КАМБУДИҲО ҲАНӮЗ ЗИЁДАНД

Дар машварат бо кормандони ҳифзуссиҳати вилоят, ки бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихони Ҷамшед баргузор гардид, масъалаҳои иҷрои бандҳои нақша-чорабиниҳои алоқаманд ба соҳаи тандурустӣ, ки дар ҷараёни сафари кории Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳои вилоят дар соли 2018 таҳия гардиданд, вазъи иҷтимоии маъюбон ва натиҷаи аз аттестатсия гузаронидани кормандони соҳаи тиб мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар оѓози ҷаласа Раиси вилоят Ёдгор Файзов зикр кард, ки соли 2020 дар ҳаёти мардуми тоҷик, бахусус кормандони тиб бо хуруҷ ва паҳншавии бемории Ковид-19 мушкил омад, аммо сиёсати дурусти роҳбарияти олии кишвар, муттаҳидии мардум ва дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳамватанони бурунмарзию соҳибкорон ва шарикони рушд имкон фароҳам сохт, ки ин сол бо камтарин талафот паси сар гардид. Раиси вилоят корнамоии кормандони ҳифзуссиҳати вилоятро қаҳрамонӣ унвон намуда, қайд кард, ки новобаста аз вазъияти баамаломада дар ин давраи ҳассос ягон табиб тарки вазифа накард, балки ба қиммати ҷони худ шабу рӯз дар хизмати мардум қарор дошт ва ин мояи ифтихор ва сарфарозист. Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихони Ҷамшед бо таҳлили вазъи эпидемиологии имрӯзаи ҷаҳон гуфт, ки аз миёни 219 давлати аъзои СММ Тоҷикистон ягона кишварест, дар ин ҷо аз моҳи январи соли 2021 ягон ҳолати сироятёбӣ ба бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Ҳоло давлатҳои муқтадири Амрикову Аврупо дар марҳилаи сеюми паҳншавии Ковид қарор доранд ва ин раванд дар кишварҳои ҳаммарзи мо низ идома дошта, ба ҳисоби миёна дар як шабонарӯз дар ҷаҳон зиёда аз 10 ҳазор нафар фавт мекунанд. Гуфта шуд, ки аз 98 банди нақша-чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вобаста ба ҷараёни сафари кории Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳои вилоят дар соли 2018 тасдиқ гардиданд, 12 банд ба соҳаи тандурустӣ марбут буда, соли равон марҳилаи охирини иҷроиши онҳо мебошад. Дар доираи амалигардонии бандҳои мазкур давоми ду сол дар самти ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш, рушди саноати дорусозӣ, таҳияи лоиаҳои сармоягузорӣ ҷиҳати бунёд ва азнавсозии муассисаҳои ҳифзуссиҳат, таъмини онҳо бо маводи доруворӣ ва таҷҳизоти муосири тиббӣ як қатор корҳо анҷом дода шуданд. Зимнан, дар ноҳияи Роштқалъа бунёди сехи хурди коркарди гиёҳҳои шифобахш дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дошта, ин иқдом дар дигар навоҳии вилоят, ки дорои захираи бойи гиёҳҳои шифобахшанд, идома бахшида мешавад. Соли гузашта ба муассиаҳои тандурустии вилоят як қатор таҷҳизоти муосири тиббии гаронарзиш ворид гардиданд, ки дар таърихи соҳа бесобиқа мебошад. Давоми се соли охир 38 муассисаи соҳаи тандурустӣ таъмир ва азнавсозӣ гардида, дар доираи лоиҳаҳои инвеститсионӣ нақлиёти ёрии таъҷилӣ барои муассисаҳои тандурустӣ дастрас гардиданд. Ба гуфтаи муовини вазир, ҳоло дар самти сохтмони иншооти соҳаи тандурустӣ, таъмини кадрҳои баландихтисоси соҳа ва афзоиши нишондиҳандаҳои касалиҳои сироятӣ камбудиҳои зиёде ҷой доранд. Бархе аз бунгоҳҳои саломатӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, иддаи дигар бо бинои худӣ таъмин нагардидаанд. Феълан дар 27 маркази саломатии деҳот мутахассис намерасад. Гуфта шуд, ки гарчанде солҳои охир нашъмандӣ рӯ ба коҳиш дорад, вале нишондиҳандаи бемориҳои ВНМО ва сил дар таносуб ба дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ афзудааст. Ҳамчунин муовини вазири тандурустии кишвар Шодихони Ҷамшед вобаста ба такмили ихтисоси кормандони соҳаи тиб, таъмини мутахассисон барои муассисаҳои табобатию профилактикии вилоят аз ҳисоби хатмкардагони Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, бахусус донишҷӯёне, ки тариқи квотаи президентӣ таҳсил менамоянд, ворид намудани навоварӣ дар соҳа, бақайдгирии дақиқи шахсони дорои имконияташон маҳдуд ва оилаҳои камбизоат, ҳамоҳангсозии фаъолияти сохтори тандурустӣ бо дигар ниҳодҳои марбутаи иҷтимоӣ, бартарафсозии камбудиҳои соҳа ибрози назар кард.Дар фарҷоми ҷаласа раиси вилоят Ёдгор Файзов ва муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихони Ҷамшед ба кормандони соҳаи тандурустии вилоят барои нишон додани маҳорати баланди касбӣ дар давраи паҳншавии бемории COVID-19 арзи миннатдорӣ намуданд.