МАШВАРАТИ ВАСЕИ НАЗДИ РАИСИ ВМКБ

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон машварати васеи назди Раиси ВМКБ баргузор гардид. Дар машварат муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳ, раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят, роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят иштирок намуданд. ​ Ҷамъбасти озмунҳои ҷумҳуриявии​ «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» ва​ «Тоҷикистон Ватани азизи ман» дар соли 2020-ум ,​ рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитсон дар бораи​ ​ «Барномаи давлати амалӣ ​ намудани техналогияи иттилоотӣ – комуникатсионӣ дар муассисаҳои​ ​ таҳсилоти умумии​ Ҷумҳурии Тоҷиктисон барои​ ​ солҳои​ 2018-2022, омодаги ба​ даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон​ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикитсон дар бораи уҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ ва оид ба риояи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикитсон​ “Дар бораи муроҷиати шахсони​ воқеӣ ва ҳуқуқӣ, дастурамали қонунгузори ва муроҷиатҳои шаҳрвандон ба​ дастгоҳи Раиси ВМКБ​ аз масъалаҳое буданд, ки дар машварати васеи назди раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ​ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.Муовини раиси ВМКБ Назира Амирбекзода​ оиди масъалаи ​ ҷамъбасти озмунҳои ҷумҳуриявии​ «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» ва​ «Тоҷикистон ватани азизи ман» дар соли 2020-ум​ дар миқёси ВМКБ​ ахборот дода​ иброз дошт, ки ба ифтихори таҷлили сазовор аз ҷашни 30-умин солгарди​ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикитсон тибқи Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамалкат​ озмунҳои ҷумҳурияви «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» ва​ «Тоҷикистон ватани азизи ман» ба хотири​ баланд бардоштани завқи китобхони, тақвияти неруи зеҳни, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу​ фархангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни​ тамоми табақаҳои гуногуни​ кишвар​ ​ ва намояндагони касбу кори гуногун ва ҳамзамон бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои таранумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ эълон гардида ду соли охир дар сатҳи баланд​ баргузор шуда истодаанд. Раиси ВМКБ муҳтарам Ёдгор Файзов аз иштироки ғайри фаъоли​ табақаҳои гуногуни​ вилоят дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ изҳори нигарони намуда баён дошт, ки​ дар баробари толибилмони муассисаҳои таълими бояд​ донишҷуёни донишгоҳ, колеҷи тиббӣ ва аъзоёни Бахши бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ дар чунин озмунҳо иштирок намуда маҳорати​ баланди донишандузии худро нишон диҳанд.​​ Сардори Раёстаи​ маорифи ВМКБ Одинашо Мардов​ аз руи масъалаи рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитсон дар бораи​ ​ «Барномаи давлатии амали намудани техналогияи иттилооти комуникатсионӣ дар муассисаҳои​ ​ таълимии Ҷумҳурии Тоҷиктисон барои​ солҳои 2018-2022 маъмулот дода иброз дошт, ки​ ҳадафи асосии барномаи мазкур ин пеш аз ҳама рушд бахшидани​ ​ техналогияи иттилооти комуникатсиони ва баланд бардоштани сифати​ таҳсилот​ мутобиқ ба стандарти ҷаҳони​ бо истифода аз техналогияи​ ​ муосир​ ва усулҳои иноватсионии таълим ва тасвири фазои ягонаи иттилоотии таълим​ маънидод карда мешавад. Иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои​ ВМКБ айни замон 246 синфхонаи компютерӣ ва кабинетҳои фанни​ техналогияи иноватсионӣ мавҷуд аст, ки​ дар онҳо беш аз 3 ҳазор компютер​ ҷой дода шудааст , ки айни замон дар муассисаҳои таълимии қаламрави вилоят 857 адад принтер,​ 133 адад тахтаҳои электронӣ мавҷуд мебошанд ,ки ба амалишавии ин​ барномаи давлатӣ мусоидати хоҳанд намуд.​ ​ . Раиси ВМКБ муҳтарам Ёдгор Файзов аз вазъи истифодабарии дурусти техналогияи компютери дар муассисаҳои таълими​ маълумот талаб намуд. Гуфта шуд, ки дар ҳудуди ВМКБ 313 муассисаи таълими бо фарогирии 36 ҳазор нафар толибилм фаъолият доранд ва то чи андоза онҳо метавонанд ин техникаи муосирро истифода​ намоянд.​ Дар ин замина иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаҳои таълмии қаламрави вилоят ҳафтае 3 маротиба фани техналогияи компютери ба толибилмони омузонда мешавад. ​ Масъалаи омодаги ба даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Кувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон​ дар ҳудуди ВМКБ​ зимни машварати васеъ​ мавриди таҳлил қарор дода шуда​ муовини камисари ҳарбии вилоят Давлатбеки Абру​ дар ин бора ахборот пешниҳод намуд. Гуфта шуд, ки​ баъди дастуру супоришҳои Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон муҳатарм Эмомалӣ Раҳмон давоми се соли охир​ даъвати ҷавонписарон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи мамалкат дар ҳудуди вилоят дар муддати 1 руз иҷро гаридида ҷавонписарони ватандӯсту худогоҳи кишвар барои хизмати ватан модар​ худихтиёрона ба сафи Кувваҳои мусаллаҳ сафарбар гардиданд.​Раиси ВМКБ​ Ёдгор Файзов аз ҳар як роҳбари шаҳру​ ноҳия ва камисарони ҳарбӣ даъват ба амал овард, ки барои​ ​ ​ бо сифати баланд иҷро намудани нақшаи даъвати​ баҳории ҷавонписарон ба сафи Кувваҳои мусаллаҳи мамлакат аз имрӯз омодаги дида​ анъанаи​ иҷрои нақшаи даъват дар рӯзи аввалро идома диҳанд.Мудири бахши муроҷират ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи Раиси ВМКБ​ Мамадносир Мамадносиров​ оиди рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ» ва Дастурамали коргузорӣ бо муроҷиатҳои шаҳрвандон дар дастгоҳи Раиси вилоят ва идораю муассисаҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар давоми​ соли 2020-ум ахборот дод. Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов​ иброз намуд, таҳлилҳо иншон медиханд, ки ин қонун аз ҷониби бархе​ аз роҳбарони​ идораву муассисаҳо ва​ раисони​ ноҳияҳои вилоят иҷро нагардида дар рузҳои қабули шаҳрвандон ба унвонии раиси вилоят шикоятҳои зиёд ворид мегарданд.​ Аз ин ру супориш дод, ки масъалаи мазкурро​ таҳти назорати ҷидди қарор​ дода Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»-ро бо масъулияти баланд иҷро намоянд.​ Баъди муҳокима ва баррасии рузномаи машварти васеъ​ раиси ВМКБ Ёдгор Файзов​ нақшаҳои афзалиятноки соли 2021-ро муайян намуда баҳри иҷрои саривақтии он аз ҳар як роҳбар масъулияти баландро талаб намуд3 036Охват (люди)351ВзаимодействияПродвижение недоступно


Фармоиши Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фармоиши Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 декабри соли 2020 таҳти рақами 334 дар бораи Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ëдгор Файзов бо унвони Корманди шоистаи тарбияи ҷисмони ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шавад.