МАСЪАЛАИ БУҶЕТИ ВМКБ БО ИШТИРОКИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТ МАВРИДИ ТАҲЛИЛ ҚАРОР ДОДА ШУД.

Идоракунии устувори молияи давлатӣ ҳамчун яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самаранок татбиқ намудани афзалиятҳо ва дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, мулоқот бо кормандони соҳаи молия, соҳибкорон ва дигар ҷомеаи шаҳрвандӣ бармеоянд, равона гардидааст. – Иҷрои буҷети Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар 11 моҳи соли ҷорӣ ва пешгӯиҳои он то охири сол, – лоиҳаи буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои соли 2021, ва – Иҷрои буҷети Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар соли 2019-ум манзур мегардад. Ҳаҷми умумии буҷети соли 2020-ум вилоят, ки дар иҷлосияи 24-уми, даъвати панҷуми маҷлиси вакилони халқи вилоят тасдиқ шуда буд, маблағи 296,2 млн. сомониро ташкил медод. Аз ҷумла аз ҳисоби маблағи мақсаднок 194,2 млн. сомонӣ, аз рӯи даромадҳои худии буҷети вилоят маблағи 100,5 млн. сомонӣ ва бо назардошти касри буҷет дар доираи 1,5 млн сомонӣ. Дар давоми 11 моҳи соли равон барои эҳтиёҷоти буҷети маҳаллии вилоят аз ҳисоби бақияи сарисолӣ (ба 1.01.20) маблағи 665,9 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби барзиёдиҷрошавии нақшаи қисми даромади буҷет маблағи 3,2 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби фонди захиравии раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят маблағи 397,4 ҳазор сомонӣ, ҷамъ 4,3 млн сомонӣ равона карда шуд. Дар 11 моҳи соли ҷорӣ нишондиҳандаҳои иқтисоди вилоят чунин арзёбӣ гардиданд, – ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ, якҷоя бо неруи барқ, гармӣ ва обтаъминкунӣ нисбати ҳамин давраи соли 2019 82,7 фоиз, – боркашонӣ 76,8 фоиз, – гардиши бор 71,8 фоиз, – гардиши мусофирон 95,7 фоиз, – истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 102,4 фоиз – ҳаҷми умумии гардиши савдо 89,2 фоиз, – ҳаҷми умумии хизматрасонии пулакӣ 93,8 фоиз. Ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии вилоят 75,2 млн. сомонӣ қарзҳои бонкӣ дода шуд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 125,1 фоиз, интиқоли пули шахсони воқеъи аз хориҷи кишвар дар ин давра маблағи 25,6 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, ки нисбати ҳамин давраи соли 2019 19 фоиз (6,0 млн.доллар) кам мебошад. Новобаста ба коҳишёбии нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят иҷрои нақшаи даромади худии буҷети вилоят дар давраи ҳисоботӣ дар сатҳи 104,6 фоиз таъмин гардид. Воридоти даромади худӣ ба буҷети вилоят 93,1 млн. сомониро ташкил дод (нақша 89 060 929 сомонӣ, иҷро 93 115 569 сомонӣ), ки нисбат ба нақша 4,1 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Иҷрои барзиёди даромади буҷет асосан аз рӯи 7 намуди андоз таъмин гардид. 1. Андози даромад аз шахсони воқеъи 771681 сомонӣ 2. аз андоз аз фоида маблағи 2 630 695сомонӣ, 3. андоз аз моликияти ғайриманқул маблағи 98 280 сомонӣ, 4. андоз низоми соддакардашуда маблағи 954 446 сомонӣ, 5. андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт маблағи 237 733 сомонӣ, 6. Аксизҳо 1875 сомонӣ 7. ва дигар даромадҳои ғайриандозӣ маблағи 579 359 сомонӣ ба амал омадааст. Аз рӯи нақшаи даромадҳои худӣ бошад, иҷрои нақшаи буҷет бо назардошти таъғйиротҳо дар ноҳияҳои Дарвоз 138,5 фоиз, Ванҷ 101,2 фоиз, Рушон 108,6 фоиз, Шуғнон 100,4 фоиз, Роштқалъа 106,2 фоиз, Ишкошим 101,4 фоиз, Мурғоб 82,4 фоиз, ш.Хоруғ 99,8 фоиз ва буҷети худии вилоят 102,5 фоиз ба иҷро расонида шуд.