БУЗУРГОНРО БУЗУРГОН ЗИНДА МЕДОРАНД.

БУЗУРГОНРО БУЗУРГОН ЗИНДА МЕДОРАНД. Бахшида ба 150-солагии яке аз донишмандони тоҷик, табиб, мунаҷҷим ва хаттоти Бадахшон Шоҳзодамуҳаммад ибни Сайид Фаррухшоҳ дар толори Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи Баҳодур Искандарови академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзуъи «Мероси фарҳангиву таърихӣ, гумшуда, муаррифӣ, рақамсозӣ» доир гардид. Дар кори конфронс раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов, муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода ва раиси шаҳри Хоруғ Мирзонабот Алишер Худоберди ширкат варзид. Конфронс бо ибтикори кормандони Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи академик Баҳодур Искандарови академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар намоишгоҳ асарҳои илмӣ аз қабили рисолаи тибб, рисолаи нуҷум, ёддоштҳои олимон, ходимони давлатӣ ва рузноманигорон оиди эҷодиёти Шоҳзодамуҳаммад ҷо дода шуданд. Аз тамошои намоишгоҳ маълум гардид, ки Шоҳзодамуҳаммад бо олимони шинохтаи рус, Смёнов, Андрев, Бертелс, Бартол, Брагинский, Станешевский шиносои дошта, онҳо дар асарҳои худ ин олимро ёд намуданд. Шоҳзодамуҳаммад ибни Сайид Фаррухшоҳ дар деҳаи Саройи Бахори мулки Шуғнон соли 1870 таваллуд ёфта, ҳамчун табиби халқи, нуҷумшинос ва хаттоти чирадаст ном баровардаст. Асари Носири Хусрав Ваҷҳидин, ки аз тарафи Шоҳзодамуҳаммад нусхабардори шудаст, нишонаи хушхатии ин донишманд мебошад, ки аёни ҳол дар хазинаи дастнависҳои Институти таърих ва забони Академияи илмҳои Тоҷикистон маҳфуз аст. Баъд аз тамошои намоишгоҳ қисмати асосии конфронс оғоз ёфт. Доктори илми филология, директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандарови академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Қаландариён Сафар конфронсро ҳусни ифттитоҳ бахшида, сухани мукаддимавиро раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов огоз намуд. Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов афзуданд, ки сокинони вилоят бояд бо чунин шахсони донишманд фахр намуда, зиндагинома ва фаъолияти онҳоро барои наслҳои наврас ҳамчун намуна муаррифи намоянд. Ба иштироки иштирокчиёни конфронс маърузаҳо дар мавзуъҳои ҳаёт ва осори Шоҳзодамуҳаммад ибни Саид Фаррухшоҳ, мероси адабӣ, хаттотӣ, тиббӣ ва нуҷум маърузаҳои ҷолиби диққат пешкаш гардиданд. Аз руи иттилои набераи Шоҳзодамуҳаммад, Шохзадамуҳаммад Мамадшерзодшоев китоби Ваҷҳидини Носири Хусрав ки бо дархости олими рус Смёнов нусхабардори шуда буд, то соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар осорхонаи шаҳри Берлини Олмон маҳфуз буда, аз руи он нахустинбор Ваҷҳидинро нашр намуда, оммавӣ гардонданд. Дар конфронс зиёда аз 10 маърузаи илмӣ дар мавзуъхои мухталиф шунида шуданд. Кори конфронсро раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ҷамъбаст намуда, маърузаҳои илмиро пурмазмун ва саривакти ҳисобида, изҳори умедвори намуд, ки олимони Бадахшон дар пешбурди илму фарҳанги тоҷик саҳми босазо мегузоранд.