МАРКАЗИ ИННОВАТСИОНИИ ПОМИР ҶОВОНОНРО БО ҶОЙИ КОРИ ДОИМӢ ҶАЛБ МЕКУНАД.

МАРКАЗИ ИННОВАТСИОНИИ ПОМИР ҶОВОНОНРО БО ҶОЙИ КОРИ ДОИМӢ ҶАЛБ МЕКУНАД. Ташкилоти ҷамъиятии Маркази инноватсионии Помир баҳри таъмини ҷавонони шаҳри Хоруғ бо ҷойи кори доимӣ муддати 3 сол фаъолияти мунтаззам дошта, имрўз оиди дастовардҳо ва фаъолияти минбаъдаи марказ зимни як ҳамоиш дар ҳузури раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва иҷрокунандаи раиси шаҳри Хоруғ Мирзонабот Алишер Худобердӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Кормандони марказ аз фаъолияти кори соҳа маълумот манзур намуда иброз доштанд, ки ташкилоти ҷамиятии Маркази инноватсионии Помир аз соли 2017 ба таври расмӣ фаъолияташро дар шаҳри Хоруғ оғоз намуда, дар ин муддат тавонист 70 нафар кормандонро бо кори доимӣ таъмин намоянд. Фаъолияти марказ ба таври онлайн ба роҳ монда шуда, хизматрасонӣ дар шакли муҳосибот бо дигар давлатҳо расонида мешавад. Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов қайд намуд, ки таъмини ҷавонон бо ҷойи кори доимӣ яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрўза ба ҳисоб рафта, фаъолияти чунин ташкилотҳо саривакти буда, боиси ба кор ҷалб намудани ҷавонони бекор дониста мешавад. Ба гуфти роҳбари Марказ Валӣ Хонҷонов ташкили бинои замонавӣ ва таъмини пурраи кормандон бо интернети доимӣ метавонад ба фаъолияти кории кормандони ташкилот боз ҳам такони ҷидди бахшад. Раиси ВМКБ қайд намуд, ки бо мувофиқаи раиси шаҳр биноҳои замонавӣ дар ҳудуди Бозори 20 солагии Истиклолият, бинои Дўстӣ ва дар оянда иншооти Маркази ҷавонони вилоят метавонад ин ташкилотро бо ҷой доимӣ таъмин созад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки кормандон имконият доранд бештар бо ширкатҳо ва идораҳои дахлдор ҳамкориро вусъат бахшида, бо ин васила метавонанд, фаъолияти худро боз ҳам мустаҳкам гардонанд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғ Мирзонабот Алишер Худобердӣ зикр намуд, ки баҳри дастгирии ҷавонон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва баҳри бартарафсозии мушкилоти Марказ татбирҳои лозимиро роҳандози хоҳан намуд. Масъулини ташкилот аз дастгирии Ҳукумати мамлакат изҳори сипос намуда, қайд намуданд, ки фаъолияти Маркази инноватсионии Помир дар баробари фаъолияти дигар ташкилотҳои ҷаҳон мақоми назаррас дошта дар ояндаи наздик ният аст, ки шумораи коргаронро ба беш аз 200 нафар ва аз ин ҳам зиёд намоянд, ки ин пеш аз ҳама ба коҳиш сатҳи бекори дар вилоят мусоидат хоҳад намуд. Дар ҳамоиш як қатор коромандони фаъоли марказ бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд. Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов аз фаъолияти кормандон аз наздик шинос шуда, аз утоқи кории бинои марказ дидан намуд. Гуфта шуд, ки масъалаи мушкилии таъмини кормандон бо бинои замонавӣ дар ояндаи наздик ҳали мусбии худро пайдо намуда ҷавонон метавонанд фаъолияти худро идома диҳанд.