ТАЪСИСИ МАРКАЗИ ИТТИЛООТӢ ВА АХБОРОТИИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА ДАР ВИЛОЯТ.

Дар бинои дастгоҳи Раиси ВМКБ бо дастгирии Оҷонсии Оғохон оид ба макони зист Маркази иттилоотӣ ва ахборотии ҳолатҳои фавқулодда дар вилоят аз ҷониби Раиси вилоят Ёдгор Файзов ва директори иҷроияи Оҷонсии Оғохон оид ба макони зист Ҳадӣ Ҳусайнӣ ифтитоҳ гардид. Бояд тазаккур дод, ки Марказ бо таҷҳизоти ҳозиразамони компютерӣ, нусхабардорӣ, наворгирию сабткунӣ муҷаҳаз буда, ба таври доимӣ ба шабакаи интернет пайваст мебошад. Мутасаддиёни Марказ ҳангоми муаррифии он иттилоъ доданд, ки мақсад аз ташкили ин Марказ дар он аст, ки он тавассути интернет тамоми раёсату муассисаҳои дахлдорро ба ҳам пайваст намуда, маълумоти зарурӣ дар байни онҳо табодул ёфта, саривақт ба роҳбарияти вилоят ва мақомоти дахлдори марказӣ иттилоъ пешниҳод мегардад. Марказ ба таври маҷозӣ маълумот оиди вазъи обу ҳаво, кушода ё баста шудани роҳҳо ва дигар ҳолатҳоро дар ҳудуди муайян пайгирӣ намуда, сари ҳар вақт масъулинро аз вазъи мавҷуда огоҳ месозад. Инчунин, дар вақти зарурият, роҳбарияти вилоят имкон дорад, ки ба таври маҷозӣ фавран бо тамоми масъулини марбута ва роҳбарияти мақомоти марказӣ дар робита қарор гирифта, мушкилоти мавҷударо баррасӣ ва ҷиҳати ҳалли он чораандешӣ намояд.


ҲАМКОРӢ БА ХОТИРИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

Имрӯз дар шаҳри Хоруғ ҷаласаи навбатии Кумитаи машваратӣ оид ба амалӣ намудани Барномаи устувории шаҳри Хоруғ доир гашт. Дар кори ҷаласа Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, муовини Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Риозода Нуралӣ, муовини якуми Раиси Кумитаи меъморӣ ва шаҳрсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Улуғбек Умарзода, директори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дӯстзода Диловаршо, директори иҷроияи Фонди Оғохон дар Тоҷикистон Кишвар Абдулалишоев, директори иҷроияи Оҷонсии Оғохон оид ба макони зист Ҳадӣ Ҳусайнӣ, роҳбари Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ Ричард Чев, намояндагони Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони рушд иштирок намуданд. Ҳамчунин, дар ҷаласа Раиси шаҳри Хоруғ Мирзонабот Алишер ширкат намуд.Раиси вилоят Ёдгор Файзов дар суханронии ифтитоҳии худ зикр намуд, ки бо дастуру ҳидоят ва мусоидати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳалли мушкилоти мавҷудаи шаҳри Хоруғ, махсусан, устуворгардонии инфрасохтори иҷтимоии шаҳр ба ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиию техногенидошта ва муҳайё сохтани шароити мусоиди зисту кор барои сокинони маркази маъмурии вилоят, дар ҳамдастӣ бо шарикони рушд, Барномаи устувории шаҳри Хоруғ таҳия ва қабул гардид. Дар ин замина, шартнома байни Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оҷонсии Оғохон оид ба макони зист ба имзо расид. Мутобиқи ин шартнома дар шаҳри Хоруғ инфрасохтори кӯҳна таҷдид, хатҳои нави оби нӯшокӣ, обу ташноб, кӯпрукҳои нақлиётӣ ва пиёдагузар, майдончаҳои варзишӣ, пайроҳаву гулгаштҳо ва биноҳои гуногуни ба ҳар гуна ҳодисаи табиӣ тобовар сохта шуда, биноҳои истиқоматӣ ва муассисаҳои гуногун аз ҷойҳои хавфнок ба мавзеъҳои бехавф кӯчонда мешаванд. Аллакай дар ин самт корҳо оғоз гардида, нақшаҳои дигар тарҳрезӣ шуда истодаанд.Алишер Мирзонабот-раиси шаҳри Хоруғ дар суханронии худ ба Ҳукумати Тоҷикистон ва шарикони рушд барои дастгирии мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳр дар самти ҳалли мушкилоти иҷтимоии сокинон изҳори сипос намуда, афзуд, ки мақомоти маҳаллӣ ва шаҳрвандон омода ҳастанд, ҷиҳати инкишофи Хоруғшаҳр саъю кӯшиш намоянд.Дар ҷараёни маҷлис лоиҳаҳои нав дар чаҳорчӯбаи ин Барнома муаррифӣ гардиданд, ки платформаи шаҳри Хоруғ оид ба иттилоот ва банақшагирии шаҳри Хоруғ аз ин шумуланд. Ин лоиҳаҳо аз ҷониби иштироккунандагон муҳим арзёбӣ гардида, зикр гардид, ки сари вақт иттилоотонии ҷомеа оид ба амалигардонии Барнома ва дар чаҳорчубаи он роҳандозии як қатор нақшаҳои дигар, аз қабили пешниҳоди маълумоти саҳеҳ, огоҳонии мардум, пешниҳоди харитаи ҷойгиршавии объектҳои иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ва ғайра имконият фароҳам меорад, ки ҳам шаҳрвандони Хоруғ ва ҳам меҳмонон аз ин платформа истифода баранд. Иштирокдорон ин лоиҳаро дар ҷодаи наздик шудан ба роҳандозии стратегияи ҳукумати электронӣ дар кишвар муҳим маънидод намуда, баҳри беҳтару хубтар намудани платформа таклифҳои судманд пешниҳод карданд.Вобаста ба банақшагирии ояндаи шаҳр қайд гардид, ки нақшаи генералии шаҳр тасдиқ ёфтааст, аммо бобати ҷузъиёти он нақшаи нав бояд таҳия гардида, тасдиқ шавад. Ҳамагон бар он андеша буданд, ки тамоми корҳо дар доираи қонунгузорӣ амалӣ карда шаванд ва меъёрҳои талаботи стандартӣ ҳам дар самти таҳияи платформа ва ҳам банақшагирӣ ба инобат гирифта шаванд.Дар фарҷоми ҷаласа Кумитаи машваратӣ тасмим гирифт, ки вобаста ба такмили платформаи мазкур гурӯҳи корӣ иборат аз мутахассисони соҳа ташкил гардида, дар муддати як моҳ, дар асоси таклифу пешниҳодҳои ироашуда, онро мукаммал гардонда, дар ҷаласаи навбатӣ муаррифӣ гардад.Вобаста ба дигар масъалаҳо низ тасмимҳои дахлдор гирифта шуданд.