Табрикномаи муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов бахшида ба 76 – умин солгарди Рӯзи Ғалаба

Хамдиёрони азиз!Имсол ба рўзи таърихӣ ва хотирмону мондагор – Рўзи Ғалаба 76 – сол пур мешавад. Дар таърихи инсоният он чун руҳдоди бузургтарин ва фоҷиабортарини асри 20 боќӣ мемонад. Ба ҳақиқат, то имрўз ҳам мисли ин рухдод – Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бо ин масоҳату ин талафоти бузург воқеаю ҳодисаеро аҳли башар ёд надорад. Аммо таъсиру хотираи он, бахусус, дар кишварзои пасошўравӣ ва Аврупо то ҳол боқист. Гузашта аз ин, хотираву сабақҳои талхи ин рухдод бояд дар хотираи башарият ҳамеша зинда бошанд, зеро аз ёдҳо бурдани он ҷинояти азиме пешорўйи мардуми дунё хоҳад буд. Бахусус, фаромўш кардани қурбониҳои ин ҷанг, ки ададашон аз ҳудуди 57 млн мегузарад, камоли беэҳтиромӣ ва бешарафист. Ба ин хотир, ҳар сол ҷашн гирифтани Рўзи Ғалаба эҳтиром гузоштан ва пос доштани хотираи неки он одамоне аст, ки барои ҳаёти осоиштаи имрўза аз худ корнамоию қаҳрамониҳои бемисле зоҳир намуданд ва аксарашон барои наслҳои баъдина ҷон фидо карданд. Имрўз аз ин родмардони майдони ҷангу меҳнат ва занони диловару фидокор дар тамоми мамолики пасошўравӣ шахсони ангуштшуморе зинда мондаанд, вале кору пайкори онҳо абадан зинда хоҳад монд, зеро «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромўш нашудааст». Кору пайкори ин насли қаҳрамон барои наслҳои имрўза дарси ибрату шоистаи пайравист, ки нуқтаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид намудаанд: «Омӯхтани таҷрибаи зиндагӣ ва корномаву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ва истифодаи маслиҳату рӯзгори ибратомӯзи онҳо ба наслҳои имрӯзу фардои Ватани азизамон дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, рушди кишвари соҳибихтиёри тоҷикон, ҳимояи марзу буми он ва манфиатҳои милливу давлатӣ дастури зиндаи амал ва сабақи зиндагӣ ба ҳисоб меравад». Ин рўйдоди фоҷиаборро мардуми замони Шўравӣ Ҷанги Бузурги Ватанӣ унвон карданд, зеро дар он мардуми Шўравӣ барои озод намудани Ватани паҳноварашон аз фашизми хунхор яксар бапо хест ва муддати чор сол ба ивази қурбониҳои беқиёс бо истилогарон мубориза бурд ва ливои пирўзиро рўзи 9 – майи соли 1945 дар лонаи фашизм – шаҳри Берлин барафрошт. Дар майдонҳои набарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ фарзандони ғаюри миллати тоҷик низ мардонавор бо душман меҷангиданд ва аз худ намунаҳои бемислу монанди корнамоиҳо зоҳир мекарданд. Зиёда аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон бо душман диловарона ҷангиданд ва беш аз 92 ҳазор фарзандони содиқи Ватан дар он ҳалок гаштанд. Номи неку қаҳрамонии онҳоро ҳеҷ гоҳ миллати тоҷик фаромуш намекунад. Аз миёни ин мардони майдон 57 нафар ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, 19 нафар бо ҳар се дараьҷаи ордени «Шараф» ва 57 ҳазор нафар бо ордену медалхои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сазовор шуданд. Бояд гуфт, ки дар қатори дигарон 2,5 ҳазор сокинони вилоятамон дар майдонҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ширкат карданд ва 600 нафар дар майдонҳои ҷанг қаҳрамонона ҳалок гардиданд. Ному хотираи ин мардони майдон ҳеҷ гоҳ фаромўш намешавад. Ҳамаи сокинони вилоят хизматчиёни ҳарбиро бо ин рўзи фирўз муборакбод мегўям, барояшон рўзгори осуда, табъи хуш ва равнақу барорро таманно менамоям. Бигузор ҳамеша сулҳу субот дар фазои Ватани азизамон побарҷо ва ваҳдату ягонагии миллати тоҷик абадан устувор бошад.