ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ САДА ДАР ВМКБ

Субҳи имрӯз дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ чорабинии идона бахшида ба таҷлили ҷашни миллии Сада баргузор карда шуд. Дар чорабини муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят ва шаҳри Хоруғ, ва сокинон иштирок намуданд. Дар оғози чорабини муовини Раиси вилоят Носирзода Умедҷон сокинони вилоятро аз номи Раиси ВМКБ муҳтарам Ëдгор Файзов табрику муборак бод намуда қайд дошт, ки Сада ва ҷашнгирии он монанди дигар ҷашнҳои фарҳангиву суннатии сол дар дидгоҳи ниёгони мо, қисме аз маросим ва дигаргуниҳои воқеии зиндагонии инсонӣ ва табиату кайҳон мебошад. Ҷашни Сада, Меҳргон ва Тиргон инҳо идҳои милливу суннатӣ дар бахши кишоварзӣ ва кишту кор дар байни ҷашнҳои суннатии дигар дар давоми сол мебошад. Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки “ Тоҷикон яке аз миллатҳои қадимаи дунё ва дорои таърихи беш аз 6000 – сола буда, ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда ба шумор мераванд. Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз 6000 – сола дорад. Ва ин далел низ боиси ифтихори мост. Мо – тоҷикон мероси гаронбаҳову ҷовидонаи ҳанӯз беш аз ҳазор сол қабл ба ёдгор гузоштаи ниёгони худро бе ягон мушкилӣ мехонем, мефаҳмем, барои тарбияи наслҳои навраси халқамон истифода мебарем ва ба мардуми олам муаррифӣ мекунем”. Дар фарҷоми чорабинӣ як қатор кормандони соҳаи кишоварзи бо Ифтихорномаи Раиси ВМКБ қадр гардиданд ва барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашнгирии Иди Сада пешкаши иштрокдорони чорабинӣ гардид.

Паёми табрикии муовини Раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов ба муносибати ҷашни миллии Сада

Ҳамдиёрони арҷманд!

Сада ва ҷашнгирии он монанди дигар ҷашнҳои фарҳангиву суннатии сол дар дидгоҳи ниёгони мо, қисме аз маросим ва дигаргуниҳои воқеии зиндагонии инсонӣ ва табиату кайҳон мебошад. Ҷашни Сада, Меҳргон ва Тиргон инҳо идҳои милливу суннатӣ дар бахши кишоварзӣ ва кишту кор дар байни ҷашнҳои суннатии дигар дар давоми сол мебошад. Дар Паёми навбати ба Маҷлиси Олии мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки “ Тоҷикон яке аз миллатҳои қадимаи дунё ва дорои таърихи беш аз 6000 – сола буда, ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда ба шумор мераванд. Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз 6000 – сола дорад. Ва ин далел низ боиси ифтихори мост. Мо – тоҷикон мероси гаронбаҳову ҷовидонаи ҳанӯз беш аз ҳазор сол қабл ба ёдгор гузоштаи ниёгони худро бе ягон мушкилӣ мехонем, мефаҳмем, барои тарбияи наслҳои навраси халқамон истифода мебарем ва ба мардуми олам муаррифӣ мекунем”. Истиқлолияти давлативу миллӣ барои боз ҳам равнақу густариш ёфтани тамаддуни миллӣ имкониятҳои бештаре муҳайё сохт. Дар даврони истиқлолият бисёр урфу анъанаҳои азёдрафта умри дубора ёфтанд. Яке аз онҳо ҷашни Сада мебошад, ки дар радифи Меҳргону Наврўз аз ҷашнҳои қадимтарини миллати шўҳратёри тоҷик дониста мешавад. Ба ин хотир имруз дар тамоми гўшаву канори Тоҷикистони азизамон ҷашни Садаро бо шукўҳу ҷалоли тамом таҷлил менамоянд. Лозим ба тазаккур аст, ки ҷашни Сада бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гашт ва имрўз расман дар баробари дигар ҷашну идҳои миллӣ ҷойи муносибе гирифтааст. Ҷашни Сада таърихи аҷоибу пурифтихоре дорад. Миллати соҳибтамаддуни мо – тоҷикон дар мурури асрҳои зиёд, дар талотуми таърих, дар раванди рўйдодҳои беохири рўзгор беҳтарин, бузургтарин, шарифтарин анъанаҳои фарҳангию адабӣ, маросими миллии худро бо хубтарин усулу шева муҳофизат карданд ва ин анъанаю фарҳангро дар замони мо боз ҳам густариш доданду тавсеа бахшиданд. Ба ин маънӣ ҷойгоҳ ва мавқеи ҷашни Сада дар тамаддуни тоҷикон басе бузург аст. Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқею ҷой-гоҳи ҷашни Садаро дар фарҳанги миллати тоҷик махсус таъкид кардаанд: «Тавре ки аз сарчашмањои таърихӣ ва ишораҳои адибону донишмандони пешин бармеояд, ҷашни Сада дар миёни ҷашнҳои сегонаи мардуми мо мақому манзалати хоса дорад, зеро он ифодагари омодагӣ ба гардиши табиат мебошад. Маросиму ойинҳои ин ҷашни мардумӣ аз қадим дарбаргирандаи нияту орзуҳои гузаштагони мо мебошанд.Одамони синну соли гуногун дар давраи авҷи сардии зимистон бо орзуи омадани фасли баҳори ҷонбахш бо ҳам ҷамъ омада, чорабиниҳои мухталиф доир мекарданд, гулхан мегиронданд, базм меоростанд, шодиву хурсандӣ мекарданд ва бо ҳамин роҳ сахтии сарморо барои якдигар осон менамуданд. Яъне анъанаҳои ҳаётдўстона ҷавҳари ҷашни Садаро ташкил мекарданд.Дар миёни суннатҳои Сада гулхан афрўхтан мавқеи асосӣ дорад. Ба ин маънӣ, ин ҷашнро метавон ҷашни мелоди оташ, яъне манбаи гармиву нур номид.Дар замони истиқлолият Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо, аз ҷумла Наврўзу Меҳргон умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва соли гузашта дар радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид гардид».Лутфан, Шумо – ҳамдиёрони азизу иззатмандро бо фарорасии ҷашни милливу қадимаамон – Сада табрику таҳният мегўям, хоҳони тандурустиву хушрўзии Шумо ҳастам ва дар зиндагиатон комгориҳои беш таманно менамоям! Бо эҳтироми қалби Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов