ДАР ВМКБ САТҲИ БЕКОРИ КОҲИШ МЕЁБАД.

Дар се моҳи соли 2021, 1908 нафар барои пайдо кардани ҷойи корӣ ба макомот муроҷиат карданд, ки аз онҳо 753 нафарашон занон мебошанд. Аз шумораи умумии муроҷиаткардагон 1225 нафар ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуданд, ки 379 нафари онҳо занон мебошанд. Бо ҷойҳои кории доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 819 нафар таъмин шуданд. Дар ин давра 16 ярмаркаи ҷойҳои корӣ бо пешниҳоди 164 ҷойи кории холӣ гузаронида шуда, дар онҳо 74 корхона ва 1290 нафар корҷӯй иштирок намуданд. Аз ин 453 нафар ба ҷойи кор роҳхат гирифта, 78 нафар бо кор таъмин шуданд ва 255 нафар ба касбомӯзӣ роҳхат гирифта, 120 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ сафарбар гардиданд. Барои ба соҳибкорӣ ҷалб намудани шахсони бекор ба 99 нафар ба маблағи 279400 сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст. Макони асосии таъмини аҳоли бо ҷойи кор ассосан сектори хусусӣ тавассути ташкили корхонахо, нуктаҳои хизмати маишӣ, саёҳӣ, иншооти сохтмонӣ ва ғайраҳо мебошанд. Дар се моҳи соли 2021 дар ҳудуди вилоят аз тарафи шӯъбаҳо ва бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли вҳолӣ 130 нафар ба корҳои муздноки ҷамъиятӣ ҷалб гардиданд. Қарзи пардохти музди меҳнат дар идораҳои ғайрибуҷавӣ маблағи 84,6 ҳазор сомонӣ ташкил дода, он аз ҳисоби Иттифоқи ҷамъияти матлуботи вилоят 5,4 ҳазор сомонӣ, Шӯрои иттифоқҳои касабаи мустақили ВМКБ 25,8 ҳазор сомонӣ, Иттиҳодияи истеҳсолии матбааи ВМКБ 42,2 ҳазор сомонӣ ва Бойгонии байниидоравии ноҳияи Рушон 11,2 ҳазор сомонӣ, ташкил медиҳад. Тибқи ҳисоботи оморӣ ба ҳолати 1 апрели соли 2021 дар хориҷи кишвар 35693 нафар (23078 нафар мард ва 12615 нафар зан) мавҷуд буда, дар се моҳи соли ҷорӣ аз вилоят 1684 шаҳрванд ба хориҷи кишвар сафар карда, аз ин теъдод 1315 нафар мард ва 369 нафар зан ташкил медиҳанд. Аз хориҷи кишвар 1815 нафар шаҳрванд (мард 1464, зан 351) ба ватан баргаштанд. Шумораи хоҷагиҳои муҳоҷирони ихтиёрӣ 24 адад ва экологӣ 8 ададро ташкил медиҳад.

ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲА

Таҳти раёсати Раиси Вилояти Мухтори Бадахшон Ёдгор Файзов ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ баргузори гардид. Дар гузориши ҳисоботии муовини Раиси ВМКБ Анвар Иматшозода қайд гардид, ки нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуддати рушди соҳаҳои асосии иқтисодиёт- маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ(дохилӣ) дар ин давра 174,5 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли 2020 ба маблағи 7,8 млн. сомонӣ ё 4,3% зиёд мебошад. Нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ, ба андозаи 107,4 фоиз, яъне ба ҷои 34,8 млн. сомонӣ 37,4 млн. сомонӣ ё ба андозаи 2,5 млн. сомонӣ зиёд таъмин гардид. Дар ин росто, нақшаи андозҳо ва пардохтҳое, ки ба буҷети маҳаллӣ ворид шуданд, 106 фоиз иҷро гардида, ба ҷои 24,7 млн. сомонии пешбинишуда, ба буҷет 26,1 млн. сомонӣ дохил гардид. Бо вуҷуди ин, бақияи қарзи андозӣ то ҳамин давра 2033,6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар гузориш зикр гардид, ки айни замон, дар ҳудуди вилоят, 2361 соҳибкори инфиродӣ бо патент ва 1124 бо шаҳодатнома фаъолият доранд. Бо мақсади таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи қоидаҳои додани иҷозат ба шахсони воқеӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ” то ин давра ба 619 нафар иҷозати кор дода шудааст. Аз ҳисоби бонкҳо ба шаҳрвандон наздик ба 21 млн. сомонӣ қарзҳои гуногун дода шуда, интиқоли маблағ аз хориҷи кишвар 7600,8 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 37,1 % зиёд мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ низ зиёд гардида, ба зиёда аз 33 млн. сомони расид. Аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 31,5 млн. сомонӣ истифода шуда, дар ҳудуди вилоят, дар соҳаи иҷтимоӣ, 20 лоиҳа мавриди истифодабарӣ қарор гирифтанд, ки маблағи умумии онҳо қариб 159 млн. сомонӣ мебошад. Дар ин замина, таҷдиди қисмати шоҳроҳи байналмилалӣ дар мавзеъи Ёгед-Қалъаихумб бо арзиши харҷномавии 31,2 млн. доллари амрикоӣ давом дошта, корҳои аввалиндараҷа дар бунёди НБО-и “Себзор” оғоз шуданд. Дар сохтмони 17 кӯпрук 6,2 млн. доллари амрикоӣ аз худ шудааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ 48 млн. сомониро ташкил дода, айни ҳол, нақшаи бунёд ва азнавбақароркунии боғҳо таъмин гардида, кишти зироатҳо бомаром идома дорад. Барои таъмин бо ҷои кор 1028 нафар ба мақомоти шуғли аҳолӣ муроҷиат намуда, 579 ҷои нави корӣ таъсис дода шуд. Сатҳи расмии бекорӣ дар вилоят 4,8 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки ин 8,7 фоизи шумораи нерӯи корӣ мебошад. Ба оилаҳои ниёзманд ва ашхоси алоҳида 1076,4 ҳазор сомонӣ кӯмакпулиҳо пардохт гардида, аз ҳисоби мақомоти маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша ба 680 нафар ниёзманд ба маблағи 127795 ҳазор сомонӣ кӯмакҳои молиявӣ расонда шуданд. Боиси қаноатмандист, ки имсол боз ду ихтисоси нав дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ – “Таъминоти ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ дар корхонаҳои хурду миёна” ва “Иқтисодиёт ва идораи сайёҳӣ” кушода шуданд. Аз ҷониби Институти илмҳои гуманитарӣ, дар доираи корҳои тадқиқотӣ, чор китоб ва 28 мақолаи илмӣ нашр гардиданд. Дар соҳаи маориф низ комёбиҳои муайян ба даст омаданд, ки ғолибияти шогирдони муассисаҳои таҳсилоти вилоят дар олимпиадаи сатҳи ҷумҳуриявӣ аз шумори онҳо мебошад. Хонандагони вилоят дар ин чорабиниҳо соҳиби 14 медал гардиданд, ки 5 адади онҳо тилло мебошад. Илова бар ин, озмунҳо дар доираи “Илм- фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон- Ватани азизам” оғоз гардиданд. Сохтмони мактабҳо, таъмир ва таҷдиди инфрасохоти соҳаи маориф ва бо таҷҳизот таъмин намудани муассисаҳои соҳа давом дорад. Ба ҳолати давраи ҳисоботӣ корҳои сохмонӣ дар чанд бунгоҳи тиббӣ идома дошта, таъмири баъзе шӯъбаҳои беморхонаҳои шаҳрию ноҳиявӣ ба итмом расид. Раванди таҳкими заминаи моддию таҷҳизотии муассисаҳои тиббӣ ҷараён дорад. Дар самти фаъолияти тавсеа ва таҳкими корҳои фаҳмондадиҳию таблиғотӣ, кор бо оила ва ҷавонон, мустаҳкам намудани фазои иттилоотии вилоят, таъсиси рубрика ва барномаҳои нав дар телевизиону радио ва рӯзномаҳои давлатӣ низ як қатор дастовардҳо ба назар мерасанд. Аз он ҷумла, зикр гардид, ки маҳз баланд гаштани сатҳи чунин фаъолият имконият фароҳам овард, ки имсол ҳам маъракаи баҳории даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар як рӯз иҷро гардад. Дар ҷараёни баррасии масъалаҳои рушду инкишофи минбаъдаи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ Раиси вилоят дар такя ба дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии кишвар ироа сохта буданд, таваҷҷӯҳи роҳбарону масъулинро ба иҷрои нақшаву барномаҳои қабулшуда ҷалб намуд. Яке аз масъалаҳои муҳим ин омода намудани соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят, инфрасохтори зарурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон мебошад. Зеро сардиҳои зимистони имсола мушкилоти муайянро дар таъмини энергияи барқ ва об ба амал овард. Ҳамчунин, аз дароз омадани зимистон чорводорони минтақаҳои баландкӯҳ низ хисорот диданд. Барои ҳамин, ба ширкати “Помирэнерҷӣ”, Раёсати кишоварзӣ, идораҳои хоҷагии роҳ ва манзилию коммуналӣ дастур дода шуд, ки вобаста ба омодагӣ ва гузарондани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 ҳамаҷониба омодагӣ дида, дар ҳамкорб бо вазорату кумита ва дигар идораҳои марказӣ баҳри бартараф намудани норасоиҳои ҷойдошта чораандешӣ кунанд. Махсусан, раванди кишти баҳорӣ таҳти назорати қатъӣ гирифта шавад, зеро таъмини мардум бо озуқа яке аз стратегияҳои давлатӣ ба шумор рафта, ба бозори худӣ баровардани маҳсулоти зарурии хушсифат вобастагии моро аз маҳсулоти кишоварзии воридотӣ кам хоҳад намуд. Сари вақт вокуниш намудан ба муроҷиати шаҳрвандон мусоидат кардан дар ҳалли мушкилоти шаҳрвандон аз масъалаҳои дигаре буд, ки роҳбари вилоят диққати роҳбарони идораву муассисаҳоро ба он равона намуд. Ҳамчунин, вобаста ба дигар масъалаҳои мубрами иқтисодию иҷтимоӣ андешаронӣ намуда, Ёдгор Файзов таъкид намуд, ки соли 2021 барои кулли Тоҷикистон ва аз он ҷумла, барои сокинони Бадахшонзамин соли таърихӣ аст. Аз ин лиҳоз, моро лозим аст, ки бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ватани маҳбубамон меҳнати дучанд намуда, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони диёр, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, дастҷамъона тамоми нерӯи худро сафабар намоем.