ДАР ВМКБ ДАР СОЛИ 2020 ЗИËДА АЗ ПАНҶ ҲАЗОР НАФАР БО ҶОЙҲОИ КОРИИ ДОИМӢ, МАВСИМӢ ВА МУВАҚҚАТӢ ТАЪМИН ГАРДИДАНД.

Зимни нишасти матбуотӣ Назиров Мамадкарим сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилоят қайд доштанд, ки дар соли 2020, 8590 нафар барои пайдо кардани ҷойи корӣ муроҷиат карданд, ки аз онҳо 3062 нафарашон занон мебошанд. Аз шумораи умумии муроҷиаткардагон 6194 нафар ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуданд, ки 2183 нафари онҳо занон мебошанд. Бо ҷойҳои кории доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 5057 нафар таъмин шуданд.Дар ин давра 74 ярмаркаи ҷойҳои корӣ бо пешниҳоди 415 ҷойи кории холӣ гузаронида шуда, дар онҳо 130 корхона ва 3096 корҷӯй иштирок намуданд. Аз ин 1907 нафар ба ҷойи кор роҳхат гирифта, 173 нафар бо кор таъмин шуданд ва 1305 нафар ба касбомӯзӣ роҳхат гирифта, 439 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ сафарбар гардиданд. Барои ба соҳибкорӣ ҷалб намудани шахсони бекор ба 539 нафар ба маблағи 1559855 сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст.Макони асосии таъмини аҳоли бо ҷойи кор ассосан сектори хусусӣ тавассути ташкили корхонахо, нуктаҳои хизмати маишӣ, саёҳӣ, иншооти сохтмонӣ ва ғайраҳо мебошанд. Ташкили шакли нави кор ба монанди ба роҳ мондани хизматрасонӣ тариқи онлайн барои ширкатҳои берун аз ҷумҳурӣ низ ривоҷ ёфта истода, айни ҳол дар маркази “Иноватсионии Помир” 70 нафар ҷавонони забондон машғули чунин намуди фаъолият мебошанд.Тибқи ҳисоботи оморӣ дар соли 2020 аз вилоят 6393 шаҳрванд ба хориҷи кишвар сафар карда, аз ин теъдод 6393 нафар (мард 5535, зан 858) муҳоҷирони меҳнатиро ташкил медиҳанд. Аз хориҷи кишвар 3962 шаҳрванд (мард 3216, зан 746) ба ватан баргаштанд. Шумораи муҳоҷирони дохилӣ 84 нафар ва экологӣ 40 нафарро ташкил медиҳад.Дар соли 2020 муҳоҷирони меҳнатӣ аз хориҷи кишвар тариқи бонкҳо 33632237 доллари ИМА интиқол доданд, ки ин нисбати соли гузашта хамагӣ 142934 доллар камтар мебошад.

КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТИИ ВМКБ СОҲИБИ 8 АДАД НАҚЛИЁТИ ЁРИИ ТАЪҶИЛӢ ГАРДИДАНД.

Зимни нишасти матбуотӣ Фарид Музаффаров сардори Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят зикри доштанд, ки дар соҳаи тандурустии вилоят 501 духтур, аз ин шумора 217 нафар бо категорияи олӣ ва 2031 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд. Аз шумораи умумии духтурон 82 нафар дар беморхонаи вилоятӣ, 35 нафар дар Маркази саломатии шаҳри Хоруғ, 239 нафар табибон дар муассисаҳои табобатию профилактикии ноҳияҳо ва 374 нафар табибон дар дигар марказҳои вилоятии табобатию профилактикии воқеъ дар шаҳри Хоруғ фаъолият намуда истодаанд, ки аз ин теъдод дар Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили вилоят 8 нафар ва 4 нафар дар Маркази бемориҳои пуст ва зӯҳравии вилоят фаъолият намуда истодаанд.Соҳаи тандурустии вилоят аз Беморхонаи вилоятӣ, 7 адад беморхонаҳои марказии ноҳиявӣ, 1 адад беморхонаи рақамӣ ва 17 адад беморхонаҳои минтақавӣ, 117- адад шӯъбаҳои табобатӣ ва 25 адад шӯъбаҳои ёрирасон ва 36 адад ҳуҷраҳои ташхисию ёрирасон иборат буда, дар ин давра 21178 нафар беморон бистарӣ карда шудааст, ки аз ин шумора 21170 нафар бо муолиҷаи сатҳи гуногун ҷавоб дода шуда, теъдоди фавтидагон дар ин давра 45 нафарро ташкил додаст, ки аз ин шумора кудакони то синни 5 сола 11 нафар мебошанд.Тибқи ҳисоботи оморӣ хизматрасонии пулакӣ дар ин давра 4 млн 650250 сомонӣ ташкил додаст, ки ин нишондод 77,4% нақшаи пешбинишударо дар бар мегирад.Дар соли 2020 бемории сили фаъол 142 нафар ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 112 нафар сили асосноки шушӣ ва 46 нафар сили ғайришушӣ мебошанд. Ҳамагӣ дар қайди Маркази мубориза ба зидди бемории сили вилоят 639 нафар беморони сил зери назорати диспансерӣ қарор доранд.Дар соли 2020 гирифторони беморони наъшамандӣ 539 нафарро ташкил дода, 15 нафар аз нав ба қайд гирифта шудаанд ва гирифторони вируси норасоии масъунияти одам (ВНМО) дар вилоят 714 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 29 нафар аз нав ба қайд гирифта шудаанд.Дар қаламрави вилоят ба ҳолати 8 январи соли ҷорӣ 3142 нафар сироятёфтагон ба COVID-19 мубтало гардида, аз ин теъдод 3090 нафараш табобат ёфта дар ҳолати қаноатбахш аз беморхонаҳо ҷавоб шуданд ва 8 нафар фавтиданд. Ҷиҳати табобати беморон 10 беморхона бо 785 кати хоб омода буда, маводи доруворӣ ва маводҳои безараргардонӣ таъмин гардонида шудааст. Ба ҳолати 8 январи соли 2021 дар вилоят беморони гирифтори сирояти COVID-19 дар сатҳи беморхонаҳо ва дармонгоҳҳо ба қайд гирифта нашудааст. Ба ҳолати ҳозира сохтмони беморхонаи сироятӣ дар вилоят оғоз нагардидааст, фақат бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд ва худи аҳолӣ таъмири шӯъбаҳои гуногуни касалхонаи вилоятӣ, шуъбаҳои сироятии назди беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Ванҷ, Рушон, Шуғнон, Ишкошим ба анҷом расонида шудааст. Таъмини беморхонаҳо бо таҷҳизоти тиббӣ, рахти хоб, таҷҳизот барои ошхонаҳо, ҳочатхонаҳо дорувории зарурӣ чи аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва чӣ аз тарафи шарикони рушду соҳибкорони ватанӣ ва аҳолии маҳаливу ҳамватанони бурунмарзӣ дар сатҳи хеле баланд ба роҳ монда шуд. Дар баробари ин соли ҷорӣ 5 бунгоҳи нав мавриди истифодабарӣ қарор гирифта, 2 адад нақлиёти ёрии таъҷилии нав дастрас карда шуд. Дар робита ба ин қайд кардан бамаврид аст, ки соли 2020 аз тарафи Пешвои муаззами миллат ҷиҳати пешгирӣ намудани хавфи паҳншавии бемории КОВИД-19 дар 50 нақлиёти калони боркаш кумаки хайриявӣ дар намуди маводи ғизоиву доруворӣ ва дигар таҷҳизотҳои тиббӣ ба аҳолии вилоят расонида шуд. Илова ба ин аз тарафи роҳбарияти олии кишвар тавассути вазорати тандурустӣ дар давраи солҳои 2019-2020 ба вилоят 8 нақлиёти ёрии таъҷилӣ, 7 нақлиёти хизматии тамғаи нива, ва 1 адад рефережатор барои фароҳам овардани шароити корӣ кумак расонида шуд. Инчунин аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳаи мазкур ба маблағи 2,1 млн сомонӣ доруворӣ, либосҳои муҳофизатии фардӣ ва таҷҳизоти тиббӣ дастгирӣ карда шуд. Ҳамзамон аз ҷониби шарикони рушд, соҳибкорон ва ҳамватанони бурунмарзӣ техника ва таҷҳизоти зарурӣ ба маблағи зиёда аз 4,0 млн сомонӣ аз қабили оксегенератор 117 адад ИВЛ 30 адад ва дигар лавозимотҳои соҳа дастрас гардиданд.