РӮЙДОДҲОИ МУҲИМ ВА ХОТИРМОНИ СОЛИ 2020 Ш. АФЗАЛШОЕВ.

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМ ВА ХОТИРМОНИ СОЛИ 2020 Ш. АФЗАЛШОЕВ. Соли 2020 дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон воқеаҳои муҳим ва хотирмон ба вуқӯъ пайвастанд. Дар роҳи таҳкими давлатдорӣ Дар ибтидои сол маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва шаҳраку деҳот оғоз гардид. Интихобот 1 март доир гардида, дар овоздиҳӣ 104 ҳазору 710 нафар, ё худ 97,3 фоизи интихобкунандагони вилоят иштирок намуданд. Аз натиҷаи овоздиҳӣ дар 2 ҳавзаи ҳудудӣ- интихоботӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим ва Азиз Гиёзода вакил интихоб гардиданд. Аз 66 ҳавзаи интихоботӣ ба Маҷлиси намояндагони халқи ВМКБ дар рӯзи интихобот 64 вакил ва 2 вакили дигари халқи вилоят дар овоздҳии такрорӣ интихоб гардиданд. 27 март дар ҷаласаи якҷояи мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии бисёрмандатии ВМКБ №1 доир гардид. Дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонии 311 нафар вакилони интихобшудаи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёдгор Файзов – раиси ВМКБ, Саидраҳмон Абдураҳмонзода- раиси ноҳияи Дарвоз, Фаррух Додихудо-раиси ноҳияи Рӯшон, Шодигул Қонунзода-директори муассисаи давлатии Мактаби президентии шаҳри Хоруғ, Мусо Мирзозода-раиси ноҳияи Ишкошим интихоб гардиданд. Муҳимтарин рӯйдоди дигари сиёсӣ интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Интихобот дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ баргузор гардид. Дар интихобот 110 ҳазору 193 ё худ 99,99 фоизи интихобкунандагон ширкат доштанд. Аксари кулли интихобкунандагон ба тарафдории номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд. Пешгирии хуруҷ ва паҳншавии КОВИД-19 Бинобар хуруҷ гирифтани бемории сироятии коронавируси навъи КОВИД-19, ба мақсади пешгирии паҳншавии он дар вилоят аз ибтидои сол андешидани чораҳои амалӣ оғоз гардиданд. Дар гузаргоҳҳои сарҳадии Қулма ва Қизиларт аз ҳисоби мутахассисони соҳаи тиб ситоди доимоамалкунанда таъсис дода шуд. Рафтуомади мусофирон ба ҳар ду ҷониб зери назорати тиббӣ ва карантинӣ қарор гирифт. Корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба хатари ин беморӣ ва роҳҳои муҳофизат аз гирифтор шудан ба ин вабо ба роҳ монда шуданд. Дар баробари ин, дастрас ва таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ ва аҳолӣ бо маводҳои муҳофизатӣ ва безараргардонӣ, доруворӣ ва лавозимоти зарурии табобатӣ дар муассисаҳои тиббӣ ҳаллу фасл мегардид. Бо кумаки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии аҳолии осебпазир, аз ҷумла табибон ва маризон кумаки яквақтаи озуқаворӣ ва доруворӣ дастрас гардид. Фаъолияти дастҷамъонаи мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо шарикони рушд, бахусус Хадамоти тандурустии Хазинаи Оғохон, дигар ташкилотҳои хайрхоҳ, аҳли ҷомеа, аз ҷумла ризокорон имкон дод, ки давоми сол хуруҷи ин беморӣ дар вилоят назар ба дигар манотиқи кишвар пасттар буд. Чораҳои андешидашуда, бахусус Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз ҷумла таъмини шаҳрвандон бо варақаҳои корношоямӣ ва пардохти ҷубронпулиҳо, нигоҳубин ва табобати беморони коронавирус аз ҳисобимаблағҳои мақсаднок, аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ пардохти яквақта ба андозаи музди меҳнати ҳадди ақал, иловапулӣ ба табибон, ки ба ташхис ва муолиҷаи беморони коронавирус ҷалб шудаанд ба роҳ монда шуд. Эълон намудани таътил дар пардохти андозҳо барои соҳаҳои хизматрасонӣ, табобатӣ ва истироҳатӣ, озод намудани соҳибкорон аз пардохти маблағи иҷораи моликияти давлатӣ, андоз аз молу мулки ғайриманқул, ба онҳо ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок аз ҳисоби Фонди давлатии дастгирии соҳибкорӣ, паст кардани андози даромад аз фоизи пасандозҳои шахсони воқеӣ, танзими нарху навои доруворӣ ва маводи озуқаи ниёзи аввалия, озод намудани воридоти маводҳои доруворӣ, маҳлулҳои безараргардонӣ, либосҳои муҳофизатӣ, таҷҳизоти озмоишҳои тиббӣ ва мавод барои муайян намудани бемории сироятии коронавирус аз пардохтҳои гумрукӣ имкон доданд, ки вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишвар, аз ҷумла вилоят муътадил нигоҳ дошта шавад. Ба хотири беҳдошти вазъи иқтисодӣ Новобаста ба хуруҷ ва паҳншавии бемории КОВИД-19 нимсолаи аввали соли 2020 бо натиҷаҳои хуб ҷамъбаст гардид. Аз рӯи ҳисоботи мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят беш аз 110 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли 2019 1,2 млн. сомонӣ бештар буд. Қисми даромади буҷети худии вилоят ба андозаи 104 фоиз таъмин гардид. Аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои дастгирии буҷети маҳаллӣ зиёда аз 136 млн. сомонӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо гардиданд. Маблағи қарздиҳии бонкҳо ба аҳолӣ нисбати ин давраи соли гузашта ба андозаи 362 ҳазор сомонӣ ва пасандози аҳолӣ беш аз 16 млн. сомонӣ афзуд. Дар баробари ин, интиқоли маблағ аз хориҷи кишвар ба вилоят 430 ҳазор доллар кам гардид. Ба мақсади таъмини амнияти озуқавории кишвар бо супориши Сарвари давлат кишоварзони вилоят кӯшиши зиёд ба харҷ доданд. Бо назардошти зиёд намудани майдони кишт соли 2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 10531 га. зироатҳои кишоварзӣ кишт карда шуданд, ки ин назар ба соли 2019 2087 га. бештар буд. Ҳамчунин дар 96 га. кишти такрории зироатҳо гузаронида шуд. Дар ҷамъбасти мавсим дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 4798 тонна ғалла, 26 ҳазор тонна картошка, 662 тонна сабзавот ва 17473 тонна мева ҷамъоварӣ карда шуд. Ин давра беш аз 6724 тонна гӯшт, 14622 тонна шир, зиёда аз 3.185 ҳазор дона тухм, қариб 20 ҳазор тонна асал истеҳсол шуд. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар соли сипарӣ 463.3 млн. сомониро ташкил дод, ки ин назар ба соли 2019 бо нархҳои муқоисавӣ 2,4 фоиз бештар аст. Агарчи вобаста ба хуруҷ ва паҳншавии бемории коронавирус истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва энергетика, хизматрасонии пулакӣ, маишӣ, савдо ва суръати сохтмон коҳиш ёфта бошад ҳам, соли сипарӣ иншоотҳои зиёди саноатӣ, барқ, алоқа, нақлиёту роҳ, обрасонӣ, манзили зист, мактабу дармонгоҳҳо, идораву муассисаҳо, коргоҳҳои савдову хизматрасонии нав ба истифода дода шуданд. Самараи сафари навбатии Пешвои миллат Аз 19 то 22 августи соли сипарӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақсади шиносоӣ бо вазъи иқтисодӣ – иҷтимоӣ бо сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд. Сарвари давлат дар ноҳияи Дарвоз корхонаи «Карон калсит», ки бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ ба истеҳсоли микрокалсит – ашёи барои истеҳсоли масолеҳи сохтмонии дар ҷаҳон серталаб, Парки инноватсионии саноатию технологии дорои 8 коргоҳи парвариш ва истеҳсоли меваву сабзавот, маҳлулҳои антисептикӣ, ниқоб, либос ва айнакҳои муҳофизатӣ, обҳои ташнашикан, коркард ва банду басти асал, истеҳсоли картон нигаронида шуданд, Боғи фарҳангӣ – фароғатӣ, бинои нави суди ноҳия ва меҳмонхонаи муосири «Чорчаман Хилс»-и истироҳатгоҳи «Чорчаман» ифтитоҳ бахшид. Дар мавзеи Дашти Лучи ба сохтмони канали обрасон, Мактаби президентӣ дар деҳаиУмарак ва хобгоҳ барои тарбиятгирандагони он санги асос гузошта, бо буду боши хизматчиёни қисми низомии Қӯшунҳои хушкигард дар ноҳия шинос гардид ва дар нишасти хоса ба 55 нафар ятимони кулл ва маъюбон-тарбиятгирандагони муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва Рӯшон туҳфаҳои арзишманд тақдим намуд. Дар ноҳияи Ванҷ Пешвои миллат пас аз шиносоӣ бо намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзон ва ҳунармандони ноҳия ба фаъолияти маркази савдои «Ванҷ сити», биноҳои нави шуъбаи милитсия ва комиссариати ҳарбӣ оғоз бахшид. Дар ноҳияи Рӯшон Сарвари давлат бо рафти парваришу истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар қитъаи замини наздиҳавлигии сокини маркази ноҳия Ҳамдам Давлатмаҳмадов шинос гардида, дар вазъияти тантанавӣ майдони Парчами давлатӣ, биноҳои нави Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи рақами 9, Бонки давлатии «Амонатбонк», Маркази логистикии Агентии захираҳои моддии давлатӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар деҳаи Барзуд майдончаи муосири варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Дар шаҳри Хоруғ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон биноҳои бисёрошёнаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии мактаби рақами 8, Филиали Бонки давлатии «Амонатбонк», Коргоҳи нави дӯзандагии «Баҳори ишқ», Маркази савдои «Нигини Хоруғ», Театри вилоятӣ, майдончаи муосири варзишӣ дар маҳаллаи Тирчидро мавриди истифода қарор дода, ба бунёди пули мошингузар дар маҳаллаи Дашти Поён, ки аз болои дарёи Ғунд сохта мешавад, санги асос гузошт. Дар доираи сафари корӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба дастовардҳои иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар, аз ҷумла вилоят суҳбати ошкорову самимӣ доир намуд. Сарвари давлат ба мардуми вилоят барои истиқболи самимӣ изҳори сипос намуда, изҳор доштанд, ки дар баробари корҳои то кунун анҷомдода Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри беҳдошти минбаъдаи вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилоят тамоми чораҳои заруриро хоҳад андешид, Ҳукумати мамлакат, – қайд намуд Пешвои миллат, – бо вуҷуди таъсири омилҳои манфии берунӣ ва хавфҳо дар шароити паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 ҷиҳати коҳиш додани пайомадҳои онҳо ба иқтисоди миллӣ тамоми тадбирҳоро андешида истодааст… вазифаи ҳар як роҳбар, аз вилоят сар карда, то ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулини вобаста ба ҷавонону занон, инчунин, фаъолон, аҳли зиё, ходимони дин ва шахсони обрӯманд, дар шароити имрӯза сарварӣ кардани мардум, ба корҳои ободгарона ташвиқу тарғиб намудани аҳолӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар, риояи қонунияту тартибот, яъне таъмин намудани волоияти қонун мебошад». Баҳри ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Новобаста ба таъсири манфии хуруҷ ва паҳн-шавии бемории коронавирус ба вазъи иқтисодӣ ва молиявии кишвар Ҳукумати Тоҷикистон ба мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадбирҳои амалӣ меандешид. Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 августи соли 2020 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» аз 1 сентябри соли сипарӣ маоши вазифавии кормандони сохторҳои давлатӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, стипендияи донишҷӯён, нафақа аз рӯи синну сол ба андозаи 15 фоиз, маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 10 фоиз зиёд карда шуд. Дар баробари ин ба ифтихори Ҷашни 29 –солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти кишвар ба 1917 сокини эҳтиёҷманди вилоят кумаки моддӣ – молиявӣ расонида шуд. Аз ҷумла ба 1337 маъюб 1500 –сомонигӣ ва воситаҳои техникии тавонбахшӣ, ба 510 маъюби дигар 1000-сомонигӣ ва воситаҳои техникии тавонбахшӣ ва ба 70 ятим либосворӣ ва 1000 сомонигӣ тақдим гардид. Новобаста ба мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ соли 2020 соли бобарор ва умедбахш ба ояндаи зиндагии осудаҳолона буд. Соли нави мелодӣ муборак, ҳамватанони азизу гиромӣ!

Т а б р и к о т и муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ 2021

Т а б р и к о т и муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ 2021 Ҳамдиёрони азиз! Инак боз лаҳзае фаро расид, ки бо як ҷаҳони умед ва орзуҳо мо омад – омади Соли нави мелодиро интизор ҳастем. Бароямон ниҳоят муҳим ва фараҳангез аст, ки новобаста аз кулли мушкилотҳои соли ҷорӣ , Соли нав ба кишвари мо дар мавриде ворид мегардад, ки моро як муҳити созанда, фазои сулҳу салоҳ, тинҷиву осудагӣ фаро гирифтааст. Соли 2020 дар таърихи башарият ба хотири сар задани бемории сироятии коронавирус ва фавти зиёди одамон аз ин беморӣ соли фоҷеабор омад. Ба замми ин пандемия ба иқтисоди ҷаҳон, аз ҷумла ба ҷумҳурӣ ва вилояти мо низ таъсири манфии худро гузошт ва барои расидан ба бисёр ҳадафҳои рушд барои мо монеаи ҷиддӣ ба бор овард. Омадани зимистони бебарф ва баҳору тобистони нисбатан сард сабаби камчинии об, барқ ва талафоти ҳосил шуда, оқибати нохушашро имрӯзҳо хуб ҳис карда истодаем. Аз тарафи дигар, соли сипаришуда барои сокинони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон соли пурбарор ва тақдирсоз буд. Новобаста ба кулли мушкилот мардуми шарафманди вилоят бо татбиқи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор пирӯзиҳои назаррас ноил гардид. Дар сатҳи баланди сиёсӣ ва мутташакилона гузаронидани чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, дар як рӯз иҷро намудани нақшаи сафарбаркунии ҷавонон ба сафи кувваҳои мусаллаҳ, таҳкими таъмини волоияти қонун ва муаррифӣ намудани вилоят ҳамчун як минтакаи амн ва таърихии Тоҷикистон, таъмини корҳои зиёди созанда ва бунёдкорӣ, афзун намудани маблағи иншоотҳои сохташаванда, пардохти маош ва нафақа дар шароити буҳрони шадиди иқтисодӣ, ҳамкории густурда бо институтҳои молиявӣ ва шарикони рушд баҳри амали намудани як қатор барномаҳои инвеститсиониву иҷтимоӣ ва ғайрахо музаффариятҳои чашмраси соли 2020 мебошанд. Сафари Пешвои миллат ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон як падидаи муҳимтарини сиёсиву давлатӣ буда, бори дигар аз таваҷҷӯҳи хос ва дастгирии ҳамешагии Пешвои миллат ба вилоят имконият фароҳам овард, ки дар вилоят як қатор иншооти ҳаётан муҳими иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ мавриди истифода қарор дода шуда, ба аҳли ҷомеа рӯҳу илҳоми тоза эҳдо намуданд. Маблағгузории давлатӣ ба ҳамаи соҳаҳо, ҳамкорӣ бо сармоягузорни хориҷӣ ва шарикони рушд нафақат кам нагардид , балки хеле рушд кард ва зиёда аз 90 барномаҳои бузург ва кӯчак рӯи кор омаданд. Чунин дастгирии давлат ва шарикони рушд дар давраи пандемия ҳам аз ҷиҳати маблағӣ ва ҳам аз ҷиҳати маънавиёт хеле саривақтӣ буд. Мутташакилии кулли ҷомеа, хизмати бесобикаи табибону ризокорон, дастгирии моддӣ аз тарафи Пешвои миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон, минҷумла Вазорати тандурустӣ, соҳибкорону шахрвандони оддӣ чӣ дар дохил ва чӣ берун аз ватани мо, донорҳо ва шарикони рушд, бахусус ташкилотҳои Волоҳазрат Оғохон дар мубориза бо пандемия ва зинда мондани шаҳрвандони мо, дар таърихи ин сол бо хати зарҳалин навишта хоҳад шуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастури бевоситаи Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон новобаста ба ҳамаи мушкилот, кулли ӯҳдадроихояшро иҷро намуда вазъият бахусус оиди аз зимистон баровардани аҳолӣ ва хоҷагии халқ зери назортаи ҳамарузаи Роҳбарияти Олии мамлакат қарор дорад ва дар ин ҷода кулли имкониятхо ба харҷ дода шудаанд. Имрӯзҳо аз файзу баракати ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатӣ симои Тоҷикистони азиз , минҷумла диёри кӯҳсори мо рӯз ба рӯз зебо ва сатҳи зиндагии мардум дар қиёс бо солҳои пешин хеле беҳтар гардидааст. Соли 2021 барои сокинони Тоҷикистон соли махсус ҳаст,зеро дар ин сол мо ҷашни бузурги миллӣ – 30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро якдилона дар фазои сулҳу субот ҷашн мегирем. Ин фурсати муносиб аст то, ки ба қадри давлати соҳибистиқлол ва Ватани озоду соҳибихтиёрамон расем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз хам таҳкиму тақвият бахшида, ба роҳи тайкардаи таъриху ва фарханги халк як бори дигар худ назар андозем, бо орзуву эътимоди қавӣ, бо талоши пайгирона, эҳсоси худшиносии миллӣ, ватанпарастиву ватандорӣ дар роҳи ободонии диёр ва беҳдошти зиндагии шоиста боз хам талоши бештарро ба харҷ диҳем. Мо ба чунин рузҳои пурсаодат ба шарофату баракати Истиқлолият расидаем ва дар ин росто ҳифзи дастовардҳои он вазифаи ифтихорию пуршарафи ҳар як шаҳрванди Ватани азизамон мебошад. Бо изҳори ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи сокинони сарбаланду қавиирода ва заҳматқарину ватандӯсти вилоят ва ҳамватанони бурунмарзии ғамхори диёрамонро бо фарорасии Соли нави мелодии 2021 сидқан табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо зиндагии пурнишот, ризқи фаровон, саломативу иқболи нек ва ба Тоҷикистони соҳибистиқлолу маҳбубамон суботу оромӣ, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва пешрафти рӯзафзун орзу менамоям. Соли нави мелодӣ муборак бод, ҳамватанони гиромӣ!

БУЗУРГОНРО БУЗУРГОН ЗИНДА МЕДОРАНД.

БУЗУРГОНРО БУЗУРГОН ЗИНДА МЕДОРАНД. Бахшида ба 150-солагии яке аз донишмандони тоҷик, табиб, мунаҷҷим ва хаттоти Бадахшон Шоҳзодамуҳаммад ибни Сайид Фаррухшоҳ дар толори Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи Баҳодур Искандарови академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзуъи «Мероси фарҳангиву таърихӣ, гумшуда, муаррифӣ, рақамсозӣ» доир гардид. Дар кори конфронс раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов, муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода ва раиси шаҳри Хоруғ Мирзонабот Алишер Худоберди ширкат варзид. Конфронс бо ибтикори кормандони Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи академик Баҳодур Искандарови академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар намоишгоҳ асарҳои илмӣ аз қабили рисолаи тибб, рисолаи нуҷум, ёддоштҳои олимон, ходимони давлатӣ ва рузноманигорон оиди эҷодиёти Шоҳзодамуҳаммад ҷо дода шуданд. Аз тамошои намоишгоҳ маълум гардид, ки Шоҳзодамуҳаммад бо олимони шинохтаи рус, Смёнов, Андрев, Бертелс, Бартол, Брагинский, Станешевский шиносои дошта, онҳо дар асарҳои худ ин олимро ёд намуданд. Шоҳзодамуҳаммад ибни Сайид Фаррухшоҳ дар деҳаи Саройи Бахори мулки Шуғнон соли 1870 таваллуд ёфта, ҳамчун табиби халқи, нуҷумшинос ва хаттоти чирадаст ном баровардаст. Асари Носири Хусрав Ваҷҳидин, ки аз тарафи Шоҳзодамуҳаммад нусхабардори шудаст, нишонаи хушхатии ин донишманд мебошад, ки аёни ҳол дар хазинаи дастнависҳои Институти таърих ва забони Академияи илмҳои Тоҷикистон маҳфуз аст. Баъд аз тамошои намоишгоҳ қисмати асосии конфронс оғоз ёфт. Доктори илми филология, директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандарови академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Қаландариён Сафар конфронсро ҳусни ифттитоҳ бахшида, сухани мукаддимавиро раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов огоз намуд. Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов афзуданд, ки сокинони вилоят бояд бо чунин шахсони донишманд фахр намуда, зиндагинома ва фаъолияти онҳоро барои наслҳои наврас ҳамчун намуна муаррифи намоянд. Ба иштироки иштирокчиёни конфронс маърузаҳо дар мавзуъҳои ҳаёт ва осори Шоҳзодамуҳаммад ибни Саид Фаррухшоҳ, мероси адабӣ, хаттотӣ, тиббӣ ва нуҷум маърузаҳои ҷолиби диққат пешкаш гардиданд. Аз руи иттилои набераи Шоҳзодамуҳаммад, Шохзадамуҳаммад Мамадшерзодшоев китоби Ваҷҳидини Носири Хусрав ки бо дархости олими рус Смёнов нусхабардори шуда буд, то соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар осорхонаи шаҳри Берлини Олмон маҳфуз буда, аз руи он нахустинбор Ваҷҳидинро нашр намуда, оммавӣ гардонданд. Дар конфронс зиёда аз 10 маърузаи илмӣ дар мавзуъхои мухталиф шунида шуданд. Кори конфронсро раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ҷамъбаст намуда, маърузаҳои илмиро пурмазмун ва саривакти ҳисобида, изҳори умедвори намуд, ки олимони Бадахшон дар пешбурди илму фарҳанги тоҷик саҳми босазо мегузоранд.

ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРИИ ҲУКУМАТӢ БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ МУРҒОБ

ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРИИ ҲУКУМАТӢ БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ МУРҒОБ Санаи 21 уми декабри соли равон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми декабри соли 2020, гурӯҳи корӣ дар ҳайати Котиби Шурои Амнияти милли Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон, Раиси Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов Раиси ноҳияи Мурғоб Раҷабзода Ҳусния ва Ҳайати гурӯҳи корӣ аз ҳисоби бахшҳои занон, ҷавонон, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони идораву муассисаҳо, бо фаъолону идораву муассисаҳо аз ҷумла бо сокинони ноҳия, фаъолони шаҳраки Мурғоб инчунин деҳотҳои дурдастарини чамоатхои Қаракул, Рангкул, Кизилработ ва ҷамоати Ғ.Бердибаев вохӯрӣ намуда, аз НБО- и «Тоҷикистон» ва коллектори офтобии шаҳраки Мурғоб дидан намуданд. Дар вохӯрӣ Котиби Шурои Амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзу сипоси Сарвари давлатро ба сокинон барои иштироки фаъолона дар маъракаи интихобот расонида, муҳтавои муроҷиатномаи Сарвари давлат оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ шарҳ доданд. Ҷиҳати иҷрои қоидаҳои зидди сӯхтор, худдорӣ аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти барқии серхароҷот, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, бунёди иншооти ҷашнӣ, таъмиру тармими манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода, аз мушкилоту камбудиҳои сокинон суҳбат намуданд. Сокинони ноҳияи Мурғоб дар сухбаташон ба Пешвои муаззами миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои ҳамарӯзаашон сипосгузорӣ намуда, ҷонибдориашонро аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат баён намуданд. Инчунин, зимни ин сафар аз ҷониби Раиси Кумитаи Ҳифзи муҳити зист Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ба 3 нафар иштирокчии озмуни Ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва ба 60 нафар оилаҳои камбизоат кумакҳои яквақта расонид. Аз қисмҳои ҳарбӣ-низомии 0412 ва 15426 дидан намуда, барои афсарону аскарон зиёфат ташкил намуд.

Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ- иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар ҳузури Котиби Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасиву таҳлил қарор дода шуданд.

Дар машварти васеъи назди раиси ВМКБ муҳтарам Ёдгор Файзов , Котиби Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмудзода Насрулло, Вазири фарҳангӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зулфия Давлатзода, Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷумъа Далер Шофақир, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Назарзода Рустам муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳ, раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят, роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят иштирок намуданд. Вобаста ба рӯзномаи машварти ҷамъбасти ҳисоботи муовини раиси вилоят Иматшозода Анвар Иматшо шунида шуд. Қайд гардид, ки ҳаҷми умумии буҷети соли 2020-ум, маблағи 296,2 миллион сомониро ташкил медод. Дар давоми 11 моҳи соли равон барои эҳтиёҷоти буҷети маҳаллии вилоят аз ҳисоби бақияи сарисоли 665,9 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби барзиёдшавии нақшаи қисми даромади буҷет маблағи 3,2 миллион сомонӣ, аз ҳисоби фонди захиравии раисони шаҳру нохияҳои вилоят 397,4 ҳазор сомонӣ, ки маҷмуъан 4,3 миллион сомониро ташкил медиҳад равона карда шуд. Аз уҳдаи иҷрои сифатноки қисми даромади буҷет ба ғайр аз ноҳияи Дарвоз дигар ноҳияҳои вилоят набаромаданд, ки ин ба иҷрои сифатноки нақшаи қисми даромади буҷети вилоят таъсири манфи расонда , вилоят аз иҷрои сифатноки нақшаи қисми даромади буҷет аз руи 4 намуди андоз, аз қабили андоз аз арзиши иловашуда 91 фоиз, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард 99,1 фоиз, бочи давлати 97 фоиз, андоз аз истифодабарандагони каҳри замин 98,2 фоиз таъмин гардидааст. Сабаби асосии сифатнок иҷро нагардидани буҷети шаҳру ноҳияҳои вилоят ин пурра фаъолият накардани ширкатҳои сохтмони ва истихроҷӣ ном бурда шуд. Сабаби дигари ин омил паҳншавии бемории каронавируси нави Ковид 19 ҳисобида шуд, ки дар давоми моҳҳои майю июн сабаби маҳдуд шудани фаъолияти марказҳои хизматрасонии шаҳру ноҳияҳо ва нуқтаҳои савдову тиҷорат арзёби гардид. Сардори Ситоди байниидоравии таъмини амният дар вилоят Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод фаъолияти ситодро дар давоми 11 моҳи соли равон ба баррасӣ гирифта, таъкид дошт, ки баъди мулоқоти Пешвои миллат, ки таърихи 15-уми сентябри соли 2018-ум бо фаъолони вилоят доир шуда, буд дар баробари дигар масъалаҳои рушди вилоят, таъмини волоияти конунро асоси пешрафти ҳамаи соҳаҳо ном бурд. Дар ин робита Ситоди байниидоравии таъмини амният дар вилоят зарфи 11 моҳи соли равон 541 ҷиноятро ба қайд гирифта кушодашавии ҷиноятҳо бошад 89 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин муддат 304 силоҳи оташфишон ва ҳамчунин аз муомилоти ғайриқонунии маводи мухадир беш аз 80 кг навҳои мухталифи маводи нашъаовар кашф ва мусодира шудаст. Боло рафтани маърифати ҳуқуқии сокинони вилоят ва худихтиёрона ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шудани ҷавонони ВМКБ-ро асоси таъмини иҷрои нақшаи даъвати баҳориву тирамоҳи ба сафи артиш ном бурда шуд. Қайд гардид, ки 70 фоизи даъватшудагон хатмкардагони муаассисаҳои олии таълими буда, худихтиёрона барои хизмати моддар-ватан ба сафи артиш сафарбар гардиданд. Носирзода Умедҷон Саидҷон муовини раиси ВМКБ оиди рушди соҳаи руди кишоварзӣ маълумот манзур намуда, қайд дошт, ки соли равон дар масоҳати 10 ҳазору 543 гектар кишти зироатҳои полези гузаронида шуд, ки 284 гектари онро кишти картошка ташкил дода, дар маҷмуъ ба андозаи 60 фоиз майдони кишти такрори дар вилоят афзоиш ёфт. Маҷмуъан соли равон 26 ҳазор тонна картошка истеҳсол шудаст. Баъди муҳокимаву баррасии масъалаи мазкур сардори Раёсати тандурустии вилоят Фарид Музафаров оиди бемории сироятии каронавирус маълумот дода, афзуд, ки аз рузи ба қайд гирифта шудани бемори 4610 нафар бо аломатҳои илтиҳоби шадиди шуш ва роҳҳои нафас ба қайд гирифта шуда, айни ҳол бошад 2 нафар бо бемории Ковид 19 ва 6 нафар аломатҳои шадиди илтиҳоби шуш дар муассисаҳои табобати мавриди муоина ва муолиҷа қарор дода шуд. Дар давоми сол 30 ҳодисаи фавт бо бемориҳои ҳамрадифи сабт шудаст. Директори Генералии Ширкати барқии “Помир Энерҷи” Амирхон Раҳимов оиди дастрасии аҳоли ба неруи барқ дар фасли сармо сухан намуда, афзуд, ки барои таъмини аҳолии марказҳои нохияҳо ва деҳаҳои вилоят ба хусус ноҳияи Мурғоб чораҳои заруриро пиёда менамоянд ва аз сокинони вилоят ҷиҳат самаранок истифода намудани қувваи барқ дархост намуд. Ҳамчунин сардори Хадамоти муҳоҷирати вилоят Мулкамон Каниев оиди мҳоҷирати дохиливу беруни, сардори Раёсати маорифи вилоят Одинашо Мардов оиди баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон Ватани азизи ман» ва «Фуруғи субҳи донои китоб аст», Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода роҷеъ ба таваҷуҳ ва дастгириҳои доимии Пешвои миллат, нисбати аҳли фарҳанг ва ҳифзи дастовардҳои фарҳангӣ, Ҳоким Қаландариён директори Институи илмҳои гуманитарии Акдемияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ оиди дастовардҳои олимон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, сардори Минтакаи озоди иктисодии Ишкошим Сураҷ Тоҳирҷонзода дар мавриди ифтитоҳи намояндагии ин минтақа дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ маълумот доданд. Котиби Шўрои амнияти Љумхурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло дар ҳошияи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Токикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки таърихи 15-уми декабри соли 2020 сурат гирифта буд, сухан намуд. Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов баъди натиҷагрии рушди сҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ВМКБ дар соли 2020 таъкид дошт, ки соли ҷорӣ бо комёбиву муваффақиятҳояш новобаста ба буҳрони молиявии ҷаҳони пандемияи Ковид 19 таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои беназир ноил гардид. Дар фарҷоми ҷаласа ҷиҳати иштироки фаъолона дар ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои сиёсиву фархангӣ ва дастгирии пайвастаи сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёдгор Файзов, Кишвар Шамирӣ, профессор Шермамад Ҷонмамадов, директори коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ Утакамбек Темурбеков ва раисони Кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халки Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа бо ифтихорнома ва сипосномаи раиси Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадр карда шуданд.

30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор пешвоз мегирем.

Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ вохӯрии судманди Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат, раиси ВМКБ Файзов Ëдгор ва и.в. раиси шаҳри Хоруғ Мирзонабот Алишер бо кормандони мақомоти шаҳр, фаъолон, шуърои занон ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ доир гардид. Вохӯриро и.в. раиси шаҳри Хоруғ Мирзонабот Алишер ифтитоҳ намуда меҳмонони олқадрро ба шаҳри Хоруғ хайри мақдам намуданд. Сипас Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон баромад намуда, қайд доштанд, ки дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 15.12.2020 баргузор гардида буд, роҳбари давлат ба тамоми аъзои ҳукумат ҷиҳати дастгирии табақаи ниëзманд, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замин, кишти тирамоҳӣ ва дигар масъалаҳо супориши қатъӣ дода шуд. Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон зикр доштанд, Пешвои миллат бори дигар барои баргузор намудани маъракаҳои сиëсие, ки дар соли 2020 ба вуқуъ пайваста буданд, ва инчунин сафари корие, ки ба вилояти Бадахшон доштанд, ба мардуми ин сарзамин изҳорӣ сипос баëн намуданд. Мазкур қайд намуд, ки дар соли оянда боз дигар санаҳои муҳими давлатӣ дар якҷоягӣ таҷлил хоҳем намуд. Аз ҷумла баҳри истиқбол гирифтани 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ бояд тамоми чораҳои зарурӣ андешида шуда, ин ҷашни умумимиллиро бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил намоем. Ва зикр доштанд, то ҷашни 30 солагии Истиқлолият дар шаҳр ва умуман дар ВМКБ чандин иншоотҳои замонавӣ ба истифода дода мешаванд, ки ин барои пайдо шудани ҷойи кори мусоидат менамояд. Давлатзода Зулфия Вазири Фарҳангӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромади худ арзу сипос ва миннатдории самимии Роҳбариятӣ Олии мамлакат ҷиҳати дастгирии ҳаматарафаи сиëсати мамлакат ба саҳми ҳозирин расонидаанд. Ҳамзамон қайд доштанд, ки дар баргузори тамоми чорабиниҳои соли 2021 аз Наврӯзи Аҷам сар карда то ҷашни бузурги умумимиллӣ 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ бояд ҳар як сокини мамлакат омодагии ҷиддӣ дида дар руҳияи баланди миллӣ ва хештаншиносӣ ин ҷашнҳоро таҷлил намоем. Раиси ВМКБ Файзов Ëдгор қайд доштанд, мардуми сарбаланди ВМКБ минҷумла сокинони шаҳри Хоруғ сиëсати Ҳукумати мамлакатро дастгирӣ намуда боварии комил дорем ҳар як супориши Сарвари давлатро сарбаландона иҷро менамоянд ва дар ободии диëри худ саҳми босазо мегузоранд. Дар охир и.в. риаиси шаҳри Хоруғ Мирзонабот Алишер бори дигар ҷиҳати дастгирӣ ва саҳми арзанда гузоштан дар ободии шаҳр аз номи ҳамаи бошандагони шаҳр ба Ҳукумати мамлакат изҳори сипос намуда, меҳмоноро бовар кунонд, ки тамоми қувваву нерӯи худро дар ҳамдастӣ бо сокинон баҳрӣ ободӣ ва шукуфоии ин гушаи биҳиштосои кишвари маҳбубамон равона хоҳад намуд.

МАСЪАЛАИ БУҶЕТИ ВМКБ БО ИШТИРОКИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТ МАВРИДИ ТАҲЛИЛ ҚАРОР ДОДА ШУД.

Идоракунии устувори молияи давлатӣ ҳамчун яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самаранок татбиқ намудани афзалиятҳо ва дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, мулоқот бо кормандони соҳаи молия, соҳибкорон ва дигар ҷомеаи шаҳрвандӣ бармеоянд, равона гардидааст. – Иҷрои буҷети Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар 11 моҳи соли ҷорӣ ва пешгӯиҳои он то охири сол, – лоиҳаи буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои соли 2021, ва – Иҷрои буҷети Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар соли 2019-ум манзур мегардад. Ҳаҷми умумии буҷети соли 2020-ум вилоят, ки дар иҷлосияи 24-уми, даъвати панҷуми маҷлиси вакилони халқи вилоят тасдиқ шуда буд, маблағи 296,2 млн. сомониро ташкил медод. Аз ҷумла аз ҳисоби маблағи мақсаднок 194,2 млн. сомонӣ, аз рӯи даромадҳои худии буҷети вилоят маблағи 100,5 млн. сомонӣ ва бо назардошти касри буҷет дар доираи 1,5 млн сомонӣ. Дар давоми 11 моҳи соли равон барои эҳтиёҷоти буҷети маҳаллии вилоят аз ҳисоби бақияи сарисолӣ (ба 1.01.20) маблағи 665,9 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби барзиёдиҷрошавии нақшаи қисми даромади буҷет маблағи 3,2 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби фонди захиравии раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят маблағи 397,4 ҳазор сомонӣ, ҷамъ 4,3 млн сомонӣ равона карда шуд. Дар 11 моҳи соли ҷорӣ нишондиҳандаҳои иқтисоди вилоят чунин арзёбӣ гардиданд, – ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ, якҷоя бо неруи барқ, гармӣ ва обтаъминкунӣ нисбати ҳамин давраи соли 2019 82,7 фоиз, – боркашонӣ 76,8 фоиз, – гардиши бор 71,8 фоиз, – гардиши мусофирон 95,7 фоиз, – истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 102,4 фоиз – ҳаҷми умумии гардиши савдо 89,2 фоиз, – ҳаҷми умумии хизматрасонии пулакӣ 93,8 фоиз. Ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии вилоят 75,2 млн. сомонӣ қарзҳои бонкӣ дода шуд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 125,1 фоиз, интиқоли пули шахсони воқеъи аз хориҷи кишвар дар ин давра маблағи 25,6 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, ки нисбати ҳамин давраи соли 2019 19 фоиз (6,0 млн.доллар) кам мебошад. Новобаста ба коҳишёбии нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят иҷрои нақшаи даромади худии буҷети вилоят дар давраи ҳисоботӣ дар сатҳи 104,6 фоиз таъмин гардид. Воридоти даромади худӣ ба буҷети вилоят 93,1 млн. сомониро ташкил дод (нақша 89 060 929 сомонӣ, иҷро 93 115 569 сомонӣ), ки нисбат ба нақша 4,1 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Иҷрои барзиёди даромади буҷет асосан аз рӯи 7 намуди андоз таъмин гардид. 1. Андози даромад аз шахсони воқеъи 771681 сомонӣ 2. аз андоз аз фоида маблағи 2 630 695сомонӣ, 3. андоз аз моликияти ғайриманқул маблағи 98 280 сомонӣ, 4. андоз низоми соддакардашуда маблағи 954 446 сомонӣ, 5. андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт маблағи 237 733 сомонӣ, 6. Аксизҳо 1875 сомонӣ 7. ва дигар даромадҳои ғайриандозӣ маблағи 579 359 сомонӣ ба амал омадааст. Аз рӯи нақшаи даромадҳои худӣ бошад, иҷрои нақшаи буҷет бо назардошти таъғйиротҳо дар ноҳияҳои Дарвоз 138,5 фоиз, Ванҷ 101,2 фоиз, Рушон 108,6 фоиз, Шуғнон 100,4 фоиз, Роштқалъа 106,2 фоиз, Ишкошим 101,4 фоиз, Мурғоб 82,4 фоиз, ш.Хоруғ 99,8 фоиз ва буҷети худии вилоят 102,5 фоиз ба иҷро расонида шуд.

Иҷлосияи чоруми даъвати шашуми Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, ки раисии онро раиси ВМКБ, раиси Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ, вакил аз ҳавзаи интихоботиии Рангул рақами 66-и ноҳияи Мурғоб Ёдгор Файзов бар уҳда дошта, шаш масъалаи асосии рӯзномаи иҷлосияро ба муҳокима гузошт.

Иҷлосияи чоруми даъвати шашуми Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, ки раисии онро раиси ВМКБ, раиси Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ, вакил аз ҳавзаи интихоботиии Рангул рақами 66-и ноҳияи Мурғоб Ёдгор Файзов бар уҳда дошта, шаш масъалаи асосии рӯзномаи иҷлосияро ба муҳокима гузошт. Дар кори иҷлосия муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳ, раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят, роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва воситаҳои ахбори умум, ки вакил нестанд иштирок намуданд. Вобаста ба масъалаи якуми рузномаи иҷлосия дар бораи муҳокимаи лоиҳаи буҷети вилоят барои соли 2021 ва таъмини иҷрои буҷҷети вилоят дар соли 2020, ҳисоботи сардори Сарраёсати молияи вилоят Хурсанд Вафобекзод шунида шуд. Рафти иҷро Қарори раиси вилоят аз 8-уми июни соли 2018 оид ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷашн гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини раиси ВМКБ Иматшозода Анвар Иматшо маълумот манзур намуда, қайд дошт, ки вобаста ба масъалаи мазкур нақша –чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ки аз 613 банд иборат мебошад, таҳия ва тасдиқ гардида, унвонии раисони шаҳру ноҳия ирсол гардид. Ба гуфтаи муовини раиси вилоят аз шумораи 613 банд 441- банди он ба мақомоти иҷроияи шаҳру ноҳияҳо марбут буда, 63 дарсади иҷроиши нақшаро дар бар мегирад. Танҳо иҷрои 48 банди нақша чорабини чиҳати номуайн будани сарчашмаи маблағгузори иҷро нагардиданд. Муовини раиси ВМКБ Назира Амирбекзода оиди масъалаи дигари иҷлосия пешниҳоди раиси комиссия оид ба номгузори, дигар кардани номи корхонаҳои давлатӣ, фурудгоҳо, ташкилоту муассисаҳо, таълимгоҳо, инчунин обектҳои физикию, чуғрофӣ ва масъалаҳои сохти марзиву маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ маълумот манзур намуд. Иҷлосияи чоруми даъвати шашуми Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ баъди баррасӣ ва дида баромадни шаш масъалаи рузномаи иҷлосия ва қабули қарорҳои дахлдор бо садо додани Суруди миллӣ анҷом ëфт.

Ба Волоҳазрати Воломақом, Шоҳзода Карим Оғохон – Мавлоно Ҳозир Имом

Волоҳазрати Воломақом,

Бо эҳсоси ифтихор ва хушнудии бузург Шуморо Мавлоно Ҳозир Имом, Имоми маҳбуб аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва сокинони баландтолеъи он табрик ва муборакбод намуда ба Шумо сиҳатии бардавом ва солҳои тӯлонии ҳаёти пурфайзро таманно дорам. Инсоният кам бузургонро дар ёд дорад, ки ин қадар умри пурбаракати худро тавассути меҳнати шабонарӯзӣ барои инсоният бахшидааст. Ифтихор ва сарбаландии мо аст, ки Шумо Волоҳазрати Воломақом ҳанӯз аз рузҳои аввали душвори соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамон сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Рахмонро дастгирӣ намудед. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастури бевоситаи Пешвои миллат , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ барои ташкилотҳои Оғохон ва Институтҳои ҷамоатӣ дар кулли қаламрави Тоҷикистон на фақат барои бемайлон фаъолият кардан шароити фароҳам овард, балки ба онҳо имтиëзҳои зиёдеро низ раво дид. Хушҳолем, ки айни ҳол ин ҳамкорӣ сатҳи навро касб намуда, дар тамоми соҳаҳо бомаром идома дорад ва номаи табрикотии Шумо ба унвонии Ҷаноби Олӣ, ба хотири якдилона интихоб шуданашон ба мансаби Президенти мамлакат худ шоҳиди ин ҳамкорӣ ва дӯстиву бародарӣ аст. Ҷамоати исмоилияи Тоҷикистони озод ва соҳибистиқлол аз он шукргузор аст , ки таҳти муҳофизат ва дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати нозукбинонаи Пешвои миллат қарор дошта ҳамвора бо Имомат робитаи мустақим доранд ва аз кӯмак, дуо ва баракати Шумо низ хеле хуб бархурдоранд, ки мутаасифона на дар ҳамаи мамлакатҳои дигар чунин неъмати бузурги дутарафа ба ҷамоат насиб шудааст. Панду насиҳатҳои пайвастаи Шумо дар хусуси шаҳрванд ва муриди беҳтарин будан, пуштибонӣ аз волоияти қонун, сулҳу субот ва ватандӯстиву ободкорӣ дар ин дунёи пуртаззод ва ноором хеле саривақтӣ буда, ҳамқофияи сиёсати Роҳбарияти Олии мамлакатамон мебошанд. Бори дигар Рӯзи Мавлуди Мубораки Шумо ҳумоюн бод, умри пурбаракататон бепоён ва бигузор Худованд ба Шумо нерӯи тамомнашванда дар иҷрои ин рисолати таърихӣ ва бузург ато намояд.Бо эҳтироми беандоза Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов

ИДИ КАСБӢ

Ҳама сола дар тамоми мамлакат 9 декабр рузи кормандони соҳаи геология қайд карда мешавад. Ба ин хотир дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон иди касбии кормандони соҳаи геология таҷлил гардид. Дар чорабини мазкур муовини раиси вилоят Иматшозода Анвар Иматшо иштирок ва сухарони намуданд. Зимни баромад муовини раиси вилоят зикр доштанд, ки геология соҳаест, ки на танҳо уҳдадориҳои асосии худро анҷом мебахшад, балки манфиатхои саноатикунонии давлатро ҳимоя мекунад. Сохтори геологияи вилоят дар қатори дигар соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят дар ростои рушди вилоят кори азимеро ба сомон расондааст.Дар фарҷоми чорабинӣ муовини раиси вилоят, роҳбарият ва тамоми кормандони соҳи геологияи вилоятро бо иди касбиашон аз номи раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ëдгор Файзов табрику муборак бод намуда барояшон комгорию дастовардҳои тоза таманно намуданд.