БОИСИ ИФТИХОР АСТ.

Зимни нишасти матбуоти сардори филиали бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” дар ВМКБ Зайнаб Мамадназарзода қайд доштанд, ки боиси ифтихор аст, ки дар сатҳи Ҷумҳури филиалҳои БДА “Амонатбонк” дар н. Рушон вобаста ба ҷамъбасти соли 2020 бо нишондиҳандҳои баланди фаъолияти корӣ дар миқёси Ҷумҳури ҷои якумро сазовор шуданд ва ҳамчун мукофот бо автомошинаи сабукрави тамғаи “Prado” қадрдонӣ шуданд. Ҷои дуюм бошад насиби филиали БДА “Амонатбонк” дар н. Роштқалъа шуд ва кулли кормандони филиали мазкур бо мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд.

НИЗОМИ БОНКИ ДАР ВМКБ БЕҲТАР МЕГАРДАД.

Зимни нишасти матбуотӣ мудири шуъбаи минтақавии бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ Зайнулараб Қозидавлатзода қайд доштанд, ки паёмадҳои ғайри муқаррарӣ ва авҷи пандемия, дар соли сипаригардида тамоми кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифта ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун ҷузъи таркибии он аст, аз ҷумла ба фаъолияти низоми бонкии вилоят таъсири бевоситаи худро расонд.Сарфи назар аз ин шуъбаи минтақавии бонки миллӣ Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ дастуру супоришхои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сармашқи кори худ намуда дар соли 2020 баҳри баланд бардоштани фаъолияти низоми бонкии вилоят корҳои муайянеро ба анҷом расонд.Новобаста аз мушкилоти зикршуда, яке аз руйдодҳои муҳими сиёсӣ ин ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Дар баробари ба истифода додани корхонаҳо ва муассисаҳо ифтитохи се бино боҳашамати БДА ҶТ “Амонатбонк“ бо таҳҷизотҳо муосиру замонавӣ дар н. Рушону Ишкошим ва ш. Хоруғ мавриди истифода қарор гирифтаанд.Яке аз дастоварди дигари назаррас ин кушодани маркази хизматрасонии бонкии ҶСП Бонки “Арванд” дар шаҳри Хоруғ мебошад. Баъди оғози фаъолияти воҳиди сохтори мазкур шумораи кормандони низоми бонкӣ 544 нафар расид, ва аз ин 46 фоизро бонувон ташкил медиҳанд.Мувофики маълумотхои омори фаъолияти низоми бонкии вилоят тамоюл ба рушд дошта, дар давоми соли сипаришуда новобаста аз монеаҳое, ки дар натиҷаи паҳншавии дарди ҳамагир эҷод шуданд, тавонист бақияи қарзҳоро нисбат ба соли 2019 ба 21,4%, қарзҳои додашударо ба 28,8%, бақияи амонатҳои шахсони воқеъиро ба 17,7% фоиз зиёд намояд. Шумораи филиалҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба 21 адад, саридораи ташкилотҳои маблағгузории хурд ба 3 адад, марказҳои хизматрасонии бонкӣ ба 53 адад расида, дар маҷмӯъ ҳоло дар қаламрави вилоят 77 ташкилоти қарзии молиявӣ фаъолияти хешро анҷом дода истодаанд. Ҳаҷми умумии қарзҳои додашудаи дар соли 2020-ум маблағи 84,9 млн.сомониро ташкил дод, ки нисбати соли сипаришуда18,98 млн. сомонӣ афзоиш ёфтааст. Аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда, маблағи 47,9 млн. сомонӣ ё 56,42 фоизи он, ба филиалҳои БДА ҶТ “Амонатбонк” рост меояд ва қарзҳои додашудаи бонки мазкур дар вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,9 млн. сомонӣ ё ин ки 1,18 маротиба афзудааст.Дар баробари ин, фарогирии зиёди аҳолӣ ба маҳсулотҳои қарзӣ, боиси зиёд шудани шумораи қарзҳои додашуда дар давраи ҳисоботӣ гашта, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба 287 адад ё 4 фоиз афзоиш ёфт. Шумораи умумии қарзгирон дар соли сипаригардида ба 6 680 баробар шуда аз ин 2927 адад ба занон бо маблағи 30,1 млн сомонӣ рост меояд. Зиёд шудани шумораи қарзҳои хурду миёна ба муштариён дода шуда, аз ҷумла ба соҳибкории хурду миёна, аз дастрасии бештари аҳолӣ,хусусан аҳолии ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ба маҳсулоти қарзӣ, гувоҳӣ медиҳад.Бақияи умумии қарзҳо ба ҳолати 1 – уми январи соли 2021 маблағи 114,4 млн.сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22 фоиз афзудааст. Баргардонидани қарзҳо дар ин давра 67,00 млн.сомониро ташкил додааст,ки он ба 79 фоизи қарзҳои додашуда баробар мебошад.Қарзҳои батаъхирафтода ба ҳолати 1-уми январи соли 2020 маблағи 32,9 млн. сомониро (28,6 фоизи бақияи умумии сандуқи қарзӣ ташкилотҳои қарзии вилоят) ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, ба маблағи 912,3 ҳаз.сомонӣ ё 2,7% коҳиш ёфтааст ва 1392 нафар қарздоронро дар бар мегирад.Имруз бо боварии комил гуфтан метавонем, ки эътиқоди аҳоли ба низоми бонкии вилоят ҳануз дар сатҳи муътадил қарор дошта, бақияи амонатҳои шахсони воқеӣ дар ташкилотҳои қарзӣ нигоҳдошташаванда сол ба сол зиёд мегардад. Бақияи амонатҳои шахсони воқеӣ 273,3 млн. сомониро ташкил дода, аз ин бақияи амонатҳои бо асъори хориҷӣ ба 89,7 млн сомонӣ баробар аст. Нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, ба маблағи 41,2 млн. сомонӣ зиёд, ё ин ки 18 фоиз афзудааст. Новобаста аз паҳншавии пандемия дар давраи ҳисоботӣ аз хориҷи кишвар ба вилоят маблағи 33,6 млн. доллари ИМА интиқол гардида , ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта фақат 0,42 фоиз коҳиш ёфтааст. Дар давоми соли 2020 ҷиҳати таъмини иқтисодиёти вилоят бо пули нақд аз фонди эмиссионӣ ба муомилот 456,41 млн. сомонӣ бароварда шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта, ба маблағи 43,8 млн. сомонӣ ё 11% зиёд мебошад. Ҳамзамон аз гардиши муомилотӣ вилоят 3,00 млн.сомонӣ пулҳои фарсуда бо пулҳои коршоям иваз карда шуд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 10 фоиз коҳиш ёфтаастТаъмини банкоматҳои ташкилотҳои қарзӣ дар вилоят дар мадди аввал буда, барои фаъолияти муътадили онҳо дар ин давра ҷиҳати таҳкими банкоматҳо 221,1 млн. сомонӣ равона карда шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 34,8 млн. сомонӣ,ё ин ки 16 фоиз зиёд мебошад.Ҳамзамон, ҷиҳати вусъат додани ҳисобаробаркуниҳои ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ дар соли 2020 як қатор чораҳои зарурӣ андешида шуданд, ки дар натиҷа нисбати соли 2019 шумораи кортҳои бонкӣ ба 17,7 фоиз, банкоматҳо ба 25 фоиз, терминалҳои пешниҳоди пули нақд 6,5 фоиз ва терминалҳои электронӣ дар нуқтаи савдо ва маркази хизматрасонӣ ба 93,8 фоиз афзоиш ёфт. Инчунин шумораи амалиётҳои ғайринақдӣ дар соли ҳисоботӣ тавассути терминалҳои электронӣ дар нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонӣ гузаронидашуда ба 14 201 амалиёт расида, маблағи 1 956 054 сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2019 мутаносибан шумора 2,4 маротиба ва маблағ 2,18 маротиба зиёд шудааст. Қайд кардан зарур аст, ки амалиётҳои ғайринақдии тавассути суратҳисобҳои бонкии мизоҷон, барои хариду фуруши молу хизматрасониҳо аз давлатҳо хориҷӣ, гузаронида шуда маблағи 31,4 млн сомониро ташкил дод. Боиси ифтихор аст, ки дар сатҳи Ҷумҳури филиалҳои БДА “Амонатбонк” дар н. Рушон вобаста ба ҷамъбасти соли 2020 бо нишондиҳандҳои баланди фаъолияти корӣ дар миқёси Ҷумҳури ҷои якумро сазовор шуданд ва ҳамчун мукофот бо автомошинаи сабукрави “Prado” қадрдонӣ шуданд. Ҷои дуюм бошад насиби филиали БДА “Амонатбонк” дар н. Роштқалъа шуд ва кулли кормандони филиали мазкур бо мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд.