ҚАРОРИ Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон«Дар бораи даъват намудани Иҷлосияи панҷуми даъвати шашуми Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон»

ҚАРОРИ Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон«Дар бораи даъват намудани Иҷлосияи панҷуми даъвати шашуми Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» Мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ҚАРОР МЕКУНАМ: 1. Иҷлосияи панҷуми даъвати шашуми Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 26 феврали соли 2021, соати 09.00 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ даъват карда шавад. 2. Ба баррасии иҷлосия масъалаҳои зерин гузошта шаванд: – Ҳисоботи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон «Дар бораи иҷрои барномаҳои тараққиёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳолати хоҷагидорӣ, истифода ва идораи иншоотҳои моликияти коммуналии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соли 2020».- Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии Намадгут № 56 –и ноҳияи Ишкошим Муборакшоев Шамс Ҷангибекович «Дар бораи иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва вакилӣ». – Ахбороти раиси комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ оид ба номгузорӣ, дигар кардани номи корхонаҳои давлатӣ, фурӯдгоҳҳо, ташкилоту муассисаҳо, таълимгоҳҳо, инчунин объектҳои физикию ҷуғрофӣ ва масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ. – Тасдиқ намудани қарорҳои раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар байни иҷлосияҳои чорум ва панҷуми даъвати шашуми Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қабул гардидаанд. 3. Ба иҷлосия раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳо, мудирони шуъбаҳо ва бахшҳои дастгоҳи Раиси вилоят, сардорони раёсату идораҳои воҳидҳои сохтории мақомоти маҳаллӣ, муассисаҳои дахлдор ва васоити ахбори умум, ки вакил нестанд, даъват карда шаванд. 4. Матни қарор дар рӯзномаи «Бадахшон», телевизион ва радиои вилоят нашр ва пахш карда шавад. Ёдгор Файзов, аз 10 феврали соли 2021 № 32 ш. Хоруғ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

Рамазонов Гулаёз сардори идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилоят зимни нишасти матбуоти кайд доштанд, ки дар ҳудуди вилоят ҳамагӣ 2728,4 км роҳҳои автомобилгард мавчуд буда, аз онҳо роҳҳои байналмиллалӣ 1276,3 км ё 47%, роҳҳои ҷумҳуриявӣ 383,5 км ё 14%, роҳҳои маҳаллӣ 1068,6 км ё 39%-ро аз роҳҳои умумӣ ташкил медиҳанд.Барои таъмири роҳҳои автомобилгард дар соли 2020-ум 3543,4 ҳазор сомонӣ, ҷудо ва корҳои таъмирию барқарорсози анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 871,7 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид, ки ба воситаи он зиёда аз 1000 км роҳҳои маҳаллӣ таъмири ҷорӣ гардидааст. Қайд кардан зарур ҳаст, ки роҳҳо барои манотиқи кӯҳистон чун раги хунгарди бадан хизмат намуда, хушбахтона дар давоми сол азнавсозии қисмати Кулоб – Хоруғ – Қулма аз мавзеи Егед то Қалъаи Хумб ба масофаи 26 км бо маром идома ефт ва таъмиру васеъкунии роҳи Бартанг бо ҷалби маблағи 600 000 доллари амрикоӣ тавассути Фонди Оғохон ба анҷом расонида шуд. Инчунин сохтмони 9 купрук аз ҳисоби Вазорати нақлиёт ва Бонки Ҷахонӣ оғоз гардид. Дар соли 2020 аз ҷониби соҳибкорон ва шарикони рушд дар вилоят дар маҷмуъ 26 км роҳҳо ба маблағи 5,5 млн. сомонӣ сангфарш ва 3 пул ба маблағи 1,6 млн. сомонӣ аз таъмир бароварда шуданд.Ҳаҷми боркашонӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ 433,0 ҳазор тонна ва мусофиркашонӣ 6543,0 ҳазор мусофирро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли 2019 ҳаҷми боркашонӣ 24,5 фоиз ва ҳаҷми мусофиркашонӣ 16,8 фоиз кам гардидааст. Гардиши бор бо ҳама намуди нақлиётҳо дар давраи ҳисоботи 230,0 млн.тон.км. ба қайд гирифта шудаст, ки нисбати соли 2019-ум 29,9% кам мебошад.

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

Вафобекзода Хурсанд сардори Сарраёсати молияи вилоят дар нишасти матбуотӣ қайд доштанд, ки нақшаи даромадҳои буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дар назар доштани андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 107,4 фоиз иҷро гардидааст, яъне ба ҷойи 139,7 млн сомонии пешбинишуда ба буҷет 150,0 млн сомонӣ ворид шудааст. Аз ҳисоби даромадҳои худдӣ дар ин давра маблағи 7 100 ҳазор сомонӣ аз нақшаи пешбинишуда ба даромади буҷети вилоят зиёдтар ворид гардид. Иҷрои сифатноки нақшаи қисми даромади буҷет дар давраи ҳисоботиро фақат ноҳияи Дарвоз таъмин намуда, шаҳри Хруғ ва ноҳияҳои дигар аз ӯҳдаи иҷрои сифатноки нақшаи қисми даромади буҷет баромада натавонистанд. Сабаи асосии сифатнок иҷро нагардидани нақшаи қисми даромади буҷети шаҳру ноҳияҳои вилоят ва буҷети худдии вилоят ин пурра фаъолият накардани ширкатҳои сохтмонӣ ва корхонаҳои саноатӣ, минҷумла ҶДММ “Минералз” мебошад. Илова ба ин қайд кардан зарур аст, ки бо сабаби паҳншавии бемории сирояти КОВИД-19 нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии ҳудуди вилоят бо иқтидори пурра фаъолият карда натавонистанд. Ба замми ин дар ин давра маблағҳои мақсаднок (субвенсия) аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба андозаи 10.4 млн сомонӣ кам ворид гардиданд.Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети вилоят 189 157,7 ҳазор сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо карда шудааст, ки ин 97,2 % нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.Қисми хароҷоти буҷети вилоят 97,7 фоиз иҷро гардидааст. Нақшаи солона 310 млн 083,1 ҳазор сомонӣ муқаррар шуда, аз ҳисоби буҷет 302 млн 852,3, ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Аз ҷумла, сектори ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 96,1 фоиз, маориф 97,7 фоиз, нигаҳдории тандурустӣ 98,7 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 98,3 фоиз, хоҷагии манзилию коммуналӣ 95,3 фоиз, фарҳанг ва варзиш 97,0 фоиз ва хоҷагии қишлоқ 91,7 фоиз маблағгузорӣ карда шуданд.Ба ҳолати 1 январи соли 2021 қарзи корхонаю ташкилотҳо аз ҳисоби андозҳо (бо дар назар доштани бақияпулиҳои андозииҷтимоӣ) 2 млн 088,0 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали соли 2020 ба маблағи 258,8 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.Дар соли 2020 аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба маблағи 84 миллиону 908,3 ҳазор сомонӣ қарзҳо дода шуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 ба маблағи 18998,1 ҳазор сомонӣ ё 28,8 % зиёд гардидааст. Инчунин бақияи амонатҳои шахсони воқеӣ 273 347,8 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 41200,0 ҳазор сомонӣ, ё 17,7 фоиз афзоиш ёфтааст.

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

Самадзода Зикрихудо сардори Раëсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят дар нишасти матбуотӣ қайд намуд, ки аз ҷониби нозироти андоз 2294 соҳибкори инфиродӣ бо патент ва 1137 соҳибкор бо шаҳодатнома ба андозбандӣ ҷалб гардида, аз ҳисоби онҳо 6 млн 250,8 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид гардида, 129 шахси ҳуқуқӣ ва 413 хоҷагии деҳқонӣ аз нав ба қайд гирифта шуданд.Дар вилоят 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 17,7 млн доллари амрикоӣ амалӣ шуда истодааст.Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон барои солҳои 2016-2020, 109 лоиҳаро бо маблағи умумии 4080,8 миллион сомонӣ дар бар гирифта, ба ҳолати 31 декбари соли 2020 74 лоиҳа ба маблағи умуии 1120459,8 (як милиарду 120 миллиону 459 ҳазору 800 сомонӣ) сомонӣ маблағгузорӣ гардиданд, ки ин 67,9 фоизи шумораи умумии лоиҳаҳои амалигардида ва қисман амалигашта ва 27,5 фоизи умумии маблағи барномаро ташкил медиҳад.