Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ- иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар ҳузури Котиби Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасиву таҳлил қарор дода шуданд.

Дар машварти васеъи назди раиси ВМКБ муҳтарам Ёдгор Файзов , Котиби Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмудзода Насрулло, Вазири фарҳангӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зулфия Давлатзода, Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷумъа Далер Шофақир, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Назарзода Рустам муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳ, раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят, роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят иштирок намуданд. Вобаста ба рӯзномаи машварти ҷамъбасти ҳисоботи муовини раиси вилоят Иматшозода Анвар Иматшо шунида шуд. Қайд гардид, ки ҳаҷми умумии буҷети соли 2020-ум, маблағи 296,2 миллион сомониро ташкил медод. Дар давоми 11 моҳи соли равон барои эҳтиёҷоти буҷети маҳаллии вилоят аз ҳисоби бақияи сарисоли 665,9 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби барзиёдшавии нақшаи қисми даромади буҷет маблағи 3,2 миллион сомонӣ, аз ҳисоби фонди захиравии раисони шаҳру нохияҳои вилоят 397,4 ҳазор сомонӣ, ки маҷмуъан 4,3 миллион сомониро ташкил медиҳад равона карда шуд. Аз уҳдаи иҷрои сифатноки қисми даромади буҷет ба ғайр аз ноҳияи Дарвоз дигар ноҳияҳои вилоят набаромаданд, ки ин ба иҷрои сифатноки нақшаи қисми даромади буҷети вилоят таъсири манфи расонда , вилоят аз иҷрои сифатноки нақшаи қисми даромади буҷет аз руи 4 намуди андоз, аз қабили андоз аз арзиши иловашуда 91 фоиз, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард 99,1 фоиз, бочи давлати 97 фоиз, андоз аз истифодабарандагони каҳри замин 98,2 фоиз таъмин гардидааст. Сабаби асосии сифатнок иҷро нагардидани буҷети шаҳру ноҳияҳои вилоят ин пурра фаъолият накардани ширкатҳои сохтмони ва истихроҷӣ ном бурда шуд. Сабаби дигари ин омил паҳншавии бемории каронавируси нави Ковид 19 ҳисобида шуд, ки дар давоми моҳҳои майю июн сабаби маҳдуд шудани фаъолияти марказҳои хизматрасонии шаҳру ноҳияҳо ва нуқтаҳои савдову тиҷорат арзёби гардид. Сардори Ситоди байниидоравии таъмини амният дар вилоят Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод фаъолияти ситодро дар давоми 11 моҳи соли равон ба баррасӣ гирифта, таъкид дошт, ки баъди мулоқоти Пешвои миллат, ки таърихи 15-уми сентябри соли 2018-ум бо фаъолони вилоят доир шуда, буд дар баробари дигар масъалаҳои рушди вилоят, таъмини волоияти конунро асоси пешрафти ҳамаи соҳаҳо ном бурд. Дар ин робита Ситоди байниидоравии таъмини амният дар вилоят зарфи 11 моҳи соли равон 541 ҷиноятро ба қайд гирифта кушодашавии ҷиноятҳо бошад 89 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин муддат 304 силоҳи оташфишон ва ҳамчунин аз муомилоти ғайриқонунии маводи мухадир беш аз 80 кг навҳои мухталифи маводи нашъаовар кашф ва мусодира шудаст. Боло рафтани маърифати ҳуқуқии сокинони вилоят ва худихтиёрона ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шудани ҷавонони ВМКБ-ро асоси таъмини иҷрои нақшаи даъвати баҳориву тирамоҳи ба сафи артиш ном бурда шуд. Қайд гардид, ки 70 фоизи даъватшудагон хатмкардагони муаассисаҳои олии таълими буда, худихтиёрона барои хизмати моддар-ватан ба сафи артиш сафарбар гардиданд. Носирзода Умедҷон Саидҷон муовини раиси ВМКБ оиди рушди соҳаи руди кишоварзӣ маълумот манзур намуда, қайд дошт, ки соли равон дар масоҳати 10 ҳазору 543 гектар кишти зироатҳои полези гузаронида шуд, ки 284 гектари онро кишти картошка ташкил дода, дар маҷмуъ ба андозаи 60 фоиз майдони кишти такрори дар вилоят афзоиш ёфт. Маҷмуъан соли равон 26 ҳазор тонна картошка истеҳсол шудаст. Баъди муҳокимаву баррасии масъалаи мазкур сардори Раёсати тандурустии вилоят Фарид Музафаров оиди бемории сироятии каронавирус маълумот дода, афзуд, ки аз рузи ба қайд гирифта шудани бемори 4610 нафар бо аломатҳои илтиҳоби шадиди шуш ва роҳҳои нафас ба қайд гирифта шуда, айни ҳол бошад 2 нафар бо бемории Ковид 19 ва 6 нафар аломатҳои шадиди илтиҳоби шуш дар муассисаҳои табобати мавриди муоина ва муолиҷа қарор дода шуд. Дар давоми сол 30 ҳодисаи фавт бо бемориҳои ҳамрадифи сабт шудаст. Директори Генералии Ширкати барқии “Помир Энерҷи” Амирхон Раҳимов оиди дастрасии аҳоли ба неруи барқ дар фасли сармо сухан намуда, афзуд, ки барои таъмини аҳолии марказҳои нохияҳо ва деҳаҳои вилоят ба хусус ноҳияи Мурғоб чораҳои заруриро пиёда менамоянд ва аз сокинони вилоят ҷиҳат самаранок истифода намудани қувваи барқ дархост намуд. Ҳамчунин сардори Хадамоти муҳоҷирати вилоят Мулкамон Каниев оиди мҳоҷирати дохиливу беруни, сардори Раёсати маорифи вилоят Одинашо Мардов оиди баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон Ватани азизи ман» ва «Фуруғи субҳи донои китоб аст», Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода роҷеъ ба таваҷуҳ ва дастгириҳои доимии Пешвои миллат, нисбати аҳли фарҳанг ва ҳифзи дастовардҳои фарҳангӣ, Ҳоким Қаландариён директори Институи илмҳои гуманитарии Акдемияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ оиди дастовардҳои олимон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, сардори Минтакаи озоди иктисодии Ишкошим Сураҷ Тоҳирҷонзода дар мавриди ифтитоҳи намояндагии ин минтақа дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ маълумот доданд. Котиби Шўрои амнияти Љумхурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло дар ҳошияи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Токикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки таърихи 15-уми декабри соли 2020 сурат гирифта буд, сухан намуд. Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов баъди натиҷагрии рушди сҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ВМКБ дар соли 2020 таъкид дошт, ки соли ҷорӣ бо комёбиву муваффақиятҳояш новобаста ба буҳрони молиявии ҷаҳони пандемияи Ковид 19 таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои беназир ноил гардид. Дар фарҷоми ҷаласа ҷиҳати иштироки фаъолона дар ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои сиёсиву фархангӣ ва дастгирии пайвастаи сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёдгор Файзов, Кишвар Шамирӣ, профессор Шермамад Ҷонмамадов, директори коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ Утакамбек Темурбеков ва раисони Кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халки Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа бо ифтихорнома ва сипосномаи раиси Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадр карда шуданд.