ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОН ДАР ВМКБ

Субҳи имрӯз бо иштироки муовини Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Назира Амирбекзода чорабинии тантанавӣ бахшида Рӯзи ҷавонон доир карда шуд.Инчунин дар чорабинӣ муовини Раиси вилоят Носирзода Умедҷон ва дигар роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят ширкат варзиданд. Зимни суханронӣ муовини Раиси ВМКБ ҷавонони вилоятро бахшида ба Рузи ҷавонон аз номи Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов табрику муборакбод намуда, қайд доштанд, ки ҷавонони саодатёри Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар радифи ҳамсолони ҳамватану ҳаммиллати худ аз дигар минтақаҳои кишвар доимо таҳти таваҷҷӯҳи бевоситаи Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Дар радифи кору фаъолият ҷавонони мо имконияти хуби машғул шудан ба тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва иштирок дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ доранд. Айни ҳол дар ҳудуди вилоят, дар маҷмӯъ, 373 иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шудаанд, ки аз инҳо як маҷмааи варзишӣ дар шаҳри Хоруғ, 70 толори варзишӣ, 288 майдончаи оддии варзишӣ, 12 варзишгоҳ, 3 қасри варзишии «Вастан» дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рушон дар ихтиёри ҷавонон қарор доранд. Дар вилоят 10 мактаби варзишӣ бо фарогирии 3674 нафар варзишгар, аз ҷумла 678 духтар фаъолият карда истодааст.Дар чорабинӣ инчунин муовини Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Умедҷон Носирзода бо унвони Корманди шоистаи тарбияи ҷисмони ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷавонони касбу кори гуногун бо ифтихорномаи Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сарфароз гардиданд.Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангӣ бо иштироки беҳтарин ҳунармандон пешкаши иштирокдорон гардид.и ещё 211 632Охват (люди)253ВзаимодействияПродвижение недоступно


Табрикоти муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Ҷавонони арҷманд!Фарзандони азиз!Пеш аз ҳама шуморо ба муносибати Рӯзи ҷавонон самимона табрику таҳният гуфта, барои ҳамаи ҷавонони баору номус ва миллатдӯсту ватанпарвар солимии ҷисмонию болидарӯҳӣ ва дар таҳсилу кор бурдбориҳои бардавомро орзу менамоям!Ҳукумату Давлати Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон сиёсати давлатии ҷавононро яке аз масъалаҳои афзалиятнок дар ҷодаи ташаккул ва таҳкими давлатдории навини тоҷикон қарор доданд. Бо дастуру ҳидоятҳои оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавонон гузошта шуда, ҷиҳати ҳалли мушкилоти ин нерӯи бузург ва созандаи Ватан стратегияҳо, консепсияҳо ва барномаҳои соҳавӣ қабул гардида, сохтори ваколатдор дар низоми давлатӣ таъсис дода шуд. Имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки ин сиёсати хирадмандона ва муносибати ҷиддии роҳбарияти олии кишвар ба масъалаи ҷавонон самараи некро ба бор овард.Ҷавонони саодатёри Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар радифи ҳамсолони ҳамватану ҳаммиллати худ аз дигар минтақаҳои кишвар доимо таҳти таваҷҷӯҳи бевоситаи Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Дар замони соҳибистиқлолӣ барои ин соҳа дар вилоят маблағҳои зиёд ҷудо гардида, бобати бартараф сохтани норасоиҳои ҳаётии ҷавонони вилоят дар ҳамаи самтҳо корҳои назаррас анҷом пазируфтанд. Масалан, барои таълиму тарбия ва омода намудани кадрҳои баландихтисос дар радифи бунёду таҷдиди садҳо муассисаҳои таълимӣ, инчунин, ҷавонони минтақаҳои дурдаст имконият пайдо намуданд, ки тавассути квотаи Президентӣ соҳибмаълумот ва соҳибкасб гарданд. Танҳо дар соли 2021 барои вилоят 169 квота ҷудо гардид. Аз байни толибилмони вилоят бошад, имсол 26 нафар бо стипендияи Президентӣ мушарраф гардида, 11 нафар стипендияи Раиси вилоятро соҳиб шуданд.Боиси хурсандист, ки ҷавонони мо бо дарки масъулият дар назди ватану миллат на танҳо дар ҳамаи чорабиниҳои сиёсӣ фаъолона ширкат меварзанд, балки худ низ дар амалӣ намудани сиёсати созанда ба симмати хизматчии давлатӣ фаъолият дошта, дар ҳамаи сатҳҳои ҳокимияти намояндагӣ даҳҳо вакил аз шумори ҷавонон мебошанд.Зимнан месазад, ки мо суханони таҳсиномези Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нисбати ҷавонони ғаюри кишвар иқтибос орем, ки гуфта буданд: “Мо ба ҷавонони бонангу номуси худ ва ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо бовари бузург дорем, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо воқеан ояндаи неки Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд.” Маврид ба зикр аст, ки дар ҷомеаи имрӯза дар пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон басо муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар ҳамаи соҳаҳо хоҷагии халқ метавонад ба хубӣ таъмин созад. Айни замон дар самти соҳибкории истеҳсолӣ дар вилоят ҷавонони соҳибистеъдод, бо истифода аз имкониятҳои воқеӣ ва дар заминаи дастгириҳои бесобиқаи ҳукумати кишвар, саъй доранд, ки бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва шарикони рушд корхонаву коргоҳҳои нав таъсис дода, на танҳо манфиат ба даст оранд, балки дар самти коҳиш додани бекорӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум саҳмгузор бошанд. Танҳо дар соли гузашта 625 нафар ҷавон ба кор таъмин гардида, дар соли ҷорӣ зиёда аз 250 нафар ҷойи кори доимӣ ёфтанд. Дар радифи кору фаъолият ҷавонони мо имконияти хуби машғул шудан ба тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва иштирок дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ доранд. Айни ҳол дар ҳудуди вилоят, дар маҷмӯъ, 373 иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шудаанд, ки аз инҳо як маҷмааи варзишӣ дар шаҳри Хоруғ, 70 толори варзишӣ, 288 майдончаи оддии варзишӣ, 12 варзишгоҳ, 3 қасри варзишии «Вастан» дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рушон дар ихтиёри ҷавонон қарор доранд. Дар вилоят 10 мактаби варзишӣ бо фарогирии 3674 нафар варзишгар, аз ҷумла 678 духтар фаъолият карда истодааст. Танҳо дар ду соли охир варзишгарони вилоят дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва чемпионатҳо иштирок намуда, сазовори 187 медал гардиданд, ки аз инҳо 35 медали тилло, 62 медали нуқра ва 90 медали биринҷӣ мебошанд. Ҳамчунин, варзишгарони мо дар чанд мусобиқаи байналмилалӣ низ муваффақона иштирок намуданд. Аз теъдоди умумии иштироккунадагон наздик ба сад нафарро варзишгардухтарон ташкил медиҳанд. Барои истироҳат ва фароғати ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 5 боғи фарҳангию фароғатӣ, як театри вилоятӣ, чандин театрҳои халқии ноҳиявӣ ва қасрҳои фарҳангу китобхонаҳо ва кафе-интернетҳо фаъол ҳастанд. Ҷавонони мо имрӯз аз ҳарвақта дида ба дарки моҳияти ваҳдату ватанпарастӣ ва миллатдӯстӣ хубтару бештар расидаанд. Зеро ҳодисаҳои пуртаззоди ҷаҳону минтақа ва даргириҳои ҳарбию иқтисодии байни мамолики ҷудогона ва абарқудратҳо моро водор месозад, ки сулҳу ваҳдат ва суботи ҷомеаро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Дар робита ба ин, дар Паём ба Маҷлиси Олӣ Роҳбари давлат қайд намуданд, ки ҷавонон бояд аз ҳама кишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, мукаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдкорона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби чаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.Бо қаноатмандӣ бояд зикр намуд, ки имсол мо 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ватани маҳбуб- Тоҷикистони азизро таҷлил менамоем, ки саҳми ҷавонон дар ба даст овардан ва таҳкими он хеле бориз аст. Ин нерӯи бузурги иҷтимоӣ ва қувваи созандаи ҷомеа чун идомадиҳандаи ормонҳои аҷдодӣ, парчамбардори миллат ва пайрави кору пайкори Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми ҳастӣ ва амали хеш нишон дода истодааст, ки дўст доштани ватан, баланд бардоштани обрую нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ, ифтихор кардан аз он ва барои ҳифзу ҳимояи хоки муқаддаси диёри маҳбуб омода будан, арзишҳое мебошанд, ки танҳо ба воситаи он ва меҳнату эҷоди худ мо метавонем кишвари худро аз ин ҳам ободтару пешрафта ва пуриқтидор намоем. Боиси ифтихор ва ёдоварист, ки дафъаи панҷум аст, ки ҷавонони ғаюру баномуси вилоят, бо хоҳиши худ ба комиссариатҳо ҳозир шуда, дар рӯзи нахустин, нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро иҷро менамоянд.Воқеан ҳам андеша, рафтору талошҳо ва фаъолияти густурдаву пайвастаи ҷавонони имрӯзаи мо ҷиҳати ширкати пурсамар дар рушду нумӯи вилоят моро бовар мекунонад, ки ҷавонон бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутарқӣ сафарбар менамоянд.Итминони комил дорам, ки шумо чун фарзандони арзандаи диёри маҳбуб ва Ватани азиз дар вуҷуди худ эҳсоси гарми ватандўстиро парварида, чун пайравони асили Пешвои муаззами миллат дар роҳи саодати Тоҷикистони соҳибистиқлол хизматҳои арзанда менамоед. Бо ин ниятҳои нек ва таманниёти самимӣ бори дигар шуморо ба ин рӯзи фархунда муборакбод намуда, ба ҳамаи Шумо комёбиву бурдборӣ ва пирўзиҳои навро орзумандам!5 975Охват (люди)1 473ВзаимодействияПродвижение недоступно

101101Поделились: 26НравитсяКомментироватьПоделиться