МУЛОҚОТИ СУДМАНД

Субҳи имрӯз муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукррамро ба ҳузур пазируфт. Раиси вилоят меҳмони олиқадрро ба вилоят хайра мақдам гуфта, барои анҷоми сафари бобарор ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мувафаққият таманно намуд. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукррам барои қабули самимӣ ба раиси вилоят изҳори сипос намуда. изҳор дошт, ки аз вохурӣ бо мардум, ки дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Рушон анҷом дода шуд хеле хушҳол гардидам. Рӯҳияи мардум бо шарофати баланд гардидани сатҳи некӯаҳволӣ куллан тағйир ёфта, шукргузорӣ аз сулҳу субот ва ваҳдати ҷомеа менамоянд. Ҷараёни омодагӣ ба таҷлили ҷашни бузург 30-солагии Истиқлолияти давлатии мамлакат бомаром идома дорад. Инчунин, ҷонибҳо зимни суҳбат аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар вилоят сухан намуданд ва зикр доштанд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин раванд босуръат идома дошта, ин гӯшаи ватан ба яке аз минтақаҳои пешрафта табдил хоҳад ёфт..Дар фарҷоми мулоқот Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов меҳмонро ба муносибати рӯзи мавлудашон аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят табрику муборак намуда, барои фатҳи қуллаҳои баланд дар ҷодаи хизматӣ ва эҷодӣ комёбиро таманно намуд.