Маросими расмии номгузорӣ баргузор гашт

Бо пешниҳоди ҳайати омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 7 деҳаи Барӯшони ноҳияи Рӯшон ва дастгирии мақомоти намояндагии ноҳия ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муассисаи мазкур ба номи ходими намоёни давлатию сиёсӣ устод Муҳаббатшоҳ Рӯзадоров гузошта шуд.Дар маросими расмии номгузорӣ ба намояндагӣ аз мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилоят муовини Раиси ВМКБ Назира Амирбекзода, раиси ноҳияи Рӯшон Фаррух Додихудоев, ҳамкорон, собиқадорони меҳнат, дӯстон, наздикон ва омӯзгорону толибилмони муассисаи таълимӣ иштирок намуданд.Ҳайати расмии мақомоти маҳаллӣ ва роҳбарияти муассиса пардаи рамзиро аз нимпайкараи зиндаёд Муҳаббатшоҳ Рӯзадоров, ки дар саҳни ҳавлии мактаб гузошта шудааст, бардошта, аз лавҳаи ёдгорӣ, ки ба ифтихори устод дар пештоқи муассиса, бо пешниҳоди расму мукофотҳои давлатию соҳавӣ ва дигар маводи хотиравӣ таҳия гардида буд, шинос шуданд. Ҳамчунин, дар ин ҷо дастовардҳо ва намунаҳои эҷоди шогирдон низ пешкаши ҳозирин гардид.Дар толори муассиса ҷамъомади тантанавиро раиси ноҳия бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшида, муовини Раиси вилоят Н.Амирбекзода, ки ҳамзамон яке аз шогирдони устод М. Рузадоров мебошад, матни табрикоти муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ВМКБ Ёдгор Файзовро ба муносибати номгузорӣ шудани муассиса ба самъи ҳозирин расонд. Дар табрикот аз он ҷумла, омадааст, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат, таҳти сиёсати хирадмандона ва маърифатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар радифи иқдомҳои дигари наҷибонаи роҳбарияти олии кишвар, зинда намудани номи фарзандони барӯманди Ватан ва эҳтиром гузоштан ба хизматҳои онҳо, ба ҳукми анъана даромад. Устод Муҳаббатшоҳ Рӯзадоров аз ҷумлаи он шахсони барӯманди Ватан аст, ки бо дониши васеъ, меҳнати ҳалол ва таҷрибаи бойи ҳаётӣ тавонист аз сатҳи омӯзгори мактаби миёна то мансабҳои муовини Раиси ВМКБ ва мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ расад. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат буд. Бояд тазаккур дод, ки таҳсил дар Институти фалсафаи Академияи илмҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Маскав ва фаъолият дар Институти фалсафаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият муҳайё сохтанд, ки устод вобаста ба масъалаҳои мухталифи иҷтимоӣ мақолаҳои илмӣ таҳия намуда, дар чандин ҳамоиши илмии сатҳи байналмилалӣ баромад кунад. Ба сифати барномарез, сартренер ва мудири филиал дар яке аз барномаҳои шарикони рушд, ки ҷанбаҳои мухталифи инсонро ҳамчун объекти омӯзиш тадиқиқ менамуд, фаъолона иштирок намуда, ҳаммуалифи китоби шашҷилдаи таълимӣ оиди ин масъала мебошад.Дар радифи сиёсатшиносу сиёсатмадор ва омӯзгору олим будан устод ҳамчунин инсони хоксор, масъулиятшинос, фарзанди мушфиқ, ҳамсари вафодор ва падари меҳрубон буд. Бо мавқеи мустаҳками шаҳрвандӣ, ба ҳайси вакили мардумӣ, дар ҳалли мушкилоти ҷомеа ва афроди ҷудогона бевосита иштирок менамуд. Дорои ҳуввияти баланди миллӣ буд ва аз ватанпарастию миллатдӯстии худ ифтихор дошт.Давлату Ҳукумати Тоҷикистон хизматҳои содиқонаи Муҳаббатшо Рӯзадоровро бо мукофотҳои давлатӣ ва ифтихорномаҳо қадр намуда, устод, ҳамчунин, академики Академияи умумиҷаҳонии бехатарии комплексӣ ва аъзои Конфедератсияи байналхалқии журналистон буд.Ҳамкори устод, профессор Назрӣ Офаридаев, аз хотироти худ ҳангоми фаъолияти касбӣ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев ёдовар шуда, қайд сохт, ки он шахс пайваста дар омӯзиш қарор дошта, бо касбияти баланди педагогӣ дар байни омӯзгорону донишҷӯён эҳтироми хосаро касб намуд. Бо рафтор ва муносбат ба атрофиён аз худ муомилаи хуб нишон дода, яке аз намояндагони беҳтарини аҳли зиёи кишвар ба ҳисоб мерафт. Корманди дастгоҳи Раиси вилоят Имомназар Хоҷаназар шогирдии чунин шахси обрӯманд ва варзидаро барои худ ифтихор хонда, афзуд, ки ба номи шодравон номгузорӣ шудани ин боргоҳи маърифат аз як тараф агар мояи фахр барои ҳайати омӯзгорону шогирдон бошад, аз ҷониби дигар он масъулияти онҳоро дучанд хоҳад намуд. Дар баромади худ директори муассиса Арамбегим Ҷаъфариева ҳозиринро бовар кунонданд, ки дар ҷавоб ба ғамхории Давлату Ҳукумат ва махсусан, Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки чунин бинои нави замонавиро барои хонандагону омӯзгорон тақдим намуданд, бо саъю кӯшиши дучанди худ, сатҳу сифати таълиму тарбияро боз ҳам баланд намуда, ба намунаи устод Рӯзадоров Муҳаббатшоҳ ходимони намоён ва фарзандони содиқу сарсупурдаи Ватану миллатро ба воя хоҳем расонд.Аз номи пайвандони устоди зиндаёд фарзандашон Сарвар Рӯзадоров ба сухан баромада, ба роҳбарияти олии мамлакат ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати қадрдонӣ аз меҳнату фаъолияти қиблагоҳашон аз номи кулли наздикону хешон изҳори сипос намуда, қайд сохт, ки онҳо низ минбаъд масъулияти баланд доранд, ки дар доираи имконият муассисаро дар ҳамаи ҷанбаҳои фаъолият дастгирӣ хоҳанд намуд.Шогирдони муассиса ва аҳли фарҳанги ноҳия бо суруду таронаҳои худ, ки саршор аз меҳру муҳаббат ба Ватан, васфи сулҳу субот ва зебоиҳои диёр буданд, ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуданд.