Табрикоти муовини Раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов ба муносибати 27 умин солгарди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳомиёни шуҷои марзу буми Ватан!Сараввал Шуморо аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва шахсан аз номи худам ба ифтихори 27 умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба Шумо- ҳомиёни марзу буми кишвар сиҳатмандӣ, нерӯи тоза, хонаободӣ ва дар кору хизмати бошарафатон барои ободию шукуфоии Ватан тавфиқу барор хоҳонам.Мусаллам аст, ки таъмини ҳифзи сарҳад, нигоҳ доштани ягонагии марзу буми кишвар, таъмини амнияти давлатӣ ва ҳимояи муқаддасоти миллиро бидуни Артиши миллӣ, ки қувваҳои марзбон ҷузъу томҳои он мебошанд, тасаввур кардан маҳол аст.Хотирнишон бояд кард, ки Қушунҳои сарҳадӣ монанди дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ дар давраи басо вазнини таърихи кишварамон ташкил гардид. Аз ин рӯ, ин қушунҳо, ки ҳоло ба сохтори муназзам ва боэътимоди ҳифзи марзу буми кишвар табдил ёфтаанд, яке аз дастовардыои бузурги замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошанд.Имрӯз ба ҳамагон маълум аст, ки таъмини дахлнопазирии сарҳади давлатӣ вобаста ба вазъияти сиёсӣ дар Афғонистон ва ҳодисаҳои вақтҳои охир дар сарҳад бо давлати Қирғизистон рух дода Қушунҳои сарҳадии моро зарур аст, ки дар заминаи омузишу тамринҳои паваста саъй бар он намоянд, ки ба дастовардҳои истиқлолият, тамомияти арзии кишвар ва амнияти миллату давлат халал ворид карда нашавад. Аз ин хотир, хизмати ҷавонон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ, мактаби мукаммали ҳаёт буда, фарзандони мо дар ин ҷо дарси ҷавонмардию шуҷоат омӯхта, ҷисману рӯҳан обутоб меёбанд. Вале набояд фаромуш сохт, ки вазифа ва масъулияти шаҳрванд дар назди Ватан танҳо бо хизмат дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ маҳдуд намегардад. Маҳз дар ҳамкории пайвастаи Қувваҳои мусаллаҳ ва ҷомеа сулҳу амнияти доимиро нигоҳ доштан мумкин аст.Аз Шумо – ҳомиёни марзу буми кишвар танҳо як чиз – ҳимояи сарҳади давлатӣ бо интизоми қатъии ҳарбӣ, маҳорати баланди касбӣ, шуҷоату матонат ва садоқату ҷасорат тақозо карда мешавад. Ин вазифаи муқаддас ва рисолати инсонии ҳар яки шумост. Ҳар кадоми Шумо, аз хизматчии оддӣ то афсари баландрутба бояд хуб дарк намоед, ки барои фаъолияти бенуқсонатон сатҳи баланди маҳорату маърифатнокӣ, салоҳияти касбӣ, зиракии сиёсӣ ва дасту дили пок доштан зарур аст. Иҷрои содиқона ва адои софдилонаи хизмати ҳарбӣ бевосита аз ҳисси ватандустиву ватанпарварӣ, ифтихор аз миллати куҳанбунёду фарҳангофарин ва дарки аҳамияти сулҳу ваҳдати миллӣ, такмили маҳорат, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва риояи қатъии интизоми ҳарбӣ вобаста асn. Халқ дар симои Шумо муҳофизони боэътимоди сарҳадҳои давлатӣ, амнияти ҷомеа ва миллатро мебинад ва аз ҳар кадоми Шумо кору муносибати шоистаро интизор аст. Мо дар остонаи таҷлили ҷашни 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Фаъолияти пурсамари Шумо дар самти ҳифзи сарҳади давлатӣ барои таҷлили бошукуҳи ин ҷашн заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар анҷом бори дигар ҳамаи Шумо – муҳофизони марзу буми Ватанро бо 27 умин солгарди Қушунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, бароятон тансиҳатӣ, хушрӯзгорӣ ва дар иҷрои вазифаи хизматиатон тавфиқу комёбиҳои нав ба нав таманно дорам.Ҳамеша сарбаланд ва муваффақ бошед!2 464Охват (люди)388ВзаимодействияПродвижение недоступно

4747Комментарии: 2Поделились: 6НравитсяКомментироватьПоделиться

ТАЪСИСИ МАРКАЗИ ИТТИЛООТӢ ВА АХБОРОТИИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА ДАР ВИЛОЯТ.

Дар бинои дастгоҳи Раиси ВМКБ бо дастгирии Оҷонсии Оғохон оид ба макони зист Маркази иттилоотӣ ва ахборотии ҳолатҳои фавқулодда дар вилоят аз ҷониби Раиси вилоят Ёдгор Файзов ва директори иҷроияи Оҷонсии Оғохон оид ба макони зист Ҳадӣ Ҳусайнӣ ифтитоҳ гардид. Бояд тазаккур дод, ки Марказ бо таҷҳизоти ҳозиразамони компютерӣ, нусхабардорӣ, наворгирию сабткунӣ муҷаҳаз буда, ба таври доимӣ ба шабакаи интернет пайваст мебошад. Мутасаддиёни Марказ ҳангоми муаррифии он иттилоъ доданд, ки мақсад аз ташкили ин Марказ дар он аст, ки он тавассути интернет тамоми раёсату муассисаҳои дахлдорро ба ҳам пайваст намуда, маълумоти зарурӣ дар байни онҳо табодул ёфта, саривақт ба роҳбарияти вилоят ва мақомоти дахлдори марказӣ иттилоъ пешниҳод мегардад. Марказ ба таври маҷозӣ маълумот оиди вазъи обу ҳаво, кушода ё баста шудани роҳҳо ва дигар ҳолатҳоро дар ҳудуди муайян пайгирӣ намуда, сари ҳар вақт масъулинро аз вазъи мавҷуда огоҳ месозад. Инчунин, дар вақти зарурият, роҳбарияти вилоят имкон дорад, ки ба таври маҷозӣ фавран бо тамоми масъулини марбута ва роҳбарияти мақомоти марказӣ дар робита қарор гирифта, мушкилоти мавҷударо баррасӣ ва ҷиҳати ҳалли он чораандешӣ намояд.


ҲАМКОРӢ БА ХОТИРИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

Имрӯз дар шаҳри Хоруғ ҷаласаи навбатии Кумитаи машваратӣ оид ба амалӣ намудани Барномаи устувории шаҳри Хоруғ доир гашт. Дар кори ҷаласа Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, муовини Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Риозода Нуралӣ, муовини якуми Раиси Кумитаи меъморӣ ва шаҳрсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Улуғбек Умарзода, директори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дӯстзода Диловаршо, директори иҷроияи Фонди Оғохон дар Тоҷикистон Кишвар Абдулалишоев, директори иҷроияи Оҷонсии Оғохон оид ба макони зист Ҳадӣ Ҳусайнӣ, роҳбари Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ Ричард Чев, намояндагони Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони рушд иштирок намуданд. Ҳамчунин, дар ҷаласа Раиси шаҳри Хоруғ Мирзонабот Алишер ширкат намуд.Раиси вилоят Ёдгор Файзов дар суханронии ифтитоҳии худ зикр намуд, ки бо дастуру ҳидоят ва мусоидати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳалли мушкилоти мавҷудаи шаҳри Хоруғ, махсусан, устуворгардонии инфрасохтори иҷтимоии шаҳр ба ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиию техногенидошта ва муҳайё сохтани шароити мусоиди зисту кор барои сокинони маркази маъмурии вилоят, дар ҳамдастӣ бо шарикони рушд, Барномаи устувории шаҳри Хоруғ таҳия ва қабул гардид. Дар ин замина, шартнома байни Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оҷонсии Оғохон оид ба макони зист ба имзо расид. Мутобиқи ин шартнома дар шаҳри Хоруғ инфрасохтори кӯҳна таҷдид, хатҳои нави оби нӯшокӣ, обу ташноб, кӯпрукҳои нақлиётӣ ва пиёдагузар, майдончаҳои варзишӣ, пайроҳаву гулгаштҳо ва биноҳои гуногуни ба ҳар гуна ҳодисаи табиӣ тобовар сохта шуда, биноҳои истиқоматӣ ва муассисаҳои гуногун аз ҷойҳои хавфнок ба мавзеъҳои бехавф кӯчонда мешаванд. Аллакай дар ин самт корҳо оғоз гардида, нақшаҳои дигар тарҳрезӣ шуда истодаанд.Алишер Мирзонабот-раиси шаҳри Хоруғ дар суханронии худ ба Ҳукумати Тоҷикистон ва шарикони рушд барои дастгирии мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳр дар самти ҳалли мушкилоти иҷтимоии сокинон изҳори сипос намуда, афзуд, ки мақомоти маҳаллӣ ва шаҳрвандон омода ҳастанд, ҷиҳати инкишофи Хоруғшаҳр саъю кӯшиш намоянд.Дар ҷараёни маҷлис лоиҳаҳои нав дар чаҳорчӯбаи ин Барнома муаррифӣ гардиданд, ки платформаи шаҳри Хоруғ оид ба иттилоот ва банақшагирии шаҳри Хоруғ аз ин шумуланд. Ин лоиҳаҳо аз ҷониби иштироккунандагон муҳим арзёбӣ гардида, зикр гардид, ки сари вақт иттилоотонии ҷомеа оид ба амалигардонии Барнома ва дар чаҳорчубаи он роҳандозии як қатор нақшаҳои дигар, аз қабили пешниҳоди маълумоти саҳеҳ, огоҳонии мардум, пешниҳоди харитаи ҷойгиршавии объектҳои иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ва ғайра имконият фароҳам меорад, ки ҳам шаҳрвандони Хоруғ ва ҳам меҳмонон аз ин платформа истифода баранд. Иштирокдорон ин лоиҳаро дар ҷодаи наздик шудан ба роҳандозии стратегияи ҳукумати электронӣ дар кишвар муҳим маънидод намуда, баҳри беҳтару хубтар намудани платформа таклифҳои судманд пешниҳод карданд.Вобаста ба банақшагирии ояндаи шаҳр қайд гардид, ки нақшаи генералии шаҳр тасдиқ ёфтааст, аммо бобати ҷузъиёти он нақшаи нав бояд таҳия гардида, тасдиқ шавад. Ҳамагон бар он андеша буданд, ки тамоми корҳо дар доираи қонунгузорӣ амалӣ карда шаванд ва меъёрҳои талаботи стандартӣ ҳам дар самти таҳияи платформа ва ҳам банақшагирӣ ба инобат гирифта шаванд.Дар фарҷоми ҷаласа Кумитаи машваратӣ тасмим гирифт, ки вобаста ба такмили платформаи мазкур гурӯҳи корӣ иборат аз мутахассисони соҳа ташкил гардида, дар муддати як моҳ, дар асоси таклифу пешниҳодҳои ироашуда, онро мукаммал гардонда, дар ҷаласаи навбатӣ муаррифӣ гардад.Вобаста ба дигар масъалаҳо низ тасмимҳои дахлдор гирифта шуданд.

ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ ҶСК “БОНКИ ЭСХАТА” ИФТИТОҲ МЕГАРДАД.

Бо мақсади таъсиси шўъбаи минтақавии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бонки Эсхата» дар вилоят, Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов намояндагони бонки мазкурро ба ҳузур пазируфт. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оиди фаъолияти бонк, дастрасии аҳолӣ ба қарзҳои дарозмуддату кўтоҳмуддат ва манзури хизматрасониҳои босифат мавриди муҳокима қарор доданд. Қайд карда шуд, ки “Бонки Эсхата” зодаи замони Истиқлолияти кишвар буда, имрўз фаъолияти ин бонк бидуни ВМКБ дар дигар минтақаҳои кишвар хеле хуб ба назар мерасад. Бонки Эсхата яке аз бонкҳои аз ҷиҳати молиявӣ устувор маҳсуб ёфта, ба сегонаи беҳтарин бонкҳои кишвар шомил аст. Он аз 21 филиал ва 163 адад маркази хизматрасонии бонкӣ иборат буда, имруз фаъолияти бонк дар минтақаҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе хуб ба назар мерасад. Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон муҳтаррам Ёдгор Файзов қайд намуд, ки то ба имрӯз фаъолияти ин бонк дар вилоят дида нашуда, баҳри беҳтар гардонидани хизматрасонии бонкӣ ба мизоҷон ташкили шуъбаи минтакавии “Бонки Эсхата” дар маркази вилоят-шаҳри Хоруғ сариваќтӣ мебошад ва барои ҳамкориҳои судманд ба хотири беҳбуди зиндаги аҳолии вилоят изҳори сипос намуда, намояндагони бонк низ дар навбати худ барои пазироии самимӣ ба раиси вилоят миннатдориро баён намуданд.

Бо дастгирии Раиси ВМКБ ва шарикони ҳамкор майдончаи варзишии назди мактаби №12 дар асоси лоиҳаи муосир бунёд мегардад.

26 майи соли ҷорӣ раиси ВМКБ муҳтарам Ёдгор Файзов дар якҷоягӣ бо роҳбарияти Фонди Оғохон дар маркази ноҳияи Шуғнон сафари корӣ анҷом дода, зимни он аз рафти сохтмони майдончаи варзишии назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ҷамоати деҳоти Поршинев дида намуданд. Пас аз шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонии майдончаи варзишӣ дар асоси пешниҳоди раиси вилоят, роҳбарияти Хадамоти Оғохон оид ба макони зист сохтмони минбаъдаи майдончаи варзиширо ба ӯҳдаи хеш гирифта, иброз намуданд, ки то ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон майдончаи варзишии замонавиро бо дарназардошти майдончаи бозии кӯдакона барои хонандагони муассисаи таълимӣ ва сокинони маҳал мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон барои чунин дастгириҳо ба раиси ВМКБ муҳтарам Ёдгор Файзов ва шарикони рушд изҳори сипос менамояд.

ХИЗМАТРАСОНӢ БА МАРДУМ БЕҲТАР МЕГАРДАД

Имрӯз Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов намояндагони Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Сафар Ориён” (Як такси 1111) Руслан Сарбоззода ва Мирзозода Ҳусейн Ҳайдарро ба ҳузур пазируфтанд. Раиси вилоят меҳмононро ба вилоят хайра мақдам хонда барои амали намудани иқдомашон дар шаҳри Хоруғ тавфиқу барорро таманно намуд. Намояндагони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сафар Ориён” зимни мулоқот ба Раиси вилоят пешниҳод намуданд, ки бо мақсади густариш ва васеъ намудани доираи хизматрасониҳо, инчунин таъмини шаҳрвандон ва меҳмонони вилоят бо сифати баланди мусофиркашонии нақлиёти автомобили муосир мо тасмим гирифтем, ки бо иҷозати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят “Такси – 1111 -ро ҷорӣ намоем. Ин намуди хизматрасонӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят барои таъсиси ҷойҳои нави кори барои сокинони маҳаллӣ мусоидат хоҳад кард.Ёдовар бояд шуд, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сафар Ориён” (Як такси 1111) дар шаҳрҳои Душанбе , Хуҷанд, Кулоб, Бохтар ва ноҳияҳои тобъеи марказ фаъолият намуда сокинон аз онҳо самаранок истифода мебаранд. Дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон низ ба ҳолати имруза хизматрасониҳои нақлиётии такси 3333, 8800 ва 1111 фаъолият карда истодаанд, ки рақобати солим барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ мусоидат менамояд.Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон кушиш бар он дорад, ки дар дигар соҳаҳо низ шароити мусоидро барои сокинон фароҳам оварад.13 476Охват (люди)4 338ВзаимодействияПродвижение недоступно


НОҲИЯИ ШУҒНОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ МАМЛАКАТ БА ДАСТОВАРДҲОИ ЗИЁД НОИЛ ГАРДИДААСТ.

Гуруҳи корӣ таҳти роҳбарии Ғоибназарзода Саид- директори Пажуҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шамсиддин Орумбекзода – аъзои Шӯрои собиқадорони Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва муовини Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Назира Амирбекзода бо мақсади ташвиқу тарғиби дастовардҳо дар ноҳия бо сокинони ноҳияи Шуғнон вохурии судманд баргузор намуданд. Зимни мулоқот бо сокинони ноҳияи Шуғнон гуруҳи корӣ аз дастовардҳои ноҳияи Шуғнон, ҷиҳати тақвияти корҳо дар самти тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, арзишҳои олии инсонӣ, идомаи неки анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ ва таҷлили сазовори ҷашни бузурги миллӣ – 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ сухан намуданд. Сокинон низ бо ёдовари аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштанд, ки ноҳияи Шуғнон бо шарофати истиқлолияти давлати симои зоҳири худро куллан тағир додааст ва сатҳи некуаҳволии мардум низ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат хело баланд гардидааст.и ещё 67 102Охват (люди)1 047ВзаимодействияПродвижение недоступно


Ёдгор Файзов, Раиси ВМКБ: «Ҷавонони Бадахшон пайравони асили Пешвои миллатанд»Май 23, 2021 08:48ДУШАНБЕ, 23.05.2021 /АМИТ «Ховар»/.

Аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ва махсусан, пас аз барқарор намудани ҳокимияти конститутсионӣ дар мамлакат давлату Ҳукумати Тоҷикистон масъалаи ҷавононро дар радифи дигар соҳаҳои муҳим дар меҳвари сиёсати давлатии худ қарор дода, пеш аз ҳама, таҳкурсии ҳуқуқӣ ва пояҳои сохтории онро таҳким бахшиданд.Қонун «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» ба тасвиб расида, мақоми ваколатдори соҳа — Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи ин мақоми давлатӣ Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки бо тақозои замон он ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш табдил ёфт. 23 майи соли 1997 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавони Тоҷикистон мулоқот намуда, фармонеро «Оид ба баъзе масъалаҳои беҳтар кардани кор бо ҷавонон» ба имзо расониданд. Маҳз ҳамин рӯзи таърихӣ сабаб шуд, ки 23 май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон гардад. Дар робита ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистоон муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор ФАЙЗОВ дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» чунин иброз дошт: -Дар қатори дигар манотиқи кишвар сиёсати ҷавонон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар тӯли 30 соли Истиқлоли Тоҷикистон таҳти таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо кумаку дастгириҳои бевоситаи Сарвари давлат чандин иншооти соҳавӣ дар шаҳру навоҳии вилоят ба истифода дода шуданд. Аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани вилоят ба қишри ҷавон ҳам имконият фароҳам овард, ки бобати рушду ривоҷи соҳаи соҳибкорӣ лоиҳаҳои зиёдро амалӣ намоянд. Нисфи зиёди соҳибкорони муваффақи вилоятро имрӯз ҷавонон ташкил дода, дар соҳаи хизмати давлатӣ ва мақомоти намояндагӣ дар аксарияти вазифаҳо кадрҳои ҷавон фаъолият менамоянд.Бо қаноатмандӣ бояд тазаккур дод, ки Бадахшонзамин бештари маврид бо захираи зеҳнии худ шӯҳратёр аст ва имрӯз ҳам зарфияти интелектуалии он, бахусус дар байни ҷавонон теъдоди зиёдро ташкил медиҳад. Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи профессор М. Назаршоев, Институти илмҳои гуманитарии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи академик Б. Искандаров, Институти илмҳои биологии «Помир» ба номи академик Х.Юсуфбеков аксарияти омӯзгорону кормандони илмӣ, ҳайати олимону пажӯҳишгаронро насли ҷавон ташкил медиҳад. Мояи хурсандист, ки дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ низ олимону муаллимони ҷавони тоҷик ба донишҷӯёни хориҷию ватанӣ таълим медиҳанд. Бештари мутахассисони ташкилоти байналмилалии мустақар дар вилоят аз ҳисоби хатмкардагони донишгоҳҳои ватанӣ мебошанд.Мавсуф зикр намуд, ки дар соҳаи маориф ва тандурустӣ дар замони соҳибистиқлолӣ садҳо иншооти нав ба истифода дода шуданд ва имрӯз онҳо дар хизмати ҷомеа, аз ҷумла, насли ҷавони вилоят қарор доранд. Бо кушода гардидани муассисаҳои шакли нави таълимӣ, аз ҷумла Муассисаи давлатии Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат, Литсейи Оғохон ва Коллеҷи тиббӣ дар шаҳри Хоруғ, Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ, Литсейи касбӣ-техникӣ барои ашхоси дорои имконияти маҳдуд дар ноҳияи Рӯшон, Литсейи касбӣ-техникӣ дар ноҳияи Шуғнон ва даҳҳо муассисаи дигари соҳавӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки ҷӣ қадар дар замони соҳибистиқлолии кишвар соҳаи маориф, ки маҳз ба самти ҷавонон нигаронда шуддааст, рушду нумӯъ намуд. Ҳамасола зиёда аз 80 фисади хатмкунандагон тавассути Маркази миллии тестӣ ба донишгоҳу донишкадаҳо дохил мегарданд, ки ин нишондиҳандаи беҳтарин дар кишвар мебошад. Танҳо соли ҷорӣ толибилмони вилоят дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни синфҳои 11 понздаҳ медал ба даст оварданд, ки панҷтои он тилло мебошад. Ғолибияти шогирдони макотиби вилоят дар озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон- Ватани азизи ман” баръало нишон дод, ки ҷавонони вилоят дар қатори ҳамватанони дигари худ аз роҳнамоиҳои Пешвои муаззами худ баҳравар гардида, кӯшиш менамоянд баҳри шукуфоии Тоҷикистон саҳм гузоранд.Ба воситаи квотаи президентӣ садҳо ҷавонон имконият пайдо намуданд, ки соҳибилму соҳибихтисос гарданд. Махсусан, дар соҳаи тиб мутахассисони зиёд аз ҳисоби ҷавонон макотиби олии соҳавиро хатм карда, ба зодгоҳи худ баргаштанд.Бо мақсади дастгирии оилаҳои ҷавон қарори Ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» қабул гардид, ки даҳҳо оилаи ҷавон бо қитъаҳои замин таъмин ва аз маблағҳои қарзии имтиёзнок истифода бурданл.Барои обутоби бадан ва ба машғулияти варзишӣ ҳарчӣ бештар ҷалб намудани насли наврас ва ҷавони вилоят бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳудуди вилоят, дар маҷмӯъ, 373 адад иншооти варзишӣ ба истифода дода шуданд. Айни ҳол як маҷмааи варзишӣ дар шаҳри Хоруғ, 70 толори варзишӣ, 288 майдончаи одии варзишӣ, 12 варзишгоҳ, 3 қасри варзишии «Вастан» дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон дар ихтиёри ҷавонон қарор доранд. Дар вилоят 10 мактаби варзишӣ бо фарогирии 3674 нафар варзишгар, аз ҷумла 678 духтар фаъолият карда истодаанд.Танҳо дар ду соли охир варзишгарони вилоят дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва чемпионатҳо иштирок намуда, сазовори 187 медал гардиданд, ки аз инҳо 35 медали тилло, 62 медали нуқра ва 90 медали биринҷӣ мебошанд. Ҳамчунин варзишгарони мо дар чанд мусобиқаи байналмилалӣ низ муваффақона иштирок намуданд. Аз теъдоди умумии иштироккунандагон қариб сад нафарро варзишгардухтарон ташкил медиҳанд.Аз ҷониби мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ бобати баланд бардоштани сатҳи дониш ва савияи корию тахассусии кадрҳои ҷавон пайваста курсу семинарҳо доир гардида, ҳамасола аз шаҳру навоҳии вилоят теъдоди муайяни кормандони ҷавони мақомоти маҳаллӣ дар магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Чунин курсу семинарҳо барои варзишгарону мураббиёни онҳо низ доир карда мешаванд, ки барои боз ҳам беҳтар намудани маҳорату малакаи варзишгарону мураббиёни вилоят самараи хуб медиҳанд.Ҷавонони вилоят сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хуб дарк намуда, дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ фаъолона иштирок менамоянд. Интихобот ба Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ нишон дод, ки қишри ҷавони ҷомеа, бо истифода аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ сарҷамъона дар ташкил ва дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани онҳо иштироки фаъол намуда, теъдоди зиёди онҳо мандати вакили мардумиро дар маҷлисҳои вакилони халқи ҷамоати шаҳраку деҳот, шаҳру ноҳия ва вилоят ба даст оварданд. Ба ҷонибдории номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 90 фисади ҷавонони вилоят раъй доданд, ки ин бори дигар, аз як ҷиҳат сиёсати комилан дурусту дурандешона ва созандаю қобили қабули муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нишон диҳад, аз ҷониби дигар сатҳи баланди маърифати сиёсӣ ва дарки пурраи сиёсати имрӯзаи бунёдкоронаи Пешвои миллатро аз ҷониби ҷавонони Бадахшонзамин ва умуман кулли ҷавонони Тоҷикистон баръало зоҳир менамояд.Сафарҳои кории Президенти Тоҷикистон ба вилоят ҳамеша навоварӣ ва дигаргуниҳои ҷиддии мусбатро дар хоҷагии халқи вилоят дар пай доранд. Соли гузашта низ, новобаста аз вазъи эпидемиологӣ, ки дар заминаи паҳншавии бемории КОВИД-19 ба вуқӯъ омад, мардуми вилоят ва махсусан ҷавонон бо рӯҳияи баланд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пешвоз гирифтанд. Дар доираи ин сафар қариб 50 иншоот ба истифода дода шуда, дар пойдевори сохтмони инфрасохтори дигари муҳим санги асос гузошта шуд. Бештари ин иншоот хусусияти иҷтимоӣ дошта, маҳз барои насли наврасу ҷавон пешбинӣ гардидаанд.Дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба соҳаи кор бо ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои дастгирии самимона ба ин неруи бузурги созанда изҳори сипос намуданд, ки дар радифи ҳаммиллатону ҳамватанони дигари худ ҷавонони Бадахшон онро чун нишонаи олии қадрдонии шоиста аз фаъолият ва ҷонибдории сиёсати роҳбарияти олии кишвар қабул намуданд. Дар ҷавоб ба чунин қадрдониҳо ва дастгирию мусоидатҳо бори панҷум аст, ки родмардони ҷавони вилоят дар рӯзи нахустини даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷуҳурии Тоҷикистон нақшаро сарбаландона иҷро намуда, бо хоҳиши қалби худ ва иродаи қавӣ ба хизмати Ватан-Модар мераванд.Дар вилоят ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” ва “Созандагони Ватан” фаъолияти густурда дошта, ҷавонони вилоят дар аксарияти маъракаҳои ободонию таблиғотӣ ба симмати волонтёр ё аз тариқи хизмати ифтихорӣ иштирок намуда, дар ташкил ва баргузор намудани маъракаю чорабиниҳо дастёри мақомоти маҳаллӣ буда, ба шахсони ниёзманд ҳамеша дасти ёрӣ дароз менамоянд.Соли 2020 бо дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳудуди вилоят бо иштироки ҷавонон ба намояндагӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилоят Фестивали минтақавии дӯстии ҷавонони вилоят дар самти тарбияи ватандӯстиву ватанпарастӣ баргузор гардид.Ҷавонон аз иншооти азим, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардиданд, дидан намуданд. Инчунин дар доираи сафар ҷавонон аз қисмҳои низомӣ дидан намуда, дар вохӯриҳо бори дигар садоқати худро ба Модар-Ватан баён намуда, ба сарбозони қисмҳои низомӣ лавозимоти варзишӣ тақдим намуданд.Имсол мардуми соҳибдавлату соҳибтамаддуни тоҷик 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирад. Дар ин замина дар шаҳру навоҳии вилоят омодагиҳои ҳамаҷониба идома доранд ва ҷавонон чун неруи пешбарандаи ҷомеа дар ин ҷода хеле фаъоланд. Ҳам дар соҳаи сохтмон, ҳам соҳибкорӣ, ҳам иштирок дар озмуну фестивалҳо ва ҳам мусобиқаҳои варзишӣ ҷавонони мо серғайрату фаъоланд.Ҳодисаҳои солҳои охир дар ҷаҳону минтақа рухдода ва шиддат гирифтани авзои сиёсии ҷаҳон моро водор месозад, ки махсусан, таваҷҷуҳи худро ба соҳаи кор бо ҷавонон боз ҳам зиёдтар намуда, баҳри роҳандозии стратегияю консепсия ва барномаю нақшаҳои қабулгардида дар ин самт тадбирҳои дучанд андешем. Имрӯз дар ин ҷода дар ҳудуди вилоят даҳҳо иншоот бунёд гардида истода, барои муҳайё сохтани шароит ва имконияти беҳтару васеътар барои ҷавонони вилоят чӣ дар доираи фаъолияти зеҳнӣ, эҷодӣ, ихтироъкорӣ, соҳибкорӣ ва чӣ варзишӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодаанд.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқотҳои хеш бо ҷавонони кишвар зикр намуда буданд, ки “Истиқлоли давлатӣ ҳамон вақт устувору пойдор мегардад, ки ҳар фарди ҷомеа ба қадри он расад ва ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ҳифз намуда, озодиву соҳибихтиёриро асоси хушбахтии худ ва наслҳои ояндаи миллат шуморад”.Бегумон, ҷавонони мо имрӯз ба дарки моҳияти ин суханони Пешвои муаззами миллат ба хубӣ расида, омодаи онанд, ки бо тамоми неру аз дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, арзишҳои волои миллӣ, номусу шараф ва хоки муқаддаси Ватани азиз дифоъ намоянд. Мо ба ирода, ҷасорату ватанпарастӣ ва миллатдӯстии ҷавонони сарбаланду боғурури тоҷик боварии комил дорем!

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОН ДАР ВМКБ

Субҳи имрӯз бо иштироки муовини Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Назира Амирбекзода чорабинии тантанавӣ бахшида Рӯзи ҷавонон доир карда шуд.Инчунин дар чорабинӣ муовини Раиси вилоят Носирзода Умедҷон ва дигар роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят ширкат варзиданд. Зимни суханронӣ муовини Раиси ВМКБ ҷавонони вилоятро бахшида ба Рузи ҷавонон аз номи Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов табрику муборакбод намуда, қайд доштанд, ки ҷавонони саодатёри Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар радифи ҳамсолони ҳамватану ҳаммиллати худ аз дигар минтақаҳои кишвар доимо таҳти таваҷҷӯҳи бевоситаи Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Дар радифи кору фаъолият ҷавонони мо имконияти хуби машғул шудан ба тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва иштирок дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ доранд. Айни ҳол дар ҳудуди вилоят, дар маҷмӯъ, 373 иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шудаанд, ки аз инҳо як маҷмааи варзишӣ дар шаҳри Хоруғ, 70 толори варзишӣ, 288 майдончаи оддии варзишӣ, 12 варзишгоҳ, 3 қасри варзишии «Вастан» дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рушон дар ихтиёри ҷавонон қарор доранд. Дар вилоят 10 мактаби варзишӣ бо фарогирии 3674 нафар варзишгар, аз ҷумла 678 духтар фаъолият карда истодааст.Дар чорабинӣ инчунин муовини Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Умедҷон Носирзода бо унвони Корманди шоистаи тарбияи ҷисмони ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷавонони касбу кори гуногун бо ифтихорномаи Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сарфароз гардиданд.Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангӣ бо иштироки беҳтарин ҳунармандон пешкаши иштирокдорон гардид.и ещё 211 632Охват (люди)253ВзаимодействияПродвижение недоступно


Табрикоти муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Ҷавонони арҷманд!Фарзандони азиз!Пеш аз ҳама шуморо ба муносибати Рӯзи ҷавонон самимона табрику таҳният гуфта, барои ҳамаи ҷавонони баору номус ва миллатдӯсту ватанпарвар солимии ҷисмонию болидарӯҳӣ ва дар таҳсилу кор бурдбориҳои бардавомро орзу менамоям!Ҳукумату Давлати Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон сиёсати давлатии ҷавононро яке аз масъалаҳои афзалиятнок дар ҷодаи ташаккул ва таҳкими давлатдории навини тоҷикон қарор доданд. Бо дастуру ҳидоятҳои оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавонон гузошта шуда, ҷиҳати ҳалли мушкилоти ин нерӯи бузург ва созандаи Ватан стратегияҳо, консепсияҳо ва барномаҳои соҳавӣ қабул гардида, сохтори ваколатдор дар низоми давлатӣ таъсис дода шуд. Имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки ин сиёсати хирадмандона ва муносибати ҷиддии роҳбарияти олии кишвар ба масъалаи ҷавонон самараи некро ба бор овард.Ҷавонони саодатёри Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар радифи ҳамсолони ҳамватану ҳаммиллати худ аз дигар минтақаҳои кишвар доимо таҳти таваҷҷӯҳи бевоситаи Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Дар замони соҳибистиқлолӣ барои ин соҳа дар вилоят маблағҳои зиёд ҷудо гардида, бобати бартараф сохтани норасоиҳои ҳаётии ҷавонони вилоят дар ҳамаи самтҳо корҳои назаррас анҷом пазируфтанд. Масалан, барои таълиму тарбия ва омода намудани кадрҳои баландихтисос дар радифи бунёду таҷдиди садҳо муассисаҳои таълимӣ, инчунин, ҷавонони минтақаҳои дурдаст имконият пайдо намуданд, ки тавассути квотаи Президентӣ соҳибмаълумот ва соҳибкасб гарданд. Танҳо дар соли 2021 барои вилоят 169 квота ҷудо гардид. Аз байни толибилмони вилоят бошад, имсол 26 нафар бо стипендияи Президентӣ мушарраф гардида, 11 нафар стипендияи Раиси вилоятро соҳиб шуданд.Боиси хурсандист, ки ҷавонони мо бо дарки масъулият дар назди ватану миллат на танҳо дар ҳамаи чорабиниҳои сиёсӣ фаъолона ширкат меварзанд, балки худ низ дар амалӣ намудани сиёсати созанда ба симмати хизматчии давлатӣ фаъолият дошта, дар ҳамаи сатҳҳои ҳокимияти намояндагӣ даҳҳо вакил аз шумори ҷавонон мебошанд.Зимнан месазад, ки мо суханони таҳсиномези Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нисбати ҷавонони ғаюри кишвар иқтибос орем, ки гуфта буданд: “Мо ба ҷавонони бонангу номуси худ ва ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо бовари бузург дорем, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо воқеан ояндаи неки Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд.” Маврид ба зикр аст, ки дар ҷомеаи имрӯза дар пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон басо муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар ҳамаи соҳаҳо хоҷагии халқ метавонад ба хубӣ таъмин созад. Айни замон дар самти соҳибкории истеҳсолӣ дар вилоят ҷавонони соҳибистеъдод, бо истифода аз имкониятҳои воқеӣ ва дар заминаи дастгириҳои бесобиқаи ҳукумати кишвар, саъй доранд, ки бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва шарикони рушд корхонаву коргоҳҳои нав таъсис дода, на танҳо манфиат ба даст оранд, балки дар самти коҳиш додани бекорӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум саҳмгузор бошанд. Танҳо дар соли гузашта 625 нафар ҷавон ба кор таъмин гардида, дар соли ҷорӣ зиёда аз 250 нафар ҷойи кори доимӣ ёфтанд. Дар радифи кору фаъолият ҷавонони мо имконияти хуби машғул шудан ба тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва иштирок дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ доранд. Айни ҳол дар ҳудуди вилоят, дар маҷмӯъ, 373 иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шудаанд, ки аз инҳо як маҷмааи варзишӣ дар шаҳри Хоруғ, 70 толори варзишӣ, 288 майдончаи оддии варзишӣ, 12 варзишгоҳ, 3 қасри варзишии «Вастан» дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рушон дар ихтиёри ҷавонон қарор доранд. Дар вилоят 10 мактаби варзишӣ бо фарогирии 3674 нафар варзишгар, аз ҷумла 678 духтар фаъолият карда истодааст. Танҳо дар ду соли охир варзишгарони вилоят дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва чемпионатҳо иштирок намуда, сазовори 187 медал гардиданд, ки аз инҳо 35 медали тилло, 62 медали нуқра ва 90 медали биринҷӣ мебошанд. Ҳамчунин, варзишгарони мо дар чанд мусобиқаи байналмилалӣ низ муваффақона иштирок намуданд. Аз теъдоди умумии иштироккунадагон наздик ба сад нафарро варзишгардухтарон ташкил медиҳанд. Барои истироҳат ва фароғати ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 5 боғи фарҳангию фароғатӣ, як театри вилоятӣ, чандин театрҳои халқии ноҳиявӣ ва қасрҳои фарҳангу китобхонаҳо ва кафе-интернетҳо фаъол ҳастанд. Ҷавонони мо имрӯз аз ҳарвақта дида ба дарки моҳияти ваҳдату ватанпарастӣ ва миллатдӯстӣ хубтару бештар расидаанд. Зеро ҳодисаҳои пуртаззоди ҷаҳону минтақа ва даргириҳои ҳарбию иқтисодии байни мамолики ҷудогона ва абарқудратҳо моро водор месозад, ки сулҳу ваҳдат ва суботи ҷомеаро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Дар робита ба ин, дар Паём ба Маҷлиси Олӣ Роҳбари давлат қайд намуданд, ки ҷавонон бояд аз ҳама кишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, мукаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдкорона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби чаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.Бо қаноатмандӣ бояд зикр намуд, ки имсол мо 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ватани маҳбуб- Тоҷикистони азизро таҷлил менамоем, ки саҳми ҷавонон дар ба даст овардан ва таҳкими он хеле бориз аст. Ин нерӯи бузурги иҷтимоӣ ва қувваи созандаи ҷомеа чун идомадиҳандаи ормонҳои аҷдодӣ, парчамбардори миллат ва пайрави кору пайкори Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми ҳастӣ ва амали хеш нишон дода истодааст, ки дўст доштани ватан, баланд бардоштани обрую нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ, ифтихор кардан аз он ва барои ҳифзу ҳимояи хоки муқаддаси диёри маҳбуб омода будан, арзишҳое мебошанд, ки танҳо ба воситаи он ва меҳнату эҷоди худ мо метавонем кишвари худро аз ин ҳам ободтару пешрафта ва пуриқтидор намоем. Боиси ифтихор ва ёдоварист, ки дафъаи панҷум аст, ки ҷавонони ғаюру баномуси вилоят, бо хоҳиши худ ба комиссариатҳо ҳозир шуда, дар рӯзи нахустин, нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро иҷро менамоянд.Воқеан ҳам андеша, рафтору талошҳо ва фаъолияти густурдаву пайвастаи ҷавонони имрӯзаи мо ҷиҳати ширкати пурсамар дар рушду нумӯи вилоят моро бовар мекунонад, ки ҷавонон бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутарқӣ сафарбар менамоянд.Итминони комил дорам, ки шумо чун фарзандони арзандаи диёри маҳбуб ва Ватани азиз дар вуҷуди худ эҳсоси гарми ватандўстиро парварида, чун пайравони асили Пешвои муаззами миллат дар роҳи саодати Тоҷикистони соҳибистиқлол хизматҳои арзанда менамоед. Бо ин ниятҳои нек ва таманниёти самимӣ бори дигар шуморо ба ин рӯзи фархунда муборакбод намуда, ба ҳамаи Шумо комёбиву бурдборӣ ва пирўзиҳои навро орзумандам!5 975Охват (люди)1 473ВзаимодействияПродвижение недоступно

101101Поделились: 26НравитсяКомментироватьПоделиться