ТАБРИКОТИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАИСИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КУҲИСТОНИ БАДАХШОН ЁДГОР ФАЙЗОВ БА МУНОСИБАТИ 28 – УМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ АРТИШИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Афсарон ва сарбозони шуҷоъ!

Ба таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 сол пур шуд. Дар сароғози сухан, иҷозат диҳед, Шумо- ҳомиёни марзу буми кишвар ва такягоҳи бо эътимоди халқу Ватанро ва дар шахси Шумо кулли мардуми шарифи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро ба ифтихори 28- солагии Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шахсан аз номи худам самимона табрик намуда, бароятон саломатӣ, хушбахтӣ ва дар роҳи таҳкими ваҳдату ягонагӣ, сулҳу оромӣ, ҳифзи дастовардҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дастовардҳои навини хизмати ҳарбӣ комёбиҳои нав ба навро орзу намоям. Ҳифзи марзу буми Ватан, дастовардҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангие, ки аз назари аҷдодони ориёинажодамон аз рӯи шиори «Рафтори нек, пиндори нек ва гуфтори нек» буд, аз вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди он маҳсуб мешуд. Дар Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар заминаи ин фалсафаи аҷдодии мо чунин сатрҳо сабт гардидаанд: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиаи он вазифаи муқаддаси шаҳрвандон мебошад». Қобили зикр аст, ки ҷавонони мо ин рисолати таърихиро хуб дарк намуда, муҳаббату садоқати ватандорию ватандӯстиро дар ҳифзи марзу буми кишвар зоҳир менамоянд. Бояд қайд намуд, ки ҷавонони вилоят ин рисолатро хуб дарк намуда имруз омода ҳастанд ихтиёран ба сафи Кувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гарданд. Маҳз ин иқдоми ҷавонон ва мардуми ватандусти вилоят буд, ки Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон нақшаи даъвати баҳори ва тирамоҳи соли гузашта дар як руз иҷро намуд. Онҳо чунин ҳидояти Президенти кишвар «Қувваҳои мусаллаҳ бояд пеш аз ҳама эҳсоси баланди ватандӯстӣ, интизоми қатъӣ, маҳорату малакаи ҳамаҷонибаи ҳарбӣ дошта бошанд. Артиш симои миллат ва бақои умри миллат аст»-ро бо дасту дили соф иҷро мекунанд.Баъди пош хӯрдани давлати абарқудрати Шӯравӣ тибқи яке аз фармонҳои нахустини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон ташкил ёфт ва бори аввал рӯзи 23 феврали соли 1993 низомиён дар намоиши ботантанаи ҳарбӣ бо як ҷаҳон ифтихору садоқатмандӣ иштирок намуданд.Ташкил ёфтан ва батадриҷ пойдор шудани Артиши миллӣ дар таърихи ҳазорсолаи мо- тоҷикон падидаи нав буда, онро яке аз рукнҳои муҳимтарини истиқлолият шуморидан ба мақсад мувофиқ аст. Имрӯз бо итминони комил метавон гуфт, ки Қувваҳои мусаллаҳи мо ҳимоягари воқеии истиқлолияти Ватан, амнияти кишвар ва сулҳу суботи мамлакат мебошанд. Кормандони сохторҳои низомӣ дар оянда ҳам бо интизоми қавӣ, омодагии ҷангӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва донишу таҷрибаи баланд дар ташаккули ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.Таърих лаҳзаҳоеро дар хотир дорад, ки давлатҳои муқтадири пешин бо сабабҳои парокандагӣ дар лашкар бар зидди ҳуҷуми аҷнабиёни ваҳшию қафомонда, вале муташаккилу камшумор истодагарӣ карда натавонистанд.Бинобар ин мо бояд фазоеро ба вуҷуд оварем, ки хизмати ҳарбӣ чун дар давраҳои неки пештара вазифаи муҳимтарин шуморида шуда, ҳар як фарди ҷомеа одамони низомиро дӯст дорад, ҳурмат намояд ва тарбиятгари онҳо бошад.Тайёр намудани насли наврас барои хизмати софдилона имрӯз аз назари ҳарвақтта дида, барои ватанамон хеле муҳим аст. Дар робита ба ин афкор мебояд, ки силсилаи корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботу ташвиқоти ватандорию меҳанпарастиро байни ҷавонон пурзӯр намоем.Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, воҳидҳои сохтории он мувофиқи ҳидояту дастурҳои Сарвари давлат ба тарбияи ватанпарастии ҷавонон, омода намудани онҳо ба хизмати ҳарбӣ, муҳайё намудани шароити хизмат ба сарбозону афсарон дар қисмҳои низомие, ки дар ҳудуди вилоят мустақар мебошанд, аҳамияти хоса медиҳанд. Дар доираи амалӣ намудани Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонон аз ҷониби мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар баробари дигар чорабиниҳо оиди таълими ҳарбии хонандагон, ба хизмат омода намудани онҳо корҳои зиёде анҷом дода мешаванд.Муҳофизу ҳимоятгари Ватан будан аз ҳар кас заҳмати зиёд, бедорхобӣ, иродаву қатъият, устуворию матонат, ҷасорат, душворписандӣ ва фидокорию ҷонбозиро тақозо мекунад. Вобаста ба ҳамин хизматчиёни ҳарбӣ дар паноҳи давлату ҳукумат қарор дошта, аз таъминоти пурраи он бархурдоранд.Бе муболиға, имрӯз гуфтан мумкин аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омодагии баланди сиёсӣ ва ҳарбӣ зиндагӣ ва меҳнати осоиштаи халқу кишварро таъмин намуда, дар мубориза ба муқобили аъмоли зишт дар ҷомеа ва таъмини истиқлолияти сиёсиву иқтисодии мамлакат, пешрафти минбаъдаи он ҳиссаи босазо гузоранд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят кушиш менамояд, ки ҳарчӣ бештар барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии афсарону аскарон кӯмаки амалӣ расонад. Аз ин рӯ дар асоси қарори махсуси раиси вилоят раёсату кумитаҳо, идораву муассисаҳои вилоятӣ ба қисмҳои низомии дар вилоят буда вобаста гардида, ба онҳо ба таври доимӣ, бахусус дар рӯзҳои ҷашнҳои миллию суннатӣ кӯмаки моддию молиявӣ мерасонанд. Дар се соли охир аз буҷаи вилоят барои қисмҳои низомии дар вилоят ҷойгирбуда 67 ҳазор соионӣ кӯмакҳои маблағи расонида шуданд.Дар охир, бори дигар Шуморо бо 28- умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ табрик гуфта, боварӣ дорам, ки Шумо тамоми кӯшишу ғайратро барои ҳифзи марзу буми Ватан равона мекунед, то ки халқи азизимон дар фазои оромию осудагӣ зиндагӣ намояд. Ҳамеша пирӯзу сарбаланд бошед!1 516Охват (люди)238ВзаимодействияПродвижение недоступно

5050Поделились: 16НравитсяКомментироватьПоделиться