КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТИИ ВМКБ СОҲИБИ 8 АДАД НАҚЛИЁТИ ЁРИИ ТАЪҶИЛӢ ГАРДИДАНД.

Зимни нишасти матбуотӣ Фарид Музаффаров сардори Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят зикри доштанд, ки дар соҳаи тандурустии вилоят 501 духтур, аз ин шумора 217 нафар бо категорияи олӣ ва 2031 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд. Аз шумораи умумии духтурон 82 нафар дар беморхонаи вилоятӣ, 35 нафар дар Маркази саломатии шаҳри Хоруғ, 239 нафар табибон дар муассисаҳои табобатию профилактикии ноҳияҳо ва 374 нафар табибон дар дигар марказҳои вилоятии табобатию профилактикии воқеъ дар шаҳри Хоруғ фаъолият намуда истодаанд, ки аз ин теъдод дар Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили вилоят 8 нафар ва 4 нафар дар Маркази бемориҳои пуст ва зӯҳравии вилоят фаъолият намуда истодаанд.Соҳаи тандурустии вилоят аз Беморхонаи вилоятӣ, 7 адад беморхонаҳои марказии ноҳиявӣ, 1 адад беморхонаи рақамӣ ва 17 адад беморхонаҳои минтақавӣ, 117- адад шӯъбаҳои табобатӣ ва 25 адад шӯъбаҳои ёрирасон ва 36 адад ҳуҷраҳои ташхисию ёрирасон иборат буда, дар ин давра 21178 нафар беморон бистарӣ карда шудааст, ки аз ин шумора 21170 нафар бо муолиҷаи сатҳи гуногун ҷавоб дода шуда, теъдоди фавтидагон дар ин давра 45 нафарро ташкил додаст, ки аз ин шумора кудакони то синни 5 сола 11 нафар мебошанд.Тибқи ҳисоботи оморӣ хизматрасонии пулакӣ дар ин давра 4 млн 650250 сомонӣ ташкил додаст, ки ин нишондод 77,4% нақшаи пешбинишударо дар бар мегирад.Дар соли 2020 бемории сили фаъол 142 нафар ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 112 нафар сили асосноки шушӣ ва 46 нафар сили ғайришушӣ мебошанд. Ҳамагӣ дар қайди Маркази мубориза ба зидди бемории сили вилоят 639 нафар беморони сил зери назорати диспансерӣ қарор доранд.Дар соли 2020 гирифторони беморони наъшамандӣ 539 нафарро ташкил дода, 15 нафар аз нав ба қайд гирифта шудаанд ва гирифторони вируси норасоии масъунияти одам (ВНМО) дар вилоят 714 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 29 нафар аз нав ба қайд гирифта шудаанд.Дар қаламрави вилоят ба ҳолати 8 январи соли ҷорӣ 3142 нафар сироятёфтагон ба COVID-19 мубтало гардида, аз ин теъдод 3090 нафараш табобат ёфта дар ҳолати қаноатбахш аз беморхонаҳо ҷавоб шуданд ва 8 нафар фавтиданд. Ҷиҳати табобати беморон 10 беморхона бо 785 кати хоб омода буда, маводи доруворӣ ва маводҳои безараргардонӣ таъмин гардонида шудааст. Ба ҳолати 8 январи соли 2021 дар вилоят беморони гирифтори сирояти COVID-19 дар сатҳи беморхонаҳо ва дармонгоҳҳо ба қайд гирифта нашудааст. Ба ҳолати ҳозира сохтмони беморхонаи сироятӣ дар вилоят оғоз нагардидааст, фақат бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд ва худи аҳолӣ таъмири шӯъбаҳои гуногуни касалхонаи вилоятӣ, шуъбаҳои сироятии назди беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Ванҷ, Рушон, Шуғнон, Ишкошим ба анҷом расонида шудааст. Таъмини беморхонаҳо бо таҷҳизоти тиббӣ, рахти хоб, таҷҳизот барои ошхонаҳо, ҳочатхонаҳо дорувории зарурӣ чи аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва чӣ аз тарафи шарикони рушду соҳибкорони ватанӣ ва аҳолии маҳаливу ҳамватанони бурунмарзӣ дар сатҳи хеле баланд ба роҳ монда шуд. Дар баробари ин соли ҷорӣ 5 бунгоҳи нав мавриди истифодабарӣ қарор гирифта, 2 адад нақлиёти ёрии таъҷилии нав дастрас карда шуд. Дар робита ба ин қайд кардан бамаврид аст, ки соли 2020 аз тарафи Пешвои муаззами миллат ҷиҳати пешгирӣ намудани хавфи паҳншавии бемории КОВИД-19 дар 50 нақлиёти калони боркаш кумаки хайриявӣ дар намуди маводи ғизоиву доруворӣ ва дигар таҷҳизотҳои тиббӣ ба аҳолии вилоят расонида шуд. Илова ба ин аз тарафи роҳбарияти олии кишвар тавассути вазорати тандурустӣ дар давраи солҳои 2019-2020 ба вилоят 8 нақлиёти ёрии таъҷилӣ, 7 нақлиёти хизматии тамғаи нива, ва 1 адад рефережатор барои фароҳам овардани шароити корӣ кумак расонида шуд. Инчунин аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳаи мазкур ба маблағи 2,1 млн сомонӣ доруворӣ, либосҳои муҳофизатии фардӣ ва таҷҳизоти тиббӣ дастгирӣ карда шуд. Ҳамзамон аз ҷониби шарикони рушд, соҳибкорон ва ҳамватанони бурунмарзӣ техника ва таҷҳизоти зарурӣ ба маблағи зиёда аз 4,0 млн сомонӣ аз қабили оксегенератор 117 адад ИВЛ 30 адад ва дигар лавозимотҳои соҳа дастрас гардиданд.

БОИСИ ИФТИХОР АСТ.

Зимни нишасти матбуоти сардори филиали бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” дар ВМКБ Зайнаб Мамадназарзода қайд доштанд, ки боиси ифтихор аст, ки дар сатҳи Ҷумҳури филиалҳои БДА “Амонатбонк” дар н. Рушон вобаста ба ҷамъбасти соли 2020 бо нишондиҳандҳои баланди фаъолияти корӣ дар миқёси Ҷумҳури ҷои якумро сазовор шуданд ва ҳамчун мукофот бо автомошинаи сабукрави тамғаи “Prado” қадрдонӣ шуданд. Ҷои дуюм бошад насиби филиали БДА “Амонатбонк” дар н. Роштқалъа шуд ва кулли кормандони филиали мазкур бо мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд.

НИЗОМИ БОНКИ ДАР ВМКБ БЕҲТАР МЕГАРДАД.

Зимни нишасти матбуотӣ мудири шуъбаи минтақавии бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ Зайнулараб Қозидавлатзода қайд доштанд, ки паёмадҳои ғайри муқаррарӣ ва авҷи пандемия, дар соли сипаригардида тамоми кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифта ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун ҷузъи таркибии он аст, аз ҷумла ба фаъолияти низоми бонкии вилоят таъсири бевоситаи худро расонд.Сарфи назар аз ин шуъбаи минтақавии бонки миллӣ Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ дастуру супоришхои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сармашқи кори худ намуда дар соли 2020 баҳри баланд бардоштани фаъолияти низоми бонкии вилоят корҳои муайянеро ба анҷом расонд.Новобаста аз мушкилоти зикршуда, яке аз руйдодҳои муҳими сиёсӣ ин ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Дар баробари ба истифода додани корхонаҳо ва муассисаҳо ифтитохи се бино боҳашамати БДА ҶТ “Амонатбонк“ бо таҳҷизотҳо муосиру замонавӣ дар н. Рушону Ишкошим ва ш. Хоруғ мавриди истифода қарор гирифтаанд.Яке аз дастоварди дигари назаррас ин кушодани маркази хизматрасонии бонкии ҶСП Бонки “Арванд” дар шаҳри Хоруғ мебошад. Баъди оғози фаъолияти воҳиди сохтори мазкур шумораи кормандони низоми бонкӣ 544 нафар расид, ва аз ин 46 фоизро бонувон ташкил медиҳанд.Мувофики маълумотхои омори фаъолияти низоми бонкии вилоят тамоюл ба рушд дошта, дар давоми соли сипаришуда новобаста аз монеаҳое, ки дар натиҷаи паҳншавии дарди ҳамагир эҷод шуданд, тавонист бақияи қарзҳоро нисбат ба соли 2019 ба 21,4%, қарзҳои додашударо ба 28,8%, бақияи амонатҳои шахсони воқеъиро ба 17,7% фоиз зиёд намояд. Шумораи филиалҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба 21 адад, саридораи ташкилотҳои маблағгузории хурд ба 3 адад, марказҳои хизматрасонии бонкӣ ба 53 адад расида, дар маҷмӯъ ҳоло дар қаламрави вилоят 77 ташкилоти қарзии молиявӣ фаъолияти хешро анҷом дода истодаанд. Ҳаҷми умумии қарзҳои додашудаи дар соли 2020-ум маблағи 84,9 млн.сомониро ташкил дод, ки нисбати соли сипаришуда18,98 млн. сомонӣ афзоиш ёфтааст. Аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда, маблағи 47,9 млн. сомонӣ ё 56,42 фоизи он, ба филиалҳои БДА ҶТ “Амонатбонк” рост меояд ва қарзҳои додашудаи бонки мазкур дар вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,9 млн. сомонӣ ё ин ки 1,18 маротиба афзудааст.Дар баробари ин, фарогирии зиёди аҳолӣ ба маҳсулотҳои қарзӣ, боиси зиёд шудани шумораи қарзҳои додашуда дар давраи ҳисоботӣ гашта, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба 287 адад ё 4 фоиз афзоиш ёфт. Шумораи умумии қарзгирон дар соли сипаригардида ба 6 680 баробар шуда аз ин 2927 адад ба занон бо маблағи 30,1 млн сомонӣ рост меояд. Зиёд шудани шумораи қарзҳои хурду миёна ба муштариён дода шуда, аз ҷумла ба соҳибкории хурду миёна, аз дастрасии бештари аҳолӣ,хусусан аҳолии ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ба маҳсулоти қарзӣ, гувоҳӣ медиҳад.Бақияи умумии қарзҳо ба ҳолати 1 – уми январи соли 2021 маблағи 114,4 млн.сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22 фоиз афзудааст. Баргардонидани қарзҳо дар ин давра 67,00 млн.сомониро ташкил додааст,ки он ба 79 фоизи қарзҳои додашуда баробар мебошад.Қарзҳои батаъхирафтода ба ҳолати 1-уми январи соли 2020 маблағи 32,9 млн. сомониро (28,6 фоизи бақияи умумии сандуқи қарзӣ ташкилотҳои қарзии вилоят) ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, ба маблағи 912,3 ҳаз.сомонӣ ё 2,7% коҳиш ёфтааст ва 1392 нафар қарздоронро дар бар мегирад.Имруз бо боварии комил гуфтан метавонем, ки эътиқоди аҳоли ба низоми бонкии вилоят ҳануз дар сатҳи муътадил қарор дошта, бақияи амонатҳои шахсони воқеӣ дар ташкилотҳои қарзӣ нигоҳдошташаванда сол ба сол зиёд мегардад. Бақияи амонатҳои шахсони воқеӣ 273,3 млн. сомониро ташкил дода, аз ин бақияи амонатҳои бо асъори хориҷӣ ба 89,7 млн сомонӣ баробар аст. Нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, ба маблағи 41,2 млн. сомонӣ зиёд, ё ин ки 18 фоиз афзудааст. Новобаста аз паҳншавии пандемия дар давраи ҳисоботӣ аз хориҷи кишвар ба вилоят маблағи 33,6 млн. доллари ИМА интиқол гардида , ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта фақат 0,42 фоиз коҳиш ёфтааст. Дар давоми соли 2020 ҷиҳати таъмини иқтисодиёти вилоят бо пули нақд аз фонди эмиссионӣ ба муомилот 456,41 млн. сомонӣ бароварда шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта, ба маблағи 43,8 млн. сомонӣ ё 11% зиёд мебошад. Ҳамзамон аз гардиши муомилотӣ вилоят 3,00 млн.сомонӣ пулҳои фарсуда бо пулҳои коршоям иваз карда шуд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 10 фоиз коҳиш ёфтаастТаъмини банкоматҳои ташкилотҳои қарзӣ дар вилоят дар мадди аввал буда, барои фаъолияти муътадили онҳо дар ин давра ҷиҳати таҳкими банкоматҳо 221,1 млн. сомонӣ равона карда шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 34,8 млн. сомонӣ,ё ин ки 16 фоиз зиёд мебошад.Ҳамзамон, ҷиҳати вусъат додани ҳисобаробаркуниҳои ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ дар соли 2020 як қатор чораҳои зарурӣ андешида шуданд, ки дар натиҷа нисбати соли 2019 шумораи кортҳои бонкӣ ба 17,7 фоиз, банкоматҳо ба 25 фоиз, терминалҳои пешниҳоди пули нақд 6,5 фоиз ва терминалҳои электронӣ дар нуқтаи савдо ва маркази хизматрасонӣ ба 93,8 фоиз афзоиш ёфт. Инчунин шумораи амалиётҳои ғайринақдӣ дар соли ҳисоботӣ тавассути терминалҳои электронӣ дар нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонӣ гузаронидашуда ба 14 201 амалиёт расида, маблағи 1 956 054 сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2019 мутаносибан шумора 2,4 маротиба ва маблағ 2,18 маротиба зиёд шудааст. Қайд кардан зарур аст, ки амалиётҳои ғайринақдии тавассути суратҳисобҳои бонкии мизоҷон, барои хариду фуруши молу хизматрасониҳо аз давлатҳо хориҷӣ, гузаронида шуда маблағи 31,4 млн сомониро ташкил дод. Боиси ифтихор аст, ки дар сатҳи Ҷумҳури филиалҳои БДА “Амонатбонк” дар н. Рушон вобаста ба ҷамъбасти соли 2020 бо нишондиҳандҳои баланди фаъолияти корӣ дар миқёси Ҷумҳури ҷои якумро сазовор шуданд ва ҳамчун мукофот бо автомошинаи сабукрави “Prado” қадрдонӣ шуданд. Ҷои дуюм бошад насиби филиали БДА “Амонатбонк” дар н. Роштқалъа шуд ва кулли кормандони филиали мазкур бо мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд.

ҚАРОРИ Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон«Дар бораи даъват намудани Иҷлосияи панҷуми даъвати шашуми Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон»

ҚАРОРИ Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон«Дар бораи даъват намудани Иҷлосияи панҷуми даъвати шашуми Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» Мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ҚАРОР МЕКУНАМ: 1. Иҷлосияи панҷуми даъвати шашуми Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 26 феврали соли 2021, соати 09.00 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ даъват карда шавад. 2. Ба баррасии иҷлосия масъалаҳои зерин гузошта шаванд: – Ҳисоботи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон «Дар бораи иҷрои барномаҳои тараққиёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳолати хоҷагидорӣ, истифода ва идораи иншоотҳои моликияти коммуналии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соли 2020».- Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии Намадгут № 56 –и ноҳияи Ишкошим Муборакшоев Шамс Ҷангибекович «Дар бораи иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва вакилӣ». – Ахбороти раиси комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ оид ба номгузорӣ, дигар кардани номи корхонаҳои давлатӣ, фурӯдгоҳҳо, ташкилоту муассисаҳо, таълимгоҳҳо, инчунин объектҳои физикию ҷуғрофӣ ва масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ. – Тасдиқ намудани қарорҳои раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар байни иҷлосияҳои чорум ва панҷуми даъвати шашуми Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қабул гардидаанд. 3. Ба иҷлосия раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳо, мудирони шуъбаҳо ва бахшҳои дастгоҳи Раиси вилоят, сардорони раёсату идораҳои воҳидҳои сохтории мақомоти маҳаллӣ, муассисаҳои дахлдор ва васоити ахбори умум, ки вакил нестанд, даъват карда шаванд. 4. Матни қарор дар рӯзномаи «Бадахшон», телевизион ва радиои вилоят нашр ва пахш карда шавад. Ёдгор Файзов, аз 10 феврали соли 2021 № 32 ш. Хоруғ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

Рамазонов Гулаёз сардори идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилоят зимни нишасти матбуоти кайд доштанд, ки дар ҳудуди вилоят ҳамагӣ 2728,4 км роҳҳои автомобилгард мавчуд буда, аз онҳо роҳҳои байналмиллалӣ 1276,3 км ё 47%, роҳҳои ҷумҳуриявӣ 383,5 км ё 14%, роҳҳои маҳаллӣ 1068,6 км ё 39%-ро аз роҳҳои умумӣ ташкил медиҳанд.Барои таъмири роҳҳои автомобилгард дар соли 2020-ум 3543,4 ҳазор сомонӣ, ҷудо ва корҳои таъмирию барқарорсози анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 871,7 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид, ки ба воситаи он зиёда аз 1000 км роҳҳои маҳаллӣ таъмири ҷорӣ гардидааст. Қайд кардан зарур ҳаст, ки роҳҳо барои манотиқи кӯҳистон чун раги хунгарди бадан хизмат намуда, хушбахтона дар давоми сол азнавсозии қисмати Кулоб – Хоруғ – Қулма аз мавзеи Егед то Қалъаи Хумб ба масофаи 26 км бо маром идома ефт ва таъмиру васеъкунии роҳи Бартанг бо ҷалби маблағи 600 000 доллари амрикоӣ тавассути Фонди Оғохон ба анҷом расонида шуд. Инчунин сохтмони 9 купрук аз ҳисоби Вазорати нақлиёт ва Бонки Ҷахонӣ оғоз гардид. Дар соли 2020 аз ҷониби соҳибкорон ва шарикони рушд дар вилоят дар маҷмуъ 26 км роҳҳо ба маблағи 5,5 млн. сомонӣ сангфарш ва 3 пул ба маблағи 1,6 млн. сомонӣ аз таъмир бароварда шуданд.Ҳаҷми боркашонӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ 433,0 ҳазор тонна ва мусофиркашонӣ 6543,0 ҳазор мусофирро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли 2019 ҳаҷми боркашонӣ 24,5 фоиз ва ҳаҷми мусофиркашонӣ 16,8 фоиз кам гардидааст. Гардиши бор бо ҳама намуди нақлиётҳо дар давраи ҳисоботи 230,0 млн.тон.км. ба қайд гирифта шудаст, ки нисбати соли 2019-ум 29,9% кам мебошад.

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

Вафобекзода Хурсанд сардори Сарраёсати молияи вилоят дар нишасти матбуотӣ қайд доштанд, ки нақшаи даромадҳои буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дар назар доштани андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 107,4 фоиз иҷро гардидааст, яъне ба ҷойи 139,7 млн сомонии пешбинишуда ба буҷет 150,0 млн сомонӣ ворид шудааст. Аз ҳисоби даромадҳои худдӣ дар ин давра маблағи 7 100 ҳазор сомонӣ аз нақшаи пешбинишуда ба даромади буҷети вилоят зиёдтар ворид гардид. Иҷрои сифатноки нақшаи қисми даромади буҷет дар давраи ҳисоботиро фақат ноҳияи Дарвоз таъмин намуда, шаҳри Хруғ ва ноҳияҳои дигар аз ӯҳдаи иҷрои сифатноки нақшаи қисми даромади буҷет баромада натавонистанд. Сабаи асосии сифатнок иҷро нагардидани нақшаи қисми даромади буҷети шаҳру ноҳияҳои вилоят ва буҷети худдии вилоят ин пурра фаъолият накардани ширкатҳои сохтмонӣ ва корхонаҳои саноатӣ, минҷумла ҶДММ “Минералз” мебошад. Илова ба ин қайд кардан зарур аст, ки бо сабаби паҳншавии бемории сирояти КОВИД-19 нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии ҳудуди вилоят бо иқтидори пурра фаъолият карда натавонистанд. Ба замми ин дар ин давра маблағҳои мақсаднок (субвенсия) аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба андозаи 10.4 млн сомонӣ кам ворид гардиданд.Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети вилоят 189 157,7 ҳазор сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо карда шудааст, ки ин 97,2 % нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.Қисми хароҷоти буҷети вилоят 97,7 фоиз иҷро гардидааст. Нақшаи солона 310 млн 083,1 ҳазор сомонӣ муқаррар шуда, аз ҳисоби буҷет 302 млн 852,3, ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Аз ҷумла, сектори ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 96,1 фоиз, маориф 97,7 фоиз, нигаҳдории тандурустӣ 98,7 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 98,3 фоиз, хоҷагии манзилию коммуналӣ 95,3 фоиз, фарҳанг ва варзиш 97,0 фоиз ва хоҷагии қишлоқ 91,7 фоиз маблағгузорӣ карда шуданд.Ба ҳолати 1 январи соли 2021 қарзи корхонаю ташкилотҳо аз ҳисоби андозҳо (бо дар назар доштани бақияпулиҳои андозииҷтимоӣ) 2 млн 088,0 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали соли 2020 ба маблағи 258,8 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.Дар соли 2020 аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба маблағи 84 миллиону 908,3 ҳазор сомонӣ қарзҳо дода шуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 ба маблағи 18998,1 ҳазор сомонӣ ё 28,8 % зиёд гардидааст. Инчунин бақияи амонатҳои шахсони воқеӣ 273 347,8 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 41200,0 ҳазор сомонӣ, ё 17,7 фоиз афзоиш ёфтааст.

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

Самадзода Зикрихудо сардори Раëсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят дар нишасти матбуотӣ қайд намуд, ки аз ҷониби нозироти андоз 2294 соҳибкори инфиродӣ бо патент ва 1137 соҳибкор бо шаҳодатнома ба андозбандӣ ҷалб гардида, аз ҳисоби онҳо 6 млн 250,8 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид гардида, 129 шахси ҳуқуқӣ ва 413 хоҷагии деҳқонӣ аз нав ба қайд гирифта шуданд.Дар вилоят 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 17,7 млн доллари амрикоӣ амалӣ шуда истодааст.Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон барои солҳои 2016-2020, 109 лоиҳаро бо маблағи умумии 4080,8 миллион сомонӣ дар бар гирифта, ба ҳолати 31 декбари соли 2020 74 лоиҳа ба маблағи умуии 1120459,8 (як милиарду 120 миллиону 459 ҳазору 800 сомонӣ) сомонӣ маблағгузорӣ гардиданд, ки ин 67,9 фоизи шумораи умумии лоиҳаҳои амалигардида ва қисман амалигашта ва 27,5 фоизи умумии маблағи барномаро ташкил медиҳад.

МАШВАРАТИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ВМКБ

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон машварати назоратии назди Раиси ВМКБ доир гардид. Дар кори машварат муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳ, раиси шаҳри Хоруғ ва роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят иштирок намуданд. Дар машварати назоратии назди Раиси ВМКБ ду масъала мавриди таҳлил қарор дода шуданд. Аз рӯи масъалаи якум оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлати” ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008, таҳти рақами 665 ” Дар бораи Қоидаҳои пардохти маблағҳои андухти нафақавӣ аз ҳисобномаҳои инфиродии шахсони суғурташуда” сардори Раëсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ Қадамалиев Қадамалӣ ҳисобот дод. Аз рӯи масъалаи дуюми оиди рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумуҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2020, таҳти рақами 410 “Дар бораи ҷорӣ намудани низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиëти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ” муовини аввали сардори Раëсати минтақавии гумрукӣ дар ВМКБ Мирсаидзод Абдураҳмон ҳисобот доданд.3 867Охват (люди)380ВзаимодействияПродвижение недоступно

6060Поделились: 10НравитсяКомментироватьПоделиться

ХОРУҒ 8.02.2021/”Оинаи Зиндагӣ “/АЗ НИШАСТИ МАТБУОТӢ

Санаи 5-феврали соли равон нишасти матбуотӣ бо роҳбарони шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шуъбаи рушди сайёҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон инчунин бо Бахш оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо рӯзноманигорон доир гардид.Мудири шӯъбаи дин танзим анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Ғуломнаби Собиров қайд намуд, ки дар амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳама вақт дар маркази диққат ва таҳти назорат қарор дошта, дар соли 2020 дар шаҳри Хоруғ ноҳияҳои Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим, Рӯшон, Дарвоз, Ванҷ ва Мурғоб оид ба иҷрои Қонуни мазкур бо аҳолӣ вохӯриву сӯҳбатҳо доир гардида, ҷаласаҳои кории комиссияи доимии вилоят оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо гузаронида шуд.Ҳисоботи як солаи Бахш оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мудири бахш Ҳавобегим Сафарқулова қайд намуд,ки то давраи ҳисоботӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 66165 нафар кӯдакон сукунат доранд, ки аз ин теъдод 38902 нафар хонанда 786 нафар маъюбон 75 нафар ятими як тарафаро ташкил медиҳанд. Гуфта шуд, ки дар соли 2020 аз ҷониби ноболиғон 17 ҷиноят ба қайд гирифта шуда волидони онҳо ба маблағи 3939 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.Сураҷ Чоршанбиев сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оиди фаъолияти пурсамари ҷавонон дар соли 2020 маълумот дода, қайд намуд, ки ҷавонони вилоят дар самти ватандӯстӣ маҳфилу чорабиниҳои илмӣ ва мусобиқаҳо баргузор намуданд.Дар мавриди фаъолияти шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соли сипаришуда мудири шӯъба, Подшохоним Абдураҳмонова ахборот дода қайд намуд, ки имрӯз теъдоди хизматчиёни давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба 749 нафар баробар буда 31 фисадро ташкил медиҳанд. Шӯъбаи мазкур дар соли 2020 бо сабаби хурӯҷи бемории сироятӣ ковид-19 натавонист корҳои идеологии худро тибқи нақша рӯйи кор орад. Вале бо вуҷуди ин дар муҳимтарин маъракаҳои сиёсии сол саҳми занон хеле назаррас маҳсуб меёбад.Синбод Амонбеков мудири шӯъбаи рушди сайёҳии вилоят дар бораи соҳаи туризм дар соли сипаришуда ахборот дода қайд намуд, ки бештари нишондиҳандаҳои соҳа нисбати соли 2019 кам ба қайд гирифта шуданд , ки омили асосии паҳншавии ковид-19 ва ворид нашудани сайёҳони хориҷиву ватанӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.Қадамов Шоҳназар

НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Ҷиноятҳои коррупсионӣ тамоюли камшавӣ дорандШ. АФЗАЛШО.-Соли 2020 дар натиҷаи санҷиши фаъолияти объектҳои хоҷагирдории давлатӣ 1700 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардида, 1393 ҳазор сомонӣ ба буҷети давлат баргардонида шуд. Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ сардори Раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Перзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ Зоҳир Ғаффорзода иттилоъ дод. Дар ин давра 143 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионӣ дошта ошкор карда шуд, ки маблағи зарар 2 536 928 сомониро ташкил дод. Аз ин ҳисоб 650833 сомонӣ рўёонда, барои баргардонидани 540 ҳазор сомонӣ ба судҳо аризаҳои даъвогӣ ирсол гардиданд.Аксари ин ҷиноятҳо хусусияти исрофкорӣ, тасарруфи молу мулки ба қарз додашуда, соҳибкории ғайриқонунӣ, ғайриқонунӣ додани қарз, сохтакории хизматӣ буда, 35 – тои онҳо ғайрикоррупсионӣдониста шуданд. Аз рўи соҳаҳои хоҷагирдорӣ ҷиноятҳои корррупсионӣ ва иқтисодии характери коррупсионӣ дошта,ба соҳаҳои мариф ва илм, ҳифзи иҷтимоӣ ва тандурустӣ, бонкдорӣ, хоҷагии ҷангал, ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуд ва соҳибкории инфиродӣмарбут буданд.Дар баробари ин кормандони раёсат дар ҳамкорӣ бо аъзоёни ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният дар вилоят ва ширакти «Помир Энерҷи» ба 1328253 сомонӣқарздории истифодаи барқро ҷамъоварӣ намуданд.Ба мақсади таъмини низоми бонкдорӣ дар муассисаҳои бонкии вилоят 52 ҷинояти хусусияти коррупсионӣ дошта ошкор гардиданд. Зарари рўёнидашуда аз ин ҳисоб 549 668 сомониро ташкил дод. Аз ҳисоби қарзҳои мушкилситони бонкҳо 476 ҳазор сомонӣ ба филилаҳои бонкҳои «Амонатбонк»-и вилоят баргардонида шуд. Ҳамчунин молу амволи багаравмондаи бархе аз мизоҷони қарзгирифтаи бонкҳои «Агроинвестбон» ва «Фононбонк» ба тавозуни онҳо гузаронида шуд.Ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоиҳоба унвони идораву муассисаҳои марбута 103 пешниҳод фиристода шуданд. Дар натиҷаи баррасии онҳо 1 нафар аз вазифа озод карда шуда, нисбати 20 нафар ҷазо дар намуди танбеҳу огоҳӣ татбиқ гардид.Дар ин давра 67 ҳуқуқайронкуниҳои маъмурӣ вобаста ба коррупсия ба қайд гирифта шуда, 75 980 сомонӣокшор ва 64970 сомонии он ба буҷа баргардонида шуд. Аксари ин ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ошкор шуданд.Ба саволҳои хабарнигорон посух дода, сардори раёсат қайд намуд, ки дар маҷмўъ, ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии характери коррупсионӣ дошта дар вилоят рў ба камшавӣ доштанд.