ТАГӢИРОТИ КАДРӢ ДАР СОХТОРИ АМНИЯТИ ВИЛОЯТ

Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов дар оғози ҷаласа аз омодагии сокинони сарбаланди вилоят ба ҷашни барои миллати тоҷик фараҳманд 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон ва дастовардҳои ба даст омада ибрози назар намуда қайд кард, ки бе таъмини сулҳу суббот ва ваҳдату Истиқлолияти сартосари мамлакат имконияти рушди босуботи кишвар ғайри имкон мебошад. Гуфта шуд, ки маҳз таъмини вазъи амниятӣ дар минтақа ва сулҳу субот ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ВМКБ ру ба беҳбуди ниходааст. Роҳбарияти вилоят саҳми арзандаи собиқ сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар таъмини амнияти вилоят ва ҳамкориҳои судманд бо сохторҳои давлатиро аз ҳадафҳои асосии расидан ба оромиву осудагӣ дар вилоят унвон намуд. Гуфта шуд, ки Меликзода Маҳмад Эмом ҳамчун роҳбар дар вазифаи сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҳамеша боадолатона кор намуда, бо масъалаҳои таҳлили ояндабинона назари нек ва нақшаҳои мушаххас дорад. Муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Мирзоев оиди ба вазифаи сардори Раёсати талимиву омузишӣ ва мубориза бар зидди кибир терроризми Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани собиқ сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Меликзода Маҳмад Эмомро ба саҳми роҳбарони идораву муассисаҳои ҳудуди вилоят расонда кайд карданд, ки сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар муддати 4 соли фаъолияти хизматӣ тавонист уҳдадориҳои ҳарби ва хизмати ҳарбиро бо сари баланд иҷро намояд ва бо мардуми сарфарози ВМКБ якҷоя кор намояд. Бо назардошти фаъолияти хуби корӣ дар мувофиқа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Меликзода Маҳмад Эмом ба вазифаи боз ҳам пурмасъул таъин гардид. Ба ҷои Меликзода Маҳмад Эмом ба вазифаи сардори Раёсати Кумитаи давлатии аминяти милли Ҷумҳурии Тоҷикитсон дар ВМКБ Салимзода Абдусамад Муъмин муаррифи карда шуд. Дар хусуси вазъи имрӯзаи сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки бисёр мураккаб ва таъғирёбанда арзёби гардид, сухан гуфт. Кайд шуд, ки новобаста аз оне, ки мо бо ҶИ Афғонистон 910 км марз дорем, таҳти сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат имрӯз сокинони ВМКБ, дар ру ба руи сархад зиндагии амну осоишта доранд. Зеро вазифаи ҳар яки мо муҳофизати хоки поки Тоҷикистон ва таъмини зиндагии шоиста барои хар як сокини мамлакат мебошад. Ба замми ин муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди пахши маводҳои иғвоангез ва бар зидди давлату ҳукумат дар шабакаҳои иҷтимоиро яке аз масъалаҳои умдаи руз маънидод намуда дар ин самт аз сокинони вилоят зиракии сиёсиро талаб намуд.Собиқ сардори РКДАМ ҶТ Дар ВМКБ Меликзода Маҳмад Эмом зимни суханрони аз дастгирии мақомоти вилояти ва сохторҳои он, аҳли ҷомеа изҳори минатдори намуда зикр намуд, ки рисолати асоси ман хизмат ба мардум мебошад вале бе дастгирии аҳли ҷомеа наметавон ба ҳадафҳои нек расид. Яке аз ҳадафҳои асосии РКДАМ ҶТ дар вилоят ин аз лиҳози мусбӣ муаррифи намудани ВМКБ буд, ки дар ин ҷода ман аз тамоми имокниятҳо истифода намудам, иброз дошт Меликзода Махмад Эмом. Бо ёдовари аз фазои орому осудаи вилоят гуфта шуд, ки бошандагони Боми ҷаҳон таҳти сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаёти созгор доранд. Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ҳамагонро мутмаин сохт, ки бошандагони ВМКБ дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ваҳдату Истиқлолият зери сиёстаи пешгирифтаи Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, ба хотири пешрафти кишвари маҳбубамон ҳамвора ҷаҳду талош хоҳанд кард.2 325Охват (люди)495ВзаимодействияПродвижение недоступно

3737Поделились: 3НравитсяКомментироватьПоделиться