ТАҶЛИЛИ 28 – УМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСËБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВМКБ

Субҳи имрӯз бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ëдгор Файзов чорабинии тантанавӣ бахшида ба 28 – умин солгарди таъсисëбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар театри вилоятӣ ба номи Меҳрубон Назаров баргузор карда шуд. Дар чорабинӣ муовинони Раиси вилоят, раиси шаҳри Хоруғ, роҳбарони идорву муассисаҳои вилоят, намояндагони қисмҳои низомии мустақар дар шаҳри Хоруғ ва собиқадорон иштирок намуданд. Дар оғози чорабини Раиси вилоят муҳтарам Ëдгор Файзов тамоми сокинони вилоятро бо ин рӯзи таърихи табрику муборакбод намуда қайд доштанд, ки баъди пош хӯрдани давлати абарқудрати Шӯравӣ тибқи яке аз фармонҳои нахустини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон ташкил ёфт ва бори аввал рӯзи 23 феврали соли 1993 низомиён дар намоиши ботантанаи ҳарбӣ бо як ҷаҳон ифтихору садоқатмандӣ иштирок намуданд.Ташкил ёфтан ва батадриҷ пойдор шудани Артиши миллӣ дар таърихи ҳазорсолаи мо- тоҷикон падидаи нав буда, онро яке аз рукнҳои муҳимтарини истиқлолият шуморидан ба мақсад мувофиқ аст. Имрӯз бо итминони комил метавон гуфт, ки Қувваҳои мусаллаҳи мо ҳимоягари воқеии истиқлолияти Ватан, амнияти кишвар ва сулҳу суботи мамлакат мебошанд. Кормандони сохторҳои низомӣ дар оянда ҳам бо интизоми қавӣ, омодагии ҷангӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва донишу таҷрибаи баланд дар ташаккули ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.Баъд аз анҷоми суханронии Раиси вилоят як қатор кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва сарбозони шуҷоъ барои саҳми арзанда гузоштан дар нигоҳ доштани марзу буми кишвар бо ифтихорномаи Раиси ВМКБ ва мукофоти пули сарфароз гардиданд. Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангӣ аз тарафи ҳунармандони шинохтаи вилоят пешкаши иштирокдорон гардид.и ещё 8283Охват (люди)59ВзаимодействияПродвижение недоступно