ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ ҶСК “БОНКИ ЭСХАТА” ИФТИТОҲ МЕГАРДАД.

Бо мақсади таъсиси шўъбаи минтақавии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бонки Эсхата» дар вилоят, Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов намояндагони бонки мазкурро ба ҳузур пазируфт. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оиди фаъолияти бонк, дастрасии аҳолӣ ба қарзҳои дарозмуддату кўтоҳмуддат ва манзури хизматрасониҳои босифат мавриди муҳокима қарор доданд. Қайд карда шуд, ки “Бонки Эсхата” зодаи замони Истиқлолияти кишвар буда, имрўз фаъолияти ин бонк бидуни ВМКБ дар дигар минтақаҳои кишвар хеле хуб ба назар мерасад. Бонки Эсхата яке аз бонкҳои аз ҷиҳати молиявӣ устувор маҳсуб ёфта, ба сегонаи беҳтарин бонкҳои кишвар шомил аст. Он аз 21 филиал ва 163 адад маркази хизматрасонии бонкӣ иборат буда, имруз фаъолияти бонк дар минтақаҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе хуб ба назар мерасад. Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон муҳтаррам Ёдгор Файзов қайд намуд, ки то ба имрӯз фаъолияти ин бонк дар вилоят дида нашуда, баҳри беҳтар гардонидани хизматрасонии бонкӣ ба мизоҷон ташкили шуъбаи минтакавии “Бонки Эсхата” дар маркази вилоят-шаҳри Хоруғ сариваќтӣ мебошад ва барои ҳамкориҳои судманд ба хотири беҳбуди зиндаги аҳолии вилоят изҳори сипос намуда, намояндагони бонк низ дар навбати худ барои пазироии самимӣ ба раиси вилоят миннатдориро баён намуданд.

Бо дастгирии Раиси ВМКБ ва шарикони ҳамкор майдончаи варзишии назди мактаби №12 дар асоси лоиҳаи муосир бунёд мегардад.

26 майи соли ҷорӣ раиси ВМКБ муҳтарам Ёдгор Файзов дар якҷоягӣ бо роҳбарияти Фонди Оғохон дар маркази ноҳияи Шуғнон сафари корӣ анҷом дода, зимни он аз рафти сохтмони майдончаи варзишии назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ҷамоати деҳоти Поршинев дида намуданд. Пас аз шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонии майдончаи варзишӣ дар асоси пешниҳоди раиси вилоят, роҳбарияти Хадамоти Оғохон оид ба макони зист сохтмони минбаъдаи майдончаи варзиширо ба ӯҳдаи хеш гирифта, иброз намуданд, ки то ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон майдончаи варзишии замонавиро бо дарназардошти майдончаи бозии кӯдакона барои хонандагони муассисаи таълимӣ ва сокинони маҳал мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон барои чунин дастгириҳо ба раиси ВМКБ муҳтарам Ёдгор Файзов ва шарикони рушд изҳори сипос менамояд.