КОМЁБИИ БЕНАЗИРИ ТОЛИБИЛМОНИ ВМКБ

Солҳои охир бо дастгирии давлату Ҳукумати мамлакат дар ҳудуди вилоят биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд ва шароити таҳсил дар онҳо бамаротиб беҳтар гардид. Дар посух ба ин ғамхориҳо устодону шогирдон сифати таълиму тарбияро ба сатҳи нав бароварда, хонандагон бо аз худ намудани барномаи таълимӣ соҳиби дониши мукаммал мегарданд. Иштироки фаъоли толибилмони вилоят дар озмуну мусобиқаҳои фаннии дохил ва берун аз кишвар аз ин шаҳодат медиҳад.Дар таърихи 28-29 марти соли равон дар пойтахти давлат-шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиада аз фанҳои табиӣ-риёзӣ байни хонандагони синфи 11 доир ва ҷамъбаст гардид. Дар он толибилмони муассисаҳои таълимии вилоят иштирок ва бо нишон додани дониши баланд, махсусан, аз фанҳои биология ва физика сазовори ҷойҳои намоён гаштанд.Хонандагони синфи 11 муасссисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 ноҳияи Шуғнон ва рақами 32 ноҳияи Ишкошим Аниси Тоҳир ва Сафоева Наврузбегим бо нишон додани маҳорати хуби азхудкунии асосҳои фанни биология сазовори ҷойҳои якум ва медалҳои тилло гаштанд.Толибилмони синфҳои 11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 56 ноҳияи Шуғнон Нафасбекова Саида, рақами 21 ноҳияи Ишкошим Паҳлавонбеков Шогунбек ва рақами 3 ноҳияи Ванҷ Ширинҷонов Умар бо гирифтани имтиёзҳои зарурӣ аз фанни физика бо касби ҷои сеюм медалҳои биринҷиро ба даст оварданд.Ин комёбии хеле бузурги аҳли маорифи вилоят гувоҳӣ аз он медиҳад, ки маорифчиёни вилоят дар ҳамкории зич бо волидайн кӯшиш намуда истодаанд, ки дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бобати рушду инкишофи соҳа сармашқи кори худ намуда, саҳми сазовори худро дар ин ҷода гузоранд.Маврид ба зикр аст, ки олимпиада аз фанҳои сикли гуманитарӣ идома дошта, умед ба он дорем, ки шогирдони макотиби вилоят дар ин самт низ бо дастовардҳои худ сокинони вилоятро хурсанд хоҳанд намуд.