РАИСИ ВМКБ ДАР НАЗДИ ВАКИЛОН ҲИСОБОТ ДОД.

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки беш аз 90 фоизи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ иҷлосияи панҷуми даъвати шашуми маҷлиси вакилони халқи ВМКБ бо садо додани Суруди милли ба кори худ оғоз кард. Аз руи рузномаи иҷлосия дар кори он ҳисоботи раиси ВМКБ «Дар бораи иҷрои барномаҳои тарақиёти иҷтимоию иктисодӣ, ҳолати хоҷагидорӣ, истифода ва идораи иншооти моликияти комуналии вилоят дар соли 2020, ҳисоботи вакилди Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии Намадгут, №56 -и ноҳияи Ишкошим, Шамс Муборакшоев «Дар бораи иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва вакилӣ, пешниҳоди раиси комиссияи МИХД –и ВМКБ оид ба номгузори, дигар кардани номи корхонаҳои давлатӣ, фурудгоҳо, ташкилоту муассисаҳо, таълимгоҳо, инчунин обектҳои физикиву чуғрофӣ, масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ ва тасдиқи қарорҳои раиси вилоят, ки дар байни иҷлосияҳои чорум ва панҷуми даъвати шашуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят қабул гардидаанд, мавриди таҳлилу расидагӣ, қарор гирифтанд. Вобаста ба иҷрои барномаҳои тарақиёти иҷтимоию иқтисодӣ, ҳолати хоҷагидорӣ, истифода ва идораи иншооти моликияти комуналии вилоят дар соли 2020 Раиси Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ, раиси вилоят Ёдгор Файзов маълумот манзур намуда, тазаккур дод, ки соли 2020-ум новобаста ба бурузи бемории Ковид 19 дар хамаи самтҳои хоҷагидории вилоят соли бобарор ва муваффакиятомез ҷамъбаст гардид. Гуфта шуд, ки муттахиди ва якдилдии бошандагони вилоят собит намуд, ки интихоботи Мачлисҳои маҳалли ва маҷлиси намояндагони мачлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон инчунин интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври шафоф ҷамъбаст гардид. Роҳбари вилоят дар пастманзари бемории сироятии ковид 19 таъкид намуд, ки бо сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даст дод, ки тамоми сарчашмаҳои маблағгузории давлативу ғайридавлатӣ шарикони рушд, ва дигар сармоягузорон ба иқтисоди миллӣ равона гардида, нақшаи даромади буҷети вилоят дар ин давора ба андозщаи 107 фоиз ичро гардида, маблағҳои субвенсиони низ дар ҷаҷми 97 дарсад таъмин шуданд. Вобаста ба масъалаи дигар рузномаи Иҷлосия вакил аз ҳавзаи интихоботии Намадгут раками 56 –и ноҳияи Ишкошим Муборакшоев Шамс дар бораи иҷрои вазифаҳои хизмати ва вакили ҳисобот дод. Раиси комиссияи МИҲД вилоят оид ба номгузори, дигар кардани номи корхонаҳои давлатӣ, фурудгоҳҳо, ташкилоту муассисаҳо, таълимгоҳо, инчунин обектҳои физикиву ҷуғрофӣ ва масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ муовини раиси ВМКБ Назира Амирбекзода Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тасдиқи қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хоруғ дар бораи номгузори кардани ҶСКФ фурудгоҳи шаҳри Хоруғ ба номи собиқ сардори фурудгоҳ корманди шоистаи авиатсия ва нақлиёт Махсутшоев Дилдорбек, инчунин тасдиқи қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дарвоз дар бораи номгузори намудани МТМУ №39-и деҳаи Пастироҳи ноҳияи Дарвоз ба номи Сафаров Сафар ва тасдиқи қарори вакилони халқи ноҳияи Дарвоз дар бораи номгузор намудани МТМУ № 23 –и деҳаи Жаки ноҳияи Дарвоз ба Исломов Садриддин, инчунин тасдики қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ишкошим дар бораи тағир додани номи қуллаи комсамоли Украина ба қуллаи Боми Чаҳон қироат намуда, қарори маҷлиси вакилони халқи ВМКБ қабул гардид. Баъди баррасии рузномаи иҷлосия сардори Ситоди байниидоравии таъмини амният дар вилоят сардори РВКД дар ВМКБ Тағоймуродзода Рустам Тағоймурод ҳолати иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ҳолати ҷинояткорӣ маълумоти муфассал манзур намуд.

ОМОДАГӢ БА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврўз ҷаласаи тадорукотӣ назди муовини Раиси вилоят Амирбекзода Назира баргузор гардид, ки дар он бандҳои нақша чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ба аъзоёни кумитаи тадорукотӣ баррасӣ карда шуд.Муовини раиси ВМКБ ба аъзоёни кумитаи тадорукотӣ дар асоси нақша чорабинии баргузории ҷашни Наврузи байналмилалӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ дастурхои мушаххас дод. Мутобиқи қарори раиси ВМКБ нақша чорабинии мақомоти вилояти таҳрези гардида, дар асоси он дар миқёси вилоят бояд ярмаркаи дастовардҳои хоҷагии халқи вилоят, фестивалу ҳамоишҳо, ташкили мусобиқаҳои варзишӣ, конфронсҳо ва барномаҳои алоҳидаи телевизионӣ роҳандози карда шавад. Дар асоси Қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оиди пешгирии бемории сироятиии Ковид-19 ҳоло баргузории барномахои театрикунонидашуда дар миқёси Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуда, сайругашти оммавии мардум бо риояи тадбирҳои пешгирикунандаи паҳншавии касалии сироятии каронавирус дар назар аст.

ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи зиёд намудани андозаи стипендияи донишҷӯёнимуассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин магистр, аспирант ва докторантҳоБо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯён, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:1. Аз 1 сентябри соли 2021 андозаи стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбӣ (ба ғайр аз стипендияҳои президентӣ, курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон), инчунин магистр, аспирант ва докторантҳо ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад.2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалигардонии фармони мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад.ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонш. Душанбе25 феврали соли 2021№1274 188Охват (люди)670ВзаимодействияПродвижение недоступно

5050Поделились: 14НравитсяКомментироватьПоделиться

КОНФРОНСИ ИЛМИ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

Бахшида ба Рўзи байналмилалии забони модарӣ дар толори Институти илмҳои гуманитарии ба номи Академик Баҳодур Искандарови Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикитсон дар ВМКБ ҳамоиши илмӣ таҳти унвони «Забони модарӣ – дар ҷомеаи муосир, Руйкарди илмӣ» баргузор гардид. Дар кори конфронс раиси ВМКБ Ёдгор Файзов иштирок ва суханронӣ намуд. Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов олимону донишмандон ва кулли мардуми саодатманди вилоятро бо Рӯзи байналмилалии забони модари табрик намуда иброз дошт, ки ҳамарўза оид ба забонҳои маҳалли дар вилоят баҳсу мунозираҳо рафта истодаанд, ва то ҳатто ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шабакаҳои иҷтимои муроҷиатномаҳо ва пешниҳодоти зиёд ворид мегарданд. Муовини директор оид ба илм ва таълим- номзади илмҳои гуманитарӣ Шаҳло Саиднуриддинова дар марвиди мушкилоти беҳбудии ҳуруфи алифбои помирӣ баромад намуда, паҳлуҳои ин мавзуъро ба тарви васеъ шарҳ доданд. Дар кори ҳамоиши илмӣ олимону донишмандони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баходур Искандарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят оиди таърихи пайдоиши истилоҳи «Забонҳои помирӣ» ва таҳияи алифбоҳо ба ин забонҳо», таърихи омузиши забонҳои ин минтақаи кишвар, ҷиҳатҳои қонунии ҳимоя ва инкишофи забонҳои помирӣ ва чандин мавзуъҳои марбут ба таълифи осори бадеи ба забони помири мавриди барраси қарор дода шуда оиди рушди минбаъдаи ин забонҳо таклифу пешниҳодҳои судманд ба миён гузошта шуданд.

ФАРМОИШИ ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Барои ҳамкории судманд ва ба муносибати 28 – умин солгарди таъсисëбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ëдгор Файзов ва муовини Раиси вилоят Носирзода Умедҷон бо медали ҷашнии 28 солагии таъсисëбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

ТАҶЛИЛИ 28 – УМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСËБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВМКБ

Субҳи имрӯз бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ëдгор Файзов чорабинии тантанавӣ бахшида ба 28 – умин солгарди таъсисëбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар театри вилоятӣ ба номи Меҳрубон Назаров баргузор карда шуд. Дар чорабинӣ муовинони Раиси вилоят, раиси шаҳри Хоруғ, роҳбарони идорву муассисаҳои вилоят, намояндагони қисмҳои низомии мустақар дар шаҳри Хоруғ ва собиқадорон иштирок намуданд. Дар оғози чорабини Раиси вилоят муҳтарам Ëдгор Файзов тамоми сокинони вилоятро бо ин рӯзи таърихи табрику муборакбод намуда қайд доштанд, ки баъди пош хӯрдани давлати абарқудрати Шӯравӣ тибқи яке аз фармонҳои нахустини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон ташкил ёфт ва бори аввал рӯзи 23 феврали соли 1993 низомиён дар намоиши ботантанаи ҳарбӣ бо як ҷаҳон ифтихору садоқатмандӣ иштирок намуданд.Ташкил ёфтан ва батадриҷ пойдор шудани Артиши миллӣ дар таърихи ҳазорсолаи мо- тоҷикон падидаи нав буда, онро яке аз рукнҳои муҳимтарини истиқлолият шуморидан ба мақсад мувофиқ аст. Имрӯз бо итминони комил метавон гуфт, ки Қувваҳои мусаллаҳи мо ҳимоягари воқеии истиқлолияти Ватан, амнияти кишвар ва сулҳу суботи мамлакат мебошанд. Кормандони сохторҳои низомӣ дар оянда ҳам бо интизоми қавӣ, омодагии ҷангӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва донишу таҷрибаи баланд дар ташаккули ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.Баъд аз анҷоми суханронии Раиси вилоят як қатор кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва сарбозони шуҷоъ барои саҳми арзанда гузоштан дар нигоҳ доштани марзу буми кишвар бо ифтихорномаи Раиси ВМКБ ва мукофоти пули сарфароз гардиданд. Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангӣ аз тарафи ҳунармандони шинохтаи вилоят пешкаши иштирокдорон гардид.и ещё 8283Охват (люди)59ВзаимодействияПродвижение недоступно


ТАБРИКОТИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАИСИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КУҲИСТОНИ БАДАХШОН ЁДГОР ФАЙЗОВ БА МУНОСИБАТИ 28 – УМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ АРТИШИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Афсарон ва сарбозони шуҷоъ!

Ба таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 сол пур шуд. Дар сароғози сухан, иҷозат диҳед, Шумо- ҳомиёни марзу буми кишвар ва такягоҳи бо эътимоди халқу Ватанро ва дар шахси Шумо кулли мардуми шарифи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро ба ифтихори 28- солагии Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шахсан аз номи худам самимона табрик намуда, бароятон саломатӣ, хушбахтӣ ва дар роҳи таҳкими ваҳдату ягонагӣ, сулҳу оромӣ, ҳифзи дастовардҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дастовардҳои навини хизмати ҳарбӣ комёбиҳои нав ба навро орзу намоям. Ҳифзи марзу буми Ватан, дастовардҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангие, ки аз назари аҷдодони ориёинажодамон аз рӯи шиори «Рафтори нек, пиндори нек ва гуфтори нек» буд, аз вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди он маҳсуб мешуд. Дар Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар заминаи ин фалсафаи аҷдодии мо чунин сатрҳо сабт гардидаанд: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиаи он вазифаи муқаддаси шаҳрвандон мебошад». Қобили зикр аст, ки ҷавонони мо ин рисолати таърихиро хуб дарк намуда, муҳаббату садоқати ватандорию ватандӯстиро дар ҳифзи марзу буми кишвар зоҳир менамоянд. Бояд қайд намуд, ки ҷавонони вилоят ин рисолатро хуб дарк намуда имруз омода ҳастанд ихтиёран ба сафи Кувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гарданд. Маҳз ин иқдоми ҷавонон ва мардуми ватандусти вилоят буд, ки Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон нақшаи даъвати баҳори ва тирамоҳи соли гузашта дар як руз иҷро намуд. Онҳо чунин ҳидояти Президенти кишвар «Қувваҳои мусаллаҳ бояд пеш аз ҳама эҳсоси баланди ватандӯстӣ, интизоми қатъӣ, маҳорату малакаи ҳамаҷонибаи ҳарбӣ дошта бошанд. Артиш симои миллат ва бақои умри миллат аст»-ро бо дасту дили соф иҷро мекунанд.Баъди пош хӯрдани давлати абарқудрати Шӯравӣ тибқи яке аз фармонҳои нахустини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон ташкил ёфт ва бори аввал рӯзи 23 феврали соли 1993 низомиён дар намоиши ботантанаи ҳарбӣ бо як ҷаҳон ифтихору садоқатмандӣ иштирок намуданд.Ташкил ёфтан ва батадриҷ пойдор шудани Артиши миллӣ дар таърихи ҳазорсолаи мо- тоҷикон падидаи нав буда, онро яке аз рукнҳои муҳимтарини истиқлолият шуморидан ба мақсад мувофиқ аст. Имрӯз бо итминони комил метавон гуфт, ки Қувваҳои мусаллаҳи мо ҳимоягари воқеии истиқлолияти Ватан, амнияти кишвар ва сулҳу суботи мамлакат мебошанд. Кормандони сохторҳои низомӣ дар оянда ҳам бо интизоми қавӣ, омодагии ҷангӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва донишу таҷрибаи баланд дар ташаккули ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.Таърих лаҳзаҳоеро дар хотир дорад, ки давлатҳои муқтадири пешин бо сабабҳои парокандагӣ дар лашкар бар зидди ҳуҷуми аҷнабиёни ваҳшию қафомонда, вале муташаккилу камшумор истодагарӣ карда натавонистанд.Бинобар ин мо бояд фазоеро ба вуҷуд оварем, ки хизмати ҳарбӣ чун дар давраҳои неки пештара вазифаи муҳимтарин шуморида шуда, ҳар як фарди ҷомеа одамони низомиро дӯст дорад, ҳурмат намояд ва тарбиятгари онҳо бошад.Тайёр намудани насли наврас барои хизмати софдилона имрӯз аз назари ҳарвақтта дида, барои ватанамон хеле муҳим аст. Дар робита ба ин афкор мебояд, ки силсилаи корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботу ташвиқоти ватандорию меҳанпарастиро байни ҷавонон пурзӯр намоем.Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, воҳидҳои сохтории он мувофиқи ҳидояту дастурҳои Сарвари давлат ба тарбияи ватанпарастии ҷавонон, омода намудани онҳо ба хизмати ҳарбӣ, муҳайё намудани шароити хизмат ба сарбозону афсарон дар қисмҳои низомие, ки дар ҳудуди вилоят мустақар мебошанд, аҳамияти хоса медиҳанд. Дар доираи амалӣ намудани Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонон аз ҷониби мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар баробари дигар чорабиниҳо оиди таълими ҳарбии хонандагон, ба хизмат омода намудани онҳо корҳои зиёде анҷом дода мешаванд.Муҳофизу ҳимоятгари Ватан будан аз ҳар кас заҳмати зиёд, бедорхобӣ, иродаву қатъият, устуворию матонат, ҷасорат, душворписандӣ ва фидокорию ҷонбозиро тақозо мекунад. Вобаста ба ҳамин хизматчиёни ҳарбӣ дар паноҳи давлату ҳукумат қарор дошта, аз таъминоти пурраи он бархурдоранд.Бе муболиға, имрӯз гуфтан мумкин аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омодагии баланди сиёсӣ ва ҳарбӣ зиндагӣ ва меҳнати осоиштаи халқу кишварро таъмин намуда, дар мубориза ба муқобили аъмоли зишт дар ҷомеа ва таъмини истиқлолияти сиёсиву иқтисодии мамлакат, пешрафти минбаъдаи он ҳиссаи босазо гузоранд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят кушиш менамояд, ки ҳарчӣ бештар барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии афсарону аскарон кӯмаки амалӣ расонад. Аз ин рӯ дар асоси қарори махсуси раиси вилоят раёсату кумитаҳо, идораву муассисаҳои вилоятӣ ба қисмҳои низомии дар вилоят буда вобаста гардида, ба онҳо ба таври доимӣ, бахусус дар рӯзҳои ҷашнҳои миллию суннатӣ кӯмаки моддию молиявӣ мерасонанд. Дар се соли охир аз буҷаи вилоят барои қисмҳои низомии дар вилоят ҷойгирбуда 67 ҳазор соионӣ кӯмакҳои маблағи расонида шуданд.Дар охир, бори дигар Шуморо бо 28- умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ табрик гуфта, боварӣ дорам, ки Шумо тамоми кӯшишу ғайратро барои ҳифзи марзу буми Ватан равона мекунед, то ки халқи азизимон дар фазои оромию осудагӣ зиндагӣ намояд. Ҳамеша пирӯзу сарбаланд бошед!1 516Охват (люди)238ВзаимодействияПродвижение недоступно

5050Поделились: 16НравитсяКомментироватьПоделиться

НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КУҲИСТОНИ БАДАХШОН

Раиси ВМКБ муҳтарам Ёдгор Файзов дар оғози нишасти матбуоти барои инъикоси ҳаёти воқеъи ва фаъолияти кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба рузноманигорони ВАО-и вилоятӣ ва намояндагони шабакаҳои ҷумҳуриявӣ дар вилоят изҳори сипос намуд. Роҳбарияти вилоят ба таври фишурда оиди вазъи иқтисодиву иҷтимоии ВМКБ дар давоми соли 2020 маълумот манзур намуд.Дар нишасти матбуоти Раиси вилоят 45 нафар хабарнигорон аз шаҳру нохияҳои вилоят мухбирони рузномаҳо ва телевизионҳои ҷумхурияви дар вилоят ширкат варзиданд. Баъди пешниҳоди ахбороти мушаххас рузноманигорони ВАО саволҳоро унвонии роҳбари вилоят аз хусуси рушди соҳаи сайёҳӣ бо бунёди боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, таҷдиду азнавсозии роҳҳои ҳудуди вилоят аз ҷумла роҳи самти ноҳияи Шуғнон, Ишкошим, Роштқалъа, масъалаи болоравии нархи нерўи барқ ва маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳои қаламравӣ вилоят, оиди барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Хоруғ ва омодагии шаҳр ба 30-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикитсон, равнақи соҳаи кишоварзӣ бо амали намудани баронмаи парандапарвариву моҳипарварӣ, фаъолияти минбаъдаи корхонаҳои хурди саноатӣ ва дигар масъалаҳои муҳими руз пешниҳод намуданд. (маълумоти пурра оиди нишасти матбуотӣ Раиси ВМКБ дар сомонаи мақомоти иҷрияи ҳокимияти давлатии ВМКБ badakhshon.tj иниъкос хоҳад шуд.

Бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ВМКБ муҳтарам Ёдгор Файзов Иҷлосияи маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Роштқалъа доир шуд.

Санаи 17 уми феврали соли 2021таҳти раёсати Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа Иҷлосияи ҳафтуми , (даъвати шашум)и Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор гардид. Дар кори иҷлосия муовинони раиси ноҳия, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони идораву муассисаҳо, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ ва раисони Ҷамоатҳои деҳот, вакилони Маҷлиси вакилони халқ ширкат намуданд.Ба муҳокимаи иҷлосияи ҳафтуми (даъвати шашум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳия масъалаҳои зерин:1. Ҳисоботи раиси ноҳияи Роштқалъа “Дар бораи иҷрои нақша ва барномаҳои тараққиёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳолати хоҷагидорӣ истифода ва идораи иншоотҳои комуналии ноҳияи Роштқалъа дар соли 2020”2. Рафти иҷрои қарори раиси ноҳия аз 20.05.2019 рақами 177 оид ба иҷрои қарори раиси ВМКБ аз 08.04.2019 роҷеъ ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6.03.2019 рақами АП 1176″Дар бораи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”.3. Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои аграрӣ, экология ва шуғли аҳолӣ.4. Ҳисоботи вакили Маҷлиси халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии Зигур рақами 9 Риҷаббекова Манзура “Дар бораи иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва вакилӣ”.5. Тасдиқ намудани қарорҳои раиси ноҳия, ки дар байни иҷлосияҳои шашум ва ҳафтуми(даъвати шашум) Маҷлиси вакилони халқи ноҳия қабул гардидаанд, баррасӣ ва муҳокимаронӣ гардиданд.Аз рӯи масъалаи якум раиси ноҳияи Роштқалъа муҳтарам Назаршозода Лоиқ ҳисобот дода, оиди иҷрои барномаҳои тараққиёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳолати хочҷагидорӣ, истифода ва идораи иншоотҳои комунналӣ ва дигар бурду бохти ноҳия суханронӣ намуд.Зимни муҳокимаи масъалаи мазкур, Раиси ВМКБ муҳтарам Ёдгор Файзов суханронӣ намуда, аз ҷумла масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои марбутаи ноҳияи Роштқалъаро ҷиҳати таъмини иҷрои пурраи буҷети ноҳияи Роштқалъа дар соли 2021, дарёфти сарчашмаҳои нав ва зиёд намудани даромади буҷет, назорати истифодаи самарабахш ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, дарёфт ва муаррифӣ намудани ҷойҳои таърихии ноҳия, ҳаматарафа ва пурра омода намудани хонандагон ва дигар қишри ҷомеаро ба озмуни Ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” вазифадор намуданд. Иҷлосияи ҳафтуми (даъвати шашум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Роштқалъа аз рӯи як қатор қарорҳои қабул намудаи Раиси ноҳияи Роштқалъаро, ки дар байни иҷлосияҳои шашум ва ҳафтуми (даъвати шашум )-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баррасӣ шудаанд, қарорҳои дахлдор қабул намуд ва бо ҳамин иҷлосияи ҳафтуми(даъвати шашум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Роштқалъа , кори худро ба анҷом расонд.

ДАР ВМКБ ДАР СОЛИ 2020 ЗИËДА АЗ ПАНҶ ҲАЗОР НАФАР БО ҶОЙҲОИ КОРИИ ДОИМӢ, МАВСИМӢ ВА МУВАҚҚАТӢ ТАЪМИН ГАРДИДАНД.

Зимни нишасти матбуотӣ Назиров Мамадкарим сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилоят қайд доштанд, ки дар соли 2020, 8590 нафар барои пайдо кардани ҷойи корӣ муроҷиат карданд, ки аз онҳо 3062 нафарашон занон мебошанд. Аз шумораи умумии муроҷиаткардагон 6194 нафар ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуданд, ки 2183 нафари онҳо занон мебошанд. Бо ҷойҳои кории доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 5057 нафар таъмин шуданд.Дар ин давра 74 ярмаркаи ҷойҳои корӣ бо пешниҳоди 415 ҷойи кории холӣ гузаронида шуда, дар онҳо 130 корхона ва 3096 корҷӯй иштирок намуданд. Аз ин 1907 нафар ба ҷойи кор роҳхат гирифта, 173 нафар бо кор таъмин шуданд ва 1305 нафар ба касбомӯзӣ роҳхат гирифта, 439 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ сафарбар гардиданд. Барои ба соҳибкорӣ ҷалб намудани шахсони бекор ба 539 нафар ба маблағи 1559855 сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст.Макони асосии таъмини аҳоли бо ҷойи кор ассосан сектори хусусӣ тавассути ташкили корхонахо, нуктаҳои хизмати маишӣ, саёҳӣ, иншооти сохтмонӣ ва ғайраҳо мебошанд. Ташкили шакли нави кор ба монанди ба роҳ мондани хизматрасонӣ тариқи онлайн барои ширкатҳои берун аз ҷумҳурӣ низ ривоҷ ёфта истода, айни ҳол дар маркази “Иноватсионии Помир” 70 нафар ҷавонони забондон машғули чунин намуди фаъолият мебошанд.Тибқи ҳисоботи оморӣ дар соли 2020 аз вилоят 6393 шаҳрванд ба хориҷи кишвар сафар карда, аз ин теъдод 6393 нафар (мард 5535, зан 858) муҳоҷирони меҳнатиро ташкил медиҳанд. Аз хориҷи кишвар 3962 шаҳрванд (мард 3216, зан 746) ба ватан баргаштанд. Шумораи муҳоҷирони дохилӣ 84 нафар ва экологӣ 40 нафарро ташкил медиҳад.Дар соли 2020 муҳоҷирони меҳнатӣ аз хориҷи кишвар тариқи бонкҳо 33632237 доллари ИМА интиқол доданд, ки ин нисбати соли гузашта хамагӣ 142934 доллар камтар мебошад.