояндагони субектҳои иҷтимоиву иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштрок намуданд.Дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №199 супоришу тадбирҳои вобаста ба ҳалли масъалаҳои омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони соли 2020-2021 дар 4 банд 42 зербанди Нақша чорабиниҳо пешбини гардида, муҳлати иҷрои онҳо ва мақомоти иҷрокунанда ба таври мушаххас дарҷ гардидаанд.Бояд қайд намуд, ки бо мақсади Нақшаи мазкур дар тамоми сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қарорҳои дахлдори дохилӣ ба тасвиб расида, ситодҳои фаврӣ таъсис ва нақша чорабиниҳои дахлдор тасдиқ карда шудаанд.Дар асоси пешниҳодҳои вазорату идораҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, Вазорат оид ба рафти иҷрои қарори зикргардида гузоришҳои ҷамъбастии ҳармоҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шудааст.Ҳамзамон, бо мақсади омӯзиши ҳолати воқеии рафти иҷрои қарори мазкур тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдори соҳавӣ таъсис дода шуда, ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ноҳияҳои тобеӣ ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе сафари корӣ анҷом дода, аз рафти иҷрои қарори болозикр ва омодагии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъоялти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021, аз ҷумла дар муассиаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, нақлиёт, корхонаҳои саноатӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, раёсатҳои матлубот, шабакаҳои барқи ва ғайраро мавриди омӯзиш қарор дода, гузоришҳои дахлдор ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намудааст.Лозим ба қайд аст, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли2020, №199, қарори раиси вилоят аз 22 апрели соли 2020, №101 «Оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №199 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъоляти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони соли 2020-2021»-ро ба тасвиб расонида, аз ҷониби сохторҳои марбута мавриди иҷро қарор дода шудааст.Дап рафти ҷаласа аз ҷониби Муовини Сарвазир оид ба камбудиҳои ҷойдошта дар самти захираҳои маводи озуқаворӣ ва маводи сухт ибрози назар карда шуда, супоришҳои қатъи вобаста ба таъмини иҷрои нақшаи захира ва сари вақт омода намудани соҳҳаҳои мухталифи ВМКБ ба зимистонгузаронӣ дода шудаанд.Дар охири ҷаласа муҳтарам муовини Сарвазир супоришҳои мушаххас ба вазорату идораҳои дахлдор ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ дар самти гузаронидани мавсими зимистонгузаронии солҳои 2020-2021 додаанд.

8383Поделились: 23НравитсяКомментироватьПоделиться