Мулоқоти судманд бо намояндагони дафтари САҲА

Афзалият ба таъмини амнияту суботи ҷомеа дода мешавадИмрӯз Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов бо намояндагони дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо таҳти сарварии роҳбари барномаҳои дафтари мазкур Валериу Кивер мулоқоти судманд доир намуд. Раиси вилоят меҳмононро ба Бадахшонзамин хайра мақдам гуфта, вобаста ба ҳамкориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва ин созмони мазкур изҳори қаноатмандӣ намуд. Маврид ба зикр аст, ки дафтари САҲА дар Тоҷикистон ва аз он ҷумла дар ВМКБ, дар радифи дигар ҳамкориҳо, бобати дастгирии раванди демократикунонии ҷомеа, баланд бардоштани савияи ҳуқуқии ҷомеа, дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ҷодаи таъмини амнияти экологӣ ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ ва дигар паҳлӯҳои фаъолияти иҷтимоӣ саҳмгузор мебошад. Зимнан, қайд гардид, ки дар давраи паҳншавии бемории сироятии кароновирус COVID 19 аз ҷониби ин созмон ба муассисаҳои табобатию профилактикии вилоят 50 ҳазор ниқоби тиббӣ, 30 ҳазор дастпӯшаки тиббӣ ва 5 ҳазор маводи антисептикӣ ба таври ройгон дастрас гардиданд. Ёдгор Файзов зимни баррасии вазъи минтақа ва масоили сарҳадӣ аз таъмини амният ва субот дар сарҳад бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон, дар пайи хориҷ шудани қувваҳои ҳарбии Созмони аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ аз хоки ин кишвар, ёдовар шуд. Бо такя ба суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баргардондани сулҳ ба Афғонистон раиси вилоят афзуд, ки тинҷию амонии давлати ҳамсоя ба суботи кулли минтақа таъсиргузор буда, сокинони ҳамсоякишвар ба дастгирӣ ва мусоидати ҳамаҷониба ниёз доранд. Дар ҷараёни сафари кории Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ ба ВМКБ дар соли 2020 гурӯҳе аз сокинони минтақаи ҳаммарз бо Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз, аз он сӯи дарёи Панҷ, ба Роҳбари давлати мо ҷиҳати ҳалли ин ва дигар мушкилоти рӯзмарраашон муроҷиат намуда буданд. Тоҷикистон тайи чанд соли охир бо сохтмони кӯпрукҳою бозорҳои наздисарҳадӣ ва инкишофи равобити гуногун дар паст намудани шиддати иҷтимоӣ дар ин кишвар мусоидат карда, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланд таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳалли қазияи Афғонистон ва ҳарчӣ тезтар баргаштани сулҳу оромӣ ба он ҷалб менамояд. Роҳбари дафтари тоҷикистонии ин созмон Валерий Кивер маълум намуд, ки айни замон ин созмон дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон бобати масъалаҳои гуногун фаъолият намуда истодааст. Афзалияти бештар ба таъмини амнияту суботи минтақа дода шуда, созмон барои кормандони ниҳодҳои қудратӣ, сарҳадӣ ва низомии кишвар курсҳои омӯзишӣ ташкил намуда, аз лиҳози таҷҳизот ва техникаи зарурӣ низ кӯмак расонда истодааст. Бо мусоидати САҲА дар Тоҷикистон Академияи омӯзишии Вазорати мудофиа ва Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ таъсис ёфта, барои ин ниҳодҳо бобати пешбурди дигар паҳлӯҳои фаъолият низ мусоидат карда мешавад. Инчунин, дар ояндаи наздик вобаста ба ташкили Маркази омӯзишӣ барои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ корҳо оғоз хоҳанд ёфт. Бояд зикр намуд, ки ҳамаи ин корҳо, бахусус барои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки сарҳади тӯлонӣ бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон дошта, аз лиҳози ба вуқӯъ омадани офатҳои табиӣ яке аз минтақаҳои осебпазир аст, дорои аҳамияти хоса мебошанд. Намояндагони дафтари САҲА дар Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба вилоят барои ҳайати афсарон ва сарҳадбонон дар шаҳри Хоруғ семинар-тренинг гузаронда, бо ташкилотҳои ҳамкори ғайридавлатӣ сӯҳбатҳо доир менамоянд. Зимнан бояд зикр намуд, ки созмони мазкур дар вилоят бо ташкилотҳои гуногун, ки дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, барҳам задани табъизи гендерӣ ва зуроварӣ дар оила, масъалаҳои экологӣ ва ғайра фаъолият доранд, ҳамкорӣ менамояд. Яке аз сармоягузорони асосии форуми иқтисодии “Помир-инвест”, ки ҳамасола бо мақсади ҷалби сармоя ба хоҷагии халқи вилоят, бо ширкати намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон, сармоягузорон ва соҳибкорони дохилию хориҷӣ мегузарад, мебошад. Ҷонибҳо дар фарҷоми вохӯрӣ аз ҳамкории судманд изҳори умедворӣ намуда, таъкид бар он карданд, ки таъмини амнияту суботи ҷомеа ва ҳаёти осудаи сокинон ҳамеша бояд дар мадди аввали фаъолият қарор дошта бошад.

Табрикномаимуовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба ифтихори Иди касбии кормандони Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мӯҳтарам кормандони Раёсат!
Собиқадорони гиромиқадри соҳа! Сараввал ҳамаи Шуморо ба муносибати Иди касбиятон табрику муборакбод намуда, бароятон тани сиҳат, хонаи обод ва дар анҷом додани ӯҳдадориҳои касбиятон бурдбориҳои ҳамешагӣ таманно менамоям!Вазъи мураккаби ҷаҳону минтақа, махсусан, дар самти тавсеаи амалҳои номатлуб, аз он ҷумла, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, ки заминаи пайдоиши ҷиноятҳои гуногуни дигар аст, роҳбарияти олии мамлакатро водор намуд, ки дар ҳамкорӣ бо раёсати марбутаи Созмони Миллали Муттаҳид қарор оиди таъсиси ниҳоди махсус ҷиҳати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъадорро қабул намояд . Имсол расо бисту ду сол мешавад, ки Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо ин раванди номатлуб қарор дошта, кормандони Раёсати Агентӣ дар вилоят низ дар ҷабҳаи пешгирӣ ва аз муомилоти ғайоиқонунӣ баровардани ин маводи марговар саҳми муносиби худро гузошта истодаанд. Баҳои сазовори Асосгузори сулху Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти пусамари кормандони Агентии назорати маводи нашъадор, ки гуфта буданд «Мардуми Тоҷикистон аз заҳмату хизмати шабонарўзии Шумо – кормандони Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосгузор аст ва Ҳукумат низ ин ҷасорату фидокории Шуморо дар роҳи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, коҳиши сатҳи нашъамандӣ, пешгирии афзоиши он ва ҳифзи манфиатҳои Ватану миллат ҳамеша қадрдонӣ мекунад» аз он шаҳодат медиҳад, ки нақши шумо дар ин ҷода бориз ва шоёни таҳсин аст. Мо итминони комил дорем, ки кормандони Раёсат минбаъд низ дар ҳамдастӣ бо ҷамъият баҳри пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, коҳиши сатҳи нашъамандӣ ва солимии аҳли ҷомеа тамоми донишу таҷриба ва малакаи касбии хешро сафарбар намуда, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани мақоми Тоҷикистони азиз ҳамчун кишвари орӣ аз ин маводи марговар, саъю талош хоҳанд варзид.Бо ин таманниёти нек бори дигар кормандон ва собиқадорони Раёсати Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятро самимона бо иди касбӣ табрику таҳният гуфта, ба якояки шумо саломативу нерўи тавоно, зиндагии пурбаракату рўзгори осуда ва дар иҷрои вазифаи душвор, вале пурифтихоратон комёбиҳо орзу менамоям!201Охват (люди)27ВзаимодействияПродвижение недоступно

1414Поделились: 1НравитсяКомментироватьПоделиться

ТабрикотиРаиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон

Фарзандони азиз !

Ҳамасола 1-июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар сар то сари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Соли 1989 Созмони Милали Муттаҳид ҳуҷҷати аз ҳама муҳими байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак- Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакро қабул намуд. Санаи 2 сентябри соли 1990 ҳукми амал пайдо кардани Конвенсияи мазкур нуқтаи кулминатсионии ҳамаи он кӯшишҳое гардид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ тӯли қариб 70- сол барои таъмини эътирофи зарурии ниёзҳои махсус ва нозукиҳои махсуси кӯдакон ба ҷо меоварад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 30-сол баҳри ҳимояи ҳуқуқи кӯдак дар инкишофи ҷисмонию равонии кӯдак дастовардҳои зиёди назаррас дорад. Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама, чун дигар давлатҳои дунё, Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакро соли 1993 ба тасвиб расонд ва ӯҳдадориҳоро барои амалӣ намудани принсипҳои дар Конвенсия қайдшуда ба зимма гирифт. Давлати Тоҷикистон чун давлати ҳуқуқбунёди демократӣ ӯҳдадории ҳақиқии худро барои насли наврас ҳамчун ояндаи дурахшони кишвар нишон дод. Тибқи талаботи Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак ҳар як шахси то 18- сола кӯдак ба ҳисоб меравад ва соли 2008 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳифзи ҳуқуқу имкониятҳои кӯдакон дар инкишофи равонию ҷисмонии онњо Комиссияи ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуд. Мувофиќи Низомномаи Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак тамоми ҷабҳаҳои инкишофи кӯдак ба инобат гирифта шуда, моддањои он барои њифзи њаматарафаи кўдакон равона карда шудаанд. Ҳамчунин соли 2001 дар сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқҳои кӯдак таъсис дода шуд. Он мақомоти доимоамалкунандаи байниидоравии машваратӣ буда, бо мақсади ҳамоҳанг сохтани фаъолияти идораҳои давлатӣ, бо фарогирии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баҳри татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ўҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон, ки аз Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак ва дигар санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак бармеоянд, таъсис дода шудааст.Умуман, кўдакон ҳамчун ояндаи ҷамъият мавриди ғамхории махсус ва доимии давлат қарор доранд. Дар кишвари мо таъмини беҳтарини манфиатҳои кўдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи маънавию ҷисмонии онҳо, таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кўдакон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ба шумор меравад. Бинобар ин бо мақсади таъмини ҳамаҷонибаи эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешрафти ҳуқуқу озодиҳои кўдак бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак таъсис дода шуд. Таъсис додани чунин механизми махсусгардонидашудаи ҳифзи ҳуқуқи кўдак қадами минбаъда дар такмили низоми ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кўдак мебошад.Сохтори мазкур бо дарназардошти принсипи таъмини беҳтарини манфиатҳои кўдак ба масъалаҳои риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак, барқарорсозии ҳуқуқҳои вайроншудаи кўдакон, такмили қонунгузорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла оид ба ҳуқуқу озодиҳои кўдакон, мусоидат ба ҳамкории мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар самти мазкур, амалӣ гардонидани муқаррарроти Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кўдак мусоидат мекунад.Дар умум мақсад ва ғояи Конвенсия на танҳо воридсозии меъёрҳои он ба қонунгузории миллӣ, балки аз ҳама муҳимтар, ба мафкураи ҳар як нафар, ҳар як фарди ҷомеа ҷой намудани эътирофу эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак ва тавассути ин таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак мебошад.Бояд қайд намоям, ки яке аз беҳтарин дастоварди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пиёда намудани ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ин қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” мебошад, ки иҷро гардидани ҳар як банди он ин худ таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак мебошад. Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қариби 70171 нафар кӯдакон зиндагӣ мекунанд, аз инҳо 38040 нафар хонанда; 884 – нафар маъюб; ятими кулл 111 нафар кӯдак; ятими яктарафа 2641 нафар ; синни то мактабӣ 24778 нафар (2111 нафар кӯдак ба 26 адад кӯдакистон); 6491 нафар кӯдак ба 297 адад марказҳои рушди барвақтии кӯдакон; 700 нафар кӯдак ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ (дар 5 адад маркази хусусӣ) фаро гирифта шудаанд, ки ҳар яки онҳо дар мадди назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, минҷумла Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор доранд. Дар панҷ моҳи соли равон барои рушди таҳсилот, муҳайё намудани тамоми шароитҳо ва беҳдошти сатҳи зиндагии хонандагони болаёқат аз ҷониби роҳбарияти вилоят ва шарикони рушд ба маблағи 51252,9 сомонӣ толорҳои варзишӣ ва майдончаҳои варзишӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Ин иқдом идома дошта, таҷҳизоти зиёди муосири таълимӣ ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда шуданд.Бо истифода аз фурсати муносиб ба муносибати ин рўзи саид якояки Шуморо табрику таҳният гуфта, бароятон тамоми хушиҳои зиндагӣ, осмони софу беғубор, амалишавии нақшаву ниятҳо ва дар таҳсилатон муваффақиту бурдбориҳо хоҳонам.Ид муборак насли даврони истиқлол!2 950Охват (люди)351ВзаимодействияПродвижение недоступно

8282Комментарии: 2Поделились: 10НравитсяКомментироватьПоделиться