БОИСИ ИФТИХОР АСТ.

Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон барои ҳамкории судманди тарафайн дар ташкил ва баргузории курсҳои аз навтайёркунӣ, такмил ихтисос ва таҷрибаомузии хизматчиёнӣ давлатӣ, бахшида ба ҷашни умумимиллӣ 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо “Ифтихорнома” – и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

ВОХУРИ БО МАРДУМ

Субҳи имруз дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон шаҳри Хоруғ вохури судманд бо сокинони шаҳри Хоруғ ва фаъолони вилоят баргузор карда шуд. Дар вохурӣ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, Ректори Академияи идоракунии давлати назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва Раиси шаҳри Хоруғ Мирзонабот Алишер Худобердӣ иштирок ва суханорӣ намуданд. Раиси вилоят меҳмононро ба аҳли толор муаррифӣ намуда қайд доштанд, ки ташрифи чунин гуруҳи кори сатҳи баланд ба вилоят дар остонаи ҷашни ваҳдати миллӣ баёнгарии хизматҳои мардуми куҳистон баҳри устувор нигоҳ доштани арзишҳои ваҳдати миллӣ мебошад. Раиси вилоят аз таърихи давлатдори навини миллати тоҷик ёдовар шуда рузҳои сахту сангин барои мардуми тоҷик буда бо ин рузҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат муқоиса намуданд. Гуфта шуд, ки боварии ягон кас набуд, ки миллати тоҷик баъд аз чунин ҷанги таҳмилӣ боз метавонад соҳиби давлату миллат гардад. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам зимни суханронӣ аз рузҳои ба имзо расидани созишномаи истиқрори сулҳи ва ризояти миллӣ ёдовар шуда изҳор доштанд, ки ин дастоварди бузурги давлату миллат ва шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар он рузҳои хеле душвор ва хатарнок барои миллати тоҷик ягон сиёсатмадор ҷурҳат намекард, ки лаҷоми давлатдориро ба даст гирад ва миллатро аз нестшавӣ ва халқро аз парокандагӣ наҷот диҳад. Хушбахтона бо амри тақдир шахсияте бо номи Эмомалӣ Раҳмон ҷасурона тақдири миллати тоҷикро ба даст гирифта давлатро аз фаношавӣ миллатро аз нестшавӣ ва халқро аз парокандагӣ наҷот доданд. Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафурзода Абдухалил оиди терроризму экстримизм ва таъсири он ба давлаторӣ сухан карда қайд доштанд, ки дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ болои давлати тоҷикон фишорҳои зиёди сиёсӣ амалӣ гардиданд. Яке аз онҳо табдил додани давлати демократи ва ҳуқуқбунёди тоҷикон ба давлати исломӣ буд. Афроди олҳида дар дохили ҷомеа пайдо гардиданд ва мардумро тавассути ғояҳои дини ба шикаст додани низоми давлатдорӣ даъват намуданд. Хушбахтона бо мақсадҳои ғаразнокӣ хеш ноил нагардиданд ва Тоҷикистон имруз таҳти сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат дар арсаи ҷаҳони ҳамчун давлати демократӣ ҳукукбунёд ва дунявӣ муаррифӣ гардидааст.Дар фарҷом Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон барои ҳамкории судманди тарафайн дар ташкил ва баргузории курсҳои аз навтайёркунӣ, такмил ихтисос ва таҷрибаомузии хизматчиёнӣ давлатӣ, бахшида ба ҷашни умумимиллӣ 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо “Ифтихорнома” и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.