30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор пешвоз мегирем.

Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ вохӯрии судманди Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат, раиси ВМКБ Файзов Ëдгор ва и.в. раиси шаҳри Хоруғ Мирзонабот Алишер бо кормандони мақомоти шаҳр, фаъолон, шуърои занон ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ доир гардид. Вохӯриро и.в. раиси шаҳри Хоруғ Мирзонабот Алишер ифтитоҳ намуда меҳмонони олқадрро ба шаҳри Хоруғ хайри мақдам намуданд. Сипас Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон баромад намуда, қайд доштанд, ки дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 15.12.2020 баргузор гардида буд, роҳбари давлат ба тамоми аъзои ҳукумат ҷиҳати дастгирии табақаи ниëзманд, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замин, кишти тирамоҳӣ ва дигар масъалаҳо супориши қатъӣ дода шуд. Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон зикр доштанд, Пешвои миллат бори дигар барои баргузор намудани маъракаҳои сиëсие, ки дар соли 2020 ба вуқуъ пайваста буданд, ва инчунин сафари корие, ки ба вилояти Бадахшон доштанд, ба мардуми ин сарзамин изҳорӣ сипос баëн намуданд. Мазкур қайд намуд, ки дар соли оянда боз дигар санаҳои муҳими давлатӣ дар якҷоягӣ таҷлил хоҳем намуд. Аз ҷумла баҳри истиқбол гирифтани 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ бояд тамоми чораҳои зарурӣ андешида шуда, ин ҷашни умумимиллиро бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил намоем. Ва зикр доштанд, то ҷашни 30 солагии Истиқлолият дар шаҳр ва умуман дар ВМКБ чандин иншоотҳои замонавӣ ба истифода дода мешаванд, ки ин барои пайдо шудани ҷойи кори мусоидат менамояд. Давлатзода Зулфия Вазири Фарҳангӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромади худ арзу сипос ва миннатдории самимии Роҳбариятӣ Олии мамлакат ҷиҳати дастгирии ҳаматарафаи сиëсати мамлакат ба саҳми ҳозирин расонидаанд. Ҳамзамон қайд доштанд, ки дар баргузори тамоми чорабиниҳои соли 2021 аз Наврӯзи Аҷам сар карда то ҷашни бузурги умумимиллӣ 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ бояд ҳар як сокини мамлакат омодагии ҷиддӣ дида дар руҳияи баланди миллӣ ва хештаншиносӣ ин ҷашнҳоро таҷлил намоем. Раиси ВМКБ Файзов Ëдгор қайд доштанд, мардуми сарбаланди ВМКБ минҷумла сокинони шаҳри Хоруғ сиëсати Ҳукумати мамлакатро дастгирӣ намуда боварии комил дорем ҳар як супориши Сарвари давлатро сарбаландона иҷро менамоянд ва дар ободии диëри худ саҳми босазо мегузоранд. Дар охир и.в. риаиси шаҳри Хоруғ Мирзонабот Алишер бори дигар ҷиҳати дастгирӣ ва саҳми арзанда гузоштан дар ободии шаҳр аз номи ҳамаи бошандагони шаҳр ба Ҳукумати мамлакат изҳори сипос намуда, меҳмоноро бовар кунонд, ки тамоми қувваву нерӯи худро дар ҳамдастӣ бо сокинон баҳрӣ ободӣ ва шукуфоии ин гушаи биҳиштосои кишвари маҳбубамон равона хоҳад намуд.