ҲИФЗИ СИҲАТИИ МАРДУМ ТАКМИЛ МЕЁБАД

Раиси вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшедро, ки бо сафари корӣ дар вилоят қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Дар рафти мулоқот муовини вазир оид ба мақсад аз сафари корӣ, аз ҷумла омодагӣ ва амалигардонии Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои маъюбон ва шиносоӣ бо вазъи соҳа дар вилоят иттилоъ дод.Қайд намуд, ки таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маъюбон зиёд буда, қабули Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак дар соли 2018 ва дигар чорабиниҳо дар ин самт далели ин гуфтаҳо мебошанд. Таъкид рафт, ки тартиби руйихати дурусти гуруҳи маъюбон ва таъмин намудани онҳо бо аробачаҳо, асбобҳои ортопедӣ ва дигар ловозимот вазифаи аввалиндараҷа ба ҳисоб рафта, бунёди филиали маркази тавонбахшӣ дар ноҳияи Роштқалъа яке аз масъалаҳои дигари мулоқот унвон карда шуд. Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ бобати Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак ва муҳайёгардонии шароити лозимӣ ба маъюбон фикру пешниҳод манзур намуданд. Раиси вилоят Ёдгор Файзов аз дастгирии Сарвари давлат нисбати беҳдошти вазъи иқтисодиву иҷтимоии табақаҳои осебпазири вилоят изҳори сипос намуда, қайд намуд, ки дар вилоят ба ин табақаи осебпазири ҷомеа аҳамияти махсус равона гардидааст. Онҳо аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятиву шахсони саховатпеша ба таври доими аз ҷиҳати моддиву маънавӣ дастгирӣ меёбанд. Беш аз ин, дар ҳудуди вилоят ташкилотҳое ҳастанд, ки бевосита бо гуруҳи маъюбон сарукор дошта, онҳо таҳти таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Нақша–чорабиниҳо вобаста ба масъалаи мазкур тартиб дода шуда, амалӣ гардида истодаанд. Дар доираи ин сафар ба мақсади омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳукуқҳои маъюбон дар шаҳри Хоруѓ ҳамоиш-машварат доир гардид. Дар рафти он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии ҷумҳуриву вилоят ва сохторҳои марбута оид ба дастгирии табақаҳои ниёзманд, шахсони дорои имконияти ҷисмониашон маҳдуд табодули назар намуданд Шодихон Ҷамшед зикр намуд, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиёда аз 150 ҳазор маъюб ба қайд гирифта шуда, аз ин теъдод зиёда аз 6 500 нафар дар ВМКБ иқомат доранд . Зикр карда шуд, ки мақсад аз баргузории чунин вохӯриву ҳамоиш ин воқиф гардидан аз мушкилот ва вазъи маъюбон, ҳимояи ҳуқуқи онҳо, беҳбудӣ бахшидани ҳамкориҳои сохтору бахшҳои соҳаи тандурустӣ дар самти мазкур ба ҳисоб меравад. Дар бобати пешбурди нақша–чорабиниҳо ва амалигардонии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон аз ҷониби муовини раиси вилоят Иматшозода Анвар Иматшо маълумот манзур гардид. Дар ҷараёни ҳамоиш роҳбари Иттиҳодияи миллии маъюбон дар ҷумҳурӣ Асадулло Зикрихудоев намоиши ҷолиби видеоӣ пешкаши иштирокдорон гардонид. Гуфта шуд, ки Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон дар 36 шаҳру ноҳияҳо намояндагии худро дошта, наздики 50000 шахсияти маъюбиятдоштаро дар бар мегирад. Доираи асосии фаъолияти онҳоро иштироки бевоситаи маъюбон дар муайян намудани сиёсати иҷтимоӣ, таҳияи санадҳои меъёрӣ-ҳуқукӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон дар бар мегиранд. Дар рафти ҳамоиш аз ҷониби дигар намояндагони ташкилотҳо фикру мулоҳизаҳо баён гардиданд. Муовини вазири тандурустӣ Шодихон Ҷамшед бо ҳамроҳи раиси вилоят Ёдгор Файзов ҷихати шиносоӣ бо рафту сифати таъмири шуъбаҳо ва марказҳои ташхисии беморхонаи вилоятӣ, ки батозагӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуданд, дидан намуданд. Лозим ба ёдоварист, ки шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи вилоятӣ бо маблаѓгузории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии чумхурӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, ба ин мақсад аллакай 756 ҳазор сомонӣ сарф карда шудааст. Давоми се моҳи соли ҷорӣ дар шуъба 650 нафар кӯдакон бо истифода аз шароити мусоид ва таҷхизоти муосир ҷарроҳӣ гардиданд. Барои шуъбаи эҳё ва беҳискунии касалхонаи вилоятӣ бошад, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумхурӣ лавозимоти нави ташхисӣ дастрас шуда, ба наздикӣ мавриди истифодабарӣ қарор хоҳанд гирифт. Барои таъмири ин шуъба 298 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, 46 ҳазор сомониро барои ин кор Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷудо намуд. Гурӯҳи корӣ ҳамчунин аз хаймаҳои тобистона, ки барои пешгирии бемори Ковид-19 дар ҳудуди касалхона гузошта ва ҷиҳозонида шуданд дидан намуда, утокҳое, ки барои гузоштани таҷҳизоти истеҳсоли оксигени тиббӣ ва компютери томографию магнитии резонансӣ, асбобоҳои нафасдиҳии сунъӣ, ки ба беморхонаи вилояти муқаррар шуданд, аз назар гузаронданд. Барои рафъи мушкилот дар анҷоми ин корҳо таклифу пешниҳодҳои мушаххас баён гардиданд. Ҳамзамон қайд гардид, ки дар ҳудуди касалхона филлиали Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун», таъсис дода шуда, итминон меравад, ки рӯзҳои наздик мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Дар марказ 5 намуди ташхиси хун гузаронида шуда, муоинаи донор, ҷой гирифтани хун, коркарди хун бояд пурра амалӣ карда шаванд. Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Шодихон Ҷамшед ҳамчунин дар ҷараёни аттестатсияи тахассусии кормандони соҳаи тибби шаҳру навоҳии вилоят иштирок намуда, бо маҳорат ва малакаи кормандон дар самти корҳо ва фаъолияти тиббии онҳо шинос гардид. Иброз дошт, ки новобаста аз синну сол кормандони тандурустӣ ҳар 5 сол бояд аз аттестатсия гузашта, маҳорату малакаи касбиашонро сайқал диҳанд.